МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Маориф / Нимкураҳои калони мағзи сар

Нимкураҳои калони мағзи сар

Сохти нимкураҳои калони мағзи сар. Нимкураҳои калон як ҷузъи хуб инкишофёфтаи мағзи сар ба ҳисоб рафта, аз тарафи рост ва чап мағзи мобайнӣ ва миёнаро мепўшонанд. Қабати қишрии мағзи сар аз моддаи хокистарранг иборат буда, дар зери он моддаи сафед мавҷуд аст. Дар дохили ин модда якчанд ядроро дидан мумкин аст. Сатҳи он аз чинҳо иборат аст. Ҷўякҳо ва чинҳо сатҳи қишрро ба ҳисоби миёна то ба 2000-2500 см2 зиёд мекунанд. Бештар аз се ду ҳиссаи сатҳи қишрӣ аз ҷўякҳо иборат аст. Дар ин қабат зиёда аз 14 миллиард нейронҳо мавҷуданд. Нимкураҳои калон дар навбати худ аз панҷ палла иборатанд: 

  • паллаи пешонӣ;
  • паллаи чакка;
  • паллаи фарқи сар;
  • паллаи ақиби сар;
  • ҷазира.

Аҳамияти қабати қишрии нимкураҳои калон. Дар ин қабат доираҳои ҳискунанда ва ҳаракатро фарқ кардан мумкин аст. Ба доираи ҳискунанда аз узвҳои ҳис, пўст, узвҳои дохилӣ, мушакҳо ва пайҳо хабар меояд. Дар вақти ба ҳаяҷонойии нейронҳои ин доира ҳассосият ба вуҷуд меояд. Дар қисми ақиби мағзи сар доираи босира мавҷуд аст. Дар ҳолати осеб дидани ин доира қобилияти биноӣ суст ё қатъ мегардад. Дар қисми чакка бошад, доираи сомеа ҷойгир аст. Дар ҳолати осеб дидан дарк кардани садоҳои гуногун қатъ мегардад. Дар ҷўяки марказӣ қабати қишрӣ доираи ҳассосияти пўсту мушак воқеъ аст. Инчунин дар қабати қишрӣ марказҳои шомма ва зоиқаро дидан мумкин аст. 

Дар қисми пеши ҷўяки марказӣ доираи ҳаракат мавҷуд аст. Дар ҳолати ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ин марказ ҳаракатҳои беихтиёр ба амал меоянд. Қабати қишрӣ ҳамчун як воҳиди бутун кор карда, асоси моддии фаъолияти рўҳии инсон ба шумор меравад. Бинобар ин чунин вазифаҳои барои рўҳият хос, ба монанди хотир, нутқ, тафаккур ва танзими рафтор иҷро карда мешаванд.

Саволҳо 

  1. Сохти нимкураҳои калон чӣ хел аст?
  2. Қабати қишрии нимкураҳои калон кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  3. Нимкураҳои калон аз чанд палла иборатанд?
  4. Дар ин қабат кадом доираҳоро фарқ кардан мумкин аст?

Назди admin

Инчунин хонед инро

majoz

МАҶОЗ ЧИСТ?

Маҷоз низ калимаи арабист, маънои луғавиаш маҳаллигузаштан, гузаргоҳ; ғайри ҳақиқат аст. Дар илми бадеъ аз ҷумлаи …