АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҲУҶУМИ НОДИРШОҲ БА БУХОРО ВА ХЕВА

ҲУҶУМИ НОДИРШОҲ БА БУХОРО ВА ХЕВА

Дар миёнаҳои асри ХVIII Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор дучор гардид. Нодиршоҳ дар муҳорибаҳои Кавказ, Афғонистон ва ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба Мовароуннаҳр дохил шуд.[1]

Чунон ки дар фасли гузашта хотирнишон гардид, дар Осиёи Миёна давлати ягона вуҷуд надошт. Дар сари давлати хонии Бухоро намояндаи сулолаи Ҷониён — Абулфайзхон (1711–1747) меистод. Муаррихи бухорӣ — Мирзо Абдулазими Сомӣ менависад: «Абулфайзхон бошад ба лиҳози тиҳияти фиросату заковату қобилият аз аспи айшу тараб поён намешуд, аз сӯҳбати писарону духтарони маҳлиқо берун намеомад ва ба ҷуз ошомидани шароби нобу баҳра бардоштан аз зебописарону лаззат гирифтан аз ҳофизону машшоқон дигар ба ҳеҷ кор шуғл намеварзид. Ин буд, ки кори давлат рӯ ба инқироз ниҳод ва аҳкоми шариат аз доираи риоят маҳрум гардид. ҳар кас тамаи сардорӣ дошту ҳар фард ғарази раҳбарӣ…».[2]

Дар Самарқанд мулки мустақиле ба вуҷуд омада буд, ки бо Бухоро рақобат мекард.[3] ҳокими Самарқанд аз бодиянишинон кӯмак хост ва онҳо дар давоми ҳафт сол (1723–1730) водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд. Қаҳтӣ ва гуруснагӣ сар шуда, сокинони Самарқанду Бухоро ба ҳар сӯ пароканда гардиданд.[4]

Ба қавли Муҳаммадвафои Карминагӣ, бодиянишинҳо дар зарфи «ҳафт сол амволи хосу омро ба ғорат ва мардумро ба асорат бурда, саросари мамлакат ҳиҷоби тираи ҷабру тааддӣ густарониданд; бо ағному аҳшом ва маркабҳои худ мазрааву киштзор ва боғоту токзорҳои деҳқононро поймол намуданд. Заминҳои кишт ва чарогоҳҳои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори (бодиянишинон) ба биёбон мубаддал шуданд. ҳосили ғалла ниҳоятдараҷа коҳиш ёфт, қаҳтӣ ва гаронӣ аз ҳар ҷиҳат дар ҳадди интиҳои бераҳмӣ эҳсос мешуд; гуруснагӣ ва қашшоқӣ ҳукмфармоӣ мекард… Нон қурси моҳро мемонд: ҳарчанд ба назар менамуд, ба даст намеомад»[5]. А.А.Семёнов ҳаққонӣ таъкид мекунад: «Ва ҳамин вайронии аз ҳад гузарои давлати охирини Аштархонӣ, ки аз бенизомӣ ва худсариҳои гурӯҳи ҳукмрон – амирони худком, тамаъкор ва фосиқ рух дода буд, дар давлати хонӣ чӣ андоза ба таназзул расидани қувваҳои истеҳсолкунанда ва чӣ дараҷа қашшоқу хонабардӯш гардидани аҳолиро ба таври возеҳ аён месозад».[6]

Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит имтиёзи бештаре пайдо мекунад, ки ин ҳолат эътирози шадиди аъёну ашрофи дигар тоифаҳои ӯзбекро ба амал меорад. Абулфайзхон дар ҳокимияти ҳарбию сиёсӣ ягон қудрате надошт. Ин вазъияти харҷумарҷи сиёсӣ ва харобии иқтисодӣ ба Нодиршоҳ, ки сиёсати маккорона ва ҳисобгаронаро пеш гирифта, дар роҳи қасду ниятҳои худ майлҳои ҷоҳталабонаи феодалони осиёимиёнагиро моҳирона истифода мебурд, имкони ба муваффақият соҳиб шуданро муҳайё месохт. Ба замми ин, лашкари ӯ хеле беҳтар мусаллаҳ ва муташаккил буд.

Писари Муҳаммадҳаким атолиқи мардуд – Муҳаммадраҳимбии ҷоҳталаб ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи Муҳаммадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристода шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Пас аз бозгаштан бо амри Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ҳукмрони Бухоро ва бародари ӯ — Муҳаммаддониёлбӣ ҳокими Кармина таъин шуданд. Ба ин тариқа, Бухоро ба қаламрави Нодиршоҳ мубаддал гардид.

Afsharid_(1736-1802)-ru.svg
Харитаи давлати Нодиршоҳи Афшор (Эрониён)

Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ муқовимати ғаюронаи Элбарсхонро дарҳам шикаста ва ӯро дар муҳориба ҳалок намуда, Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоиммақоми худро нишонд. Ӯ ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқиматро мусодира карда, аскарони маҳаллиро ба қӯшуни худ ҳамроҳ намуд.

Пас аз вафоти Муҳаммадҳакимбии атолиқ писари ӯ — Муҳаммадраҳимбӣ қӯшуни пурқувват ва боинтизоме ташкил дода, исёни амирони мухолифро фурӯ нишонид ва дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишғол намуда, амалан ҳукмрони давлати хонӣ гардид.

Дар соли 1747 Нодиршоҳ ба дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки аслан аз хонадони хонии қабилаи абдолии афғон буда, яке аз сарлашкарони Нодиршоҳ маҳсуб меёфт, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афғонро ба атрофи худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афғонҳоро бино ниҳод.

Бисёр вилоятҳои тоҷикнишин, аз ҷумла вилояти ҳирот ба ҳайъати давлати Аҳмадшоҳ дохил шуд. Дар солҳои 1750–1752 Аҳмадшоҳ аз ҳирот қувваи зиёди ҳарбиро барои тобеъ намудани музофотҳои тоҷикинишин ва ӯзбекнишини соҳили ҷанубии дарёи Аму равона сохт. Ба феодалони афғон муяссар гардид, ки муваққатан ҳокимони баъзе вилояту музофотҳо, аз қабили Балх, Андҳой, Маймана, Ахча, Шибирғон ва Қундузро ба худ мутеъ намоянд. Дар Балх гарнизони афғонӣ гузошта, волие аз қавми афғон нишонда шуд (дар аксари вилоятҳо ба тариқи вассал моликони маҳаллӣ фармонравоӣ мекарданд). Баъдтар Бадахшон ҳам таҳти нуфузи сиёсии Афғонистон қарор гирифт. Ниҳоят, дар асри ХIХ қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъгардидаи тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо  ба  ҳайъати давлати Афғонистон дохил гардид[7]. Дар натиҷа  миқдори бисёри тоҷикон аз ҳамқавмони дар соҳили рости дарёи Аму сукунатдоштаи худ   ҷудо шуданд. Феодалон деҳқонони тоҷикро аз заминҳояшон ронда, киштзорҳои ҳосилхезро ба даст дароварданд ва қарияҳои нимҳарбӣ барпо намуданд.

Дар солҳои 70-уми асри гузашта муаррихи афғон Муҳаммад ҳаётхон дар асари машҳури худ «ҳаёти Афғон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз ҳуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афғонҳо табдил ёфтаанд».[8]

[1] Дар бораи Нодиршоҳ ва истилокориҳои ӯ ниг.: Пигулевская Н.В. ва дигарон, 1958, с. 316–325.

[2] Сомӣ, 1962, с. 41

[3] Абдураҳмони Толеъ, 1959, с. 69

[4] Чехович О.Д., 1954, с. 71–73

[5] Муҳаммадвафои Карминагӣ, дастхат, с. 18–19.

[6] Ниг.: ба сарсухани А.А.Семёнов дар асари Абдураҳмони Толеъ, 1959, с. 6-7.

[7] Мир Uуломмуҳаммади Uубор, 1959. Масъалаи пайдоиши давлати афuонҳо дар асарҳои шарrшиносони советӣ, ки ба консепсияи марксистии ин масъалаи муҳим асос гузоштаанд, хусусан дар асарҳои Рейснер И.М., 1954; Ганковский Ю.В., 1958 а; Массон В.М., Ромодин В.А., II, 1965, муфассал тадrиr шудааст

[8] Муҳаммад {аётхон, 1874, с. 299.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …