МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Нок

Нок

Нок — Ин дарахтест, ки навъҳояш гуногун ва самараш ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд ҳам меноманд. Беҳтарини он ноки сероби ширин ва пӯсташ нафиси он аст. Мизоҷи ноки пухтагӣ, ширин ва сероби он моил ба гармӣ, яъне дар дараҷаи якум гарм аст ва дар дараҷаи дувум тар мебошад; мизоҷи дигар қисмҳои он дар ҳарорат мӯътадил ва дар дараҷаи дувум тар, вале баъзеаш моил ба хушкӣ мебошад.                                                                                      .

Хислатҳои шафобахши он: пухтагии онро бихӯранд, майнаро аз намӣ таъмин мекунад, назлаҳоро дафъ месозад аз боиси он, ки ба майна баромадани бухорҳбро манъ менамояд. Инчунин хӯрдани он фараҳ меоварад; дил, меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро қувват мебахшад: дилтапак (дилбозӣ), ташнагӣ ва сӯзиши хичакро дафъ мекунад, ҳолати бади хунро ба эътидол меоварад, дарунро мулоим мекунад; баъд аз ҳазм ёфтан баромадани бухоротро ба майна манъ менамояд, хусусан, ки нокро баъд аз таом бихӯранд, ин хислаташ зиёда мегардад.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, ба узвҳо рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад. Нок дафъкунандаи заҳри занбӯруғҳо мебошад. Чун замбӯруғи  заҳрнокро бо нок якҷо бипазанд, заҳрнокиашро дафъ мекунад ва зарари он нест мешавад.

Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дигари дарахти нок сард ва хушк аст. Гулашро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қувват мебахшад, хун қай карданро манъ мекунад, исҳолро мебандад. Агар кӯфта гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад. Тухми нок бадмаза, агар бихӯранд, дилро беҳузур (беҷо) мекунад, вале агар 9 грамми онро кӯфта бихӯранд, кирми меъдаро кушта ихроҷ менамояд. 17,5 грамм баргащро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк гардонида сиҳат мебахшад.

Шилмаш таҳлилдиҳанда ва башиддат пазонанда аст. Чӯб ва барги нокро сӯхта, чун сурма ба чашм кашанд, таъсираш монанди тӯтиё мебошад. Сӯхтаи инро бипошанд, захмҳоро хушк мегардонад. Ноки ширин ва пухтагии он чандон зарар надорад, хусусан барои одамони гарммизоҷ безиён аст, вале ба касони сардмизоҷи заифмеъда зиён мекунад.

Агар нокро бисёр бихӯранд, бод пайдо мекунад ва хусусан хоми норасидаи онро бисёр бихӯранд, ҳатто иллати қулинҷро ба амал меоварад. Ҳангоми зарар расониданаш занҷабилро дар сирко тар карда ва арпабодиён истеъмол намоянд, то ки ислоҳи зарари он намояд.

Аммо бояд, ки нокро дар вақти холӣ будани меъда нахӯранд, балки баъди аз меъда фуромадани таоми хӯрдашуда, нокро истеъмол фармоянд. Нокро хӯрда, аз болояш оби хунук нанӯшанд, таоми бадҳазм нахӯранд, инчунин онро бо гӯшт якҷо хӯрдан раво нест, аммо бо шӯрбои гӯшти парандаҳои сабукҳазм хӯрдан мумкин аст. Ноки туршро ноки чинӣ ҳам меноманд. Беҳтарини ин низ пухтагии сероби он аст. Мизоҷи ноки турш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, ба таом иштиҳо меоварад, фишори баланди хун ва сафроро паст мекунад, инчунин ҷӯшиши ин ду моддаро дар бадан сокин мегардонад, баромадани бухорро ба майна манъ менамояд, дар бадан моддаҳои солим пайдо месозад, ташнагӣ ва қайро монеъ мешавад хоҳ тар ва хоҳ хушкашро бихӯранд. Агар аз болои таом бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорҳои зарарнокро манъ мекунад.

Нок

Вале хӯрдани ноки турш ба пирон, ба беморони иллати қулинҷдошта ва одамони сардмизоҷ зарар дорад, инчунин ба асаб ҳам зиёнкор аст, низ қулинҷро пайдо мекунад. Барои дафъи зарари он асал ва дигар шириниҳо хӯрдан кифоя аст. Агар ин нокро бо бухори об ё дар хамир печида, дар зери оташ бипазанд ва ё бо асал ва шакар мураббо карда бихӯранд, он гоҳ безарар мегардад, фақат фоида мебахшад.

Ноки даштиро дарахташ майдатар, инчунин мевааш ҳам резатар, беоб, таъмаш ба тунҷӣ моил ва гӯё дарунаш пури рег бошад, чунин маҳсус мешавад ҳангоми хоидан. Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: талқони хуппси онро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар ордаки инро бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк мегардонад ва дар захмҳо гӯшти нав мерӯёнад. Ин навъи нок бар зидди заҳри занбӯруғ тарёқ мебошад, чун инро бо занбӯруғи заҳрнок якҷо бипазанд, заҳри онро нест мекунад.

Хокистари чӯби онро бихӯранд, аз заҳрнок гаштан ба дарди гулӯи шадид гирифтор шуда бошанд, сиҳат мекунад, инчунин аз дигар чизҳо заҳролуд гашта бошанд, ислоҳи зарари он менамояд. Вале хӯрдани ноки даштӣ ба асаб зарар дорад, инчунин иллати қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин мавридҳои зарар ёфтан аз хӯрдани ин, давояш асал ва дигар давоҳои хушбуй хӯрдан аст.

Ноки кӯҳӣ, ки инро олмуруб ҳам меноманд, ду навъ аст. Як навъаш дар кӯҳсорҳои минтақаҳои гарм мерӯяд, ин калонтар аст ва дар вақташ пухта мерасад, бисёр хушхӯри лазиз аст. Навъи дигараш дар кӯҳсорҳои сард мерӯяд, ки самари ин ба зудӣ пухта намегардад, ҳатто бар болояш барф меборад, вале ҳамон тавр сахт ва даруни гӯшташ гӯё пур аз рег бошад, ҳангоми хоидан маҳсус мешавад. Таъмаш тунҷ ва турш аст, ҳаҷмаш майдатар аз олу, вале ба шакли нок санавбаришакл аст. Инро мардуми ориф дар ҳамон хомиаш дар вақти тирамоҳ чида, дар хона хушк мекунанд, бисёр сертухм аст.

Ҳангоми ҳоҷат ба касоне, ки гирифтори дарди гулӯ ва инчунин бадтарин намуди дарди гулӯзиндонак (хурӯсак) гарданд, дар об ҷӯшонида, он обро менӯшонанд, дар як интиҳояш, дар ду дафъа сиҳат меёбанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …