МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Обсабз дар Канзи Шифо (Китоб)
Обсабз

Обсабз дар Канзи Шифо (Китоб)

Инро дар баъзе мавзеъҳо тоҷикон ҷома (чапон)-и қурбоққа ҳам меноманд, дар обҳо, одатан, пайдо мешавад. Беҳтаринаш он аст, ки дар обҳои ширин ба ҳам расида бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, батанҳоӣ ё бо орди ҷав якҷо карда гузошта банданд, хунравиро аз ҳар узве, ки бошад, манъ мекунад, сурхбодро дафъ менамояд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; табҳои гарм, ниқрис (подагра) ва чурраи (даббаи) кӯдаконро шифо мебахшад. Агар инро дар равғани зайтун ҷӯшонида, гузошта банданд, асабҳоро башиддат мулоим мекунад.

Чун обсабзро дар равғани зайтун ҷӯшонида фурӯ баранд ва аз болояш оби гарм бинӯшанду қай кунанд, зулуки дар гулу часпидаро ихроҷ мекунад.. Обсабзи хушкро кӯфта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад.

Он чӣ обсабзеро, ки монанди ришҳо бошад 3,5 грамм аз он бо се-чор дона мурч ва камтар тамокуи хушк, ки ҳамаро бо оби чилим маҳин соида, ҳабҳо баста, субҳ ба дили наҳор фурӯ баранд, барои ҳамаи иллатҳои сипурз, ки аз хӯрдани алафҳои бисёр беморӣ ба он расида бошад, шифо мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …