МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Обшорон — Аквапарки нави Душанбешаҳр

Обшорон — Аквапарки нави Душанбешаҳр

Аквапарки нави аҷоиб бо номи ОБШОРОН дар шаҳри  Душанбе моҳи июли соли 2017 кушода, бо нархи нисбатан арзон ва шароити хуб ба истифода дода шуд. Ин маркази обозикунию дилхушист. ки ба он кӯдакону ҷавонон асосан майли омада ба шиноварӣ ва хуш кардани таъбу болидаи худ. дар фасли гарми тобистон махсусгардонидашуда мебошад.

Обшорон Аквапрки Душанбе
Сурат — (Расми) Аквапарки Обшорон

Дар Обшорон атраксионҳои калонҷусаву хеле гуногунранги дилписанд ҷойгир карда шудаанд, ки қароргоҳи ҳамаи он аз маркази пойтахти Тоҷикистон чандон дур нест. Масоҳати умумии аквапарк 2 гетрарро ташкил мекунад ва барои сохтмони он атрофи 7 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст. Ин ҷойи обозикунию шиноварӣ ва истироҳатӣ дар Душанбешаҳр дувумин ба ҳисоб рафта баъди аквапарки Делфин шуморида мешавад.

aqvapark-obshoron-dushanbe--2

Шарту шароит

Бо назардошти он, ки аквапарк санаи 20-уми июни соли 2017, расман кушода шуд вале дар асл барои аҳолӣ он моҳи июли соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Албата баъзе масъалаҳои ҳалталаб дар кори ин ташкилот вуҷуд доранд. Аз ҷумлаи он ин овехтани шартҳои истифода дар даромадгоҳи марказ, овехтани нархномаҳо, ҷудо кардани рӯзҳои мардонаву занона ва ғайра. Нисбати тартиби сифати пешниҳоди хизматрасонӣ аз аквапарки Делфин каме фарқият дорад.

Ин ҷо назар ба Делфин хело ва хело васеъ, имкониятҳои васеъ, гуногунранг, арзон, интихоби калон, сермардум, серсадо ва дигар омилҳои бартарӣ дорад, ки касро ба ҳайрат оварда таъби касро баланду хушҳолтар мегардонад.

ВИДЕО

Конечно же в зоне парка есть место для закуски где предлагают горячее блюдо, сладости, напитки и различные фрукты и десерты.

Дастрас кардани билет каме вақтталаб аст, чунки мардум зиёд аст. Баъди даромадан ба ин маркази дилхушӣ кас метонад ба иваз кардани либосҳои хуб ба анҷомҳои шиноварӣ дар толорҳои махсус машғул шавад. Он ҷо ҳамом, ҳоҷатхонаҳо, сандуқҳои нигоҳдорандаи либос ҳаст.

Ҳамчунин барои аҳолӣ-шаҳрандон ошхонае муҳаё карда шудааст, ки аз хурдани хӯроки гарм, нӯшакаҳо, яхмос ва ғайраҳо истифода баранд.

Аквапарк ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 барои мардум хизмат мерасонад. Ба истифодабарандагон тавсия дода мешавад, ки агар ҳарорати ҳаво аз 30 дараҷа селсия баланд бошад ба ин ҷо оянд, вагарна салқин аст.

НАРХ

  • Арзиши билетҳо барои кӯдакон (то 12 сола) то нисфирӯзӣ 10 сомонист ва баъди нисфирӯзӣ 20 сомонӣ;
  • Барои калонсолон  то нисфирӯзӣ 20 сомонист ва баъди нисфирӯзӣ 40 сомонӣ;

МАКОН-СУРОҒА

Агар шумо истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошед, пас ба ин ҷой бо таксиҳои маршрутии рақми 3А, 8, 16, 19 омада метонед. Умуман Обшорон дар фаромадгоҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ дар қисмати ғарбии Амфитеатр назди дарёи Душанбе мебошад. Нигаред харитаи зерро.

Назди admin

Инчунин хонед инро

raqsi-hindi

Рақси ҳиндӣ бо оҳанги танини ҳиндустонӣ