МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Оқибати ба хилофати араб ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

Оқибати ба хилофати араб ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

Ҳангоми баҳо додан ба аҳамияти таърихии аз тарафи арабҳо истило шудани Осиёи Миёна, чунон ки дар баъзе тадқиқот ба шакли пардапӯшида ба назар мерасад, набояд ба ифроту тафрит роҳ дод. Дар вақти таҳлили чунин ҳодисаи мураккаб, мисли Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо, пеш аз ҳама, мавқеи синфиро ҷиддан риоя намудан, гуногунӣ ва рангорангии ғайриоддии таркиби синфӣ ва тоифавии ҷамъияти феодалиро ба эътибор гирифтан зарур аст.[1]

Шубҳае нест, ки маъмурони сосонӣ, аъёну ашрофи динӣ ва ғайридинии маҳаллӣ дар Эрон ва Осиёи Миёна ба кишоварзону ҳунармандон аз ҳад зиёд зулм мекарданд. Ин буд, ки оммаи халқ аввалҳо ҳукумати худро дар мубориза бар зидди арабҳо дастгирӣ накард, шиори ҳокимони арабро дар бораи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ саҳван ҳамчун таҷдиди анъанаҳои неҳзати маздакия пиндошт. Ҳамаи ин дар давраи аввали истило ба ҳаракати фотеҳони арабҳо дар сарзамини Эрон ва Хуросон мусоидат намуд.

Дар айни замон, аз тарафи арабҳо истило шудани Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, ҷанги ғосибонае ба манфиати табақаи ҳукмрони араб буда, ба сари мардумони мутеъ мусибат ва маҳрумиятҳои зиёде меовард ва дучори зулму тааддии дутарафа мегардонид.

Ҳокимони маҳаллӣ аз тобеияти Эрони сосонӣ, хусусан дар нимаи дувуми асри VII раҳоӣ ёфта, ба зери ҳукмронии маъмурияти боз ҳам бераҳмонатари араб афтоданд. Истилогарон сиёсати толону тороҷ ва ҷабру ситамро ҷорӣ намуданд. Дар натиҷаи ин, алалхусус, дар марҳилаҳои баъдинаи истило, дар бисёр маҳалҳо аҳолии Осиёи Миёна ба муқобили истилокорон сар бардошта, бо матонати тамом муқобилати мусаллаҳона карданд.,

arab_osiyoi_miyona

Ҳамчунин бояд ба назар гирифт, ки вазъият ҳар гоҳ вобаста ба замону макон тағйир меёфт. Кӯшишҳои нахустини арабҳоро «нарм кардан» ва ба василаи андозу хироҷ аз дасти онҳо халос шудан ба қиёми мусаллаҳона мубаддал мегардид. Тазйиқи арабҳо торафт зиёдтар мешуд, сиёсати табақаи феодалшудаи хилофат тағйир ёфта, баробари мустаҳкам шудани давлати бузурги ба тараққӣ рӯниҳода нисбат ба халқҳои мутеъ боз ҳам золимонатар мегардид. Дар ин сурат маҳалҳои нисбатан ба осонӣ забткардаи арабҳо ҳам ба шӯр омада, бо кӯмаки иттифоқчиёни шарқии худ, алалхусус, туркҳо ба истилогарон муқовимати сахт нишон медоданд. Мухтасаран чунин буд шароити таърихии Осиёи Миёна дар асрҳои VII–VIII.

Протсессҳои этногенӣ, забонӣ ва мадании кишварҳои дохили хилофат ниҳоятдараҷа мураккаб ва пурихтилоф буданд. Дар Шарқи Наздик ва Африқои шимолӣ аксари қавму нажодҳо «арабонида» мешуданд. Дар ҳамон ноҳияҳо ҳам, ки аҳолӣ забони модарии худро нигоҳ медошт, зӯран дини исломро ҷорӣ карда, баробари он забони арабиро низ чун забони муқаддас паҳн менамуданд, зеро Қуръон ва дигар адабиёти динияро фақат онҳое хонда метавонистанд, ки ин забонро медонистанд. Забони арабӣ ҳамон мавқееро, ки забони лотинӣ дар Европаи ғарбии асримиёнагӣ дошт, дар дохили хилофат соҳиб гардида, дар байни халқҳои гуногун эътибори забони умумии илмиро пайдо мекунад (фақат баъдҳо адабиёти илмӣ дубора ба забонҳои маҳаллӣ инкишоф меёбад). Маданияти халқҳои хилофат ё худ чи навъе ки баъзан истилоҳи нодурустеро ба кор бурда, маданияти мусулмонӣ мегӯянд (маданияти араб – тамоман нодуруст), натиҷаи синтези комёбиҳои эҷодии бисёр халқҳо, аз ҷумла, халқҳои Осиёи Миёна мебошад. Ҷаҳонбинии ягонаи динӣ ва забони (лоақал дар марҳилаҳои аввал) умумӣ, алоқаи наздик ва муттасили ин халқҳо бисёр ҷиҳатҳои махсуси ин маданиятро ба миён овард. Вале бори дигар таъкид мекунем: ҳар як халқи ба ҳайъати хилофат дохилшуда дорои маданияти ба худ хос, инчунин махсусиятҳое мебошад, ки бо таъсири анъанаҳои маданӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам омада, алалхусус, аз охири асри IХ-Х тадриҷан ба ҷудошавии (дезинтегратсияи) маданӣ оварда мерасонад.

Маданияти халқҳои хилофат дар асрҳои IХ–ХII аз маданияти ҳамзамони аврупоӣ чандин мартаба баландтар буд. Бузургтарин хизмати таърихии халқ-ҳое, ки ба ҳайъати хилофат дохил буданд, бисёр суннатҳои қадима, хусусан, анъанаҳои улуми табиат ва фалсафаро, ки донишмандони хилофат ба таври эҷодӣ аз нав кор карда мебаромаданд, барои тамоми инсоният «интиқол» намудан аст. Меҳнат ва фаъолияти ин донишмандон барои шинос шудани аврупоиҳо бо комёбиҳои мардуми шарқ мусоидат карданд. Осори илмии донишмандони Осиёи Миёна, аз қабили Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва бисёр дигарон ба ганҷинаи илму маданияти на фақат хилофат, балки тамоми инсоният саҳми пурарзише гардиданд. Таълифоти оид ба тиб, рисолаҳои ҳисоб, ҷадвалҳои нуҷум ва тарҷумаҳои арабӣ аз забонҳои гуногун ба мамолики Ғарб роҳ ёфта, муддати асрҳо вазифаи дастури мӯътабареро адо мекарданд. Роли Шарқ дар инкишофи адабиёти Европаи ғарбӣ низ хеле калон аст, ҳатто тахмин мекунанд, ки қофия ба назми румӣ аз шеъри араб гузаштааст.[2]

Инак, аз нуқтаи назари пешомади таърихӣ, ба хилофат ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна оқибат ба суръат ёфтани тараққиёти феодализм, консолидатсияи қавмҳои Осиёи Миёна, кам шудани парокандагӣ ва пайдоиши давлатҳои марказиятнок мусоидат намуд ва дар ин замина минбаъд давлатҳои маҳаллии Осиёи Миёна ва Эрон ба вуҷуд омаданд; илова бар ин, вай ҳарчанд аввал ба иқтисодиёт ва маданияти маҳаллӣ зарарҳои калон расонда бошад ҳам, баъдҳо ба равнақи васеи равобити байни халқҳои гуногун боис гардид, ки ба тавассути он синтези бузурги мадании Осиёи Миёна ва тамоми Шарқи Наздики асрҳои IХ-ХI ба вуқӯъ пайваст.

[1] Fафуров Б.F., 1963 а.

[2] Массэ А., 1962; Мец А., 1966; Фильштинский И. И., Шидфар Б. Я., 1971.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …