МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Ороиши муй
mui_sar-2014

Ороиши муй

Орову торо додани муй барои одамизод ҳусни зебо мебахшаду касро ҷолибтар ва ба чашми дигарон хушкилтар мегардонад ва инро шахсоне ки қадр менамоянд вақту пули худро ба ин самт сарф карда ба ҳадафҳои худ мерасанд . Ороиш додани муйи сар метавонад  ба дараҷае таъсир расонад ки фоида он метавонад ба ошиқиву маъшуқӣ, дарёфти пулу мол ва воситае барои гирифтани мансаб ҳам сабабгор шавад.
Ба оро додани муи сар аз замони қадим одамон машғул буданд ва ба сифати ҳуснбахши истифода аз гулҳо, чубчаҳо, пари парандаҳо аз ҷумла товус, рангҳои растанӣ – ҳина ва ғайраҳо истифода мебурданд. Ҳоло имрузҳо бо тараққӣ ёфтани техникаву фарҳанг одамон ба оро додани муи сар бештар вақту сарватро сарф мекунанд ва муйҳои худро бо шаклҳои замонавию ғайриоддӣ зеб медиҳанд.

Ороиш додани муйи сар якчанд усул дорад ки ҷумлаи онҳо инҳоянд:

  1. Буридан-кутоҳ кардани муйҳои дароз ё тамоман кал кардан;
  2. Часпондани муйи сар, аз ҷумла зулф часпондан ва ё пушидани парик;
  3. Ранг кардани муйи сар;
  4. Часпондани ҳар гуна предметҳо ба сар аз ҷумла гулҳои пласмасиву табии, пушидани тоҷ, часпондани сангҳои қимматбаҳо, пушидани руймол ва ғайра.
  5. Оро додан – яъне ба қавли кучагӣ причёска кардан. Масалан тоб додани муйи сар;

Мардҳо ба оро додани муйи сар онқадар вақту пулро сарф намекунанд лек духтарон-занҳо ба ин кор хеле майл доранд ва медонанд ки калиди мувафаққиятии онҳо дар ҳамин чиз ҳам сабабгору ёридиҳанда ҳаст.

Ба ҳисоби миёна дар ороиши муйи сар духтарони тоҷик  дар як моҳ аз 20 то 50 сомонӣ харҷ мекунанд ки ба ин маблағ, нархи руймол буридани муй, рангзанӣ ва ғайраҳо дохиланд. Вале бачаҳои – мардҳои тоҷик ба ҳисоби миёна дар як моҳ 5-10 сомонӣ харҷ мекунанд.

Ҷоллиби диққат аст, ки духтарон дар рузи оиладориашон хело вақту пулро барои ороиши муйи сарашон сарф мекунад ки маблағи он баробари арзиши як гусфанди калон ва зиёд аз он ҳам метавон буд (50-100 доллар).

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бофтахо

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофта чист? Бофта ин Маҷмўи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравӣ, ки аз рўи пайдоиш, сохт ва иҷрои …