МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХVI

Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХVI

Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошканд, Фарғона, ҳисор ва ғ.-ро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобӣ рӯ ниҳода буд. ҳуҷуми қизилбошҳо, истибдод ва ғорати муғулҳо, қатли омҳо ба зиндагонии мардум ва ҳаёти хоҷагии мамлакат таъсири ҳалокатбор расониданд. Зимистони қаҳратуни соли 1512/13 ин аҳволро боз ҳам вазнинтар гардонид. Нарху наво баланд рафта, дар як қатор маҳалҳо қаҳтию гуруснагӣ рӯй дод. Дар сарчашмаҳо, махсусан, аҳволи табоҳи мардуми вилоятҳои ҳисор ва Самарқанд батафсил баён ёфтааст.

Муғулҳо вилояти ҳисорро ба куллӣ хароб намуда, тамоми ғалла ва чорвои аҳолиро тороҷ карданд, ки дар натиҷа гуруснагии даҳшатангезе рӯй дода, бисёр мардум аз гуруснагӣ ҳалок гардиданд[1]. Аҳволи халқ дар Самарқанд ва атрофи он беҳтар аз ин набуд. Шоир ва нависандаи машҳур — Зайниддини Восифӣ, ки он вақтҳо дар Самарқанд зиндагӣ ба сар мебурд, аз зимистони сард ва қаҳтии соли 1512/13 чунин нақл менамояд: «Дар ин сол дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум, дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд». Восифӣ дар яке аз шеърҳояш ин қаҳтӣ ва гуруснагиро тасвир намуда, нисбат ба мардуми азияткашида хайрхоҳию ҳамдардӣ ва нисбат ба давлатмандони ҳарису бераҳм нафрат ва кароҳат иброз доштааст. Чунончи, ӯ дар бораи давлатмандон мегӯяд:

Гандум зи ҳар кӣ кас талабад, орд мекунанд

Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом[2].

Дар тимсоли зоғи ҳарису фориғбол худи Шайбонӣ тасвир ёфтааст:

Эй бод, агар ба ҷониби саҳро гузар кунӣ,

Аз ман калоғро бубарӣ тӯҳфаву салом.

В-он гаҳ бигӯ, ки қоқ чаро мекунӣ зи ҳирс,

Нонҳои хешро, ки шавад сабз бар давом.

Эй тойири хуҷиста, зи нонҳои хештан

Якчанд нон бидеҳ ба фақирон ба расми вом [3].

buxaraАҳволи дигар вилоятҳои Осиёи Миёна аз ин беҳтар набуд. Онҳо низ ба майдони ҷангу ҷидолҳои хунин табдил ёфта, шоҳиди зуд-зуд иваз шудани ҳокимон мегардиданд. Шаҳрҳояшон борҳо ба муҳосира афтода, ҳар бор аз тарафи ҳокимони тарсу ба душман таслим мешуданд.

Вазъи хоҷагии пулӣ низ боиси афзудани гаронӣ мегардид. ҳанӯз Бобур бо мақсади ба даст овардани нафъи бештаре дар кори пул дасисаҳои зиёде намуд. Шайбониён ба ҷои он ки оқибатҳои суиистифодаи Бобурро барҳам диҳанд, кардаҳои ӯро намунаи ибрат қарор доданд. Дар натиҷа, тангаҳои нуқра аз саҳнаи тиҷорат берун рафта, ба ивази онҳо дар бозор қариб тамоман тангаҳои мис ҳукмфармо гардиданд. Вале дере нагузашта қурби ин тангаҳо низ шикаста, бозори онҳо торафт касод мешуд.

ҳангоми тавсифи вазъияти ҳаёти хоҷагии онвақта инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки тоифаҳои бодиянишини ба сарзамини Осиёи Миёна омадаи ӯзбек беҳтарин яйлоқҳоро ишғол намуда, на фақат бодиянишинҳои маҳаллӣ, балки аҳолии муқимиро ҳам танг карда бароварданд. Ақидае мавҷуд аст, ки, умуман, дар асри ХVI масоҳати заминҳои кишт хеле кам гардидааст.[4]

Мувофиқи одати Шайбониён, шахси аз ҳама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба ҳамин сабаб, пас аз он ки дар соли 1512 ҳамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари ҳокимият на ин ки Убайдуллохон – обрӯмандтарин намояндаи хонадони шайбонӣ, балки Кӯчкунчихон омад, ки обрӯву эътибори казоӣ надошт, дар ҳукуматдорӣ шахси беҳунаре буд ва аксар вақти худро дар тоату ибодат мегузаронид. Баъди ӯ писараш — Абӯсаидхон ҳукмрон гардид ва фақат пас аз ин Убайдуллохон (1533–1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.

ҳанӯз дар аҳди Шайбонихон давлат ба амлок, яъне мулкҳои хоса тақсим шуда буд. Акнун ин тақсимот боз ҳам расмитар гардида, мулкҳо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатӣ гузаштанд. Соҳибони амлок дар умури дохилии қаламрави худ истиқлолияти комил доштанд, онҳо акнун метавонистанд мулкро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Амлок фақат дар натиҷаи нифоқи байнихудӣ гоҳо аз даст ба даст мегузашт. Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Балх, ҳисор ва амсоли инҳо амлоки калонтарин маҳсуб меёфтанд. Соҳибони ин мулкҳо дар вақтҳои гуногун ҳукмрони мамлакат ҳам гардидаанд, аз ҳама бештар ин маснад (дар нимаи аввали асри ХVI) ба ҳокимони Самарқанд насиб шудааст. Аз соли 1560 Бухоро мустақиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.

Се чоряки аввали аср давлати Шайбониён як давлати хоси амлокӣ буд, ки онро яке аз соҳибони мулк, сарфи назар аз иқтидор ва эътибори худ, бо номи хон ва хоқон идора менамуд. Ӯ фақат имтиёзҳои зоҳирӣ дошт: ба вай унвонҳои олӣ медоданд, хутбаро ба номи вай мехонданд ва дар сиккаҳо номашро сабт мекарданд.[5] Ин қоида то солҳои чилуми асри ХVI давом намуд, баъдтар баъзе амлокдорон гоҳо сиккаҳоро ҳатто аз номи худ мебаровардагӣ шуданд, ки ин маънии на фақат исман, балки амалан ҳам соҳибихтиёр гардидани онҳоро дошт.

Дар аҳди се ҳукмрони аввал (Кӯчкунчихон, Абӯсаидхон ва Убайдуллохон) вазъи дохили давлат нисбатан собит ва барои барқарор намудану ба ҳадди эътидол даровардани хоҷагӣ шароити муайяне мавҷуд буд. ҳукмронҳо ва соҳибони мулкҳо ҳатто дар пешбурди кори ҳамон ҷанбаҳои ҳаёти хоҷагӣ, ки бо манфиати синфи феодалҳо ва, албатта, худашон алоқае дошт, баъзе тадбирҳои муҳим пешбинӣ мекарданд. Дар ин бобат, хусусан, ислоҳоти пулие, ки дар замони ҳукмронии Кӯчкунчихон гузаронида шуда буд, ҷолиби диққат мебошад. Чи навъе ки қайд карда шуд, муомилоти пулӣ дар натиҷаи ҷангҳои харобкунандаи хоҷагии мамлакат ва найрангҳои Бобуру Шайбониён дар сикказанӣ ба вазъи бӯҳронӣ афтода буд. Ин ҳолат, умуман, ба кори тиҷорат таъсири бад расонида, манфиатҳои синфи феодалонро халалдор месохт ва ниҳоят даромадҳои худи Шайбониёнро аз тиҷорат ва муомилоти пулӣ кам мекард. Инак, зарурати ислоҳоти пулӣ ба миён омад, аммо дар шароити сохти амлокии давлат ва соҳибихтиёрии комили соҳибони мулк ба амал овардани ислоҳот амри маҳол буд. Охир кор ба ҷое расид, ки Кӯчкунчихон дар Самарқанд ва Убайдуллохон дар Бухоро, ҳар яке дар мулки худ, сиёсати мустақилонаи пулӣ ҷорӣ намуданд. Бештар аз даҳ сол лозим омад, ки муомилоти пулӣ дар миқёси тамоми давлат ба тартиб дароварда шавад.[6]

Боз як ҷиҳати муҳимми ин давра юришҳои Шайбониён ба Хуросон буд[7]. Ин юришҳо бештар дар аҳди Убайдуллохон ба вуқӯъ пайваст, зеро вай ҳамеша дар замири худ нияти барқарор кардани ҳудуди аввалаи давлати Шайбониёнро мепарварид. Ғайр аз ин, Шайбониён маҳз худро вориси қонунии Темуриён меҳисобиданд.[8]

Онҳо дар вақти лашкаркашиҳои худ ба забт намудани шаҳрҳои калон саъй мекарданд, дар навбати аввал диққати онҳоро ҳирот ба худ мекашид. Дар воқеъ, онҳо се дафъа ҳиротро ишғол карданд, вале ҳар бор ба нигоҳ доштани он муваффақ шуда наметавонистанд. Соли 1532 Шайбониён ҳиротро муҳосира карданд, вале барояшон ишғоли он муяссар нашуд. Бо вуҷуди ин, тамоми шаҳрҳои калон то Астаробод ба таҳти тасарруфи онҳо даромад. Охирин юриши Убайдуллохон дар солҳои 1535–1537 сурат гирифт. Пас аз муҳосираи панҷмоҳа ҳиротро забт карда, зиёда аз як сол дар дасти худ нигоҳ дошт. Ӯ ба мақсади мустаҳкам кардани ин ғалабаи худ хост, ки ба ҳукмрони давлати сафавӣ зарбаи сахт ворид оварад. Лекин султонҳои шайбонӣ, мисли ҳарвақта, ӯро дастгирӣ накарда, ба сӯи мулкҳои худ ақиб нишастанро авло донистанд. Барои мустақилона тасмим гирифтан ҳатто қудрати чунин ҳукмрони соҳибэътибор, мисли Убайдуллохон, ки он вақт дар сари салтанат қарор дошт, намерасид.

Юришҳои хуросонии Шайбониён аслан қасди ғоратро надошт, ҳарчанд ки иштирокчиёни ин юришҳо барои афзудани сарвати худ аз онҳо истифода мебурданд. Илова бар ин, чунон ки дуруст қайд шудааст,[9] онҳо ба таври объективона шиддати ҷангу низоъҳои байнихудии Шайбониёнро бозмедоштанд. Ин буд, ки давлати Шайбониён дар ин давра бо он ҳама худсарӣ ва худкомиҳои соҳибони мулк ба арсаи ҷангу ҷидолҳои доимии байнихудӣ мубаддал нагардид. Албатта, лашкаркашиҳои чандинкарата ба сӯи Хуросон, тадорукот ва таҷҳизоти юришҳо, бар иловаи хироҷу молиёт, ҳамчун бори гароне ба дӯши аҳолии Осиёи Миёна меафтод. Бо вуҷуди ин, авзои ин давра нисбатан оромтар ва шароити хоҷагидорӣ мусоидтар буд.

[1] Семёнов А. А., 1954 г., с. 139.

[2] Иrтибос аз Айнӣ С. Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-ваrоеъ», с. 181.

[3] Восифӣ,- 1961, с.- 92.

[4] Абдураҳимов М. А., 1966, с. 260.

[5] Дар назари муосирон хутба ва сикка чунон аломатҳои муҳимми ҳокимияти олӣ ба шумор мерафтанд, ки дар сарчашмаҳои хаттӣ ҳангоми баёни воrеаи ба сари ҳокимият омадани касе ин ду лаҳза ҳатман таъкид карда мешуд.

[6] Давидович Е. А., 1951 а, с. 106–120.

[7] Тафсили онро ниг.: Давидович Е. А., 1953 а, с. 97–106.

[8] Миклухо-Маклай Н. Д., 1952, с. 11 ва давомаш.

[9] ИТН, П, 1, 1964, с. 372.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …