МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ФИРДАВСӢ

ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ФИРДАВСӢ

Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,
Тани кўҳро хок молад ба мушт.
Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест.
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун
В-агар бад кунад , низ пархош кун.
Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некўӣ андар андеша кун.
Бибахшу бихур, то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.
Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
Макун дўстӣ бо дурўғозмой,
Ҳамон низ бо марди нопокрой.
Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳар чи бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу кирдори нек,
Бимонад чунон, то ҷаҳон аст рек83.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.
Касе, к-ў ҷаҳонро бувад хостгор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Ҳунармандро шоду наздик дор,
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор,
Чу дӣ84 рафту фардо наёмад ба пеш,
Мадеҳ хира барбод авқоти85 хеш.
Хирадмандию пешбинӣ кунӣ,
Тавоноию покдинӣ кунӣ.
Мар онро, ки дониш бувад, тўша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.
Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.
Бимонад дуто ҷовидон як гуҳар,
Хунармандию донишу додгар.
Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некў бувад ёдгор.
Ба нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.
Зи бадасл чашми беҳӣ доштан,
Бувад хок дар дида анбоштан.
Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар-ў бар ниҳон.
Гар ў бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Ту чандон, ки бошӣ, сухангўй бош,
Хирадманд бошу ҷаҳонҷўй бош.
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гўӣ, ҳамон бишнавӣ.
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Мабошед густох бо ин ҷаҳон,
Ки ў тирагӣ дорад андар ниҳон.
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба мардум намонад ба ҷуз мардумӣ.
Ба анбарфурўшон агар бигзарӣ,
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.
В-агар бигзарӣ сўи ангиштгар,
Аз-ў ҷуз сиёҳӣ набинӣ асар.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба даҳр андарун тоҷдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркашӣ,
Ба тезиву тундиву бедонишӣ.
Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.
Чу паймони озодагон бишканӣ,
Нишони бузургӣ ба хок афганӣ.
Надонӣ, ки мардони паймоншикан
Сутуда набошанд дар анҷуман.
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Бу кўшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Фирдавсӣ дар кадом мавзўъҳо панду ҳикматҳо гуфтааст?
2. Фирдавсӣ ду чизро ҷовидон гуфтааст, он ду чизро ёбед.
3. Касе, ки дар талаби дунё бошад, барои ў дониш ба кор ояд ё симу зар?
4. Байти: «Ба нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед» — чӣ маънӣ дорад?
5. Ба фикри шумо хислату атвори бад ирсӣ аст ё илоҷи рафъ дорад?
6. Абёти:
«Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар-ў бар ниҳон.
Гар ў бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар» — ро чӣ хел мефаҳмед?

7. Панди бистум ба кадом мақоли халқӣ ҳаммаъно аст?
8. Пандҳои дуюм, чорум, нўҳум ва бисту якумро ба наср баргардонед.

 

Муаллиф: А. Фирдавсӣ

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …