МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ПАНИР ВА ФОИДАИ У
Панир

ПАНИР ВА ФОИДАИ У

Панир дар вақташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба шир панирмоя мезаданд, баъд он монанди ҷурғот ғафс мегардад. Сонӣ онро намак зада, дар халтачаҳои матлуб андохта, даҳани онҳоро маҳкам баста, зери санг ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар натиҷаи фишор хӯрдан обияти он ҷудо шуда, сахт ва панир мешавад. Агар намакин кардан хоҳанд, боз аз болояш намак зада, таъмашро шӯр сохта, баъд барои истеъмол тайёр мекарданд.

Мизоҷи панири нав тайёркардашуда дар дараҷаи дувум сард ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани панир меъда, рӯдаҳо ва гурдаҳоро қувват мебахшад (модоме ки гурда қавӣ бошад, дар он санг пайдо намешавад), дарунро мулоим месозад; агарчӣ панир дерҳазм ҳам ки бошад, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад ва баъд аз ҳазм ёфтан зуд ба узвҳои бадан мегузарад. Агар панирро бо мағзи чормағз ва гиёҳи кокутӣ даромехта бихӯранд, баданро бағоят фарбеҳ мегардонад, пӯстро мулоим мекунад.

Панирро пухта, баъд кабоб карда бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад. Панирро варақ карда, ба чашм гузошта банданд, нуқтаҳои сурхаки хунини дар чашм афтода ва дарди чашмро дафъ мекунад. Чун панирро дар об ҷӯш диҳанд ва он обро зани бачамакон бинӯшад, шираш зиёда мегардад; агар касони дигар бинӯшанд, намегузорад, ки реш ва захмҳои рӯдаҳо варам кунанд.

Панир ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, иштиҳои онҳоро мебандад; агар баъд аз хӯрдан ҳазм наёбад, боиси пайдо шудани гиреҳи қулинҷ (колит), иловус (варам ва дарди рӯдаҳои борик) ва торикии чашм мегардад. Дар ин ҳолат асал, наъноъ ва кокутӣ бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Мизоҷи панири намакин (брынза) ва кӯҳнаи он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Агар ин навъашро бихӯранд, балғамро пароканда месозад, иштиҳо ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк месозад. Агар инро бо асал хамир сохта гузошта банданд, пучакҳоро мекафонад ва милкаки нохунро шифо мебахшад. Агар бо равғани зайтун даромехта гузошта банданд, буғумҳои шахшударо ислоҳ мекунад, решҳои раддии бадфиолро шифо мебахшад. Агар бо оби борон сиришта пай дар ҳам гузошта банданд, аз мағзи буғумҳо чизи гаҷмонандро кашида берун мекунад бе ҳеҷ гуна дард. Агар бо навшодир кӯфта гузошта банданд, доғҳои кунҷидакро дур месозад, қӯтури пӯстро шифо мебахшад. Агар бо пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ) кӯфта гузошта банданд, заҳрҳои ҷонварони нешдорро аз бадан дафъ менамояд.

Вале хӯрдани ин гуна панир дар бадан моддаҳои сафровиро пайдо мекунад, ташнагӣ меоварад, хориши пӯст ва қӯтурро ба амал меоварад. Бо вуҷуди гармии мизоҷаш ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, зеро ки муқовамати бадани онҳо нисбатан суст аст; низ ба онон, ки узвҳои дохилиашон гиреҳ доранд, зиёнкор аст; баданро лоғар мегардонад, дар гурда, хичак (пешобдон) ва дигар узвҳо санг пайдо менамояд. Барои он ки ин қабил зарарҳояш зоҳир нагарданд, бо мағзи чормағз бихӯранд ё баъд аз он ин мағзро бихӯранд, кифоя аст, ки безарар гардад.

Агар панир бисёр кӯҳнашуда бошаду бихӯранд, баданро заҳролуд месозад. Агар ин ба одамони гарммизоҷ зарар кунад, меваҳои обдор ва туршиҳо истеъмол намудан лозим аст. Панири ғайричакидаро, яъне паниреро, ки обашро фишурда берун накарда бошанд, бихӯранд, хоб меоварад, барои табҳои диқ (лоғаркунанда), сил, тафси меъда даво мешавад, хушкӣ ва шахшӯлии пӯсти баданро ба ислоҳ меоварад, васвосро дафъ месозад; барои бемориҳои сафровӣ ва тафсидани хун нафъ дорад. Вале ин ба одамони сардмиэоҷ зарар дорад, бемориҳои сард ва тарро ба зуҳур меоварад ва дар гурдаву хичак санг пайдо мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …