МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
ПАНҶАНГУШТ

ПАНҶАНГУШТ

Панҷангушт ( Витекс ба русс.)ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти одамӣ ва аз як нуқта ба ҳар тараф кашидашуда мебошад. Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ онро ҳамчун растании ороиш парвариш медиҳанд. Инро ба забони арабӣ аслақ ва ба ҳиндӣ синбҳолу меноманд ва дар баъзе маҳалҳо тоҷикон сода карда симболӣ мегӯяндаш. Дар худи шаҳри Душанбе аз паҳлуҳои кӯчаҳо бисёр буттаҳои ин мавҷуд мебошанд. Гулаш дар хӯша бунафш ва гоҳо сафед мебошад, аз нимаи баҳорон то тангии тирамоҳ гул мекунад ва тухм мебандад. Тухмаш ба миқдори мурч аст. Бинобар ҳамин инро дар Эрон мурчи кӯҳӣ мехонанд. Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дувум аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд дарунро мебандад, варам ва моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар ҷигар пайдошударо мекушояд; дарди сарро, ки аз зиёд шудани рутубат ва ба ҳам расидани варам дар майна бошад, шифо мебахшад; ва агар дар рагҳои ширёнии (артерияи) майна варам пайдо шуда ва ин варам аз зиёд шудани балғам дар мағзи сар ба амал омада бошад, онҳоро таҳлил медиҳад; бемориҳои девонагӣ ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; хуни бандшудаи ҳайз ва бавосирро мекушояд, яъне равон мекунад, гиреҳи дар сипурз баамаломадаро мекушояд, варами бачадонро таҳлил медиҳад, асабҳои печидаро рост мегардонад, кафидани мақъадро сиҳат мебахшад, заҳри морро аз бадан дафъ менамояд. Одатан аз ин растанӣ ҷонварони газанда мегурезанд.

Барги тарашро кӯфта, монанди фулус қурсҳо паҳн кунанд, ки вазни ҳар як курс тақрибан 2,5 грамм бошад. Баъд онҳоро дар рӯйи тозае, ки бо равғани гов чарб карда шуда бошад, аз як рӯяш бирён намоянд. Сонӣ дар асали сараи баҳорӣ андозанд. Аз ин таркиб то се рӯз пагоҳӣ ба дили наҳор як қурси онро зане, ки ба иллати парсут гирифтор бошад, бихӯрад. Агар бигуворад, яъне бифораду мувофақат кунад, то ду ҳафта ҳар як қурси онро субҳ ва як қурси дигар ба вақти шом бихӯрад. Агар аз ин сиҳат ёбад, хуб аст ва агар на, тарк намояд. Аммо асаре аз парсут монда бошад, боз як ҳафтаи дигар низ ду маҳал ё як маҳал истеъмол намояд. Дар рӯзҳои хӯрдан аз маҳсулоти ширӣ, туршиҳо, сабзиҳо (кашниз, шибит, кабуд ва ғайра), чизҳои тармизоҷ ва равғани бисёр парҳез намояд.

panjangusht_vitexПарсут озорест, ки баъзе занонро баъди зоидан содир мегардад, намудаш гуногун мебошад: баъзеро дарунаш меравад, рангро зард, баданро заиф ва лоғар мегардонад. Бемор ба ягон хӯрок рағбат намекунад.

Агарчи камтар бихӯрад, ба зудӣ ҳазм намеёбад, то агар ба воситаи даво ихроҷ накунанд, он ғизо аз шикамаш дафъ намегардад, низ соҳибаш ором ҳам намегирад. Баъзе занҳоро баробари он чизҳое, ки зикр ёфтанд, боз таби сабук ҳам мегирад.

Барги тари ин буттаро кӯфта гузошта банданд, дарди сари рутубӣ ё аз варами ширёнҳои майна ба судур омада бошад, шифо мебахшад. Оби баргашро бинӯшанд, девонагиро сиҳат мекунад, гиреҳҳои майнаро мекушояд; тапидани дилро, ки аз зиёд шудани моддаҳои балғам ва савдо ба зуҳур пайваста бошад, шифо мебахшад, гиреҳҳои даруни ҷигар ва сипурзро мекушояд.

Барг ва самари панҷангуштро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд ё ки барги онро баробармиқдор бо пудинаи даштӣ гирифта, сӯхта, дудашро занҳо ба миёни поҳои худ бигиранд, ҳайзи бастаро равон мекунад. Самар ва барги онро дар об ҷӯшонида, занҳо то ноф дар он об даромада нишинанд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва агар шахсеро, ки мақъадаш варам карда бошад, барои он низ даво мешавад.

Барги онро бо барги ток якҷо кӯфта, бо маскаи тоза марҳам сохта, гузошта банданд, хояҳои сахтгаштаро ба ҳоли аслиашон меоварад. Ҳар як қисми панҷангуштро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок аз он атроф мегурезанд.

panjangusht_vitex-tuxmБаргҳои тари онро паҳн карда, яъне густарда бар болояш нишинанд, қуввати боҳ, яъне пушти камарро мешиканад. Барги тари онро дар оташ гарм карда, гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад ва агар ба хояҳо об фуромада бошад, ҳамин тавр бо ин гармбандӣ кунанд, инро ҳам шифо мебахшад.

Аз чӯби он асо сохта, ба он такя карда бигарданд, шаҳвати мардиро қатъ мекунад. Баргҳои онро ба зери ҷогаҳи хоб бигустаранд, дар хоб ҷимоъ кардан, яъне дар хоб шайтон заданро бат ибро меоварад, инчунин бархостани олати мардиро қать мекунад.

Хислати тухмаш назар ба барги он сабуктар аст. Хӯрдани панҷангушт ба гурда зарар дорад ва дарди сар меоварад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро хӯрдан ҷоиз аст, ки зиёнашро ислоҳ намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз барг ва тухми панҷангушт дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Беҳтар он аст, ки инро бидуни шилми бодомҳо, ки ислоҳкунандаи зарараш мебошад, истеъмол накунанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Болдирғон

БОЛДИРҒОН

Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш …

2 Шарҳҳо

  1. !S!WCRTESTINPUT000000!E!

    !S!WCRTESTTEXTAREA000001!E!

  2. dna moczanowa objawy i przyczyny leczenie dna moczanowa co mozna jesc http://seeknet.pl/ co jesc przy dnie moczanowej dna a alkohol

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.