МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Пардаарусак

Пардаарусак

Пардаарусак (ба забони руссӣ Физалис) — Ин гиёҳ аз оилаи сагангурҳо мебошад. «Пардаарӯсак» аз ҳамин боис номида шудааст, ки самараш ба андозаи сари пистони занҳо дар даруни пардае, ки ба шакли хичак ва дар бузургӣ чун манту ё тушбера аст, ҷой гирифтааст. Даруни он парда ба ғайр аз самари он дигар ҳеҷ чиз надорад, балки ковок ва холӣ мебошад. Пардааш ҳам, донааш ҳам дар вақти хомӣ сабз ва бипазад, сурх мегардад. Баргаш монанди барги сагангур, вале аз он дарозтар, гулаш сафеди моил ба сурхӣ мебошад. Ин растанӣ ду навъ аст: кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Дар тиб парда ва самари навъи бӯстониаш кор фармуда мешавад. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.

Мизоҷи пардаарӯсаки бӯстонӣ сард ва хушк аст дар дараҷаи дувум, вале мизоҷи кӯҳии он дар дараҷаи севум сард ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: оби самари расидаи (пухтагии) онро дар гӯш чаконанд, решҳои кӯҳнаи гӯшро дармон мешавад. Хӯрдани самари пухтагии пардаарӯсак иллати дамкӯтаҳӣ, обхӯра, яъне ташнагии доимӣ ва душвории нафасро шифо мебахшад, моддаи сафроро ба воситаи пешоб аз бадан хориҷ менамояд; ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳо, ҳатто кирми кадудонаро, ки ба русӣ солитёр меноманд, дафъ мекунад; пешоби бандшударо равон месозад; бемориҳои гурда ва хичак, инчунин захмҳои ин аъзоро шифо мебахшад; ҳоли бади ҷигарро ислоҳ мекунад.

Ҳар рӯз 4,5 грамм аз самари он бихӯранд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар зан баъд аз пок шудан аз ҳайз ҳафт адад самари пухтагии онро фурӯ барад, ҳамон моҳ ҳомила намешавад.

Падарарусак

Оби самари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи самари пардаарӯсак меноманд. Усораи инро бимоланд, сахтиҳои бадан ва бавосир (геморрой)-ро таҳлил медиҳад, решҳои кӯҳнаи гӯшро дафъ мекунад ва решро аз фасод кардан нигоҳ медорад. Аммо зарараш ҳамин, ки агар инро бисёр бихӯранд, карахтӣ меоварад. Дар ин ҳолат гулқанд бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Миқдори як бор хӯрдан аз пӯст (парда) ва самари он то 17 грамм аст.

Пардаарӯсаки кӯҳиро бихӯранд ҳам, пешоби бандшударо равон мекунад. Аз ин 4,5 грамм бихӯранд, хоб меоварад, вале аз ин зиёд бихӯранд, ақлро беҷо ва девона мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …