МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Пахта

ПАХТА

Пахта — ин зироати машҳур ва хеле қадим аст. Таърихаш ҳазорҳо солро дар бар мегирад. Ду навъ мебошад: яке пахтаи сафед медиҳад, ки ниҳолаш сершох мебошад ва дар ҳар шохе мувофиқи қуввати заминаш кӯсакҳо дорад, ки ин самараш қариб кулӯла мебошад. Дигаре бешох, рост ва баланд мехезад, вале кӯсаки ин нисбатан майдатар ва дарозаки нӯгдор — нахҳои ин нисбатан маҳинтар ва дарозтар аст.

Одатан чигити инҳо кишта мешаванд, аз замин ниҳоли нав дубаргашавон бармеояд ва баъд баргҳои муқаррарӣ зоҳир намуда, бо мурури рӯзҳо шона мебандад, гул мекунад, кӯсак мегирад ва инак, он расида пахтааш мешукуфад. Дар ҷоҳои мо пахтаро ҳар сол як бор аз нав мекоранд, вале дар минтақаҳои гармо як бор коранд, ду сол ҳосил медиҳад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст; мизоҷи чигиташ дар дараҷаи дувум гарм ва тар; мизоҷи гулаш гарм ва тар аст, ки илова бар ин боз хислати фараҳбахшӣ ҳам дорад.

Хислатҳои шифобахши он: аз гулаш шароб тайёр мекунанд ба ин усул. 400 грамм гули тару тозаашро дар 1,6 килограмм оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мондан бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Пас хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф менамоянду бо 800 грамм қанди сафед қивом месозанд. Дар лаҳзаҳои охири қивом 2,25 грамм заъфаронро ос карда, дохили он мекунанд. Аз ин таркиб ҳар рӯз як бор 70 грамм бо гулоб ё бо бедмишк ва ё бо арақи говзабон бихӯранд, девонаи навро сиҳат мебахшад; васвос ва тапидани дил (дилбозӣ), ки аз гармӣ бошанд ва инчунин хафа (бӯгма) шудани гулӯгоҳи бачадонро ба ибро меоварад. Агар 25 грамми онро бинӯшанд, аз бисёр хурсандӣ бахшидан кайф мекунанд ва ба ҳолате қариб ба мастӣ меоварад.

Гули онро ба танҳойӣ ё бо барги тараш якҷо кӯфта гузошта банданд, обила ва сӯхтагии оташро дафъ мекунад — шифо мебахшад. Агар либоси пахтагин ё либоси пашмин ва абрешимро, ки тор ё пудаш аз пахта бошад, бипӯшанд, баданро қувват мебахшад, гарм нигоҳ медорад, аъзои баданрохушк ва сахт мегардонад, инчунин барои бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, ки монанди: ларзак, сустӣ ва нотавонии аъзо, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), кузоз (столбняк) ва монанди инҳо форам ва мувофиқ аст. Дуди пахтаро дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад.

Пахтаи наддофӣ кардашударо, яъне бечигитро то сиёҳ шуданаш сӯхта, яъне сӯхтаи онро ба ҳадди хокистар нарасонида гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, хоришро дафъ мекунад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Пахтаро аз чигиташ ҷудо карда, даруни захмҳои чуқуррафтаро аз он пур намоянд, римашро аз чуқурии он мекашад ва захмро хушк карда сиҳат мебахшад. Пахтаро то орд барин маҳин гаштанаш кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк ва сиҳат мекунад. Агар аз ин кӯфта захмҳои кӯҳнаро пур кунанд, гӯшти ҳароми онҳоро мегудозад ва дафъ месозад, рими онҳоро низ аз ҷоҳои чуқур мекашад.

Пахтаро гарм карда, ба узвҳои дардманд ва варамҳои сард дар ҳар узве, ки бошад, гузошта банданд ва муддате ҳамон тавр бигузоранд, инчунин ба хояҳои обфуромада ҳамин тавр гузошта банданд, дардро дафъ мекунад, варамро таҳлил медиҳад ва оби дар хояҳо фуромадаро пароканда мегардонад. Пахтаро кӯфта, гарм карда, ба рӯйи барги гармкардашудаи беданҷир паҳн намуда, ба варами хоя гузошта банданд, онро таҳлил медиҳад. Чигити нав аз пахта ҷудо кардашударо кӯфта, андак занҷабили кӯфтагӣ ва об бар он пошида, гарм карда, чун фатила аз пахта созанду як сари онро ба озахҳои мехшакл гузошта, сари дигари онро бисӯзонанд, ки гармӣ ва тезии он ба озахҳо расад, вале насӯзад ва то се рӯз ҳамин тавр доғ кунанд, озах нест мешавад.

Сурати Пахта

Мағзи бепӯсти чигитро бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, сурфаро, ки аз гармӣ бошад, дафъ месозад. Агар инро бо дорчинӣ ва шакар бихӯранд, боҳи (пушти камари) одамони сардмизоҷро қувват мебахшад, вале агар бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, барои пурқувват кардани боҳи одамони гарммизоҷ дармон мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи чигит дар як рӯз то 23 грамм аст. Равғани чигитро бимоланд, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад ва ҷароҳатҳоеро, ки дар рухсора пайдо шуда бошанд, шифо мебахшад. Оби баргҳои тару тозаашро ба воситаи кӯфтан ситонида, аз он об чанд бор 75 граммӣ (хусусан бо шарбати себ) бинӯшанд, рафтани даруни кӯдакон ва ғайрикӯдаконро мебандад.

Баргашро кӯфта, бо равғани гули сурх сиришта гузошта банданд, ниқрис (дард ва варами ангуштони дасту поҳо) ва дардҳои дигари луққосзанандаи доимиро шифо мебахшад, ки дар ин бобат давои бемисл аст. Агар барги пахтаро бо барги чилмангӯштак (семизут) якчо кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳоро, ки хоҳ аз гармӣ ва хоҳ аз хунукӣ бошад, даво мешавад.

Баргҳои майдатар ва андак решааш — ҳардуро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, бӯғмаи бачадонро, ки дафъа-дафъа беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад ва дарди ин узвро таскин медиҳад. Баргҳои онро дар соя хушк карда, кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро, ки аз буридани теғ, расидани тир ва ғайра равон бошад, манъ мекунад.

Ҳар як қисми дарахт ва самари пахтаро кӯфта гузошта банданд, меъдаро қувват мебахшад, хуни дар узвҳои бадан шахшударо таҳлил медиҳад ва онро ба рӯйи пӯст мекашад. Агар як сари шохи пахтаро дар гӯш гузоранд ва сари беруни онро бисӯзонанд, оби ба даруни гӯш рафтаро, ки берун оварданаш душвор гашта бошад, ба худ мекашад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …