МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Таърихи пайдоиши Порт ва Юнону Бохтар

Таърихи пайдоиши Порт ва Юнону Бохтар

Дар айни муборизаи байни ду бародарон (Селевки II ва Антиохи Гиеракс) барои соҳиб шудан ба тахт аз давлати Селевкиён портҳо ҷудо шуданд, ки ба онҳо Андрагор ном юноние сардорӣ мекард. Мувофиқи ривояти воқеанигори антиқа, ки рӯйдодҳои онвақтаи Осиёи Миёнаро муфассал баён кардааст, воқеа чунин ҷараён дошт: «Сипас, Диодот низ ҷудо шуд (аз селевкиён -Б.Ғ.), ки ҳокими ҳазор шаҳрҳои Бохтар буд ва фармуд ӯро подшоҳ хонанд; ба ибрати ӯ аз мақдуниён тамоми мардуми Шарқ ҷудо шуданд. Дар он давра Арсак ном одаме буд безот, вале бошуҷоат, ки одатан роҳзанӣ ва дуздӣ мекард. Шунид, ки Селевк (Селевки II.–Б.Ғ.) дар Осиё шикаст хӯрдааст, дигар аз подшоҳ боке накарда, ба портҳо бо дастаи роҳзанон дарафтод, бар ҳокими онҳо Андрагор ғолиб омад, ӯро ба қатл расонд ва ҳокимиятро бар халқ (портҳо) ба даст гирифт» (Юстин, ХII, I, 4-7).

ҳатто дар ҳамин як порчаи хурди таърихи ибтидои Юнону Бохтар ва Порт хеле норавшаниҳо, алалхусус, норавшаниҳои хронологӣ ҷой дорад. Юнону Бохтар кай ҷудо шудааст? Аввалин муҳаққиқи ин масъала академики Россия Ф.Байер (соли 1738) ва пас аз ӯ бисёр дигар олимон матнҳои лозимаро муфассал таҳлил намуда, мудом таъкид мекунанд, ки дар ин матнҳо, аз ҷумла дар матни Юстин мухолифатҳои хронологӣ ҳаст[1]. Эҳтимоли комил аст, ки во-қеаҳои Диодот андаке пештар, тақрибан соли 256 пеш аз милод ба вуқӯъ омадаанд, ҳол он ки воқеаҳои Аршак қарибиҳои соли 256 пеш аз милод шудаанд.

Масъалаи дигари муҳимтар – масъалаи хусусияти он воқеаҳо аз ин ҳам мураккабтар аст. Дар ин бобат дар илми таърих ду ақида ҳаст. Ба ақидаи олимони Англия Г.Макдоналд ва В.Тарн дар Бохтар Селевкиён тангае сикка мезадаанд, ки дар он монограммаи (сарҳарфи) номи Диодот сабт шудааст ва ин далолат мекунад, ки иқтидор ва истиқлоли вориси мазкур ба тадриҷ меафзуд ва ниҳоят ҳақиқатан соҳибихтиёр гардид.[2] Вале ба ақидаи олими ҳиндустон А.Нарайн, ин гуна монограммаҳо одатан номи худи сиккахона ва ё худ номи маъмури сиккахонаро ифода мекунад. Агар ба таъкиди истиқлоли ин ё он ворис ҳоҷат бошад, дар танга номи пурраи ӯ сабт мешуд.[3] Ғайр аз ин дигар ақидаҳо ҳам ҳастанд. Аниқаш ҳамин, ки алҳол маънои монограммаҳои тангаҳои юнонию бохтариро муайян кардан имкон надорад.[4] Дар айни ҳол, ҷолиби диққат аст, ки дар як қатор тангаҳои давраи Селевкиён ба ҷои сурати подшоҳи Селевкиён сурати Диодот сабт шудааст. Рости гап, баъзе таърихчиён мегӯянд, ки ин на он Диодот аст, балки писари Диодот мебошад, вале ин даъво асоси ҷиддие надорад.

Хулласи гап, маълумоти тангаҳо ба ақидаи Макдоналду Тарн асос шуда наметавонад. Ғайр аз ин ақидаи мазкур чунин ривояти бевосита ва аниқи Юстинро ба инобат намегирад, ки Диодот аз давлати Селевкиён «ҷудо шудааст», яъне зидди давлати марказӣ шӯриш бардошта, давлати худашро таъсис додааст.

Ақидаи мо доир ба ин масъала, ки дар сарчашмаҳо ниҳоят ночиз акс ёфтааст, дар «Таърихи халқи тоҷик» (с.1955) зикр шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар Бохтар ворисони Селевкиён соҳиби қувваи тавонои ҳарбии юнонӣ буданд. Диодот ин қувваи ҳарбӣ ва аъёну ашрофи юнонишудаи маҳаллии Бохтару Суғдро, ки низ аз Селевкиён ҷудо шудан мехостанд, истифода бурда ва ба онҳо такя карда, сарвари ҳаракате шуд, ки боиси аз Селевкиён ҷудо шудани Бохтар гардид. Шакке нест, ки дар ин ҳаракат оммаи халқ низ ширкат дошт, ки зидди зулми дутарафа ва барои истиқлол мубориза мебурд[5].

Аниқ гуфтан мумкин нест, ки вусъати ин давлат чӣ қадар буд. Страбон (II, 9,2) ҳикояте дорад, ки ривояти мазкурро қувват медиҳад. Ба қавли Страбон, волиёни юнонӣ (яъне дастнигору ҳамсафони Диодот) «пеш аз ҳама, Бохтарро ва тамоми мамлакати наздиктаринро ба исён таҳрик карданд». Аз ин аниқтар маълумоте дар даст надорем. Мумкин аст, ки ин Суғд бошад (баъзе муҳаққиқон чунин мепиндоранд), мумкин Ориёно ё Мароға бошад (ки ин ҳам аз эҳтимол дур нест).

Таърихи давраи аввали давлати Юнону Бохтар ва таърихи мулки Порт ба ҳам печидаанд. Юстин рӯирост мегӯяд, ки Арсак аз шоҳи Бохтар Диодот «метарсид» (II, 1, 4,8). Страбон низ ривояте меоварад, ки Арсак бохтарие буд «барои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард».

Ба ҷои Диодоти I, ки аз афти кор, дер ҳукм нарондааст, писараш Диодот ба сари ҳокимият омад. Сиккашиносон ҳеҷ муайян карда наметавонистанд, ки тангаҳои расми Диодот доштагӣ кадомаш ба Диодоти I тааллуқ дораду кадомаш ба Диодоти II.[6] Аз дигар тараф, чи гуна пайдо шудани мулки Порт ҳам равшан не. Дар маъхазҳои антиқа роҷеъ ба давраҳои аввали таърихи Порт се ақида ҳаст. Ба қавли Н.Дибвойс, ки муаллифи беҳтарин асари тадқиқотии таърихи сиёсии Порт мебошад, «ба худи юнониён(-и қадим.–Б.Ғ.) ҳақиқати таърихии ин ақидаҳо комилан  пӯшида буд».[7]

Аз афти кор, дар миёнаҳои асри III пеш аз милод сатрапи Порт хостааст аз Селевкиён ҷудо шавад. Дар ҳамин давра аз Селевкиён Бохтар ҷудо шудааст. Маъхазҳо ривоят мекунанд, ки дар Порт ҳокимиятро Арсак ба даст гирифт. Ба қавли Страбон (ХI, 9,3; ХI, 9, 2), асли насаби вай аз кӯчманчиёни дах (ё худ парндахҳо) будааст; «баъзеҳо акси инро мегӯянд,– гапашро идома медиҳад Страбон– ва ӯро бохтарӣ мешуморанд, ки барои халос шудан аз қудрати рӯзафзуни Диодот ва ворисони вай дар Порт исён кард». Юстин хабар медиҳад, ки (ХI, I, 4, 6) Арсак шахси безот, вале бошуҷоат буд. Вай ба сатрапи Порт дарафтод, бар ӯ ғолиб омад «ва бар халқи Порт ҳукмрон шуд». Ақидаи севум (ки хеле муфассал аст) ба Арриан («Парфика», фиқраи 1) тааллуқ дорад. Ду бародар Аршак ва Тиридот аз сатрапи Селевкиён ҳақорат шунидаанд. Пас аз ин панҷ шарики худро ба ёрдам ҷеғ зада, таҳқиркунандаи худро куштаанд ва халқро ба шӯриш таҳрик кардаанд.

Мо бо Дибвойс[8] ҳамфикр ҳастем, вале бе маъхази иловагӣ муқаррар кардан душвор аст, ки кадоме аз ин ақидаҳо дуруст мебошанд[9].

«Аввал Арсак оҷиз буд, зеро мудом бо онҳое меҷангид, ки мулкашонро кашида гирифта буд…» (Страбон, ХI, 9, 2). Дере нагузашта Арсак ҳалок шуд. Минбаъд подшоҳони Порт аксаран бо номи аслии худ номбар нашуда, балки «арсакҳо» («аршакҳо») ва худи сулола «Арсакиён» («Аршакиён») номида шудааст, ки дар сарчашмаҳои шарқӣ бештар бо номи Ашкониён машҳур аст.

Пас аз вафоти асосгузори сулола — Аршак бародари вай Тиридот ба сари ҳокимият омад[10]. «Дере нагузашта Арсак (яъне Тиридоти I.– Б.Ғ.) мулки Гирконро низ тасхир кард. Ба ҳамин тарз, Арсак бар ду давлат сарвар шуда, лашкари бузурге ҷамъ овард, зеро ҳам аз Селевк ва ҳам аз шоҳи Бохтар Диодот бим дошт» (Юстин, ҶLI, 4, 8).

Дар айни ҳол, ҳамин хеле муҳим аст, ки ҳар ду давлати навбунёд бо ҳам мухолифат меварзиданд. Аз афти кор, сараввал ҳар яки он иддао дошт, ки дар Осиёи Миёна ҳукмрон шавад. ҳокимони Порт дар аввал аз Диодоти I ба дараҷае меҳаросиданд, ки аз Селевкиён ин қадар ҳарос надоштанд. Вале баъди марги Диодоти I кор ранги дигар гирифт. Аз афти кор, ниятҳои таҷовузкоронаи Селевкиён, ки ба ҳар ду давлати соҳибихтиёри Осиёи Миёна таҳдид мекарданд, дар бобати дигар гаштани муносибати Порт ва Юнону Бохтар сабаби асосӣ шуданд. Баъди марги Диодоти I писараш Диодоти II бо Порт муоҳидаи сулҳ баст (Юстин, ХLI, 4, 8–9). Гап дар ин ки подшоҳи Селевкиён — Селевки II ба шарқ лашкар кашид, то ноҳияҳои Осиёи Миёнаро боз ба мулки худ ҳамроҳ кунад. Вале ин дафъа «дандонаш нагузашт». Портҳо, ки ақибгоҳи худро мустаҳкам карда буданд, ҳамлаи селевкиёнро рад намуданд. Рости гап, аввал Тиридоти I маҷбур шуд ба мулки апасиакҳои кӯчманчӣ, ки дар шимоли Порт мезистанд, ақиб нишинад, вале баъд баргашту Селевки II-ро торумор кард.

Дар боло мо гуфтем, ки иттифоқи Порт ва Юнону Бохтар дар бобати сиё-сати хориҷӣ чӣ мақсад дошт. Эҳтимол, Диодоти II муоҳидаи мазкурро барои ҳамин баста бошад, ки мехост дар соҳаи сиёсати дохилӣ ҳам мавқеи худро пойдор намояд, зеро вазъият дар дохили мулки вай он қадар ҳам таърифӣ набуд.

Душмани Диодоти II Евтидем ном юнонии Осиёи Сағир, ки ба туфайли табаддулот ба сари ҳокимият омад, беш аз пеш мақоми намоёнро соҳиб мешуд. Тахмин мекунанд, ки вай бародари Диодот аст, вале ин аз эҳтимол дур мебошад. Чунин тахмин ба ҳақиқат наздиктар аст, ки вай пеш аз табаддулот дар давлати Юнону Бохтар мансаби баланде дошт, вале чӣ гуна мансаб, инаш маълум не. Баъзеҳо мегӯянд, ки вай сатрапи Суғд буд, дигарон сатрапи Ориёно ё Мароға мегӯянд, вале ҳамаи ин иддао ягон асоси ҷиддие надорад.

Полибий (Х, 34, 2–3) бо забони худи Евтидем чунин мегӯяд: «На ман аввал зидди подшоҳ хестам, баръакс ҳукмрони Бохтар барои ҳамин шудам, ки авлоди чанд хоинро қир кардам». Аз ин мебарояд, ки Евтидем авлоди Диодоти I, яъне худи Диодоти II ва бачагони ӯро ва, эҳтимол, авлоди дигар ҳамсафони Диодоти 1-ро нобуд кардааст.

В.Тарн мутмаин аст, ки табаддулоти Евтидемро «халқ дастгирӣ мекард, зеро иттифоқ (Диодоти II.– Б.Ғ.) бо Порт ба юнониёни Бохтар маъқул набуд» ва Евтидем ба манфиати Селевкиён амал мекард.[11] В.Тарн дар асоси чунин тахмин сухан меронад, ки зани Евтидем духтари маликаи Селевкиён буд ва ба ин сабаб худро хешу ақрабои Селевкиён мешумурд. Вале ҳамаи ин тахминҳои беасос аст.

Дар бораи ҷиҳатҳои ҳақиқии воқеаҳои минбаъдаи аҳди Евтидем маълумот ниҳоят кам аст. Тахмин кардан мумкин, ки вай Диодоти II-ро кушту бо худи ҳамин як кирдораш муносибатро бо Порт тезутунд кард. Аз эҳтимол дур нест, ки ин муносибати тезутунд боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳам гардид. Чи тавре ки аз баёни минбаъда равшан мешавад, дар аҳди Евтидем давлати Юнону Бохтар, дар ғарб Ориёно, Мароға ва эҳтимол, Аспион ва Туриваро аллакай дар бар мегирифт. Ба ҳамин тариқ, Евтидем дар Осиёи Миёна мулки зиёдеро соҳиб шуд. Маркази ин мулк ҳамоно Бохтар буд ва ба ҳайъати он Суғд ва мумкин аст, баъзе ноҳияҳои ҳамсоя дохил мешуданд.

[1] Таҳлили аrидаҳоро ниг.: Nаrаin А.К., 1962, р. 167.

[2] Таrn W.W., 1951, р. 72, 74.

[3] Narain А.K., 1962, р. 15.

[4] Сuriе1 R. еt Uussman С., р. 68– 70.

[5] Дигар тафсирро ниг.: Ӣickӯrman Ӯ., 1966, р. 89 (n. 13), 91-93

[6] Curiӯl R. еt Fussman С,  1965, р. 75; Lahiri А. N..  1965, р. 110–114, 265.

[7] Dӯӣӯvoisӯ N. С, 1938, р. 9–10.

[8] Iӣid, р. 10.

[9] Дар бораи пайдоиш ва таърихи давраи аввали Порт, ҳам дар мамлакати мо ва ҳам дар хориҷа бисёр муаррихон (А.Г.Бокщанин, Г.А.Кошеленко, М.Е.Массон, И.Воль-ский, Ж. ле Риде ва диг.) тадrиrот бурдаанд ва ҳозир машuули тадrиrот мебошанд, вале на хронология ва на моҳияти воrеаҳои миёнаҳои асри III пеш аз милод алҳол комилан равшан нестанд.

[10] Ба ҳамин тариr, мо иддаои И.Волский (Wolski J., 1947, р. 222) ва пайрави ӯ Г.А. Кошеленкоро (Кошеленко Г.А., 1968, с. 64–65), ки Тиридотро шахси афсонавӣ «

гуфтаанд, rабул надорем. Маълумоти архиви Насо далолат мекунад, ки Тиридот вуҷуд дошт (Дьяконов И.М. ва Лившиц В.А., 1960, 7,с.20-21).

[11] Таrn W.W., 1951, р. 74.

Назди admin

Инчунин хонед инро

sebi-raufi

Себи беҳтарини Тоҷикистон «Рауфӣ»

Себи «Рауфӣ» ин як намуди себи тобстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва асосан дар водии Хисор …