МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Печак алаф - растанаи

Печак

Печак ин гиёҳест, ки ҳар чӣ наздикаш бошад, ба он мепечад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш аст. Тухмаш дар ғилофе сиёҳи моил ба сурхӣ ва қисме аз он бесамар мебошад. Биёраи ҳамаи навъҳои печак ширдор аст. Беҳтарини печакҳо қисми майдаи он аст. Ба забони руссӣ печакро «Вьюнок» меноманд.

Мизоҷи навъи калони он мураккаб-ул-қувват, Ҷолинус дар дараҷаи дувум сард ва хушк гуфтааст, вале табиб Юҳано бинни Мосавия гарм донистааст.

Хислатҳои шифобахши Печак: инро бихӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, исҳол меоварад. Агар инро дар об биҷӯшонанд, қуввати гиреҳкушояш зиёда, вале дар овардани исҳол заиф мегардад, бинобар он ки рутубатҳояш дар вақти ҷӯшидан таҳлил меёбанд. Аммо оби фишурдаи он акси ин хосиятро дорад.

Оби гиёҳи тару тозаи онро бо решаи савсани кӯҳӣ, натрун (танакори арманӣ) ва асал даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад.

Усораи он, яъне оби гиёҳи тару тозаи онро дар офтоб ғафс гардонида, бо равғани зайтун даромехта чаконанд ва ё пахтаро ба он олонда дар гӯш гузоранд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва даруни онро аз чирк пок мегардонад.

Барги печаки калони навъи сафеди онро биёшоманд, дарди сар, бемориҳои узвҳои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, инчунин гиреҳи ҷигарро мекушояд. Агар обашро бинӯшанд, сурфаеро, ки аз баста шудани дарун мегирифта бошад ва қулинҷи аз моддаи гарм баамаломадаро дафъ мекунад, сафрои сӯхтаро ба воситаи исҳол аз бадан меронад.

10,5 грамм гулашро кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Барги тарашро бо сирко пухта гузошта банданд, дарди сипурзро дафъ мекунад.

Гули қисми печаки бесамарро бихӯранд ё кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзро равон мегардонад. Агар инро сӯхта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз дудашро ба поёни шикам ва миёни пойҳои худ бигиранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.

Баргашро кӯфта, бо асал сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон мекунад. Бо оби баргаш занҳо андоми шарм ва даруни онро бишӯянд, бадбӯйии даруни бачадонро дафъ мекунад.

Оби барги тари печаки сафеди калонро бимоланд, варамҳои гарми буғумҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.

Печак

Барги тари онро дар равған пухта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад, мондагиро дафъ месозад, вале нопухтаи онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳои калон ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Усораи он, яъне оби онро, ки дар офтоб ғафс гардонида бошанд, бо мумравған сиришта гузошта банданд, низ сӯхтагии оташро сиҳат мекунад.

Қисми сиёҳи он, яъне печаки гулаш бунафшро кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Барги қисми бесамари онро пухта гузошта банданд, ҷароҳатҳои бадфиол ва раддиро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.

Усораи печаки сиёҳро ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад. Қисми печаки бесамарро кӯфта, бо шароб сиришта гузошта банданд, газидани ғундаро даво мешавад.

Мизоҷи қисми печаки калон, ки баргаш моил ба сиёҳӣ, дароз ва шахшӯл мебошад, хунук ва хушк аст. Хаслатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина, сурфа, бемориҳои сипурз, қулинҷ ва табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад.

75 грамм оби гиёҳи тари онро бо 35 грамм гулисурх бихӯранд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ мекунад. Гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, вале агар хушкашро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк ва захмҳои хабисаро дафъ мекунад.

Ҳамаи навъҳои печак ҳангоми хӯрдан ба асаб, сар ва хичак зарар дорад. Давои ин намуди зарари он набот хӯрдан аст. Инчунин ҳомила шудани занонро ҳам манъ мекунад, ҳайзро низ қатъ месозад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби он дар як рӯз аз 25 то 100 грамм аст, ба шарте ки онро наҷӯшонида, бо набот биёшоманд.

Мизоҷи печакҳои майда қариб монанди печаки калон аст, яъне мураккаб-ул-қувват мебошад. Хислатҳои шифобахши печак. Хосиятҳои умумии ин: варамҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғафсро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, инчунин бинобар часпанда будани таркибаш моддаҳои сафровиро бо исҳол аз бадан дафъ мекунад. Ин навъи печак назар ба ҳамаи қисмҳои дигараш солимтар ва форамтар аст. Агар инро бихӯранд, ҳамаи навъҳои сурфаро, ки бо хушкии дарун бошанд, дафъ мекунад ва инчунин қулинҷро, ки сабабаш моддаҳои гарм бошад, шифо мебахшад.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пайвандҳои бадан ва ғайраро таҳлил медиҳад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби ин гиёҳ дар як рӯз 150 грамм бо 70 грамм набот бояд бошад. Ба ҷойи ин оби барги гулихайрӣ ва оби тугмачагулро бинӯшанд, раво мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …