АСОСӢ / Тандурустӣ / Пешгирӣ кардани бемории дилу рагҳо

Пешгирӣ кардани бемории дилу рагҳо

Сабабҳои бемориҳои системаи дилу рагҳо. Сабабҳои асосии бемории дил аз паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, пурхўрӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб, асабонишавӣ вобаста аст. Хусусан шароб ва заҳри тамоку (никотин) ба системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, аз меъёр зиёд истеъмол кардани шароб дилро заҳролуд ва таркиби онро иллатнок месозад.

Дар натиҷа кашишхўрии мушакҳои дил суст шуда, норасоии қалбӣ ва нафастангӣ ба амал меояд. Инчунин шароб девори рагҳои хунгард, пеш аз ҳама, рагҳои худи дилро тағйир медиҳад. Дар натиҷа мушакҳои дил ба миқдори кам оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирифта, оҳиста-оҳиста суст шуда, ба бофтаҳои пайвандӣ мубаддал мегардад. Вайроншавии кори дил боиси бо хун кам таъмин гаштани организм гашта, ба камқувватӣ оварда мерасонад.

dil-rag-tabobat

Рагҳои хунгарди одамони тамокукаш баъд аз кашидани ҳар як тамоку то 30 дақиқа танг мешаванд. Аз ин сабаб рагҳои хунгарди одамони тамокукаши ашаддӣ доимо танг буда, кори хунравонкунии дилро зиёд мекунад. Дар натиҷа кори дил тез, мушакҳои он суст мешавад ва ин ба бемории сактаи дил оварда мерасонад. Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо на танҳо вазифаи коркунони тиб, инчунин вазифаи давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва инсондўстӣ мебошад. Ҳалли бомуваффақияти онҳо боиси саломатии аҳолӣ ва дарозумрии одамон мегардад.

Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндагии ором ва фаъол даркор аст. Ҳангоми кори ҷисмонӣ миқдори хуни аз мушакҳоидил гузаранда зиёд шуда, хун аз оксиген ва моддаҳои ғизоӣ бештар таъмин мегардад ва ин боиси мустаҳкам гардидану ташаккул ёфтани мушакҳои дил мешавад. Аз кам шудани кори ҷисмонӣ мушакҳои дил суст мешавад. Масалан, дар сурати 70 шабонарўз тамоман беҳаракат будани одам ҳаҷми дилаш 13-18% хурд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои варзишӣ ба қадри афзудани синну сол мураккабтар шуда, мушакҳои баданро варзиш медиҳад.

Дар баробари ин мушакҳои дил хуб инкишоф меёбанд ва машқ мекунанд. Вале, шабакаи рагҳои хунгарди бачагона аз рўи сабзиш аз дил қафо мемонад. Сабабаш ин аст, ки дили наврасон барои аз сўрохиҳои танги рагҳо тела додани хун қувваи иловагӣ сарф мекунад. Дар ин давра кори ҷисмонӣ ба ҳадди имконияти ҳар як бача зарур аст.

Ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ. Дар рагҳои хунгарди одамқариб 5 литр хун давр мезанад. Ҳангоми кам шудани миқдори хун фишори он паст шуда, мағзи сар, дил ва дигар узвҳо аз оксиген таъмин намешавад. Тахминан 2-2,5 литр талаф ёфтани хун барои одам марговар аст.

Хунравии мўйрагӣ ҳатто аз андак ҷароҳат ба вуҷуд меояд. Аз сабаби он ки хун дар мўйрагҳо суст ҳаракат мекунад, чунин хунравиро нигоҳ доштан осон аст. Ҳангоми ёрӣ расонидан  ҷароҳатро бо маҳлули йод безарар карда, пас бо докаи тоза бастан лозим аст. Ин дохилшавии микробҳоро ба организм нигоҳ медорад ва боиси лахта бастани хун мегардад.

Хунравии варидӣ аз зарар дидани рагҳои варидие ба вуҷуд меояд, ки дар онҳо суръати ҷараёни хун нисбат ба мўйрагҳо тезтар аст ва бинобар ин лахтаҳои дар ҷои захм ба вуҷуд омадаро шуста мебарад. Аз ин ҷост, ки одам дар муддати кўтоҳ хуни бисёр талаф дода метавонад. Барои нигоҳ доштани хунравии кам аз рагҳои варид болои захмро бандпеч кардан кифоя аст.

Ин деворҳои захмро зер карда, хунро боз медорад. Шахси зарардидаро пас аз ёрии аввалин зуд ба бемористон ё дармонгоҳ бояд фиристод (расми 54). Хунравии шарёнӣ барои ҳаёт хатарнок аст. Хунравии сахти шарёнӣ аз рўи ранги сурху баланди хуне, ки аз ҷароҳат фаввора зада мебарояд, шинохта мешавад. Дар чунин ҳолат бандпечи сахт хунро нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин ҳангоми хунравии шарёнӣ ҳар чӣ зудтар рагҳои зарардидаро болотар аз захм бо ангуштон сахт зер карда, бо тофтаи резинӣ ё матоъ сахт бастан лозим аст. Барои зарар надидани пўст ба ҷои тофтабандӣ як порча латта ё докаи покиза мемонанд.

Баъд гирдогирди онро бо матоъпорае мепечонанд. Байни тофтаю даст ё пой чўбчаи бақувват гузошта, онро то лаҳзае метобанд, ки тофта таранг шуда, аз захм хун набарояд. Чўбчаро бо латта ба тофта баста, захмро докапеч мекунанд. Пас аз расонидани ёрии аввалин ҷабрдидаро фавран ба беморхона фиристодан даркор аст. Ба тофта хатчае часпонда, дар он вақти тофта гузоштанро аниқ ишора мекунанд. Агар ба беморхона бурдани ҷабрдида дер давом кунад, барои маҳв нашудани бофтаҳо тофтаро бо як муддати кўтоҳ суст мекунанд. Вақте ки гардиши хун дар даст ё пой аз нав барқарор шуд, тофтаро боз таранг мекашанд.

Агар тофта набошад, хунравиро дар натиҷаи қаткунии ниҳоии даст ё пой боздоштан мумкин аст. Барои ин зери пои қатшуда лўлачаи докагӣ ё пахтагин мегузоранд ва даст ё пойро ба зўрӣ қат карда, онро дар ҳамин ҳолат нигоҳ медоранд (расми 54).

Хунравии дохилӣ (хунравии ковокии шикам, ковокии қафаси сина ва косахонаи сар) махсусан хатарнок аст. Хунравии дохилиро аз намуди зоҳирии одам муайян кардан мумкин аст. Дар ин ҳол рангу рўи бемор сафед гашта, арақи хунук мебарорад, рўякӣ нафас мекашад, набзаш тез-тез зада, худаш бедор мешавад. Дар ин ҳолат мошини ёрии таъҷилиро фавран ҷеғ зада, то омадани духтур беморро хобондан ё дар ҳолати такя ва оромӣ гузоштан даркор аст. Ба ҷои эҳтимоли хунравӣ (шикам, сари сина, сар) халтачаи полиэтилении ях ё барфдор, ё ки шишаи пур аз оби хунукро бояд гузошт.

Сабабҳо

  1. Сабабҳои асосии бемории дилро номбар кунед.
  2. Чаро машқҳои ҷисмонӣ инкишофи мушакҳои дилро тезонида, онро мустаҳкам месозад?
  3. Хусусиятҳои инкишофи системаи дилу рагҳои наврасон кадомҳоянд?
  4. Шароб ва никотин ба дилу рагҳо чӣ хел таъсир мерасонад?
  5. Хунравии мўйрагиро чӣ тавр боз медоранд?
  6. Тадбирҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравии варидӣ кадомҳоянд?
  7. Чаро хунравии шарёнӣ хатарнок аст? Ҳангоми хунравии шарёнӣ барои расонидани ёрии аввалин чӣ тадбирҳо меандешанд?
  8. Чаро дар вақти хунравии шарёнӣ тофтаро болотар аз ҷои захми даст ё пой мебанданд?
  9. Чаро барои наврасон кори аз ҳад зиёди ҷисмонӣ зарарнок аст?

Назди admin

Инчунин хонед инро

sutunmuhra

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет  

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар …