АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ПЕШОБ дар Канзи Шифо (Китоб)
Пешоб

ПЕШОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта мешавад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: умуман ҳар як пешоби ҳайвонотро ҷӯшонида ғафс гардонида, гузошта банданд ё бимоланд, реш ва захмҳои бадфиол (злокачественные язвы) ва носурҳоро хушк мегардонад ва сиҳат мебахшад. (Носур — захми беҳнашаванда).

Бо пешоби инсон бардавом бишӯянд, реш ва захмҳои чуқур, шукуфаҳои пӯст, захмҳои обдор, решҳои даванда, қӯтур, хориш, сабӯсаки сар, обила, решҳои сар ва доначаҳои пуроби сар — ҳамаашро шифо мебахшад ва инчунин намегузорад, ки решҳои бадфиол зиёда гарданд. Пешоби инсонро бо танакори сурх сиришта, бад бо он бишӯянд ё онро бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи песро аз пӯст пок мекунад ва иллати пӯстпартоиро ба ибро меоварад.

Агар пешоби худ ё тифлро биёшоманд, зарари ҳавои мурдорро дафъ мекунад ва газидани ҷонварони заҳрнок ва ё заҳрхӯрда бошанд, безарар мегардонад. 1. Агар мор газида бошад, ҳар рӯз ду каф аз пешоби худ ё пешоби тифлро бардавом бинӯшанд, таъсири заҳри онро ба тамом мешиканад. Ҳар пагоҳ ба дили наҳор ду каф-ду каф пешоби худро биёшоманд, сипурзро то ба ҳадде пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад. Ё ки ҳар рӯз ҳамин миқдор пешоби худро бо ним вазни он оби барги бодиринг бинӯшанд, сипурзро пок мегардонад; агар тавонанд пеш аз нӯшидан қадаре роҳ рафта, хаста гашта, баъд бинӯшанд, дар ин бобат беҳтар аст.

Бо пешоби гарм мақъадро (махраҷгоҳро) бишӯянд, варами онро таҳлил медиҳад. Агар бо он хуқна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. Пешобро дар пӯсти анор гарм карда, дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад. Пешобро ба чашм бимоланд, обравии муттасил, дард ва торикии чашмро дафъ мекунад. Агар дар натиҷаи захм пайдо шудан ба чашм гул афтода бошад, пешобро дар зарфи мис бо асал ҷӯшонида, ба чашм бимоланд, онро пок мекунад.

Хокистари токро бо пешоб хамир карда, гузошта банданд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ мекунад. Пешоби тифли ноболигро биёшоманд, барои душвории нафастирӣ, нафаси роста (ростнафас) даво мешавад. (Ростнафас — чунон аст, ки бемораш хоб карда нафас гирифта наметавонад, фақат нишаста сар боло дошта ё дар ҳолати хестагӣ метавонад нафас бикашад).

Кафки пешобро ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад. Хислатҳои дигари пешоби инсон дар боби «Инсою» зикр ёфт. Пешоби модагов бағоят поккунанда аст, онро бимоланд захм ва решҳои кӯдаконро шифо мебахшад ва бо он бишӯянд, захмҳои беҳнашавандаро ба ибро меоварад. Пешоби барзаговро аз рӯ бимоланд, дарди меъдаро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, бавосирро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд ё даҳанро бо он чайқонанд, дарди дандонро сокин мекунад. Агар кӯфтаи ҳардалро (горчицаро) миқдоре дар пешоби барзагов андохта, баъд бо он бишӯянд, карахтии узвҳоро дафъ мекунад.

Пешоби хукро ба чашм бимоланд, гули чашмро пок мекунад. Ва агар биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Пешоби шутурро биёшоманд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва гиреҳи онро мекушояд ва истисқоро (водянкаро) дафъ мекунад, сахтии сипурзро ба ислоҳ меоварад, боҳро қавӣ мегардонад, бемориҳои сарди узвҳои дохилиро шифо мебахшад. Агар дар гӯш чаконанд, захм ва ҷароҳати онро беҳ месозад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …