АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Пиёз ва хусусияти табобатии у

Пиёз ва хусусияти табобатии у

Пиёз —   Ин навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Саҳроияш дар чашмасорҳо, кӯҳҳо бисёр месабзад, таъми барг ва бӯйи он монанди пиёзи зироатӣ аст. Вале қуввати ин назар ба бӯстонӣ зиёдтар мебошад. Пиёзи зироатӣ, яъне навъи бӯстонии ин сафед, сурх ва зард мешавад.

Беҳтарини ҳамаи ин сафед, калон ва обдори он аст.  Мизоҷаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

пиёз

  Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, иштиҳоро ба таом зиёд месозад ва боҳро қавӣ мегардонад. Хусусан агар инро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро (чумаро) дафъ мекунад. Хӯрдани хоми он бо нон ҳангоми сафар кардан аз як маҳал ба маҳалли дигар ва ё минтақаҳои дигар фоида дорад, инчунин зарари обҳои мухталифро ба ислоҳ меоварад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

  Инро дар об муҳарро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад.  Ё ки инро бо чарбӣ ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад. Ва агар инро бо сирко пухта бихӯранд ё дар сирко як шабонарӯз таркардаи онро биёшоманд, барои зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мешавад, иштиҳоро ба таом бармеангезад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, чигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, кувват мебахшад: беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш зиёд гаштани сафро ва балғам дар меъда бошад, манъ менамояд. Агар танҳо худашро бихӯранд, зарари ҳавоҳои мурдорро нест ва газанди заҳрро дафъ мекунад.

  Се рӯз пайи ҳам 200 граммӣ оби пиёзро бинӯшанд, зарари саги девона газидаро дафъ менамояд.

  Оби пиёзро баъди пок кардани бадан бо воситаи танқия аз моддаҳои бегона, дар чашм чаконанд, обравӣ, хориш ва қӯтури чашмро шифо мебахшад ва ба даруни гавҳараки чашм фуромадани зардобро дар давраи ибтидо бошад, дафъ мекунад; агар инро бо асал даромехта дар чашм чаконанд, гули дар он афтода ва реши чашмро дафъ месозад, чашми заифро қувват мебахшад ва инчунин дар натиҷаи зиёд гаштани рутубат ва моддаҳои ғализ хира гаштани чашмро ба ибро меоварад.

  Оби пиёзро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мекунад. Агар инро бибӯянд, зарари ҳавои вабоиро дафъ месозад, вайронии ҳаворо ислоҳ менамояд, гиреҳи мағзи сарро мекушояд ва бухорҳои дар мағзи сар ҷамъшударо таҳдил медиҳад. Агар оби инро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад, даруни ин узвро аз чирк пок мегардонад ва бодҳои даруни гӯшро, ки ҷарангҳои гуногунро дар гӯш ба амал меоваранд, пароканда менамояд. Агар оби инро ба ком бимоланд ё бо он ғарғара кунанд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар рагҳои ҳалқ бошад, фоида дорад.

  Оби пиёзро аз 45 то 90 грамм дар ҳолати дард кардан бинӯшанд, заҳри газидаи каждумро дафъ мекунад ё кӯфта ба ҷойи газидааш гузошта банданд низ, ҳатман нафъ дорад. Агар худи пиёзро кӯфта гузошта банданд, хунро кашида ба беруни пӯст бармеоварад, ранги рухсорро некӯ мегардонад. Агар кӯфтаи пиёзро бо асал, борут ва намак даромехта, ба доғи пес, озахҳо, доғи кунҷидак, решҳои рутубаташон асалмонанд гузошта банданд, ҳамаи инро аз пӯсти бадан дафъ мекунад; агар бо мӯйи кӯфтаи одамӣ даромехта гузошта банданд, захми саги девона газидаро шифо мебахшад. Инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, барои газидани каждум ва занбӯр даво мешавад.

  Пиёзро пухта батанҳоӣ ва ё бо давоҳои пазонандаи решҳо, масалан, барги гулихайрӣ ва ғайра даромехта гузошта банданд, варамҳои сардро мепазонад; бо зардии тухми мурғ ё равғани тоза (нав) ё бо чарбӣ сиришта гузошта банданд, дарди мақъад, хориш ва варами онро дафъ мекунад; бо равғани кӯҳони шутур хамир карда гузошта банданд, ҷингак шудани узвҳо ва кафидани даҳани мақъадро даво мешавад, бавосир ва исҳолро фоида дорад ва агар бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, нохуни каҷро ислоҳ мекунад, яъне нохуни солим мерӯёнад.

  Пиёзро аз пӯст пок карда, дар равғани зайтун ғӯтонида, баъд онро дар мақъад бардоранд, хуни бандшудаи бавосирро ҷорӣ мекунад. Пиёзи пухтагиро бо мумравған, ки бо равғани мурғ тайёр карда бошанд, хамир карда гузошта банданд, решҳои аз кафшу мӯза баамаломадаи пойро шифо мебахшад.

  Пӯсти пиёзро сӯхта, бо мӯйи сӯхтагӣ даромехта, ба решҳои хӯранда бипошанд ё бимоланд, шифо мебахшад.

  Хӯрдани пиёз баъзан ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, инчунин агар хомашро бисёр бихӯранд, фаромӯшхотир, лисарғус (летаргия) ва бодҳои ғализро пайдо мекунад, дар бофти меъда моддаҳои ғализро пайдо менамояд, дар одамони гарммизоҷ ташнагӣ меоварад, дарди сар медиҳад. Ва одамони гарммизоҷ пиёзи хомро варақ-варақ карда, дар об шуста, бо намак ва сирко бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад

  Чун гӯшт, сабзавот ва донинаи бадбӯйи заҳролудгаштаро бо пиёз бипазанд ё бо пиёзи резакарда дар равған бирён намоянд, зарари онҳоро дафъ менамояд ва лазиз мегардад.

  Мизоҷи тухми пиёз дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Инро бихӯранд, қуввати боҳро бармеангезад ва агар инро кӯфта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз тухми пиёз дар як рӯз 4,5 грамм аст.

  Тухми пиёзро дар рӯйи ахгар пошида, ба дудаш бидоранду сарро бо кампал ё бо кӯрпа печонанд, кирми дандонро мерезонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

sunbul

Сунбул чи гуна ба организ фоида дорад?

Сунбул  ( ба русс. Гиацинт)  — ин растаниест баргаш ба барги кашниз монанд, поя надорад. Тухмаш …