МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Ташаккули қадимтарин давлатҳо

Ташаккули қадимтарин давлатҳо

Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва, эҳтимол, инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар «Авесто» «даҳйусасти» номида шудаанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ин давлатҳои нахустин маълумоти хеле кам ва дар бисёр мавридҳо нодурустеро дучор менамоем.

Яке аз ин давлатҳо «Хоразми Бузург» буд. Геродот (III, 117) иттилоъ медиҳад: «Дар Осиё даште мавҷуд аст, ки атрофашро силсилаи кӯҳҳо ишғол кардаанд, дар ин қаторкӯҳҳо панҷ дара мавҷуд аст. Замоне ин дашт моли хоразмиён буд ва он дар ҳудуди хоки ҳамин хоразмиён, гиркониён, портҳо, сарангҳо ва таманаиҳо ҷо гирифтааст. Аз кӯҳе, ки дар атрофи дашт ҷо дорад, дарёи бузурги Акес ҷорӣ аст. Аввалҳо дарё ба панҷ шохоб тақсим шуда, заминҳои мардумони зикршударо обшор менамуд». Ин порча аз Геродот баҳси зиёдро ба миён овардааст; тафсироти мухталиф, аз ҷумла, комилан фантастикӣ дар ин бобат баён шудааст. ҳақиқатан ҳам дар ин ҷо душвориҳои зиёд пеш меоянд. Дар натиҷа В.В.Бартолд барин шахсе, ки беҳтарин донандаи географияи таърихии Осиёи Миёна аст, аз таҳлили конкрети ин иттилоот даст кашидааст[1].

Аксарияти олимон ба ин иттилоот таври дигар назар мекунанд. Аввалан, дарёи Акесро, ки Геродот аз он хабар медиҳад, қариб тамоми муҳаққиқон ҳамон дарёи Теҷен мешуморанд (Ба ақидаи мо, С.П.Толстов, ки бар хилофи шаҳодати бавосита ва бевоситаи манбаъҳо кӯшиш дорад, дарёи Акесро дар мавзеи Хоразми ҳозира ҷой бидиҳанд, ноҳақ аст[2]).Сониян, иттилооте, ки дар асарҳои дигар муаллифони қадим мавҷуд аст, ба назар гирифта мешавад. Муаллифи юнонӣ Геготеи Милетӣ (наздики соли 500 пеш аз милод) аз Геродот пештар хоразмиҳоро ёд мекунад, ки қисман дар дашт ва қисман дар кӯҳҳо, дар шарқи Порт зиндагӣ мекарданд. Равшан аст, ки ин на Хоразми ҳозиразамон, балки ноҳияест дар навоҳии ҳироту Марв[3]. ҳамаи инро ба назар гирифта, И.Маркварт дарёи Акесро натанҳо бо ҳарирӯди ҳозира – Теҷен айният додааст, ки ба ин васила иттилооти Геродот воқеӣ ба назар мерасад, балки онро бо ривоятҳои эронии қадим оид ба Афросиёб, ки якчанд дарёҳоро ба кӯли ҳилманд гузаронидааст, муқоиса менамояд[4]. Вай ба будани иттиҳодияи калони қабилаҳои шарқиэронӣ – «Хоразми Бузург» ақидаи худро изҳор дошт.

drevni_panjakent-0

Тамоми қазияи географии дар боло овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки маркази ин иттиҳодия дар Хоразми ҳозиразамон набуда, ҷанубтар – дар ноҳияи Марву ҳирот ҷо дошт.

Сайри қавмҳо, ки боиси ташаккули чунин иттиҳодия гардидааст, масъалаи дигар аст. Дар ин бора ду назария мавҷуд аст: баъзеҳо исбот мекунанд, ки иттилооти Гекотей ва Геродот шоҳиди ҳаракати батадриҷи хоразмиҳо аз шимол ба ҷанубанд, дигарон, баръакс, мӯътақиданд, ки хоразмиҳо аз Эрон ба маҳалҳои назди Арал ҳаракат кардаанд.

И.Маркварт назарияе пеш ронд, ки Аирйанам-Ваеҷаҳ, ки аслан маънии луғавиаш «Фарохнои Ориёно»[5] аст, бо ҳамин «Хоразми Бузург» айният дорад. Дар бораи он иттилоъ дода мешавад, ки наздики дарёи Дотйа (зоҳиран, дарёи Аму) воқеъ аст ва зимистони ин ҷо даҳ моҳ тӯл мекашад. Ин назария аз тарафи аксари муҳаққиқон пазируфта шудааст.

Барои тасаввуроти бештар пайдо кардан оид ба «Хоразми Бузург» забоншиносон, алалхусус В.Б.ҳеннинг, кори зиёде анҷом додаанд. Аз ҷумла, ӯ забони «Авесто»-ро бо он иттилооте, ки оид ба забони хоразмӣ мавҷуд аст, муқоиса кардааст. Моҳияти ақидаи В.Б.ҳеннинг дар он аст, ки ду лаҳҷаи асосии «Авесто»-ро ба гурӯҳи ғарбиэронӣ ва шарқиэронӣ нисбат додан мумкин нест, онҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Аз рӯи ақидаи ӯ, ин ҳолат бо пешниҳоде, ки гӯё «Готҳо»–қадимтарин қисмати «Авесто» дар мавзеи Марву ҳирот ва матнҳои баъдии авестоӣ аксаран дар Систон офарида шудаанд, мутобиқ шуда метавонад. Хулосаи ӯ чунин аст: «Тадқиқи амиқтаре ҳам лозим нест барои он ки бигӯем, шаҳодати забоние, ки материалҳои хоразмӣ додааст, ҳақиқат будани конструксияи таърихии моро исбот мекунад, вале як чизро метавон гуфт: онҳо бо вай мутобиқат мекунанд»[6].

Ба ҳамин тариқ, гарчанде бисёр масъалаҳои марбут бо «Хоразми Бузург» норавшан бошанд ҳам, ба мавҷудияти чунин иттиҳодияи бузург шубҳа кардан маҳол аст.

Дувумин давлати бузург салтанати Бохтари Қадим буд. Таърихнависи Юнони Қадим Ктесий ҳикоятеро дар бораи лашкаркашии шоҳи ошурӣ — Нино ба Бохтар маҳфуз доштааст. Дар он оид ба сернуфус будани Бохтар, зиёд будани шаҳрҳои калон, дар бораи пойтахти ин давлат — Бохтари истеҳкомдор, шоҳи Бохтар — Уксорт, ганҷинаҳои фаровони он хабар дода мешавад (Диодор, II, 5, 3). Чунон ки илми таърихшиносии ҳозиразамон исбот кардааст, лашкаркашиҳои ошурӣ то Бохтар нарасидаанд[7], аз ин рӯ, ҳикояти Ктесийро сохтакории адабие мешуморанд, ки дар тақлид аз ҳикояти Геродот оид ба Лидияро гирифтани Куруш навишта шудааст[8].

Аксари олимон асли мундариҷаи ҳикояти Ктесийро рад намуда, дар баробари ин ақида доранд, ки он дар асоси ривоятҳои дар Эрон паҳншуда ба миён омадааст. Далели мавҷудияти Бохтари муқтадирро аз иттилои Геродот (1,153) дар бораи он ки дар сари роҳи Куруш баъд аз таслими Лидия «Бобул, мардуми Бохтар, сакоиҳо ва мисриён меистоданд», метавон дид. Пас, Бохтар бо давлатҳои бузурги Миср ва Бобул дар як қатор меистодааст. В. Гейгер низ мӯътақид буд, ки Бохтари Қадим аз ҷиҳати тавоноӣ аз ноҳияҳои ҳамсоя болотар буда, дар байни онҳо мавқеи хосеро ишғол менамуд[9].

Хоки ин иттиҳодия, зоҳиран, аз ҳудуди Бохтар васеътар буд. Тибқи баъзе маълумотҳо, ба ҳайъати он (мумкин аст на ҳама вақт) Марғиён ва Суғд дохил мешуданд.

Шӯҳрати боигариҳои табиии Бохтар берун аз ҳудуди он то Осиёи Наздик расида буд. Махсусан, лоҷуварди бадахшонӣ баҳои баланде дошт.

Дар минтақаҳои заминдории Осиёи Миёна ба ғайр аз хоразмиҳо (аниқтараш хорасмиҳо) ва бохтарҳо, ки дар боло ишора кардем, суғдиён, фарғониён, марғиён, портҳо мезистанд. Суғдиён дар водии дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарё, фарғониён дар водии Фарғона, марғиён –дар воҳаи Марв, портҳо дар тарафи шимоли кӯҳҳои Купетдоғ умр ба сар мебурданд. Дар водӣ ва кӯҳҳо қабилаҳои бодиягарди сакоӣ қарор гирифта буданд. Сакоиҳо ба ду конфедератсия ҷудо мешуданд: сакоиҳои ҳумаварга («сакоиҳои ситояндаи ҳаума») ё амюргҳо – гурӯҳи ҷануби шарқии қабилаҳои сакоӣ (ки таърихан бо Бохтар ва ҳинд иртибот доштанд) ва сакоиҳои тиграхӯд («сакоиҳои қулоҳпӯш») ва ё ортокарибантиҳо – массагетҳо — гурӯҳи шимоли шарқӣ, ки бо Хоразм марбут буданд[10].

[1] Бартольд В.В., 1965 а, с. 25–26, 100–101.

[2] Толстов С.П., 1948, а, с. 44–45.

[3] Дар ин бора ниг.: Таrn W.W., 1951, с. 478–479; Пьянков И.В., 1961, с. 100.

[4] Marauart J., 1938, s. 9 ва мобаъд.

[5]Marquart J., 1901. s. 155–156; ниг. низ.: Ӣӯnvӯnistӯ Е., 1934, р. 265–274.

[6]Hӯnning. W В., 1951, р. 44-45.

[7] Дьяконов И. М., 1956, с. 169.

[8] Пьянков И. В., 1966, с. 9.

[9]Gӯigӯr W., 1881, s. 66–67.

[10] Масъалаи манзил гирифтани тоифаҳои сакоӣ хеле мураккаб аст. Ба ин ҷиҳат дар адабиёти илмӣ нуrтаи назарҳои мухталиф бисёранд. Мо яке аз онҳоро rабул мекунем (навтарин таҷрибаи баёни ин масъаларо ниг.: Грантовский Э.А., 1963; Литвинский Б.А., 1969).

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …