МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Қаламфур

Қаламфур

Қаламфур — Ин растании машҳур аст. Самараш дарозаки иборат аз пӯсти дарунхолӣ, дар аввал сабз ва баъди расидан сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо камтар талхист. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон иштибоҳан «занҷабил» меноманд, вале дар ҳақиқат занҷабил чизи тамоман дигар аст ва занҷабил дар шароити сарзаминҳои мо намерӯяд. Дар хусуси занҷабил мо дар боло зикр намудем.

Мизоҷи қаламфур дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, бодҳои ғализ ва балғами часпакро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои даруни баданро мекушояд; агар инро бо асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, барои дарди дандон дору мебошад; қулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс ва иловусро, ки варами рӯдаҳои борик аст, шифо мебахшад.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба ҳалқ зарар дорад — давои ин зиёнаш челон хӯрдан аст. Хӯрдани қаламфур мизоҷи сарди одамонро ба эътидол меоварад. Миқдори хӯрдан аз он дар як рӯз то 7 грамм аст.

ҚаламфурХотираеро оид ба хислати қаламфур муаллифи ин китоб гуфтанӣ ҳастам, ки соли 1952 рӯдаҳои ман башиддат варам карданд, ҳатто боди шикам ҳам намегузашт. Дар илоҷи ин ба ҳайрат мондам. Вале баъди муддате иродае ба сарам расид, ки чунин кардам. 15 адад қаламфурро ду-ду даронида, дар як коса ҷурғот як шаб тар карда, он ҷурғотро хӯрдам — бағоят тез гашта буд. Бо як косаи дигар ҷурғот ҳам он қаламфурро дубора тар кардаму ҷурғотро ошомидам — аз азияти шадид наҷот ёфтам.

Назди admin

Инчунин хонед инро

ПАНҶАНГУШТ

ПАНҶАНГУШТ

Панҷангушт ( Витекс ба русс.) — ин буттаест баргаш монанди панҷ ангушти дасти одамӣ ва …