МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҚАРОХОНИЁН ВА ҚАРАХИТОИҲО

ҚАРОХОНИЁН ВА ҚАРАХИТОИҲО

Дар аввали чоряки дувуми асри ХII мардуми сершумори кидонӣ ҳафтрудро бо шаҳри Баласоғун ишғол намуда, империяи бузурги худро, ки то шимоли шарқии дарёи Енисей рафта мерасид, таъсис карданд. Сипас, онҳо тамоми мулкҳои боқимондаи Қарохониёни шарқиро тасарруф карда, ба Қарохониёни ғарбӣ, яъне мовароуннаҳрӣ таҳдид намуданд. Дар осори муаллифони мусулмон, ки воқеаҳои онвақта ва муваффақиятҳои сиёсии кидониро тавсиф кардаанд, ин мардум номи қарахитоиро гирифтааст.[1]

Соли 1137 Қарахитоиҳо дар наздикии Хуҷанд Маҳмуди Қарохониро торумор карданд. Маҳмуд дастнишондаи содиқи султон Санҷар буд. ҳатто дар сиккаҳои худ номи ӯро ёд менамуд. Аммо ин бор султон Санҷар ба Маҳмуд дасти ёрӣ дароз карда натавонист, зеро худаш бо ҷанги Хоразм банд буд. Дуруст аст, ки қарахитоиҳо дар чунин маврид барои ғалаба аз фурсат истифода набурданд.

Вале чанд сол нагузашта қарахитоиҳо дар ҷанги сахти ҳалкунанда ба қӯшуни муттаҳидаи Маҳмуди Қарохонӣ ва султон Санҷари Салҷуқӣ чунон зарбае ворид оварданд, ки дар таърихи ин се сулола ба эътибори марҳилае аҳамият пайдо намуд. Ин ҳодиса 9 сентябри соли 1141 дар дашти Катвони назди Самарқанд ба вуқӯъ пайваст. Қӯшунҳои салҷуқиву қарохонӣ тамоман торумор гардиданд, Султон Санҷар ва Маҳмуд ақиб нишастанд. Қарахитоиҳо бошанд, Бухоро ва тамоми Мовароуннаҳри марказиро забт намуданд.

Таносуби қувваҳои сиёсии Осиёи Миёна тағйир ёфт. Қарахитоиҳо ҳам, мисли Салҷуқиҳо, сулолаи Қарохониёнро аз байн набурданд, балки ба вассали худ мубаддал карданд. Қарохониён мебоист ба Гӯрхон – сардори давлати Қарахитоиҳо хироҷ медоданд. Султон Санҷар бо ҷангҳои зидди Отсизи Хоразмшоҳ, ки пас аз муҳорибаи Катвон ва шикасти Санҷар хеле ғайрат пайдо карда буд, саргарм шуда, ҳатто мубориза бурдан бо Қарахитоиҳо ва барқарор кардани нуфузи пешинаи худро дар Мовароуннаҳр аз гӯшаи хаёл ҳам  намегузаронид.

qrakitayҚарахитоиҳо ба корҳои дохилии Қарохониён мудохила намекарданд. Баласоғун ҳамоно пойтахти онҳо ба шумор мерафт. Дар давлати Қарохониён чунин вазъият ба амал омад: пас аз муҳорибаи дашти Катвони Самарқанд чанд вақт мамлакатро бародари Маҳмуди Қарохонии фироркарда идора намуд, Фарғона бошад, дар дасти хонадони «ҳасаниён», яъне Қарохониёни шарқӣ буд. Вале аз нимаи дувуми асри ХII (соли 1156) хонадони фарғонии Қарохониён Самарқандро ҳам ба итоати худ дароварданд. Аз ҳамин вақт, пас аз фосилаи дуру дарозе Мовароуннаҳр дубора ба ихтиёри шохаи шарқии Қарохониён гузашт, ки онҳо ду вилояти пурсарват – Мовароуннаҳри марказӣ ва Фарғонаро дар таҳти ҳокимияти худ муттаҳид намуда буданд. Аммо бояд қайд кард, ки Мовароуннаҳри марказӣ ва Фарғона дар нимаи дувуми асри ХII ва ибтидои асри ХШ амалан ҳамчун ду мулки калони мустақил дар дасти узвҳои гуногуни як хонадон боқӣ монданд. Маркази яке Самарқанд ва маркази дигаре Ўзганд муттасил, бо ихтиёри худ ба таври фаровон пул мебароварданд, ҳар шаҳр ба номи ҳокими худ бо тамоми унвону лақабҳояш сикка мезад. Ба ҳар ҳол Самарқанд пойтахти тамоми давлат низ ҳисоб мешуд ва ҳокими он исман сардори сулола ба шумор мерафт. Ин ифодаи худро дар он меёфт, ки унвону лақабҳои ҳокимони Самарқанд аз хокимони Фарғона баландтар буд.[2]

Ғайр аз ин, дар ин вақт ҳам, амлокдорони хурди вассалмақом низ вуҷуд доштанд, вале онҳо дигар вазни сиёсии дар асри ХI доштаи худро аз даст дода буданд. Дар ин бора нисбат ба асри ХI хеле кам шудани сиккаҳо дар асрҳои ХII ва ибтидои ХIII, ки ба номи амлокдорони хурд бароварда мешуданд, шаҳодат медиҳад. Фақат садрҳои Бухоро мақоми махсусе доштанд. Онҳо як навъ хонадони намояндагони рӯҳониёни олирутба маҳсуб меёфтанд. Лақаби онҳо ҳам «садри ҷаҳон» буд, аввалҳо вазифаи олии рӯҳонии шаҳрро адо мекарданд, вале баъдтар ба умури идора низ бештар дахолат мекардагӣ шуданд. Бонуфузтарини онҳо на фақат дар асл Бухороро идора мекарданд, балки ҳатто зоҳиран хам мансаби ҳокими шаҳрро гирифта буданд. Муносибати онҳо бо Қарохониёни Самарқанд ниҳоят мураккаб буд. Садрҳо ҳокимияти олии онҳоро эътироф карда, сиккаҳоро ба номи онҳо мезаданд. Гоҳо ҳокимияти Бухоро тамоман ба дасти Қарохониён мегузашт, гоҳо баръакс, садрҳо соҳибихтиёр шуда, худашон ба Қарахитоиҳо хироҷ меғундоштанд. Онҳо, ки бе ин ҳам барои афзудаии сарвати худ аз роҳу воситаҳои гуногун ба таври фаровон истифода мебурданд, бо баҳонаи хироҷғундорӣ боз ҳам зиёдтар ғанимат ба даст меоварданд.

[1] Дар бораи Rарахитоиҳо ва муносибати онҳо ба Rарохониён ниг.: Бартольд В.В., 1963 а, с. 48 ва мобаъд; 1963 б, с. 386 ва мобаъд.

[2] Дар бораи Фарuона ва Мовароуннаҳри нимаи дувуми асри ХII, хронология ва генеалогияи сардорони сулола (ҳокимони Самарrанд) ва мулкдорони Фарuона ниг.: Давидович Е. А., 1957, б, с. 108–119.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …