МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Қарорхои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро (Хаммааш)

Қарорхои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро (Хаммааш)

Савол: Аз куҷо Қарорхои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро ёфтан имконпазир аст?

Ҷавоб: Барои ёфтани ҳаммаи қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 (чор) роҳ ҳаст:

  1. Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар ин сохтори давлатӣ тамоми қарорҳое, ки Ҳукумати кишвар қабл ба таъб расонидааст дарёфтан мумкин, вале барои на ҳаммаи шаҳрвандон дастрасии онҳо номумкин аст. Илова бар ин дар Вазорати адлия қарорҳои Тоҷикистон барои кофтану ёфтан чандон осону қуллай нест ва шахси беруна барои гирифтани ин ё он қонун, санад (акт) ва ғайраҳо хело мушкил аст;
  2. Мағозаҳои китобфурӯшӣ:  Дар бозор ё мағозаҳо хам қарорҳову қонунҳои Тоҷикистонро китоб карда ҳам барои аҳоли пешниҳод мекунанд, аз ҷумла Конституцияи кишварро, Сарқонун, Кодексҳои андоз, кодекси мурофияи ҷиноятӣ, кодекси оила, санадҳои танзимкунандаи марсимҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо. Лек харидории чунин маводҳои чопӣ чандон арзон нестанд ва на ҳаммаи қарору қонунҳоро дарёфтан мумкин аст.
  3. Барномаи «Адлия» —  Ин барномаи компютерист ва истифодааш пуласкист ки арзишаш тақрибан 100 сомонӣ мебошад. Дар ин барнома тамоми қарорҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун, ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар ҳастанд. Маълумоти муфассал дар бораи ин барнома дар сомонаи www.adlia.tj zakon_2016
  4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ин сохтори давлатӣ буда дар он ҳаммаи қарорҳо ва қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ва дастрасиашон бепул мебошад. Барои дарёфти ин ё он қонун кифоя аст ки ба сомонаи онҳо даромада ин ё он қарор ва ё дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишварро ройгон гирифта шавад. маълумоти муфассал дар саҳифаи www.mmk.tj 

Назди admin

Инчунин хонед инро

sebi-raufi

Себи беҳтарини Тоҷикистон «Рауфӣ»

Себи «Рауфӣ» ин як намуди себи тобстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва асосан дар водии Хисор …