АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҚУРБОҚА дар Канзи Шифо (Китоб)
Курбока
Курбока

ҚУРБОҚА дар Канзи Шифо (Китоб)

Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои намнок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад, хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қотил аст. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум сард ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди ин аслан аз ҳарорати қавӣ холӣ нест.

Хислатҳои шифобахши он: курбоққаи обиро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Шиками онро чок карда бо ҳамон ҷойи чокшудааш гузошта банданд, тир, хор ва ғайраи дар бадан даромадаро берун мекашад ва заҳри ҷонварони газандаро бошиддат берун месозад, инчунин хуни рафтаистодаро қать мекунад.

Гӯшти онро сӯхта, ос карда бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Сӯхтаи онро бо зифт даромехта, гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Гӯшти курбокқаро ба дандон бимоланд, дандонро бе ҳеҷ гуна дард аз милкаш берун меоварад, ба ҷоҳои дигари бадан бимоланд, аз сӯхтани оташ нигоҳ медорад. Мағзи сарашро сӯхта бимоланд ё бипошанд, хуни равонро мебандад. Агар инро ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин мағзи сари онро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мегардонад.

Мегӯянд, ки чун рони онро бо ресмон баста, касе, ки алмос хӯрда бошад, фурӯ барад, пораҳои алмос ба он мечаспанд ва ҳамин тавр берун кашида мешаванд. Чун дасту по ва даруни шиками онро дур карда, бо чарбуи гурдаи буз муҳарро пухта, равғани онро ҷамъ кунанду бимонанд, бавосири хуниро дафъ мекунад.

Қисме аз қурбоққа, ки дар пойи дарахтон зиндагӣ ба сар мебарад, сабзи бисёр майда мебошад. Чун онро бо ҳамвазнаш чигити пахта бисӯзонанду маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, оби дар гавҳараки чашм фуромадаро дафъ мекунад. Агар ҳамон курбоққаи майдаи сабзро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Қурбоққаи сабзи обиро, ки қурбоққаи қашқа меноманд, сарашро бурида дур намуда, шикамашро низ чок карда, он чӣ дар он ҳаст, гирифта партофта, пӯсташро канда, баъд як миқдори кам, гӯшт бо устухонаш, ки монда бошад, дар як ошомидани об то муҳарро шудани он ҷӯшонида, он обро хоҳ нон тар карда, хоҳ бе нон биошоманд, ҳафтаи дувум ва ҳафтаи севум низ ҳамин амалро такрор намоянд, гӯё дар се ҳафта се қурбокқаи қашқаро муҳарро пухта бихӯранд, аз иллати сил, ки захми шуш аст, наҷот меёбанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …