МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / КУШОН ВА ЗИНДАГИИ МАРДУМ

КУШОН ВА ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Бохтари шимолӣ

Ба туфайли тадқиқотҳои муфассалу мунтазами археологии территорияи Осиёи Миёна, Афғонистон ва шимоли ҳиндустон имкон шуд, ки масъалаи як навъ тамаддуни шаҳрӣ будани империяи Кушонро пеш гузорем. Бағром барин шаҳрҳои калони давраи Кушониён (дар наздикии шаҳри Кобул) – Каписаи қадим[1], Таксила (қарибии Равалпиндӣ) – Таккасила ё Такшашилаи ҳиндустони Қадим[2], Чорсада (шимолу шарқтари шаҳри Пишовур) – Пушкалаватии қадим[3] барин шаҳрҳои калон тадқиқ шудаанд. Экспедитсияи археологии советию афғон яке аз калонтарин шаҳрҳои ҷануби Бохтар – Дилварзинтеппаро тадқиқ карда истодааст. Ин шаҳр қариб 36 га вусъат дошта, дар 40 км шимолу ғарбии шаҳри Балх воқеъ аст[4]. Экспедитсияҳои археологии советӣ дар Осиёи Миёна чандин шаҳру манзилҳои давраи Кушонро ҳафриёт кардаанд. Материал ба андозае калон аст, ки мо дар бораи баъзе осори тадқиқшуда интихобан мухтасар маълумот медиҳем. Яке аз шаҳрҳои калонтарини Бохтари шимолӣ дар давраи Кушон шаҳри Тирмиз буд. Шаҳр дар ин мавзеъ (дар қарибии шаҳри ҳозираи Тирмиз) дар муддати қариб ҳазорҳо сол вуҷуд дошт, бинобар ин болои табақаҳои археологии давраи Кушониёнро табақаҳои давраҳои сонӣ пӯшидаанд. Вусъати Тирмиз дар давраи Кушониён калон буд. Дар шаҳр марказҳои калони ибодат – маъбадҳои буддоии Қаротеппа ва Фаёзтеппа ҷой доштанд. Дар шаҳр бисёр устохонаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла, дӯконҳои кулолӣ буданд.

Тирмизи кушонӣ яке аз марказҳои истеҳсоли фулузот (ва аз афти кор, маркази саноати фулузӣ) буд, дар қабатҳои археологии давраи Кушониён бисёр пораҳои шахшудамондаи маъдани гудохта ёфт шудаанд, ки дар рафти гудозиши ҳамонвақтаи маъдан пайдо мешуданд. Бинобар баъзе боқимондаҳои қисмҳои биноҳои сангин гуфтан мумкин, ки дар Тирмиз бисёр иншоотҳои калони меъморӣ вуҷуд доштанд.

Ба туфайли тадқиқи саросари осори археологии ҷануби Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистон имкон шуд, ки якчанд марказҳои шаҳрии воҳаҳои зироаткор муқаррар карда шавад. Ин марказњо асосан дар минтақаҳое ҷой гирифтаанд, ки соҳиби шабакаи мустаҳками обёрӣ мебошанд ва дар гирду атрофи онҳо бисёр дигар манзилҳои хурди зироаткорӣ воқеъ гардидаанд. Дар водии Сурхондарё калонтарин марказҳои шаҳрӣ димнаҳои Дилварзинтеппа, Хайрободтеппа, Ҷондавлаттеппа[5] ва Зартеппа[6] буданд.

Дилварзинтеппа, ки дар қарибии шаҳри Деҳнави ҳозира мебошад, димнаест, ки қариб 28 га вусъат дорад ва аз рӯи масоҳат дар шимоли Бохтар баъди Тирмиз ҷои дувумро мегирад. Аз асрҳои III–II пеш аз милод сар карда, Дилварзинтеппа маркази ноҳияи калони зироаткорӣ мегардад. Тарҳи аниқу дақиқи чоргӯшаи шаҳр, ки гирду атрофаш ҳисори мустаҳкаме дорад, далолат мекунад, ки он аз рӯи нақшаи пешакӣ сохта шуда буд. Аз биноҳои он қасрҳои ашроф ҷолиби диққат аст, ки толори азими сутундори ташрифот ва гирдогирд долон дорад, ки ба хонаҳои сершумори истиқоматӣ ва хоҷагӣ аз ин долон гузаштан мумкин буд. Дар яке аз ин хонаҳо кӯзачае ёфт шуд, ки пур аз чизҳои тиллоӣ мебошад. Дар маҳаллаҳои дигари шаҳр биноҳои оддитар ҳам муфассал тадқиқ карда шуданд. Алалхусус, гузари кулолон ҷолиби диққат аст, ки хумдонҳо асосан аз ҳамин ҷо кашф шудаанд[7].

Дар Зартеппа, ки аз афти кор, маркази қадимии обёрӣ будааст, ҳафриёти бинои калоне сар шуд, ки он дар маркази димна воқеъ мебошад ва зоҳиран ба қаср шабоҳат дорад[8].

Дар қарибии Шаҳринав ҳам як шаҳри калон буд, ки тӯли деворҳои он ба 7 км ва вусъати умумии майдонаш ба 350 га мерасид. Аз ин ҷо ғайр аз тангаҳо, бошаҳои аҷоибе ёфт шудаанд, ки дар он тасвири сангии одамон ва ҳайвони афсонавӣ дида мешавад[9].

Шаҳри Кайқубодшоҳ (райони Шаҳртуз), ки ҳанӯз дар давраи Юнону Бохтар таъсис ёфта буд, дар давраи Кушониён низ вуҷуд дошт ва дар ноҳияи поёноби Кофарниҳон маркази калони минтақаи зироаткорӣ буд. Шаҳр деворҳои мустаҳками мудофиавӣ дошт, ки майдони чоркунҷаи (375х285 м) шаҳрро иҳота карда буд. Дар тарафи дарози ин чоркунҷа 9 бурҷ ва дар тарафи кӯтоҳи он 7 бурҷ ба назар мерасид. Ғайр аз ин дар ҳар гӯша низ гулдастае буд. ҳамаи бурҷҳо чоркунҷаанд. ҳафриёти баъзе қисмҳои девор нишон дод, ки аз дарун, қад-қади девор, долоне тӯл мекашид ва он ба чанд қисм тақсим шуда буд. Пайваста ба долон хонаҳои чоркунҷа ҷой доштанд. Аз ин ҷо ашёи зиёде, аз ҷумла, сафолот, ҳайкалчаҳо, асбоби зебу зинат ба даст омад[10].

KushanEmpireMapАз Ёвони ҳозира 8 км дуртар дигар як шаҳри кушонӣ воқеъ буд. Вусъати ин шаҳр ба 40 га мерасид. Ин ҷо дунгие ҳаст, ки ба арк шабоҳат дорад. Пайваста ба ин дунгӣ теппае ҳаст (баландиаш 8 м), вусъаташ 380–200 м мебошад. Тамоми ин майдонро девор печонида гирифтааст. Берун аз ин девор баъзе ҳавлиҳои алоҳида ва сағонаҳо воқеъ буданд. ҳафриёт асосан дар майдони арк ва инчунин дар дигар ҷойҳо гузаронда шуд. Қатори иморатҳо ёфт шуданд, ки хонаҳои на чандон калон буда, гурӯҳ-гурӯҳ қад-қади ду тарафи тангкӯча ё роҳрави сарбаста ҷой гирифтаанд. Дар давраҳои охир хонаҳо, эҳтимол, дуошёна буданд. Боқимондаҳои иморатҳои давраҳои пештар ҳам ёфт шуданд. Табақаи даҳметраи арк аз боқимондаҳои иморатҳои панҷ давра иборат мебошад ва зимнан, санаи табақаи аз ҳама поёни асри I-уми то милоду ҳудуди эраи нав ва санаи табақаи аз ҳама боло асрҳои IV–V эраи нав аст. Таҳаввулоти маданияти моддӣ, алалхусус, таҳаввулоти санъати кулолӣ равшан ба назар мерасад. Аз ин ҷо ашёи устухонӣ (масалан, сӯзанаки саракаш мунаққаш), зарфу ҷиҳози фулузӣ – ӯғурчаҳо, дастосҳо ва ғайра ёфт шудаанд[11].

Мисоли деҳаи хурдакаки зироаткории давраи кушониён дар Бохтари шимолӣ манзилгоҳи Оққӯрғон мебошад, ки дар қарибии шаҳри ҳозираи Шерободи вилояти Сурхондарё воқеъ аст. Ин манзилгоҳи на он қадар калонест, ки масоҳаташ аз 0,5 га андаке зиёд мебошад ва иборат аз чанд биноҳои бисёрхонаест, ки онҳо бо тангкӯчаҳо аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Мувофиқи маълумоти археологӣ машғулияти асосии аҳолӣ зироаткорӣ, чорводорӣ ва майдакосибӣ буд[12]. ҳамин гуна манзилгоҳҳо дар райони Шаҳртузи РСС Тоҷикистон (Қабодиёни қадимӣ) – Теппаи Шоҳ[13], Оқтеппаи II ва ғайра ҳафриёт шуда истодаанд.

Яке аз машҳуртарин осори ин давра маҷмӯи Холчиён (қарибии Деҳнав) мебошад. Дар ин ҷо, дар Хонақоҳтеппа, масалан, бинои қасре (ё маъбаде) ҳаст. Пеши ин иморат ба намуди айвони Чорсутундори дарозиаш 16,5-метра сохта шудааст. Аз ин айвон ба воситаи се дар (як дари мобайнӣ ва ду дари паҳлуӣ) ба толоре даромадан мумкин, ки бараш хеле тӯлонӣ аст. Аз пешгаҳи толор даре кушода мешавад, ки ба хонаи дусутундор мебарад. Ғайр аз ин, хонаву долонҳои иловагӣ ҳастанд. Деворҳои ин хонаҳо бо ҳайкалчаи ниҳоят зебои сафолӣ, ки композитсияҳои мукаммалро ташкил медиҳанд ва бо расмҳо оро ёфтаанд. Аз Хонақоҳқтеппа дигар хел иморатҳо, аз ҷумла, биноҳои дуошёна ёфт шудаанд.

Суғд, Фарғона, Чоч, Хоразм

Шаҳру манзилҳои давраи Кушониёни Суғд, Фарғона, Чоч нисбат ба шаҳру манзилҳои давраи Кушониёни Бохтари шимолӣ хеле камтар тадқиқ шудаанд.

Калонтарин шаҳри он давра Самарқанд буд. Дар Суғд дигар манзилҳои хурдтар ҳам вуҷуд доштанд, ки аз ҷумлаи онҳо дизаки Тали Барзуро[14] номбар кардан мумкин.

Дар ноҳияи Фарғонаву Истаравшан, қарибии Бегобод димнаи Мунчоқтеппа, деҳае дар ҷои қалъаи Ленинобод, дар қарибии Ашт, Шӯробшат, Ҷинтеппа ва ғ. манзилҳо ҳастанд. Маданияти моддии манзилҳои Фарғона хусусияти ба худ хос дошт. Дар худи дохили Фарғона ҳам фарқиятҳои калон ба назар мерасад.

Дар ноҳияи маҷрои мобайни Сирдарё дар хоки вилояти Фарғона ва атрофи он маданияте ривоҷ меёбад, ки аз номи манзили Қавунчӣ ва сағонаи Ҷуно маданияти Қавунчию Ҷуно ном гирифтааст. Табақаҳои поёнии манзили Қавунчӣ ба асрҳои II–I пеш аз милод мансубанд ва он то миёнаҳои ҳазорсолаи I пеш аз милод вуҷуд дошт. Димнаҳои Мингариқ, Олимбойтеппа, Кеҳиттеппа, Оқтеппа ва Шавушқумтеппа[15] ва ғ. ба ҳамин давра тааллуқ доранд.

Дар Хоразм ҳам шаҳру манзилҳои бисёре буд. Аз ҳама муфассалтар шаҳре тадқиқ шудааст, ки ҳоло Тупроққалъа ном гирифтааст. Тарҳи шаҳр росткунҷа буда, атрофи он (500х350 м) аз хишти хом деворе дорад, ки дар он тиркашу бурҷҳо будаанд. Аз мобайни шаҳр кӯчаи танге мегузашту дар ду тарафи он маҳаллаҳои калон ҷойгир буданд.

Бинои асосии шаҳр қасри мӯҳташами себурҷае буд, ки он қароргоҳи оли шоҳони Хоразм ҳисоб мешуд. Ин қалъаи фатҳнопазир, ки ба баландии 25 м қад афрохта буд, намуди босалобате дошт. Миёнҷои қаср майдони фарохе (80х80 м) буд. Хонаҳо дуошёна буданд. Якчанд толорҳои калон, аз ҷумла, толори азиме — «Толори шоҳон» (вусъаташ 280 м2) ёфт шудаанд.

Таг-таги девори «Толори шоҳон» қатор-қатор суфачаҳо сохта, онҳоро бо деворчаҳои паст аз ҳам ҷудо кардаанд. Дар ин суфачаҳо муҷассамаҳое гузошта шудаанд, ки шоҳу малика ва аъёну ашрофи Хоразм ва инчунин худоҳоро тасвир менамоянд. Дар девор ва даруни тоқчаҳо суратҳои бениҳоят дилкаш кашида шудаанд. Дигар хонаву толорҳои қаср ҳам бо муҷассамаву ҳайкалчаҳо ва бо нақшу нигор зинат ёфтаанд. Аз биноҳои хоҷагӣ ҳамон биноҳоеро ном бурдан лозим, ки гӯё як навъ «қӯрхонае» буданд. Инчунин боқимондаҳои архив[16] ба даст омадаанд.

5. ИҚТИСОДИЁТИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДАВРАИ КУШОНИЁН

Хоҷагии қишлоқ. Обёрӣ

Тадқиқи муфассали археологии майдонҳои фарох нишон медиҳад, ки дар он давра тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна барои зироат истифода мешуданд. Дар водиҳо бо киштукор (асосан киштукори обӣ) ва чорводорӣ машғул буданд. Алалхусус, ирригатсия ниҳоят ривоҷ ёфта буд. Дар Хоразм, дар водии Зарафшон ва дар дигар ҷойҳо каналҳои бисёре кофта шудаанд. Каналҳои қадимии давраи Кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам, масалан, дар водии Вахш ёфт шуданд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра, бешак, хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан, димнаи ҳалқаҷари қарибии посёлкаи Уялӣ аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба заминҳои он ҷо фақат бо насос об мебароранд. Дар давраи Кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои кӯҳӣ шодоб буданд. Дар айни ҳол, чунон ки дар водии Ёвон маъмул буд, дар ин ҷо ҳам лалмикорӣ мекарданд. Лалмикорӣ дар ноҳияҳои доманаи кӯҳҳо ва дар кӯҳистон низ расм буд. Дар давраи Кушониён саросари водии Зарафшони боло то Мастчоҳи ҳозира аз худ шуда буд[17].

Маълум, ки техникаи зироат бениҳоят содда буд. Фақат дар обёрӣ пешравии калон ба назар мерасад. ҳангоми ҳафриёти Тали Барзу позаи оҳанин ёфт шуд[18].

Аз асри I милодӣ осиё маъмул шудан гирифт. Қадимтарин дастосҳо аз сағонае дар кӯҳи Қаромазор ба дасти мо расидаанд. Аввал осиё хеле хурд буд, баъд калон шудан гирифт ва андозаи онҳо, алалхусус, дар асрҳои III–IV хеле калон шуда рафт.

Маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи Кушониён зироаткорони Осиёи Миёна тамоми анвои зироати дар асрҳои миёна ҳам маъмулро – зироати ғалла, техникӣ, ангуру мева ва алафу хошок кишт мекарданд ва парвариш менамуданд. Ниҳоят зиёд будани анвои зироат ҷолиби диққат аст. Масалан, дар асрҳои III–IV милодӣ дар Хоразм ҳам навъи махсуси шаробӣ ва ҳам хӯрокии ангур рӯёнда мешуд. Ба туфайли селексияи халқӣ, ки аз авлод ба авлод идома дошт, навъҳои серҳосили зироат пайдо шуданд, ки ба шароити маҳал хеле мувофиқу муносиб буданд. Бесабаб нест, ки халқҳои кишварҳои ба Осиёи Миёна ҳамсоя бисёр анвои зироатро маҳз аз мардуми Осиёи Миёна ёд гирифтанд (масалан, хитоиҳо кишти юнучқа ва парвариши чормағзро аз халқҳои Осиёи Миёна ёд гирифтаанд).

Дар водиҳои байникӯҳӣ, масалан, дар водии Фарғона барин ҷойҳо чорводории яйловӣ равнақ дошт ва ин гуна чорводорон ҳаёти нимкӯчманчигӣ ба сар мебурданд. Чорвои хушзоти Фарғона, алалхусус, аспҳои Фарғона мисли пешина боиси ҳасади ҳамсоягон буду дар хориҷи Фарғона бисёр ба фурӯш мерафт.

Бинокорӣ ва ҳунармандӣ

ҳангоми ҳафриёти археологӣ чунин намудҳои иморату иншоот ёфт шуданд: 1) қасрҳо, 2) маъбадҳо, 3) биноҳои истиқоматӣ, 4) корхонаҳо, 5) анборҳо, 6) қалъаҳо, 7) иншооти обёрӣ ва ғ. Аксари ин иморату иншоот алоҳида набуда, балки пайваста бо дигар намудҳо бино ёфтаанд. Вазифа ва таъиноти ин ё он иморату иншоотро аниқ муқаррар кардан мумкин не, масалан, қасри Холчиён, эҳтимол, қаср не, балки маъбад бошад.

Биноҳои ҷамъиятӣ одатан хеле мӯҳташам мебошанд. Қасру кохи ҳокимон ниҳоят калон буда, дар болои ягон баландӣ сохта мешуданд ва дар атрофи худ девори мустаҳкам доштанд. Толорҳои васеи шифтбаланд бо муҷассамаву ҳайкалҳо ва нақшу нигори зиёд зинат дода мешуданд. Девори биноҳо одатан хеле ғафс буд.

Дар байни ибодатгоҳҳо бошад, баъзан маъбадҳои хурд ҳам дучор мешаванд. Масалан, миёнҷои маъбади буддоии ҳайратон (дар қарибии Тирмиз) хеле танг аст. Вале ҳамин маъбад ҳам ороишоти аҷоибе дорад (арақаи машҳури ҳайратон).

Сифати иморатҳои манзилгоҳҳои хурди зироаткорӣ он қадар баланд набуд. Аксари ин иморатҳо хоначаҳои гилини амонат сохташудае мебошанд, онҳо ду-ду ё се-се ба ҳам пайваст шуда, дар атрофи ҳавличаҳои хурд гирд оварда шудаанд.

Иморатҳои марказҳои калони шаҳрӣ бо санъати баланди бинокорӣ сохта шудаанд. Асоси ин санъат нақшаи ягонаи биносозӣ мебошад, вале, рости гап, ин нақша дар ҳар ҷо ҳар хел ба амал татбиқ карда мешуд. Вале умуман асоси ин нақша ҳамин буд, ки хонаҳои муҳими ташрифотӣ паи ҳам дар як қатор ҷой мегирифт, масалан, айвон — дар паси он даҳлез — дар паси даҳлез толор ва гирдогирди бино долон ва пайваста ба он хонаҳои гуногуни хоҷагию маишӣ. Ба осори гуногун хос будани як нақшаву усули умумии биносозӣ, аз афти кор, ба мо ҳақ медиҳад иддао кунем, ки усули махсуси меъмории бохтарӣ ташаккул ёфта буд ва он аз давраҳои токушонӣ бармеояд[19]. Дар айни ҳол, гуногун будани сохту сифати биноҳо шаҳодат медиҳад, ки тақсимоти молумулкии ҷамъият вуҷуд дошт.

Муҳандисони қалъасози Осиёи Миёна комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Деворҳои рахнанопазири қалъаҳо, ки онҳоро бурҷҳои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркашҳои сершумор боз ҳам мустаҳкамтар мекарданд, санъати қалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараҷаи беҳтарин санъати қалъасозии он давра боло бардошта буданд. Дар водиҳои Помири ғарбӣ Қаҳқаҳа ва Ямчун барин қалъаҳои азим сохтанд, ки дар сари роҳҳои асосӣ воқеъ буданд ва силсилаи истеҳкомҳои дарозмуддати ба ҳамдигар алоқамандро ташкил мекарданд[20].

Масолеҳи бинокорӣ гуногун буд. Барои деворзанӣ одатан похса ва хишти хомро истифода мебурданд (хишти хоме маъмул буд, ки андозаи паҳлӯҳои он аз 32 то 44 см меомад). Дар кӯҳистон барои деворзанӣ тахтасанг ҳам ба кор мерафт. Хишти пухта кам истифода мешуд. Дар Бохтар ба шарофати идома доштани тарзу усулҳои бинокории эллинӣ ва мавҷуд будани масолеҳи лозимаи табиии бинокорӣ дар сохтмони қисмҳои асосии бино ва ороиши он масолеҳи сангиро бисёр истеъмол мекарданд – пойсутунҳои сангини гирда, ки онро пойсутунҳои муқаррарӣ ҳам меноманд ва пойсутунҳои мураккабнақши гуногуншакли «антиқӣ»; танаҳои сангини сутунҳо, бошаҳои бағоят базебу шинами сангин, ки ба бошаҳои навъи коринфӣ тақлидан сохта шудаанд ва ин навъи бошаро инкишоф медиҳанд (масалан, дар бошае, ки дар Шаҳринав ёфт шуд, сурати инсон ва грифонҳо ҳаст)[21]; таҳкурсии сангини сутунҳои чортароши сангин, ки нимаи он дар мағзи девор мебошад, аз ҳамин қабиланд. Танаи сутун ва болорро бисёр вақт аз чӯб ҳам мекарданд. Дар бомпӯшӣ сафолпораҳо ҳам истифода мешуд. Усули бомпӯшӣ ҳам ду хел буд: усули сутун бар болор ва усули бесутуни гунбазӣ. Дар омади гап, бо усули бесутуни гумбазӣ фақат болои биноҳои начандон калон пӯшида мешуд. Сақфҳо бо усули қаламаи моил таҳия мегардиданд.

ҳунармандӣ ҳам дар шаҳрҳои калон ва ҳам дар деҳаҳои хурд равнақу ривоҷ ёфта буд. Мо инро ба туфайли ёфт шудани ашёи сершумори маданияти моддӣ ва дӯкону устохонаҳои бисёр нағз медонем. Масалан, аз бисёр ҷойҳо осори дӯконҳои кулолӣ падид омаданд. Маълум, ки кулолон чанд хел кӯраву хумдон доштанд[22]. ҳайкалчаҳои сафолӣ ҳам дар ҳамин кӯраву хумдонҳо пухта мешуданд. Дар натиҷаи ҳафриёт маснуоти сафолӣ хеле бисёр дастрас шудааст. Навъу намуди зарфҳо шумор надорад. Сифати зарфҳо, хусусан зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва ҷомҳо бағоят баланд аст. Масалан, ҷомҳое, ки аз сағонаи Тӯпхона (дар ҳисор) ба даст омадаанд, ниҳоят нозуку нафис буда, ба дараҷаи олӣ сайқал дода шудаанд. Аз мобайн ду ҳазор сол гузаштаасту вале ҳоло ҳам кас ба онҳо нохун занад, мисли ҷомҳои булӯрин ҷарангос мезананд! Зарфҳои зиёфат нақшу нигори гуногуни муқарнасӣ доранд ва дастаи онҳо дар шаклу намуди пурпечутоби зебо сохта шудааст. Асбобу ашёи металлии рӯзгор ва зинат қариб дар ҳама ҷо истеҳсол карда мешуд. Зарфҳои биринҷӣ, шамъдонҳо, оинаҳо, дастпонаҳо, гӯшвораҳо, ангуштаринҳои гуногунро мардум бисёр истифода мебурданд. Анвои ин қабил асбобу ашё сершумор ва сифати он баланд аст. Қолабҳои рехтагарие ба даст омаданд, ки бо воситаи онҳо ин асбобу ашё сохта мешуданд.

Анвои ашёи шишагин ҳам хеле бисёр аст. Алалхусус, бисёр шадда ёфт шудааст ва дар байни онҳо шаддаҳои нақшини дурахшон ба даст омадаанд, ки ба сад ранг тобиш доранд, шаддаи нақшине ёфт шудааст, ки дар он тасвири одам ҳаст. Хусусан шаддаи дуқабатаи зарандуд намуди ҳайратангез дорад — дар мағзи он андак зарварақи ниҳоят тунук монда, баъд бо шишаи нафиси шаффоф рӯкаш кардаанд.

Маснуоти корхонаҳои  аслиҳасозӣ ҳам гуногун  буд. Аслиҳаи дурзани он замона – камон дар ин давра хеле такмил ёфт. Дар ин давра камони махсусу мураккабе маъмул гардид, ки аз панҷ қисм иборат буда, бо пулакчаҳои устухонӣ ё шохӣ хотамкорӣ карда мешуд. Ватани ин гуна камон Осиёи Миёна мебошад ва он баъдтар дар Эрони сосонӣ паҳн шуд. Ба ин сабаб номи ин камонро, ки дар адабиёти ғарб «сосонӣ» шудааст, дуруст гуфтан мумкин не, чи тавре олимони советӣ таклиф кардаанд, номи дурусти ин камон «камони кушону сосонӣ» мебошад. Ин навъи камон аз Осиёи Миёна баромада, ба сарматҳо гузашт ва аз он ҷо ба ғарб паҳн шуда, то худи Шотландия рафта расид, дар ҷануб дар Эрону ҳиндустон ва дар шарқ дар Хитой расм шуд[23]. ҳангоми ҳафриёти осори он давра дар Осиёи Миёна пулакчаҳои устухонию шохӣ ёфт шуданд, ки бо онҳо камонро хотамкорӣ мекарданд, аз баъзе ҷойҳо бошад, худи камон ё худ қисмҳои он ба даст омад, ки онҳоро ба осонӣ таъмир кардан мумкин аст. Тири ин камон аз чӯб ё аз най ва пайкони он аз оҳан буду чанд намуд дошт. Маъмултарин намуди пайкон пайкони оҳанине буд, ки се қирраи барҷаста дошт. Дар охирҳои ин давра пайконҳои оҳанине пайдо шуданд, ки шакли мураккаб доштанд[24].

Аскарон бо ханҷар ва шамшер мусаллаҳ буданд. Дар Осиёи Миёна, дар асрҳои якуми эраи нав, шамшерҳои дарози (то 1,2 м) калони дудамаи оҳанин истифода мешуданд, ки дастаи онҳо дарози миёнхамида буда, гулӯбанд надоштанд. Аз дигар навъҳои аслиҳа найза, табарзин, фалахмон ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.

Барои бинокорӣ ва кори дӯкону устохонаҳо ашёи хом лозим буд. Истихроҷи маъданиёти гуногун дар давраи кушониён хеле афзуд. Аз таги замин маъданиёти гуногун[25], масолеҳи бинокорӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ғ. истихроҷ менамуданд. Як қисми маҳсулоти маъданӣ ва ҳунармандӣ барои фурӯш ба хориҷа мерафт.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Ба давраи Кушониён системаи мутараққии пулӣ, ниҳоят гуногун будани қимати тангаҳо ва хеле зиёд будани шумораи онҳо хос мебошад. ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар мамлакат истеҳсоли мол ва гардиши он дар амал буд. Ба ин муносибат чунин ҷиҳати масъала ҷолиби диққат аст, ки қисми зиёди тангаҳои кушонӣ тангаҳои мис буд. Ин нукта шаҳодати он аст, ки дар ҳаёти рӯзмарра муомилоти пул ҷараён дошт[26]. Дар баёни ҷанбаҳои таърихи давлати Кушон қайд шуда буд, ки тангаҳои Кушониён вобаста ба давраҳои гуногун хеле тағйир меёфтанд. Дар айни замон бояд гуфт, ки нумизматҳо то ба ҳол асосан танҳо ба масъалаҳои Кушониён ва тадқиқу таснифи тангаҳои Кушониён ва расму хати рӯи он тангаҳо ва ғ. машғул буданд. Ҷанбаи иҷтимоию иқтисодии ин масъала алҳол амалан тадқиқ нашудааст.

Дар баробари савдои дохилӣ савдои хориҷӣ ҳам хеле равнақ меёбад. Плиний (ХII, 84) хабар медиҳад, ки аз ҳиндустон, Туркистони шарқӣ, аз Арабистон ба империяи Рим моли бисёр (ба арзиши 100 млн сестерсий) оварда шуд. Як қисми ин мол аз хоки давлати Кушон, аз ҷумла, аз Осиёи Миёна рафтааст. Ба қавли Плиний (ХХХIV, 145), ба империяи Рим аз Сарика оҳан меоварданд, ки қимати баланд дошт. М. Хвостов тахмин мекунад ки ба империяи Рим оҳани оддӣ не, балки маснуоти оҳанӣ бурда мешуд[27]. Гуфтан мумкин, ки ақаллан як қисми ин молҳо, аз ҷумлаи он маснуоти оҳанӣ, дар ҳақиқат, моли Осиёи Миёна буд. Дар давраҳои сонитар дар асрҳои миёна аз хоки Осиёи Миёна бисёр оҳан ва маснуоти оҳанӣ ба хориҷа ба фурӯш мерафт, ки инро географҳои асрҳои IХ–Х-уми араб ҳам борҳо қайд кардаанд.

Мадраке ҳаст, ки тоҷирони Бохтар ба хоки империяи Рим масалан, ба яке аз марказҳои калонтарини тиҷорат – шаҳри Искандарияи Миср рафта буданд, аз дигар тараф, тоҷирони Рим ба Осиёи Миёна меомаданд[28].

Дар Осиёи Миёна маснуоти римӣ, инчунин тангаҳои римӣ[29] ниҳоят бисёр ёфт шудаанд ва ин бозёфтҳо возеҳ исбот менамоянд, ки робитаи Рим ва Осиёи Миёна хеле амиқ ва пуравҷ буд. Ба Осиёи Миёна оварда шудани молҳои римӣ (аниқтараш баҳри миёназаминӣ) боиси он гардид, ки истеҳсоли ин гуна молҳоро дар Осиёи Миёна ҳам ба роҳ монданд[30].

Асарҳои санъати римӣ ба таҳаввулоти санъати Осиёи Миёна, аз ҷумла, ба ташаккули санъати Қандаҳор, ки дар шимолу ғарби ҳиндустон, дар Афғонистон ва аз афти кор, дар ҷануби Осиёи Миёна инкишоф ёфт, таъсири калон расонданд.

Бо Хитой ҳам робитаи савдо буд. «Роҳи абрешим», ки бо воситаи он ба ғарб корвонҳои абрешим мерафт, аз Осиёи Миёна мегузашт[31]. Маълум, ки як қисми он абрешим дар худи Осиёи Миёна фурӯхта мешуд, бинобар ҳамин, агар ба гапи Флор (3, II) бовар кунем, аллакай дар миёнаҳои асри 1-уми пеш аз милод портҳо байрақҳои абрешимӣ доштанд. Ғайр аз абрешим аз Хитой ба Осиёи Миёна оинаҳои биринҷӣ, ашёи локӣ ва ғ. оварда мешуд. Аз Осиёи Миёна ҳам ба Хитой бисёр мол бурда мешуд[32].

Дар китоби дувуми «Маҳабҳарата» — «Сабҳапарва», ки дар нимаи дувуми асри IV милодӣ таълиф шудааст, инъоме зикр гардидааст, ки ба подшоҳи пандиҳо Юдҳиштҳира (қароргоҳаш дар қарибии Деҳлии ҳозира будааст) намояндагони халқҳои гуногун пешкаш кардаанд ва дар байни ин халқҳо халқҳои Осиёи Миёна ҳам будаанд. Ин халқҳо ба подшоҳи мазкур, аз афти кор, ҳамон молеро пешкаш кардаанд, ки одатан ин гуна молҳоро барои фурӯш меоварданд. Шояд ба ҳамин сабаб аз кишвари Бахлӣ (яъне Бохтар) «кампалҳои пашмини хуштарҳу хушранги нарму мулоим», матои гуногун, пӯсти гӯсфанд, аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо овардаанд; «шакоиҳо» (сакоиҳо), «тукҳарҳо» (тахорҳо), «канкиҳо» (канғуйҳо) аспҳоеро инъом кардаанд, ки «метавонистаанд роҳи дуру дарозеро тай намоянд» («Маҳабҳарата», 11, 47).

Мадракҳои археологӣ далолат мекунанд, ки бо қабилаҳои сарматҳои наз-ди Урал ва соҳилҳои Волга ҳам робитаи савдоӣ вуҷуд дошт. Аз сарзамини онҳо ҳамон роҳи савдо мегузашт, ки Осиёи Миёнаро бо Кавказ ва ноҳияҳои соҳили баҳри Сиёҳ мепайваст.

Дар боло қайд кардем, ки бохтариҳо то Искандарияи Миср рафта будаанд, Суғдиён низ дар ҷойҳои аз ҳудуди Суғд ниҳоят дур марказҳои калони савдо таъсис карда буданд. Дар Дунхуан (Туркистони шарқӣ) катибаҳои асри IV пеш аз милод ба даст омадаанд, ки ба забони суғдӣ навишта шудаанд. Дар яке аз катибаҳо гуфта мешавад, ки дар Друан 100 нафар самарқандии озод (ё худ асилзода) ҳастанд. В.В.ҳеннинг бо асоси комил тахмин мекунад, ки шумораи суғдиҳо (бо ғуломон ва аҳли хонаводаашон) дар ин шаҳр бояд камаш ҳазор нафар бошад. Дар баъзе мактубҳо дар бораи молҳо, нархҳо ва ғ. маълумот ҳаст. Суғдиёне, ки дар Туркистони шарқӣ зиндагонӣ мекарданд, бо хешу ақрабои дар Самарқанд будаи худ робитаи зич доштанд[33].

6. МАДАНИЯТ ВА ДИНИ
ОСИЁИ МИЁНАИ КУШОНӢ

Осори хаттӣ

Дар давраи Кушониён дар соҳаи маданияти маънавии халқҳои Осиёи Миёна дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯй доданд. Ин давраи пури ҳодисаҳои ниҳоят мураккабу аксаран мухталиф, давраи ба ҳам омехтани тамоилу ҳодисаҳои гуногун буд[34].

ҳанӯз дар асрҳои IV-II пеш аз милод дар Осиёи Миёна дар асоси хати оромӣ хатҳои маҳаллӣ ба вуҷуд меоянд.

Қадимтарин осори хаттии суғдӣ катибаи рӯи тангаҳои ибтидои эраи мо аст. Пас аз ин «Мактубҳои қадимии суғдӣ» меоянд. Дар ин мактуб аломатҳо алоҳидаву хоно навишта шудаанд, бо ҳамдигар пайваст намебошанд. Ин намуди хат аз асли худ, яъне аз хати оромӣ фарқи калон надорад. Дар айни ҳол, ба ақидаи В.А.Лившитс, ин мактубҳо далолат мекунанд, ки аллакай дар ҳамон замонҳо «нормаҳои асосии забони хаттии суғдӣ ташаккул ёфтаанд ва ҳеч набошад, то асри Х пойдор монданд».

В.Б.ҳеннинг исбот кардааст, ки «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ба солҳои 312–313-уми милодӣ мансуб буда, нафақат ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, балки намунаи насри мукотибот мебошад[35]. Дар ин мактубҳо корубори одамони он давра бо як самимияти ошкоро тасвир ёфтааст. ҳамлаи хуннҳо, айёми пуризтироби маҳаллаҳои суғдиён, тарсу ваҳм, қаҳру ғазаб ва ишқу муҳаббат – тамоми эҳсосоти одамӣ дар ин мактубҳо бе рангубори бадеӣ хеле ҳаққонӣ инъикос шудааст.

Мактуби Меванча (маънои ин ном «палангча» ё «гурбача» буд) ном суғдидухтаре, ки ба модараш ба Самарқанд фиристода будааст, пур аз дарду аламу ҳасрат мебошад. Нанидод ном васии Меванча ӯро бар хилофи хоҳишаш ба занӣ гирифтанӣ шудааст ва инак, Меванча менависад: «Беҳтараш ба саг ё хук мерасаму ба Нанидод не» (тарҷумаи В.А.Лившитс). Муддате гузашту Меванча боз ба модараш мактуб менависад. Меванча нафақат ба Нанидод расидааст, балки дар бораи шавҳараш бо ишқу муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром гап мезанад. Рости гап, ин гуна анҷоми кор дар адабиёти ҷаҳон борҳо тасвир шудааст!

Дар Сурхкӯтал (ҷанубтари Қундуз) чанд навиштаҷоте ёфт шуд, ки бо намуди кушонии алифбои юнонӣ иҷро шудааст. Забони катиба шарқиэронӣ будааст, ки пештар амалан маълум набуд. Ин ҷиҳат кушодани рамзи катибаро, ки бо ин кор А.Марик, Э.Бенвенист, В.ҳеннинг, И.Гершевич, Я.ҳарматта, Ҷ.ҳумбах ва дигарон машғул буданд, хеле душвор гардонд. Яке аз катибаҳо аз 25 сатр иборат аст. То ба ҳол як тарҷумаи мукаммали он нест, зиёда аз ин, муҳаққиқон дар шарҳи муҳимтарин нуктаҳои матн ҳамфикр нестанд, масалан, то ба ҳол як ақида нест, ки дар матн кӣ меъмори маъбад аст ё худ тахминан киро меъмори маъбад гуфтан мумкин аст. Яке аз тарҷумаҳои эҳтимолии он матнро В.А.Лившитс пешниҳод кардааст: «Ин маъбад ҳки ном дорад] Канишкаи Музаффар эъзози ҷаноби подшоҳ аст Канишкаро. Инак, баъди итмоми ҳиморати] маъбад андаруни он ҳмаъбад] зарфҳои об буданд, ки хушкиданд ва маъбад бе об монд. Ва аз тамуз хушкӣ омад ва худоҳо аз хонаи ҳмаъбади] худ гирифта шуданд – ҳам суратҳо ҳхудоҳо] ва ҳам ҳайкалҳо ҳхудоҳо]. Ва маъбад хилват шуд, то даме ки соли 31-уми ҳукмронӣ, моҳи найсон ба маъбад волӣ Ноқанзоқ омад, ки буд маҳбуби подшоҳ, дӯсти наздики подшоҳ, некфарҷом ҳ«писари худо»], некуғайрат ҳ?], накӯкор, накӯҳиммат ва накӯхислат нисбат ба ҳама  махлуқот. Ва ӯ маъбадро девор кашид, чоҳ канд, об баровард, бо санг ҳчоҳро] рӯкаш кард, то бошандагони маъбад ба об мӯҳтоҷ нашаванд ҳё «маъбад ба оби тоза мӯҳтоҷ нашавад»] ва то ки дар айни хушкӣ, ки аз тамуз аст, худоҳо аз хонаҳои худ дур нараванд ва маъбад хилват нашавад. Дар болои чоҳ обкаше ҳ?] сохт ва ҳавзе дуруст кард. Ба шарофати ин чоҳ, ба шарофати ин обкаш маъбад шодоб шуд. Ва ин чоҳ ва ин ҳдар ин ҷо калимае ҳаст, ки тахминан ба маънои «тиреза», «бурҷ» меояд] амали ҳаргумон, Бурзмеҳр писари Кузгашка, Астилҳансиг ва Ноқанзоқ аст волиёни фармонбардори подшоҳ. Ва навишт инро Ёвмон бо Меҳримон, Бурзмеҳр – пуҳри Амихромон»[36].

Забони ин навиштаҷот забонест, байни забони пашту ва забонҳои помирии мунҷонӣ ва ядғу, аз як тараф, ва забонҳои суғдию хоразмию портӣ, аз тарафи дигар. Маҳз ба туфайли заковату фазилати эроншиноси шаҳир В.В.ҳеннинг муқаррар шудааст, ки забони ин навиштаҷот забони бохтарӣ мебошад[37] ва то вақтҳои охир забони мутлақо номаълуме буд (навиштаҷоти рӯи тангаҳо, геммаҳо ва сафолоти Кушониён ба сабаби ниҳоят мухтасар будани худ имкон намедоданд, ки забони он муайян шавад). Забони бохтарӣ аз рӯи сохти грамматикии худ нисбат ба дигар забонҳои шарқиэронӣ аз забони аслии қадимӣ хеле пештар рафта буд[38].

Ба ақидаи забоншиносон, дар катибаи Сурхкӯтал ва инчунин дар катибаҳои ҳиндии давраи Кушониён баъзе истилоҳоти нахустини шеваи сакоии забони кушонӣ маҳфуз мондаанд. Аз афти кор, Кушониён дар кишвари Бохтар бо бохтариён омехта шуданд ва бохтариён ба андозае онҳоро ассимилятсия карданд ва ба ҳар ҳол Кушониён дар нутқи хаттии худ, рости гап, баробари дигар калимаҳои иқтибосии забонҳои эронию ҳиндӣ, калимаҳои забони бохтариро ҳам кор мефармуданд. Дар навиштаҷоти рӯи тангаҳои кушонӣ маҳз ҳамин хат ва маҳз ҳамин забони бохтарӣ ба назар мерасад.

Барои иншо, ҳеҷ набошад, аз давраҳои Канишка ҳуруфоти юнонӣ истифода мешуд. Ба 24 ҳуруфоти юнонӣ боз як ҳарф илова карда шуд, вале дар амал шумораи камтари ҳарфҳо истеъмол мегардид. Аломатҳои ҳуруфоти кушонӣ ё худ аниқтараш бохтарӣ аксаран қиррадору чоркунҷаву кулӯла мебошанд. Баъдтар намуди нимакурсив пайдо шуд[39].

Ба ҳамин тариқ, баъди забонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ илм аз забони бохтарӣ ҳам воқиф шуд. Катибаи калони Сурхкӯтал дар айни ҳол аввалин осори хаттии забони бохтарӣ мебошад. Мувофиқи жанри худ он ба навиштаҷоти ҳахоманишиҳо ё Сосониён ҳамгун аст. Вале бар хилофи катибаи шоҳон дар катибаи Сурхкӯтал қариб ки мадҳу сано нест. Агар онро ба матни навиштаҷоти Доро, ки аз Шӯш (DSf)[40] ба даст омада, он ҳам ба бинокорӣ бахшида шудааст, муқоиса намоем, ин ҷиҳати катибаи Сурхкӯтал махсусан аёнтар мешавад – қариб сеяки матни Доро ҳамду санои ҳурмузд ва подшоҳ аст, матни Сурхкӯтал бошад, фақат аз кор сухан меронаду беҳуда гап-ро кашол намедиҳад. Дар матн воқеаҳо ба тартиб зикр шуда, сабаби онҳо низ нишон дода шудааст. Ин матн гуфтан мумкин, як навъ солномаи воқеаҳо, як навъ намунаи матни маъмурӣ мебошад.

Дар ҷануби Осиёи Миёна ҳам бисёр катибаҳои бохтарӣ ёфт шудаанд (вале, рости гап, онҳо калон нестанд). Масалан, аз худи Душанбе хуми гӯр ёфта шуд, ки як калима хат дорад, аз Даштиҷум як зангӯлачаи биринҷӣ ба даст расид, ки хате иборат аз 17 аломат дорад (аз афти кор, ин ҳарфҳои алоҳидаи беробитаанд, ки устои бесавод кандааст). Дар Тирмиз аз дайри Қаротеппа чанд хати бохтарии рӯи сафолпораҳо ёфт шуд, ки дар байни онҳо хатҳои дузабона (билингваҳо) ҳам ҳастанд; хат дар девор харошида навишта шудааст.

Дар Хоразм аз Тупроққалъа осори хати хоразмӣ ёфт шуд, ки тадқиқи он давом дорад.

Дар димнаи Дилбарҷин (соҳили чапи Аму) бисёр навиштаҷоти бохтарӣ ба даст омад, вале, мутаассифона, онҳо хеле зарар дидаанд. Ба ақидаи муҳаққиқе, ки онҳоро нашр карда буд, ин навиштаҷот бо хати шикастаи тезнависӣ иншо шуда, гӯё матни зери суратҳои рӯи девор будаанд, яъне гӯё маънои расми деворро ифода мекардаанд. Мувофиқи хусусияти палеографӣ навиштаҷот тахминан ба асрҳои III–IV дахл дорад[41]. Аз худи ҳамин ҷо чанд острак ва пораҳои мармари хатдор ёфт шуд.

Ақоиди мазҳабӣ

Ақоиди мазҳабии давраи Кушониён ниҳоят печдарпеч ва муракккаб аст. Қисми асосии аҳолии Осиёи Миёна мисли пештара зардуштияро мепарастид. Масалан, суғдиҳо бино бар номи онҳо (зиёда аз 20), ки дар «Мактубҳои қадимии суғдӣ» дучор мешаванд, асосан ба зардуштия имон доштаанд. Ин номҳо аз номи худоҳои қадимтарини Эрон бармеоянд, ки онҳо ба қатори худоҳои зардуштии Осиёи Миёна даромада буданд. Дар айни ҳол бояд гуфт, ки зардуштияи «суғдӣ» хусусияти ба худ хос дошт. Гуфтан лозим, ки дар байни худоҳои суғдӣ ҷои аз ҳама баландро олиҳа Нана(и)[42] мегирад. Муаллифи мактуби № 2 ва он самарқандие, ки бояд ин мактубро мегирифт, дар таркиби номи худ калимаи «нана(и)» доранд. Ин номи олиҳаест аз Байнаннаҳрайн, ки дар он ҷо ҳанӯз дар давраи шумерҳо маълум буд. Баъд аз он ҷо ба Ошур ва сонитар ба Эрон гузашт ва дар давраи Рим дар ғарб аз Мисру Юнон сар карда, дар шарқ то Порт, Кушон ва Суғд паҳн шуд. Эҳтимол, дар Осиёи Миёна парастиши Нана(и)[43] бо парастиши Анаҳито пайваст буд.

Аз афти кор, суғдиёни Туркистони шарқӣ ва худи Суғд маъбадҳое доштанд, ки онҳоро «вағн»[44] меномиданд ва обидони ин вағнҳо – «вағнпатҳо» дар ҷамъияти Суғд соҳиби мақоми намоён буданд.

Аз таҳлили суратҳои худоёни рӯи тангаҳои кушонӣ ҳам дар бораи зардуштияи бохтарӣ мадраке гирифтан мумкин аст. Дар ин ҷо бисёр номи худоён ҳастанд, ки ба шакли хоси бохтарӣ навишта шудаанд: Оромоздо – ҳурмузд, Миҳро – Митра, Мао -Маҳо (худои Моҳ), Фарро — Фарна (худои фаровонӣ, бахти шоҳ, тақдир), Орлагно–Вэрэтрағна (худои ғалаба), Нана — Нанаи (худои ҳосил) ва ғ.[45]. Худоёне ҳастанд, ки фақат номи хоси маҳаллии бохтарӣ доранд — масалан, Охшо ё Оахшо. Шубҳае нест, ки ин калима аз калимаи эронии қадим «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш»–«гапи гуфта» (истилоҳи техникӣ) буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рӯҳ»-еро ифода мекунад, ки баъзан бо «оби ҷорӣ» алоқаманд мебошад[46]. Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу» гуфта Амударё дар назар дошта шудааст, ки онро юнониён бо номи Оксус[47] медонистанд. Дар санги кандакории музеи Калкатта чунин дуо нақш шудааст: «Вахш худои яккаву ягона»[48].

Тасаввуроти худо будани «Вахш» дар Осиёи Миёна то асрҳои миёна пойдор монд. Дар ибтидои асри ХI Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «вахшҳангом» ном иде доранд ва илова мекунад: «Вахш номи малакест нозири дарё, аз ҷумла, рӯди Ҷайҳун»[49]. Дар давраи сонитари асрҳои миёна ва дар рӯзҳои мо номи қадимии Амударё фақат дар як шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи дарёи Вахш боқӣ монд. Вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо, маҳз дар ҷануби Тоҷикистон имон ба рӯҳи парастори оби наҳрҳо Оашхо махсусан пойдор мондааст.

Новус ном як навъ гурҳои рӯизаминӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд, ба аниқ шудани тасаввуроти мо оид ба зардуштияи бохтарҳо хеле мусоидат менамояд.

Маъбади Сурхкӯтал, ки онро экспедитсияи франсавиҳо дар Афғонистон кашф кардаанд, дар бораи маъбади бохтариҳо тасаввуроти равшан медиҳад. Маъбади асосӣ дар болои теппа, дар рӯи суфаи баланде, ки аз хишт бардошта, атрофашро бо тахтасангу тиргакҳои сангин устувор карда буданд, ҷой гирифта буд. Аз поён то дарвозаи маъбад зинаи васеи сеқисма мебурд. Худи маъбад росткунҷа (35х27м) буда, девори пеши он назар ба девори ақибаш васеътар менамуд ва дар миёнҷо хонаи чоркунҷа ва дар ду паҳлу ва дар пешгаҳ долоне дошт. Маъбад аз пеш се дарвоза дошт – дарвозаи асосӣ ба хонаи чоркунҷа ва ду дари паҳлуӣ рӯ ба долонҳо кушода мешуд. Дар маркази хонаи мобайнӣ суфаи чоркунҷаи сангине буд, ки дар чор гӯшааш чор сутун дошт. Дар пушти суфа зинаи се поғундадоре воқеъ буд. Девори ин хона бо сутунҳои чортарош оро дода шуда буд.

Атрофи маъбад мисли девори қалъа девори мустаҳкам ва дар пеши ин деворҳо бурҷҳои росткунҷа вуҷуд дошт. Аз дарун ба қадди ин девор айвони раддасутун воқеъ буду дар девори ин айвон тоқчаҳое кандаанд, ки замоне андаруни онҳо ҳайкалҳои сернақшунигори сафолӣ меистодаанд (аксари онҳо хок шудаанд). Баъдтар дар майдони байни таги суфа ва девори қалъамонанди атрофи маъбад ва инчунин берун аз ин девор боз ду маъбади хурдтаре сохтаанд, ки онҳо ҳам дар миёнҷо хонаи чоркунҷа ва гирдогирди он (вале аз чор тараф)  долон доштаанд. Дар хонаи мобайнии яке аз ин маъбадҳои хурд суфаи зинадори хиштихомие буд. Гӯша ва мобайни ин сутунҳо дар андоваи гилии девор сурати паррандаҳо кашида шуда буд. Дар болои ин суфаи хиштихомӣ оташдони пури хокистари тоза ба назар расид. Ин оташдон меҳроби оташ будааст. Вале рости гап, меҳроби оташ исботи он нест, ки маъбад маҳз куништ, яъне маъбади оташ буд. Ақидае изҳор шуд, ки маъбад маъбади оли шоҳон аст. Муҳаққиқи ин маъбад Д.Шлюмберже ақидае дорад, ки маъбад метавонист ду вазифаро якбора иҷро кунад, яъне ҳам маъбади оли шоҳон бошаду ҳам куништ ва маъбади Сурхкӯталро «куништи шоҳони кушонӣ» меномад[50].

Дар яке аз катибаҳои Сурхкӯтал калимаи «Бағолағғо» яъне «меҳроб» ҳаст, ки зоҳиран маъбад чунин ном дошт: алҳол ноҳия ва деҳе, ки дар қарибии ин маъбад вуҷуд доранд, номи ҳамон маъбадро гирифтаанд ва Бағлон ном доранд[51].

Дар баробари зардуштия дигар динҳо ҳам паҳн мешаванд. Чи тавре маълум аст, дар Осиёи Миёнаи кушонӣ дини буддоӣ паҳн шуда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки мадраки дини буддоӣ чандин аср пеш аз ин, шояд дар давраи ҳахоманишиҳо, ба Осиёи Миёна расида бошад, вале санаҳои дақиқи дар Осиёи Миёна паҳн шудани дини буддоӣ ба давраҳои хеле сонитар мансуб аст. Дини буддоӣ ба Осиёи Миёна аз Афғонистон омад. Мувофиқи мадракоти мавҷуда дини буддоӣ аз чанд самт (ду самти он аниқ): аз самти ғарб ба Марв (ба ноҳияҳои шарқии Порт) ва аз самти шарқ ба Тирмиз (ба Бохтар) сар даровардааст.

Солномаи сейлонӣ хабар медиҳад, ки дар чоряки якуми асри пеш аз милод ба яке аз идҳои дини буддоӣ Маҳадева ном ҳакиме омадааст. Гумони ғолиб, ки ин ҳаким аз худи Порт не, балки аз ягон гӯшаи дурдасти он омадааст, зеро дере нагузашта, баъди ин воқеа дини буддоӣ дар ноҳияи Марв реша меронад. Мадракоте ҳаст, ки соли 148 ба Лаоян Ан-Ши-гао ном ҳакиме омада, матнҳои дини буддоиро ба забони хитоӣ тарҷума кардааст ва бинобар номаш аз кишвари Ан — яъне Порт мешудааст. Маҳз ба шарофати ин ҳаким ва шогирдони вай Хитой бо дини буддоӣ шинос шуд. Зиёда аз ин, Ан-Ши-гао олими забардасте буд ва хитоиҳо дар бораи инкишофи илми халқҳои Осиёи Миёна аз вай маълумоти зиёде гирифтанд[52].

Роҷеъ ба Бохтар дар даст маълумоти фаровон дорем. Номи воизи машҳури дини буддоӣ Гҳошак ба мо маълум, ки аслан аз Тахористон будааст. Зодгоҳи фақеҳи дини буддоӣ Дҳармамитра Тирмиз аст. Воизони дини буддоӣ то ба Чоч расида, дар он ҷо ҳам маъбадҳо сохтаанд.

Дар Осиёи Миёна мактаби буддоии Вайбҳашика интишор дошт, ки дар таълимоти он бисёр нуктаҳои материалистӣ ба назар мерасад ва назарияи дарки онҳо унсурҳои диалектика дошт. Ф.Энгелс навишта буд: «Маҳз барои ин ки заминаи пешакии тафаккури диалектикӣ тадқиқи табиати худи мафҳумот мебошад, он танҳо барои инсон имконпазир аст ва ҳамон ҳам бошад, фақат дар савияи нисбатан баланди тараққиёти вай (буддоиҳо ва юнониён) ва он хеле сонитар, дар давраҳои фалсафаи навтарин ба камоли инкишофи худ мерасад…»[53].

Чандин маъбадҳои буддоӣ маълуманд. Масалан, дар ҳайратон дар қарибии Тирмиз дайри буддоии асрҳои I–II милодӣ қисман ҳафриёт карда шуд. Маркази дайр маъбад аст, ки бинои чоркунҷае буда, дар миёнҷои он суфаи росткунҷа барои гузоштани ашёи муқаддас сохта шудааст ва аз ғайри ин даҳлезе ҳаст, ки арақаи сангини он расмҳои аҷоиб дорад. Дайр ғайр аз ин чандин биноҳои истиқоматӣ ва маъмуриро соҳиб будааст[54]. Дар худи Тирмиз дар Қаротеппа маъбади мағокии буддоӣ ҳафриёт шуда истодааст (ин гуна маъбадҳо дар ҳиндустон бисёр будаанд). Аз ҷумла, дар ин ҷо чандин маҷмӯи ибодатгоҳҳо кофта ёфта шуд, ки ҳар яке аз маъбади мағокии дорои чор долони сақфашон гунбазӣ ва ҳавлии берун иборат аст, ки дар он иморати лозимаи ибодат сохта шудаанд. Осори расмҳои рӯи девор ва пораҳои ҳайкалҳои гаҷӣ ва сангин ба даст омадаанд[55]. Андаке дуртар аз Қаротеппа археолог Л.И. Албаум Фаёзтеппа ном маҷмӯи ибодатгоҳи буддоиро ҳафриёт мекунад, ки он расму сурат ва ҳайкалҳои ниҳоят хушнамои дилкаш дорад. Ин қатори долону хонақоҳу мазору ибодатхонаҳоест, ки ба биноҳои дайрӣ ва хоҷагӣ ҷудо мешаванд. ҳамаи онҳо ба шакли ҳарфи «П» ҷойгир шудаанд ва алоҳида аз инҳо дар як тараф ступа воқеъ мебошаду ба ақидаи муҳаққиқ, ин манзилгоҳ тақрибан дар ибтидои солшумории мо пайдо шуда, дар асрҳои I–III ба маркази калони динӣ табдил ёфта, якҷоя бо дайри мағоки Қаротеппа обидаи ягонаеро ташкил медод ва зимнан дар ин ансамбл маҳз Файёзтеппа ҷои аввалро ишғол мекард[56].

Дар худи Тирмиз ҳам як ступаи буддоӣ ҳаст, ки ҳозир онро «Бурҷи Зӯрмола» меноманд. Дар паҳлуи Дилварҷинтеппа маъбади буддоӣ кашф шудааст, ки ба давраи Кушониён тааллуқ дорад. ҳайкалҳое, ки дар ин ҷо ёфт шудаанд, дорои аҳамияти махсусанд, зеро онҳо таҷассуми ашхоси динӣ ва дунявии буддоиён мебошанд.

Инчунин баъзе бозёфтҳои ашёи марбут ба дини буддоӣ, ки дар манзил-гоҳҳои хурди зироаткори Бохтари шимолӣ ба даст омадаанд, далолат менамоянд, ки буддоия дар байни бохтариёни қадим хеле васеъ паҳн шуда буд[57]. Ин гуна бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки буддоия танҳо дини табақаи муайяни ҷамъият набуда, балки дар байни оммаи васеи мардум ҳам реша давонда буд[58].

Аз ҳиндустон ба Бохтари кушонӣ боз як дини дигар – ҳиндуя сар даровард. Тасвири Шива дар аҳди Вима Кадфиз пайдо шуда буд. Тасвири Шива дар тангаҳои давраҳои сонитари шоҳони кушонӣ то худи аҳди Васудева вомехӯранд. ҳангоми ҳафриёти ибодатхонаи Дилварҷинтеппа лавҳаи калони мусаввар ба даст омад, ки дар он Шива ва Парватии савори гови муқаддас — Нанди тасвир ёфтааст. Ин бозёфт, аз афти кор, далели он аст, ки дар Бохтар (ба ҳар ҳол дар ноҳияҳои дар тарафи чапи дарё будаи он) пайравони мазҳаби Шива вуҷуд доштаанд.

Дини насронӣ ба Осиёи Миёна аллакай дар асрҳои II–III милодӣ дохил мешавад ва Берунӣ ҳам хабар медиҳад, ки тақрибан баъди 200 соли вафоти асосгузори ин дин онро рӯҳоние ба Марв овардааст[59]. Агар дар дасти мо дар бораи паҳншавии дини насронӣ дар кишвари Кушониён маълумоти маъхазҳои суриёнӣ (ибтидои асри III милодӣ) ва арманӣ (асри IV милодӣ) намебуд, ахбори болоиро танҳо ривоят ҳисоб кардан мумкин буд.

Дар Осиёи Миёна пайравони боз як мазҳаби дигар – мазҳаби монавия пайдо мешаванд, ки дар таърихи ҳаёти маънавии Осиёи Миёна мақоми намоён дорад. Дар ин бобат муфассалтар таваққуф мекунем. Асосгузори ин мазҳаб Монӣ соли 216 дар Бобулистон, дар қарибии Ктесифон, дар оилаи ашрофе ба дунё омадааст. Подшоҳи сосонӣ иҷозат дод, ки мазҳаби нав тарғиб карда шавад, вале дар ниҳояти кор Мониро ба зиндон андохтанд ва ӯ дар он ҷо вафот кард (соли 276–277 милодӣ), худи таълимоти Монӣ ва монавиён дар Эрон дучори таъқиботи мудҳиши бераҳмона гардиданд.

Мувофиқи маслаки монавия дар ибтидо на замин будаасту на осмон ва фақат ду мабдаъ –Равшанӣ (некӣ) ва Торикӣ (бадӣ) вуҷуд доштааст. Дар зиндагӣ ин ҳарду мабдаъ ба ҳам омехтаанд ва инсон бояд майли камолот карда, мадад расонад, ки некӣ бар бадӣ ғолиб ояд. Таълимоти Монӣ, аз як тараф, унсурҳои асосии зардуштия ва аз тарафи дигар, баъзе хусусиятҳои дини насронӣ ва ба андозае дини буддоиро ҳам дар бар мегирифт. Вале ин таълимот дар ҳама ҷо як хел набуда, дар баъзе ҷараёнҳои монавия падидаҳои эътирози иҷтимоӣ равшан ба назар мерасанд. Масалан, чунин шиори монавиён маълум аст: «Касе, ки бой буд, қашшоқ мешавад, гадоӣ мекунад, азоби абад насиби ӯ мегардад».

Маҳз ҳамин гуна шиорҳо, инчунин тарғиби идеали некӯахлоқӣ, ваъдаи «биҳишти олам» ба мазҳаби монавия оммаи меҳнаткашон ва намояндагони табақаҳои миёнаи ҷамъиятро ҷалб карданд. Монавиён дар айни ҳол ташкилоти тавоноеро таъсис намуданд. ҳамаи ин, ҳам дарбори Сосониён ва ҳам аркони дини зардуштиро ба воҳима наандохта наметавонист.

ҳанӯз дар давраи ҳаёти Монӣ ва баъди вафоти вай дере нагузашта монавия аз ҳудуди Эрон берун меравад. Дар Осиёи Миёна бар хилофи шиори болоӣ тарғиботи монавия асосан дар байни аъёну ашроф бурда мешуду вале баъдтар оммаи васеи аҳолиро фаро гирифт. Яке аз воизони номии монавия дар Осиёи Миёна Маар Уммо буд. Баъди ин монавия ба Туркистони шарқӣ ва аз он ҷо сонитар ба Хитой гузашт. Дар Осиёи Миёна ва дар Туркистони шарқӣ монавия бисёр ҷиҳатҳои дини буддоиро азхуд намуда, баъзе ғояҳои он ва қисман истилоҳоти онро қабул кард. Монавиён дар тарғиби дини худ санъат, аз ҷумла, санъати тасвириро хеле хуб истифода мебурданд ва китобҳои динии онҳо мусаввараҳои назаррабое доранд. Бинобар ҳамин дар адабиёти форс-тоҷик ва дар фарҳангҳои қадимии тафсирии забони тоҷикӣ номи Монӣ синоними рассоми забардаст аст[60].

Дар давраи Кушониён ҳар халқ ба худ хос маросими дафн дошт.

Гӯрҳои давраи Кушониён (ба ном –«навъи III Б»), ки онҳоро М. М. Дяконов дар гӯристони Тӯпхона (ҳисор) ёфтааст, хеле ҷолиби диққат мебошанд. Ин гӯрҳои хокианд, ки бо хишти хом рӯкаш шудаанд, баъзан сағонаҳое мебошанд, ки аз хишти хом сохта шудаанд. Дар лаҳади ин гӯрҳо зарфҳои пури хӯроки охират ҳаст. ҳамаи ин зарфҳо зарфҳои хушсифати кулолӣ мебошанд. Шакли аксари онҳо ҷоммонанду муносибтарҳи зебо мебошад. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин гӯрҳо мутлақо аслиҳа нест. Баъзан дар даҳон ё синаи мурда тангае мемондаанд ва ин тангаҳо ба тангаҳои Евкратид монанд буда, ба асри I пеш аз милод, яъне ба давраҳои баъди суқути давлати Юнону Бохтар нисбат доранд.

Дар гӯри занҳо асбоби зинатии тиллоӣ (гӯшвораҳо), оҳанин (ангушттарин, сагакҳои либос), сангину шишагин (шадда), биринҷӣ (оина, дастпона, ангуштарин) ёфт шудаанд. Аксари ин ашёи ороиш бо ашёи ороиши сарматҳои соҳилҳои Каспий ва баҳри Сиёҳ ҳамгунӣ дорад. Аҷоибаш ҳамин, ки дар байни бозёфтҳо каҳрабое ёфт шуд, ки фақат дар баҳри Балтик ҳаст ва каури ном гӯшмоҳие ба даст омад, ки фақат дар уқёнуси ҳинд мешавад.

Берун аз гӯрҳо тангаи бисёре ёфт шуд, ки якеи онҳо азони Канишка мебошад, ғайр аз ин, чанд осиё, пораи дастос ва як чанд кордҳои оҳанин ба даст омадаанд[61].

ҳангоми ҳафриёти М.М.Дяконов ва ҳафриёти минбаъдаи Б.А.Литвинский дигар намуди дафн низ пайдо шуд – бо ин усул мурдаро дар тобутҳои калони сафолӣ мегӯрондаанд (ин тарзи дафн дар байни портҳо маъмул буд ва аз афти кор, аз онҳо иқтибос шудааст). Дар хоки Душанбе мурдаҳое ёфт шуданд, ки дар тобутҳои сангин ва дар хумҳо дафн гардидаанд. Дар димнаи Кӯҳнақалъа (водии Вахш) мурдаҳоро дар дахмаҳо мегӯрониданд. Аз асри II пеш аз милод Хоразм ва баъд дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна оссуарийҳо, яъне устухондонҳои сафолӣ (баъзан сангин) ба ҳукми таомул медароянд, ки ба онҳо устухони мурдаро андохта мемондаанд[62].

Кашф ва тадқиқи қабристони димнаи Теппаи Шоҳ (дар поёноби Кофар-ниҳон), ки мурдагони он дар асоси маросими дини зардуштӣ гӯронда шудаанд, хеле аҳамияти калон дорад. Аз ин ҷо чанд новусе ёфт шуд, ки тарҳи мураккабе доранд. Яке аз онҳо (новуси 1) як хона дорад. Айвони новус аз ду тараф сангпӯш буда, инчунин бо остонаи сангӣ мустаҳкам карда шудааст. Аз ин айвон ба даруни худи новус роҳ ҳаст. Даруни новус ҳуҷраи чоркунҷаест, ки андозааш 3,16х4,80м мебошад. Гирдогирди таги девор суфача дорад, ки бари он 0,95–1,00 м ва баландиаш 0,42 м аст. Таги ҳуҷра, суфаҳо ва деворҳо тунукак бо гаҷ андова карда шудаанд. Худи новус дар болои таҳкурсии нимметра    сохта шудааст. Рӯи суфа ва ҳуҷра пур аз устухони одамӣ аст, ки бетартибона хобиданд ва дар байни устухонҳо бисёр ашёи маданияти моддӣ (зарфҳо, асбоби зинат, оинаи биринҷӣ, ҳайкалчаҳои сафолӣ ва ғ.) ба назар мерасад. Инчунин тангаҳои мисии Канишка ва Васудева ёфт шудаанд.

Новуси дигар (новуси 2,) ки дар болои таҳкурсии чоркунҷаи на чандон баланд сохта шудааст, тарҳи мураккабтаре дорад. Баъди дари даромад долоне сар мешавад, ки тамоми новусро ба ду қисми баробар тақсим мекунад. Дар ин долон рӯбарӯи ҳамдигар чор ҳуҷра ҳаст, ки андозаи онҳо 2,2х2,1 м ва 2,1х2,3м мебошад (фақат ду ҳуҷра безарар мондааст, ду ҳуҷраи дигар қисман вайрон шудааст). Даруни ҳуҷраҳову долон аз чанд қабат устухони одамӣ пур аст, устухони баъзе мурдагон пароканда нашуда, дар ҷои аслии худ мебошанд. Умуман аз ин новус 51 косахонаи сар баромад. Агар ба назар гирем, ки новус хеле вайрон шудааст, пас шумораи дар ин ҷо гӯршудаҳо хеле зиёдтар будааст. Аз афти кор, ба андозаи пур шудани ҳуҷраҳо даҳони онҳоро мебастаанд, баъди пур шудани долон дари асосиро ҳам гӯр кардаанд ва бо ҳамин ин новусро дигар кор нафармудаанд. Аз ин новус ҳам бисёр ашёи маданияти моддӣ – бисёр асбоби зинат (шаддаҳои сангию шишагин, ангуштаринҳо, дастпонаҳо, гӯшворҳо ва ғ.), асбобҳои сафолӣ, бути гаҷӣ ёфт шуд. Боқимондаҳои матое, ки аз ин ҷо дастрас гардид, хеле ҷолиби диққат мебошанд. Яке аз тангаҳои аз ин ҷо ёфтшуда (тангаи нуқраи Герай) дар даҳони мурдае буда, онро аз қабати лое ёфтанд, ки ба коми мурда часпида монда будааст. Тамоми тангаҳои ёфтшуда аҳамияти калон доранд, зеро далолат мекунанд, ки новус ба муддати ниҳоят дароз истифода мешуд – аз ин ҷо тангаҳои нуқрагини тақлидан ба тангаҳои нуқрагини Евкратид сикказадашуда, тангаҳои мисини Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка, тангаҳои тақлиди тангаҳои Васудева ба даст омаданд[63].

Аҳамияти ҳафриёти қабристони Теппаи Шоҳ ниҳоят калон аст. Ғайр аз ин ки ин новусҳо қадимтарин гӯрҳои Бохтар мебошанд (санаи онҳоро асри I пеш аз милод, III–IV милодӣ гуфтан лозим), боз онҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар Бохтар маросими дафни зардуштӣ паҳн шуда буд ва он хусусиятҳои ба худ хос дошт. Инчунин тавсифи антропологии мурдагон ҳам ҷолиби диққат мебошад[64]. Дар солҳои охир айнан ҳамин гуна қабристонҳо дар дигар ноҳияи Бохтари шимолӣ – дар водии Сурхондарё, дар қарибии димнаи Дилварҷинтеппа ва деҳаи Бандихон ёфт шуданд.

Аҳолии кӯчманчӣ, нимкӯчманчӣ ва як қисми аҳолии муқимӣ мурдаҳои худро дар хоктеппаҳои баланд гӯр мекарданд. Шумораи зиёди ин гуна хоктеппаҳо дар поёноби Кофарниҳон, дар райони Исфара ва дар территорияи Ўзбекистону Тоҷикистон ҳафриёт шудаанд.

Санъат

Давраи Кушониён давраи авҷи инкишофи санъати қадимии Осиёи Миёна мебошад. Мо аз равнақу ривоҷи шаклҳои монументалии санъат (рассомӣ, муҷассамасозӣ, мунаббаткорӣ), намудҳои хурдтари он (ҳайкалчасозӣ аз сафолот) ва аз равнақи санъати амалӣ (заргарӣ ва ғ.) воқиф ҳастем. Мо алҳол дар даст материали фаровон дорем, вале ба туфайли ҳафриёти археологӣ андӯхти он чунон суръатро соҳиб аст, ки ҳама гуна тавсифи қабл аз интишор кӯҳна шуданаш мумкин аст. Маҳз дар санъат заковату фазилати устоёни Осиёи Миёна равшан ҷилвагар мешавад, дар айни ҳол, муносибат бо дигар мамлакатҳои ҳамсоя возеҳ ба назар мерасад. Аҳамияти осори санъати Осиёи Миёна берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ҳам мақом дорад, яъне имкон медиҳад, ки муҳимтарин ҷиҳату ҷанбаҳои маданияти бадеии шарқ аз дидгоҳи нав тафсиру тавзеҳ дода шавад. Масалан, ин нукта ба санъате низ дахл дорад, ки «санъати Қандаҳор» ном гирифтааст. Қандаҳор номи қадимии кишварест, ки миёнҷои он водии Пишовур буд ва дигар ноҳияҳои ҳамсояро дар бар мегирифт.

Маҳз дар ҳамин ҷо бисёр осори ба худ хоси санъат ёфт шудааст, ки асосан аз ҳайкали сангин (ва гаҷӣ) ва нақшҳои кандакорӣ иборат мебошад. Бинобар номи қадимии сарзамин намуди санъат «гандҳарӣ» ном гирифт, гарчанде асарҳои бо ин услуб офаридашудаи санъат хеле васеъ интишор ёфта буданду дар саросари хоки шимолу ғарби ҳиндустон, дар Афғонистон ва дар ҷануби Осиёи Миёна дучор меоянд. Санъати гандҳарӣ таркиби ҳайратангези анъанаҳои санъати маҳаллӣ ва эллинурумӣ мебошад. Вале масъалаҳои пайдоиш, таҳаввулот ва хронологияи санъати гандҳарӣ то ҳол ақидаҳои ниҳоят мухталиф ва аксар ба ҳамдигар хилофро ба миён меоварад ва боиси пайдоиши назарияву фарзияҳои мутааддид мегардад. Яке аз олимон таърихи тадқиқи санъати гандҳариро бо заковати тамом ба «ҳарбгоҳе» ташбеҳ додааст, ки «дар он ақидаҳои сершумори археологҳо бисмил шудаанд ва ин ҳарбгоҳ аз ҷавшану зиреҳҳои кафидаю дарида, яъне дидҳои аз даҳон монда ва аз шикас-тапораҳои яроқу аслиҳа, яъне аз фарзияҳои радшуда моломол аст. ҳол он ки масъалаҳои ҳалталаб шумор надоранд ва онҳо бемуҳобот ҷидду ҷаҳди олимонро густохона рафъ менамоянд ва чунон ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо мутлақо мумкин нест»[65].

Асоси тадқиқи санъати гандҳарӣ дар асарҳои олими франсавӣ А.Фуше, ки дар тадқиқи санъат ва археологияи ҳиндустону Афғонистон хизмати шоён кардааст, гузошта шудааст. Ман хонандаро ба асарҳои вай[66] ва ба асарҳои Д.Маршалл, Б.Роулэнд, А.А.Кумарасвами, И.Лохвизен де Леев, Г. Инголт ва дигарон ҳавола карда, ҳаминро қайд кардан мехостам, ки нисбатан ба қарибӣ олими франсавӣ Д.Шлюмберже фарзияи диққатангезе пеш ниҳод. Вай ба натиҷаҳои кашфиётҳои навтарини археологияи Осиёи хориҷӣ такя намуда, исрор мекунад, ки дар ташаккули санъати қандаҳорӣ «унсури юнону эронӣ» (аз ҷумла, юнону бохтарӣ) мақоми калон дорад[67]. Кашфиётҳои археологияи Осиёи Миёна бошад, барои исботи мавҷудияти санъати хоси бохтарӣ мадраки фаровон доданд. ҳайкалу расмҳои дилкаши Холчиён, нақшунигори назаррабои Бохтар бояд дар ҳалли масъалаҳои пайдоиши санъати Бохтар ба назар гирифта шаванд.

Дар баробари санъати Бохтар дар он давра Суғд, Хоразм ва Порт ҳам мактабҳои бадеии хоси худро ба вуҷуд меоранд.

[1] Hackin J., Hackin R., 1939; Ghirshman R., 1946; Hackin J., Hackin R., Carl J., Hamӯlin P., 1954; Гиршман Р., 1946.

[2] Marshall J., 1956; Ильин Г. Ф., 1958.

[3] Whееlеr М., 1962.

[4] Ниг.: Кругликова И. Т., 1974; Кругликова И. Т., Сарианиди В. И., 1976.

[5] Массон В. М., 1974.

[6] Альбаум Л. И., 1960.

[7] Пугаченкова Г. А., 1966; 1966 б; 1971; 1973; Пугаченкова Г. А., Турuунов Б. А., 1974.

[8] Щетенко А. Я., 1974.

[9] Давидович Е. А., 1956, с. 76-77; Мухторов А., 1975, ҷилди 2, с. 374-377.

[10] Кузьмина Е. Е. ва Певзнер С. Б., 1956; Мандельштам А. М. ва Певзнер С. Б., 1956.

[11] Литвинский Б. А., 1967 а.

[12] Пидаев Ш. Р., 1976.

[13] Литвинский Б. А., 1967.

[14] Дар ин бора ниг.: Григорьев Г. В. 1940 а; 1940 б; Ставиский Б.Я., 1967.

[15]Левина Л.Н., 1967, Максимова А. Г. ва дигарон, 1968.

[16] Толстов С. П., 1962, с. 204-226; Рапопорт Ю. А., 1968; Неразик Е. Е., 1969.

[17] Ставиский Б. Я., 1961.

[18] ИТН, I, с. 360–370.

[19] Оид ба масъалаи таснифи наrшаи биносозии бехатарӣ ниг.: Пугаченкова Г.А., 1973; 1973 а; 1976 а.

[20] Дар бораи rалъаҳои Вахон ниг.: Бернштам А.Н., 1952; Бобоев А., 1955; 1973.

[21] Мухторов А., 1975.

[22] Масалан, ниг.: Пугаченкова Г.А., 1973; 1974.

[23] Литвинский Б.А., 1965. Муrоиса кунед: Хазанов А.М., 1966.

[24] Литвинский Б.А., 1965.

[25] Шубҳае нест, ки тилло хеле бисёр истихроҷ карда мешуд. Аз афти кор, зарробхонаҳои Кушониёнро бо тилло асосан конҳои Осиёи Миёна таъмин мекарданд, дигар rисми лозимаи тиллоро аз Афuонистон, {индустон ва бо роҳи тиҷорат аз дигар мамлакатҳо мегирифтанд; эҳтимол, тангаҳои тиллоии римиро ҳам об карда, аз он тангаҳои кушонӣ месохтанд.

[26] Массон В. М., Ромодин В. А., 1964, с. 183.

[27] Хвостов М. 1907, с. 156.

[28] Ставиский Б. Я., 1964, с. 180.

[29] Ба ахбори бозёфтҳо ниг.: Ставитский Б. Я., 1964 в; Массон В. М., 1966 а

[30] Дар ин бобат намунаҳои санъати навантиrӣ ва асарҳои таrлидан ба онҳо таҳиягашта, ки дар Осиёи Миёна ёфт шудаанд, ҷолиби диrrат мебошанд (Литвинский Б.А., Турсунов Н.О., 1971).

[31] Дар бораи беҳтарин тадrиrоти маъхазҳои хаттии роҷеъ ба ин маърӯзаҳо ниг: Hӯrrman A., 1938.

[32] Васильев Л. С., 1958.

[33] Дар бораи нашри ин ҳуҷҷатҳо, ки бо номи «Мактубҳои rадимии суuдӣ» маълуманд, ниг.: Rӯichӯlt H., 1931. Инчунин ниг.: Розенберг Ф.А., 1932; беҳтарин тадrиrоти ин масъала: Hӯnning W.В., 1948.

[34] Uафуров Б. U., 1968.

[35] Hӯnning W.Ӣ., 1958. s. 52–56; Лившиц В.А., 1962, с. 135–136.

[36] Тарҷума дар китоби зерин чоп шудааст: Массон В. М., Ромодин В. А., 1964, I, с.192-193.

[37] Hӯnning W.Ӣ., 1960, р. 47–48.

[38] Лившиц В.А., 1962 а, с. 142–143.

[39] Лившиц В.А., 1967, с. 162–163; 1969.

[40] Матнашро ниг.: Kӯnt K.C., 1953, р. 142–144; тарҷумааш: Абаев В.А., 1945.

[41] Лившиц В.А., 1976 (дар худи ҳамон ҷо очерки мухтасари тадrиrи навиштаҷоти бохтарӣ).

[42] Hӯnning W.Ӣ. 1948, р. 602–603; Hӯnning W. В. рt. 2, 1965 а. р. 250–252.

[43] Ingholt Н., 1954, р. 12–13; Дьяконова Н. Я., Смирнова О. И. 1967 (асари Инголт ба муаллифон маълум нашудааст).

[44] Дар бораи истилоҳоти роҷеъ ба маъбадҳо ниг.: Widӯngrӯn G. 1965, s. 326.

[45] Stӯin A., 1887., р. 155–166; Widӯngrӯn G., 1965, s. 33–338.

[46] Ӣailӯy H.W. 1931 а, р. 281. Ба аrидаи баъзе забоншиносон, ин калима аз калимаи «шустан» бармеояд, дигар гурӯҳи олимони забондон исбот мекунанд, ки маънои он «рахшон» аст (Harmatta J., 1960, с. 198).

[47] Marguart J., 1938.

[48] Лившиц В. А., 1969, с. 65.

[49] Берунӣ, 1957, с. 258.

[50] Schlumӣӯrgӯr D., 1961, р. 77-88.

[51] Hӯnning W.В. 1956, р.366-367.

[52] Литвинский Б. А.. 1967 в; Litvinsky В. А.. 1968.

[53] К. Маркс и Ф. Энгельс. Соч., т. 20, с. 537–538.

[54] Вязьмитина М. И., 1945.

[55] Грек Т. Е. ва диг., 1967; Ставиский Б. Я., 1967 а, 1969.

[56] Альбаум Л. И., 1974, с. 53–58.

[57] Литвинский Б.А., 1976; Пидаев Ш.Р., с.192–193.

[58] Дар масъалаи эътиrоди динӣ муросокор будани мардуми он давраро мо дар мисоли мардуми димнаи на он rадар калони Теппаи Шоҳ мебинем. Аз худи шаҳр дар хонае ҷои ибодат ёфт шуд, ки пораҳои ҳайкалчаҳои динии гилӣ ва гаҷӣ дорад ва он ба дини буддоия марбут мебошад (Литвинский Б.Н. 1976, с.75–76). Дар айни ҳол, тадrиrи rабристони он манзилгоҳ аниr муrаррар кард, ки мурдагон бо маросими дини зардуштӣ гӯронда мешуданд (Литвинский Б.А., 1976, с.83).

[59] Берунӣ, 1957, с.330.

[60] Дар бораи монавияи Осиёи Миёна ниг.: Беленицкий А.М., 1954; Assmussӯn J., 1965; Litvinsky Ӣ.A., 1968, р. 14–17, 38–41. Дар бораи тавсифи умумии монавия ниг.: Луконин В.Г., 1969, с. 74–81.

[61] Дьяконов М.М., 1950.

[62] Рапопорт Ю.А., 1967.

[63] Литвинский Б.А., 1976, с. 76-84.

[64] Кияткина Т.П., 1976, с. 85-86.

[65] Иrтибос аз китоби: Ingholt H., 1957, р. 22.

[66] Хусусан ниг.: Uouchӯr А., 1905; 1918; 1922; 1951.

[67] Schlumӣӯrgӯr D., 1960.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …