МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Равгани Зард

Равғани зард

Инро аз шири ҳайвонот ва ҷурғот ба амал меоваранд. Беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он азони гӯсфанд, ки ин ғализтар мебошад назар ба равғани зарди говӣ. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Ҳарчанд ин кӯҳнатар гардад, рутубаташ мекоҳад ва хушкӣ пайдо мекунад. Ва агар дусола шавад, мизоҷаш дар дараҷаи якум хушк мегардад.

Хислатҳои шифобахши он: равғани зард дар хислатҳои давоӣ қавитар аз маска мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бар зидди заҳрҳо хусусияти тарёқӣ дорад ва намегузорад, ки таъсири заҳри мори афъӣ ба дил расад. Дар ин хусус табиб Бағдодӣ навиштааст: «Шахсеро афъии қотил газида буд, ба ғайр аз равғани кӯҳнаи гов дигар чиз ҳозир набуд ва ҳамонро ошомид, офате ба ӯ нарасид».

25 грамм равғани зардро бо 210 грамм оби анор биёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равғанро бихӯранд, пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад; узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбеҳ месозад, хушкии ҳалқ ва даруни биниро дафъ мекунад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ин равған дар баъзеҳо дарунро шах ва дар баъзеҳо мулоим мекунад.

Агар инро бо шакар ва бодоми талх даромехта, ба дили наҳор лесида бихӯранд, сурфаи хушки кӯҳнаро ба ибро меоварад, узвҳои даруни синаро мулоим мекунад. 25 грамми инро бо 125 грамм шакар бихӯранд, душвории шошиданро дарҳол дафъ месозад. Агар ин миқдорро бо оби гарм хӯрда, баъд қай кунанд, заҳр ва афюни хӯрдашударо дафъ мекунад.

Ин равғанро бо оби сагангур ба чашм кашанд, луққос зада дард кардани онро дафъ менамояд ва варамашро ҳам таҳлил медиҳад. Худашро танҳо бимоланд, шахшӯлии чашмро мулоим мекунад ва агар бо равғани зайтун даромехта бимоланд, қӯтури пилкҳои чашмро шифо мебахшад; агар дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад ва дар бинӣ бирезанд, дарди гулӯро шифо мебахшад.

Равғани зардро бо оби хокистар якҷо карда, бо он таркиб ҳукна (клизма) кунанд, рафтани дарунро манъ ва захми сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар ин равғанро бо равғани мурғи хонагӣ даромехта, латта ё пахтаи покизаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад ва онро аз моддаҳои нодаркор пок мекунад, вале агар дар мақъад бардоранд, кафидани онро сиҳат месозад, бавосирро қать мекунад ва рафтани хунро аз он манъ менамояд.

Ин равғанро гарм карда, ба ҷойи газидаи ҳазорпо, каждуми қаттолтарин ва аксари ҷонварони заҳрнок, ки газида бошанд, бимоланд ё бирезанд ва ё бичаконанд, шифо мебахшад, Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, ҳамаи он ҷонваронро, ки дар гӯш рафта бошанд, мекушад ва берун меоварад. Равғани кӯҳнаи гов ё равғани кӯҳнаи гӯсфандро бо савринчон даромехта бимоланд, бавосирро дафъ мекунад; агар онро ба танҳоӣ бимоланд, барои махав фоида дорад. Ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.

Ин равғанро ба такрор бимоланд, варамҳоро, хусусан варами узвҳои занон ва кӯдаконро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мепазонад ё мегардонад ва карахши онҳоро низ дафъ мекунад. Латта ё пахтаро ба ин равған олонда, ба даруни решҳои чуқур бигузоранд, даҳани онҳоро васеъ ва худи онҳоро аз рим пок месозад. Чун барги ҳинои хушкро маҳин кӯфта, бехта, бо равғани зарди кӯҳна хамир сохта, ба қӯтури кӯҳна ва махав бимоланд, сиҳат мебахшад.

Чун ин равғанро бо оби хунук саду як мартаба бишӯянд ва ба қӯтури кӯҳна, бавосир ва аксари ҷароҳатҳо ва захмҳо бимоланд, онҳоро нест мекунад. Равғани зардро бишӯянд, талх мегардад ва холӣ аз заҳрнокӣ намебошад, хӯрдани он ҷоиз нест. Равғани зард барои иллатҳои ботинӣ ва рутубӣ (тар) зарар дорад, дар одамони гарммизоҷ ва касони иллатҳои сипурздошта моддаи сафро пайдо мекунад, зеро ки зуд ба моддаи (хилти) ғолиби мавҷуда табдил меёбад; меъдаи заифро суст мегардонад ва дар одамони балғамимизоҷ узвҳои ҳозима, яъне меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро заиф месозад. Барои ислоҳи зарари мазкураш одамони гарммизоҷ бояд туршиҳо истеъмол намоянд ва сардмизоҷон гуворишот, яъне чизҳои ширинтаъми хушҳазм бихӯранд, хуб аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як руз то 50 грамм аст. Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандаги дар равғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави ин зиёдтар аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол зиёдтар назар ба баданҳои қавӣ мебошад. Ин барои варамҳои баногӯш фоида дорад.

Агар равғани зард вайроншуда бошад, онро ба ислоҳ оварданӣ шаванд, бо дӯғи ҷурғот биҷӯшонанд, то ки дӯғ бухор шуда равад, вале эҳтиёт намоянд, ки равған доғ нагардад, ё он ки онро дар оташ гузоранд, чун ба ҷӯш ояд, андак-андак орди гандум бар он бипошанд, то ки орд бисӯзад, вале равған доғ нашавад. Баъд онро соф намуда, ба истеъмол диҳанд. Агар дар равған ва маска намак андозанд, ба зудӣ вайрон намешавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин …