МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗӢ-ДЕМОКРАТИИ

РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗӢ-ДЕМОКРАТИИ

Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки оқибат ва ифодаи бӯҳрони умумии капитализм ба шумор мерафт, ин бӯҳронро тезутунд гардонда империализми ҷаҳониро суст намуд. Коргарон ва солдатҳо 27 феврали (12 марти) соли 1917 дар Петроград шӯриш бардошта, подшоҳро аз тахт сарнагун карда, Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳоро ташкил доданд. «Ба коргарони рус,– навишта буд В.И. Ленин,– чунин шараф ва иқболе насиб шуд, ки якумин шуда револютсияро, яъне ҷанги бузург, ягона ҷанги қонунӣ ва ҳаққонии мазлумонро бар зидди золимон сар кунанд».[1]

Ба шарофати роҳбарии партияи болшевикӣ, ба шарофати гегемонияи пролетариат револютсияи буржуазӣ-демократии феврал дар тамоми сарзамини васеи Россия ғалаба кард.

Дар натиҷаи хоинии эсерҳо ва меншевиконе, ки ба роҳбарияти Советҳо даромада гирифта буданд, ба сабаби зудбоварии аз ҳад зиёди оммаҳои васеи коргарон ва солдатҳо, ки аз аввалин комёбиҳои револютсия сармаст шуда буданд, ҳокимияти давлатиро буржуазия ба дасти худ мегирад. ҳокимияти нави давлатӣ дар шахси ҳукумати Муваққатӣ аз намояндагони буржуазия ва помешикони буржуазияшуда иборат буд.

Ба як тарзи махсус ба ҳам пайвастани ду диктатура: диктатураи буржуазия дар шахси ҳукумати Муваққатӣ ва диктатураи пролетариат ва деҳқонон дар шахси Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳо вазъияти ба вуҷудомада, рафти вусъати воқеаҳои револютсиониро чи дар тамоми мамлакат ва чи дар Осиёи Миёна ҳам муайян кард. [2]

Револютсияи феврал оммаи васеи халқи Осиёи Миёнаро сахт ба ҷунбиш овард. Дар рӯзҳои аввалини револютсия аввал дар Тошканд, баъд дар дигар шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои аксарияти аҳолиаш тоҷик дар Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Бухорои Нав (Когон) Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ба вуҷуд омаданд. Дар баробари Советҳо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи коргарон, косибон, ҳунармандон ва дигар табақаҳои аҳли меҳнат таъсис меёфтанд. Дар Самарқанд Иттифоқи мусулмонони меҳнаткаш («Иттифоқ») роли калон мебозид, ки бисёр фаъолони он сиёсати болшевиконро суботкорона ва бо ҷиддият дастгирӣ мекарданд. Дар Хуҷанд, ки дар байни аҳолии он роҳи оҳанчиён хеле зиёд буданд, «Комитети роҳи оҳании коргарон ва деҳқонони стансияи Хуҷанд» таъсис карда шуд.[3]

31 март дар маҷлиси муттаҳидаи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Тошканд, Комитети иҷроия, инчунин намояндагони Совети депутатҳои мусулмонон ва Совети деҳқонон дар бораи барҳам додани генерал-губернаторӣ якдилона қарор қабул карда шуд. Ин ғалабаи калони револютсия ба ҳисоб мерафт.

Як қисми халқи тоҷик, ки дар кишвари Туркистон зиндагонӣ мекард, ба муборизаи револютсионии халқҳои Россия ҳамроҳ шуд. Дар зери таъсири пролетариати Россия ва бо ёрии вай дар як қатор шаҳрҳо иттифоқҳои мусулмонони меҳнаткаш ва Советҳои депутатҳои коргарони мусулмон ташкил меёбанд, ки дар онҳо меҳнаткашони миллати маҳаллӣ бо қисми болшевикии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ҳамкорӣ карда, таълими муборизаи револютсионӣ мегиранд.

Дуҳокимиятӣ дар Туркистон дар ҳамин зоҳир мешуд, ки дар баробари Советҳо комитети туркистонии ҳукумати Муваққатӣ ҳамчун органи олии ҳокимият дар кишвар ташкил дода шуда буд, дар маҳалҳо (вилоят ва уездҳо) комиссарони ҳукумати Муваққатӣ гузошта шуда буданд, инҳо органҳои ҳокимияти буржуазӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки сиёсати ҳукумати Муваққатиро ҷорӣ мекарданд, сиёсатеро, ки аз ҷумла, барои дар Туркистон нигоҳ дошта шудани машинаи кӯҳнаи давлатӣ равона карда шуда буд.

ҳукумати Муваққатии буржуазӣ тамоми чораҳоро медид, ки режими мустамликавиро дар Осиёи Миёна нигоҳ дорад. Ҷаллоди халқҳои Осиёи Миёна -генерал Куропаткинро ҳукумати Муваққатӣ дар вазифаи пештарааш мононд. Вазири ҳарбии ҳукумати Муваққатӣ капиталист Тучков дар телеграммаи худ изҳори боварӣ мекард, ки генерал Куропаткин барои нигоҳ доштани тартибот дар Туркистон «таҷрибаи худро истифода хоҳад бурд». Бо мақсади нигоҳ доштани ин «тартибот» губернаторони вилоятӣ, сардорони уезд ва тамоми дастгоҳи политсия дар ҷойҳои худ мононда шуданд.

ҳамаи маҳдудиятҳои миллие, ки дар замони подшоҳӣ вуҷуд доштанд, бекор карда нашуданд, меҳнаткашон мисли пештара аз ҳуқуқ маҳрум буданд. Сардори комитети кадетҳои Туркистон Шепкин ба деҳқонони меҳнаткаш таҳдид мекард, ки барои заминҳои мулкдорони калон ва бойҳоро худсарона зер карда гирифтанашон ҷазои сахт хоҳад дод. Коргароне, ки рӯзи кори 8-соата талаб мекарданд, дучори таъқибот мешуданд. Ба таври дигар гӯем, буржуазияи ба сари ҳокимият омада барои аз миён бурдани на зулми иҷтимоӣ ва на миллӣ ҳатто кӯшиш ҳам накард. Вай баъзе зуҳуроти дурушти сиёсати миллӣ-мустамликавии ҳукумати подшоҳиро (фақат зоҳиран) аз байн бурда, онҳоро бо сиёсати нозуктар ва аз ин рӯ боз ҳам хавфноктар иваз намуд.

Буржуазияи миллӣ, унсурҳои феодалӣ-боӣ кӯшиш мекарданд, ки болоравии кайфияти миллии озодихоҳии оммаи халқро зери роҳбарии худ гирифта ва онро ба манфиати маҳдуди синфиашон нстифода баранд.

Ба андозаи дар Россия ривоҷ ёфтани ҳодисаҳои револютсионӣ моҳияти зиддихалқии ҷадидизм торафт ошкортар мешуд. Табаддулоти моҳи феврали соли 1917-ро ҷадидҳо бо ваҷду шодии тамом истиқбол гирифтанд. Хабари револютсия расидан замоно моҳи марти соли 1917 дар Тошканд «Шӯрои исломия» ном ташкилоти буржуазии миллатчигӣ таъсис ёфт, ки ба он собиқ депутати Думаи II давлатӣ Муллоабдувоҳид Қориев ва ҳамон Мунавварқорӣ Абдурашидов сарварӣ мекарданд. Онҳо бо М. Чукаев ва И. Сайфулмулуков барин пешвоёни пантуркия ба Шӯрои муттаҳидаи кишварии исломии Туркис-тон роҳбарӣ мекарданд ва «Турк эли» («Халқи турк») ном як газетача ҳам мебароварданд.

Моҳи апрели соли 1917 миллатчиёни буржуазии Осиёи Миёна дар Тошканд съезди мусулмонони Туркистонро даъват карданд. Иштирокчиёни съезд эълон карданд, ки барои интишори нуфузи буржуазияи миллӣ дар байни аҳолии Осиёи Миёна ғояҳои панисломия ва пантуркизмро ҳатталимкон васеъ истифода бурдан даркор. Дар съезд ягон масъалае муҳокима нашуд, ки барои беҳтар шудани аҳволи деҳқонон ё косибон лозим бошад. Ҷадидон ва пайравони онҳо «соҳибихтиёрӣ ва худидоракунӣ»-и Туркистонро талаб карданд, то ки фақат худашон меҳнаткашонро толону тороҷ кунанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки сохти кӯҳнаи нимфеодалиро барқарор нигоҳ доранд, таъсири дини ислому ходимони он, таъсири буржуазияи миллиро ба халқҳои Осиёи Миёна мустаҳкамтар кунанд.

Пешвоёни ҷадидҳо – М. Беҳбудӣ, Мунавварқорӣ Абдурашидов, Абдурауф Фитрат ба тарғибу ташвиқи ғояҳои пантуркизм аҳамияти махсус дода, «бою камбағал»-ро даъват мекарданд, ки «дар роҳи як мақсад» хизмат кунанд ва бо ҳамин байни меҳнаткашони маҳаллӣ ва камбағалони рус низоъ меандохтанд. Дар ин кор «Тӯрон» ном гурӯҳи буржуазии миллӣ, ки сонитар ба «Ташкилоти федералистони турк» («Турк адам марказият») табдил ёфт, мақоми намоён дошт.

Ташкилоти маҳаллии буржуазии «Шӯрои исломия» ва ташкилоти феодалии динии «Уламо» таъсис ёфтанд, ки майдони амалиёташон хеле васеъ буд. Онҳо шиорҳои контрреволютсионӣ, шиорҳои панисломия ва пантуркизмро пешбарӣ карда, мехостанд, ки оммаи маҳаллии меҳнаткашро аз қафои худ гирифта баранд, оммаеро, ки бедор шуда буду аммо аз қайди ҷаҳолат ва азияти асрина раҳо наёфта буд.

Роҳбарони ин ташкилотҳо худро ҳомиёни дини ислом ва манфиатҳои умумимиллӣ ба қалам дода, табақаҳои боқимондаи ноогоҳи аҳолии маҳаллиро ба муқобили болшевикон иғво медоданд. Масалан, дар Хуҷанд ташкилоти «Шӯрои исломия» чунин овоза паҳн карда буд, ки гӯё болшевикон молу мулки мардумро кашида гирифта, ҷамъиятӣ кардан мехостаанд, гӯё болшевикон расму оини диниро манъ карда, дини мусулмониро нест карданӣ будаанд. «Шӯрои исломия» ва махсусан «Уламо» аҳолии маҳаллиро на ин ки фақат барои ба болшевикон пайравӣ кардан, балки барои иштирок кардан ба ҳар як ташкилоти меҳнаткашон таъқиб менамуданд.

Органи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Тошканд «Наша газета» моҳияти зиддихалқии амалиёти «мустамликадорони навбаромад»-и ҳайъати ҳукумати Муваққатӣ ва хиёнаткориҳои миллатчиёни буржуазиро бо далелу исботҳо фош карда ба меҳнаткашон (алалхусус, ба меҳнаткашони маҳаллӣ) моҳияти ҳақиқии мутаассибонро нишон медод. «Инак боз як касофати дигар шуд –балои севум омад, ки номаш «Уламо» будааст –- навишта буд «Наша газета» – Ин бало аз қаҳтию вабо ҳам бадтар. Ин як селаи бадаъмолони шаҳри кӯҳна аст, ки аз офати ҷанг миллионҳо сӯм дуздидаанд, аз ҳисоби кулфати мардум давлатманд шудаанд».[4]

Дар моҳҳои аввали Револютсияи феврал ба миллатчиёни буржуазӣ муяссар шуд, ки қисме аз аҳолиро гаранг карда аз паси худ баранд. Онҳо мекӯшиданд, ки дар Осиёи Миёна зидди болшевикҳо фронти ягона ташкил диҳанд, зеро таъсири болшевикон ба халқҳои Осиёи Миёна рӯз ба рӯз меафзуд. Ҷадидон, панисломчиҳо, пантуркчиҳо ба тарғиботу ташвиқоти болшевикон шиори худ «миллати ягонаи мусулмон»[5]-ро муқобил гузоштанӣ мешуданд, синфҳои гуногунро ба иттиҳод даъват мекарданд. Дар ин бобат як хитобаи Фитрат хеле ҷолиби диққат аст:

«Мусулмонони Туркистон!– навишта буд вай дар хитобааш,– биёед, аз барои пайғамбар, аз барои дин, аз барои илм муттаҳид шавем; ба низои байнихудӣ ва тафриқаи синфӣ чашм пӯшем, худро бо риштаҳои дӯстию иттиҳод барбандем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба ҳамдигар диҳем»[6].

Вале вазифае, ки онҳо назди худ гузошта буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷро намешуд. Программаи ленинии партияи болшевикӣ дар масъалаи миллӣ ҳалли ҳамон масъалаҳои умдаеро дар назар дошт, ки миллионҳо меҳнаткашони тамоми миллатҳо ба умеди ҳалли он масъалаҳо буданд ва ҳамин нияти партияи болшевикон ба дили ҳамаи меҳнаткашон роҳ меёфт ва ба туфайли ҳамин мардуми гӯшаву канорҳои Россия ҳам, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёна фаъолона болшевиконро дастгирӣ мекарданд.

Худи ҳаёт ба ҷараёни аз ҳам ҷудошавии синфии аҳолии маҳаллӣ ёрӣ расонд. Меҳнаткашони тоҷику ӯзбек ва туркману қирғиз торафт бештар боварӣ ҳосил мекарданд, ки бойҳои маҳаллӣ мардумро ба ягонагии миллӣ даъват карда, дар амал аз ҳисоби бародарони «ҳамхун»-и худ – деҳқонон ва камбағалони қашшоқу гуруснаи шаҳр, давлатманд мешаванд. Чунин воқеаи ҷолиби диққатро мисол меоварем, ки онро матбуоти болшевикӣ хабар дода буд: «Масъалаи озуқаворӣ дар Ӯротеппа бисёр мушкил аст. Мардум аз гуруснагӣ аз вулусҳои дар гирду атроф будаи Басманда, Шаҳристон ва дигар маҳалҳо, ба сӯи Дарё мегурезанд. Чунки дар Дарё ба ҳар ҳол арзан ҳаст. Воқеан, бо ин арзан корҳои беҳаёна мекунанд, бойҳои Ӯротеппа дар стансияи Кривошенно ҳар пуд арзанро 28 сӯмӣ харида, онро рустӣ бо поезди пассажирӣ ва молкашон ё бо ароба ба Ӯротеппа мекашонанду дар ҳавлиҳошон орд карда, ба мардуми гурусна ҳар пудашро 50 сумӣ мефурӯшанд»[7].

Оммаи меҳнаткаш торафт бештар ба ҳамин маънӣ сарфаҳм мерафтагӣ мешавад, ки байни камбағалони аз гуруснагӣ мурдаистода ва сабабгорони ин гуруснагӣ– бойҳои савдогар, ки ба ташкилоти «Шӯрои исломия» сардорӣ мекунанд, ҳеҷ гуна манфиатҳои «умумимиллӣ» шуда наметавонад.

Фаъолияти собиқ мардикорон, яъне ононе, ки барои кори ақибгоҳ ба Россия сафарбар шуда буданд, ба инкишофи шуури синфии пролетарҳову косибону деҳқонони маҳаллӣ хеле мусоидат кард. Онҳо ба Россия рафта, зуд ба майдони муборизаи шадиди сиёсӣ медаромаданд, дар роҳи муборизаи фаъолонаи зидди золимон дарси муҳим мегирифтанд ва бисёр вақт дар ҳамон ҷойҳо ба партияи болшевикон аъзо мешуданд. Албатта, ҳамаи коркунони ақибгоҳро якхела гуфта ҳисоб кардан нодуруст мебуд. Қисми болонишини онҳо, ки аз амалдорони хурди подшоҳӣ ва намояндагони рӯҳониён иборат буданд, ҳамаи чораҳоро медиданд, ки коркунони ақибгоҳ бо коргарони рус ва украин алоқадор нашаванд. Аксар вақт аз рӯи маълумоти онҳо коркунони ақибгоҳро ҳабс ва маҳкум мекарданд.

Аммо ҳамаи чораҳое, ки ҳукумати подшоҳӣ ва дертар ҳукумати Муваққатӣ, буржуазияи миллӣ ва рӯҳониёни мусулмон барои мардикорони ақибгоҳро, инчунин меҳнаткашони миллатҳои маҳаллиро, аз таъсири идеяҳои болшевикӣ нигоҳ доштан медиданд, натиҷаи дуруст набахшид.

Мана, як мисоли ҷолиби диққат. Дар солҳои мардикоргирӣ дар қатори дигарон ҳукуматдорони подшоҳӣ Ҷӯра Зокиров ва Абдуқодир Раҳимбоевро ҳам ба кори ақибгоҳ ба Россия гирифта рафтанд. Ҷӯра Зокиров ба заводи шаҳри Бердянск (ҳозир шаҳри Осипенко) афтод. Дар ин ҷо на фақат бо ғояҳои ленинии сотсиал-демократӣ шинос шуд, балки ба дурустии онҳо имони комил пайдо кард. Пас дар байни дигар мардикорони осиёимиёнагӣ фаъолона ташвиқоту тарғибот бурд. Ӯро ҳатто ба депутатии совети шаҳри Бердянск номзад ҳам карданд.

Фаъолияти Абдуқодир Раҳимбоев ҳам чунин буд. Вай ба шаҳри Харков ба заводи «Ширкати умумии электрикӣ» афтод. Баъдҳо Абдуқодир Раҳимбоев ба ёд меовард, ки чӣ гуна ба маҷлисҳои коргарони русу украин мерафт, чӣ гуна онҳоро бо ҳаёти халқҳои Осиёи Миёна шинос мекард ва худаш ҳам чӣ гуна аз воқеияти Россия ва Украина воқиф мегардид: «Ман ҳамон вақтҳо саводи дуруст надоштам, хусусан саводи аврупоӣ надоштам; аммо забони аврупоиро надонам ҳам ҳаракат мекардам, ки ҳамаи гапҳои дар маҷлисҳо мешудагиро фаҳмида гирам ва худам барои дигар дӯстони туркис-тониам тарҷумонӣ ҳам мекардам». Коргарони русу украин ба вай газета хонда воқеаву ҳодисаҳои замонаро фаҳмонда медоданд, худи Раҳимбоев бо ташкилоти болшевикон алоқаи мустаҳкам дошт ва бо ҳидояти ячейкаи партиявии завод дар намоишу митингҳо иштирок мекард.[8]

Маълум ки вақте Зокиров, Раҳимбоев ва дӯстони онҳо, ки дар кӯраи ҳодисаҳои револютсионии қисми европоии Россия обутоб ёфта буданд, ба шаҳру деҳоту авулҳои худ баргаштанд, дарсҳои оид ба ҳамкорию ҳамфикрии синфии дар он ҷойҳо гирифтаи худро зуд ба кор бурданд. 25 майи соли 1917 дар Хуҷанд ба муносибати бозгашти мардикорон митинг шуд ва иштирокчиёни он Совети депутатҳои мардикорони коргарро интихоб карданд. Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, ки дар фаъолияти ташкилотҳои револютсионӣ мақоми намоён доштанд, аъзои Президиуми ин Совет шуданд.

Асосан ба шарофати ғайрату хизмати мардикорони ба Россия рафта омадагӣ моҳи июни соли 1917 дар Хуҷанд Совети интернатсионалии меҳнаткашон таъсис ёфт ва чор депутати он ба ҳайъати Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои шаҳр ҳамчун вакил фиристода шуданд.[9] Ин гуна ҳодисаҳо ба бисёр дигар маҳалҳои Туркистон ҳам хос буданд.

Ташкилотҳои болшевикӣ, ки дар шаҳрҳои Осиёи Миёна пайдо шуда буданд, ба иттифоқҳои меҳнаткашони маҳаллӣ, «Иттифоқ» ва Совети депутатҳои мусулмонон бештар таъсир мегузаронданд. Пролетарҳо, деҳқонон ва ҳунармандони меҳнаткаш аз миллатҳои маҳаллӣ торафт бисёртар ба сафи партияи болшевикӣ медаромаданд. Дар ин бобат баҳои комитетҳои партиявӣ ба аввалин болшевикони миллатҳои маҳаллӣ басе ҷолиби диққат аст: «Пролетарҳои асил, ки фақат бо меҳнати худ зиндагӣ мекунанд, онҳо бо шавқу рағбати бағоят калон, бо ёрии тарҷимонҳо, идеяҳои сотсиал-демократияро гӯш карда, фаҳмида мегиранд; бо қувваи фаросати пролетарӣ… нуктаҳои асосии ҳаракати коргариро аз худ мекунанд. Онҳо ба сафи партия дохил шуда, аъзоёни боғайрат мешаванд, вазифаҳои худро бо майли тамом иҷро мекунанд»[10].

Съезди II кишварии ташкилотҳои РСДРП-и Туркистон, ки моҳи июли соли 1917 дар Тошканд кушода шуду ба кори байни мусулмонон махсус диққат дод, дар ин бобат аҳамияти калон дошт. Дар резолютсияҳои съезд зарурати «аз банди ғояҳои клерикалию буржуазӣ раҳо додани мусулмонон, ҳамчунин равшан кардани худшиносии пролетариати мусулмон» қайд шуда буд.

На фақат дар шаҳрҳо, балки дар деҳоти Осиёи Миёна ҳам авҷ гирифтани муборизаи шадиди синфӣ, дар маҳалҳои гуногун таъсис ёфтани Советҳои револютсионию демократии мусулмонони меҳнаткаш, ки бо Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо муттаҳид мешуданд ё амалиёти худро бо он мутобиқ менамуданд, шиору программаи РСДРП-ро комилан тарафдорӣ мекарданд – ҳамаи ин падидаҳо гарави муҳим ва бурҳони қотеъи ҳамин буданд, ки табақаҳои васеи аҳолии Туркистон бо миллатчиёни буржуазӣ, ҷадидҳо, пантуркчиҳо не, балки ба ҳимоятгарони содиқи кори халқ – болшевикон пайравӣ мекунанд. Агар дар давраи револютсияи соли 1905 дар байни миллатҳои маҳаллӣ танҳо ягон-ягон кас бевосита кори револютсионӣ мебурда бошад, ҳоло садҳо тоҷикон, ӯзбекон, қазоқон, туркманҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар халқҳои Осиёи Миёна ба сафи партияи болшевикӣ дохил мешуданд. Дар зери роҳбарии партияи болшевикӣ иттифоқи пролетариати рус бо меҳнаткашони миллатҳои мазлум ташкил меёфт.

Дар арафаи револютсияи февралии буржуазӣ-демократӣ партияи мо доир ба масъалаи миллӣ назарияи аз тарафи В.И.Ленин чуқур асоснок кардашудае дошт, ки ин дар кори бомуваффақият ташкил ёфтани иттифоқи пролетариати рус бо меҳнаткашони миллатҳои мазлум бисёр кӯмак расонд. Ташкилотҳои партиявӣ дар кори худ, ки байни меҳнаткашони миллатҳои маҳаллии гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла, байни меҳнаткашони Осиёи Миёна мебурданд, чунин асарҳои В.И.Ленинро, монанди «Мулоҳизаҳои танқидӣ оид ба масъалаи миллӣ», «Дар бораи ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо», «Револютсияи сотсиалистӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо», «Ҷамъбасти мубоҳиса дар бораи худмуайянкунӣ», ки дар солҳои 1913–1916 навишта шуда буданд, ба роҳбарӣ мегирифтанд.

Қисми зиёди халқи тоҷик, ки дар аморати Бухоро сукунат дошт, аз нуқтаи назари ба револютсия ҳамроҳшавӣ дар шароити на чандон мусоид буд. Агарчанде ки амир Олимхон дар телеграммаи худ ба номи генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ба муносибати хушӣ ба хушӣ ва ба тариқи тамоман осоишта ба сохти нав гузаштани тамоми Туркистон мамнунияти самимона изҳор карда буд, ё худ агарчанде ки Агентии сиёсии императорӣ дар Бухоро бо қарори ҳукумати Муваққатӣ Резидентии Россия номида шуда буд, дар аморати Бухоро аслан ягон дигаргуние ба амал наомад. Дар ин мобайн дар аморат дар маҳалҳои руснишин вазъият якбора тезутунд шуд. ҳанӯз 8 марти соли 1917 вақте хабари суқути подшоҳ ба ин ҷойҳо расид, коргарони роҳи оҳани стантсияи Когон митинги калон оростанд, ки дар он шаш ҳазор одам иштирок кард. Дар ин митинг болшевик П.Г.Полторатский нутқи оташин эрод намуд. Пас аз ин дере нагузашта меҳнаткашони маҳаллӣ яроқу аслиҳаи политсайҳоро кашида гирифтанд ва маҳбусони сиёсиро озод карданд. Дар телеграммаи бадвоҳимаи Гумоштаи сиёсии Россия дар Бухоро Миллер, ки ба Тошканд, ба генерал-губернатор Куропаткин фиристода буд, гуфта мешуд: «Коргарони сершумори рус, ки дар заводҳои пахтаву равғани Бухоро кор мекунанд ва коркунони роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Бухоро ба таъсиси муассисоте шурӯъ карданд, ки аз рӯи гуфтаи онҳо бояд ҷои муассисаҳои политсия ва аз афти кор, ҷои дигар муассисаҳои давлатии моро гиранд».[11]

ҳукумати Муваққатӣ мекӯшид инони вазъиятро ба даст гирад. Моҳи майи соли 1917 дар Когон, Чорҷӯй, Тирмиз, Каркӣ комитетҳои иҷроия ташкил шуданд, ки бояд ба маҳалҳои руснишин роҳбарӣ мекарданд. Дар аввалҳои моҳи май дар Бухоро съезди вилоятии ин комитетҳо Комитети вилоятӣ таъсис кард, ки ба Комитети туркистонии ҳукумати Муваққатӣ тобеъ буд.

Дар баробари ин органҳои ҳокимияти халқӣ – Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ташкил мешуданд. Ба қавли прокурори суди округии Самарқанд, советҳо на фақат бо масъалаҳои сиёсати хориҷию дохилӣ, балки бо масъалаҳои ҳаёти рӯзмарра, алалхусус, масъалаи озуқа ҳам «машғул» мебошанд. «Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо дар пеши мардум эътибори баланд доранд, онҳоро муассисаҳои давлатӣ ва ашхоси расмӣ ҳам эътироф мекунанд. Эътибори комитетҳои иҷроия (яъне органҳои ҳукумати Муваққатӣ – Б.Ғ.) камтар аст. Ин комитетҳо дар қатори Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо амал кунанд ҳам, ҳеҷ обрӯ надоранд. Сабаб бояд ҳамин бошад, ки ин комитетҳо мисли Советҳои коргарон ва солдатҳо он қудрати реалие надоранд, ки барои дар ҳаёт ҷорӣ намудани қарорҳои худ истифода баранд»[12]. Чӣ тавре мебинем, прокурори Самарқанд дидаи бино доштааст. Органҳои ҳокимияти халқ бар ташкилотҳои сунъии буржуазию эсеру меншевикӣ афзалияти калон пайдо мекарданд.

Ташкил ёфтани Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳо, болоравии кайфияти револютсионӣ дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба оммаи халқи тоҷик дар аморати Бухоро рӯҳи револютсионӣ мебахшиданд. Аммо ба гӯшаю канори дурдасти давлати хонӣ дар он вақт хабарҳои ҳаққонӣ дар бораи револютсияи феврал ҳанӯз рафта намерасиданд.

Табақаи пролетарии аҳолии маҳаллӣ ҳанӯз камшумор буд. Деҳқонон ба муллоҳо бовар мекарданд, онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ниҳоятдараҷа қафомонда буданд. Унсурҳои иртиҷоӣ қисми зиёди аҳолии маҳаллиро дар таъсири худ нигоҳ медоштанд. Бо вуҷуди ин, дар ҳамон вазъияте ки аморати Бухороро фаро гирифта буд, таъсири зӯри револютсия мушоҳида карда мешуд, дар байни меҳнаткашон хашму ғазаб аз беҳуқуқӣ дар аморат ва бедодгариҳои амиру муқаррабонаш торафт меафзуд.

Ҷадидони Бухоро ҳам ба ҷунбиш даромада буданд, аммо онҳо барои гузаронидани ягон хел ислоҳоти асосӣ, ки ба манфиати халқ равона шуда бошад, ҳаргиз намекӯшиданд. Ҷадидон ба амир талаботи қатъӣ пешниҳод накарданд ва бо як эҳтиёткории калон «азҳадгузариҳоро» дар системаи ҳукуматдории амир маҳкум мекарданду бас. Онҳо ҳаргиз нияти сарнагун кардани амирро надоштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо ёрии ҳукумати Муваққатӣ дар системаи ҳукуматдорӣ баъзе ислоҳоти ночиз дароварда дар корҳои давлатӣ худҳошон ҳам иштирок намоянд.

Амири Бухоро барои ором кардани халқ ва мустаҳкам кардани пояи давлати худ 7 апрели соли 1917 дар бораи «ислоҳот» манифест баровард. Дар ин манифест ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холии умумӣ чизе набошад ҳам, ҷадидони Бухоро ба ваҷд омаданду бо шиори «Зинда бод амири озодидӯст» ба намоиш баромада, изҳори миннатдории тамаллуқкоронаи худро ба амир ифода карданд. Аммо азбаски ҳукуматдорони амир ҳатто ҷадидони хушомадгӯйро ҳам «револютсионерон»-и хатарноктарин ҳисоб мекарданд, баъди намоиш онҳоро ба таъқибкунӣ даромаданд. Махсусан мардуми меҳнаткаш ва ходимони ҳақиқатан тараққипарвари аморати Бухоро ба таъқиботи сахт дучор гардиданд.

Дар ин рӯзҳо ҳамаи зиндонҳо аз бандиён пур буданд. Ҷаллодони амири Бухоро дар кӯчаҳо ҳатто одамонеро ҳам медоштанд, ки сару либосашон назар ба ақидаи онҳо «ба рӯҳи мусулмонӣ» муносиб набудааст. Гурӯҳ-гурӯҳ одамони бегуноҳ ҳар рӯз ба марги пуразоб гирифтор мешуданд. Садҳо одамонро бо андак шубҳа чӯб зада ҷазо медоданд. Бо фармони амир С. Айниро дастгир карда 75 чӯб мезананд ва ба зиндон мепартоянд. Ӯро солдатҳои револютсионии рус, ки аз Бухоро гузашта ба хонаҳошон мерафтанд, аз марг халос мекунанд. ҳукумати Муваққатӣ барои маҳдуд кардани қатлу куштори ваҳшиёнаи амири Бухоро чорае намедид. Резидентии Россия, ҳам, ки намояндагии дип-ломатии ҳукумати Муваққатӣ дар назди амир ҳисоб меёфт, нисбат ба бедодгарии ҷаллоди хунхор — амир Олимхон бепарво буд.

Иртиҷоъ дар Бухоро муваққатан тантана кард. Аммо рӯҳи револютсионии оммаи меҳнаткаш рӯз ба рӯз болотар мешуд.

* * *

В.И.Ленин дар «Тезисҳои апрелии» машҳури худ чунин вазифаи нав мегузорад: «…Аз марҳилаи якуми револютсия, ки дар натиҷаи ба қадри кифоя шуурнок ва муташаккил набудани пролетариат ҳокимиятро ба буржуазия додааст, ба марҳилаи дувуми вай гузаштан аст, ки ин марҳила бояд ҳокимиятро ба дасти пролетариат ва камбағалтарин табақаҳои деҳқонон диҳад».[13]

Россия дар арафаи револютсияи нав, револютсияи сотсиалистӣ меистод. Партияи болшевикон синфи коргар ва деҳқонони камбағалтарини ҳамаи халқҳои Россия, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёнаро барои ба амал баровардани ин револютсия тайёр мекард.

[1] Ленин В.И., Асарҳо, ҷ. 23, с. 385.

[2] Искандаров Б.И., 1970, с. 28–35.

[3] «Очерки истории Коммунистической партии Туркестана», вып II, 1959, с. 32.

[4] Аминов А., Бобохӯҷаев А., 1966, с. 121.

[5] Ҷадидизм умуман манфӣ бошад ҳам, ба он муваrrатан одамони поквиҷдони ҷӯянда ҳам ҳамроҳ мешуданду программаи зиддихалrии миллатчиёни буржуазиро эътироф намекарданд ва ба андозаи фош шудани моҳияти иртиҷоии ҷадидизм аз он дур мешуданд.

[6] Газ. «{уррият», 25 июни с. 1917.

[7] «Наша газета», № 121, Тошканд, с. 1917 (Дарё – маҳаллаи Сир-Дарё ба назар дошта шудааст).

[8] «Очерки истории Коммунистической партии Туркестана», вып. II, 1959 с. 35,

[9] Дар ҳамон ҷо, с. 38–39.

[10] «Победа Великой Октябрьской социалистической революции в Туркестане». Сб. документов. 1947, с. 41.

[11] ЦГА Узб. ССР, И. 3, оп. 2, д. 514, л. 100.

[12] «Подготовка и проведение Великой Октябрьской социалистической революции», Сб. документов, 1947, с. 117.

[13] Ленин В.И., Асарҳо, ҷ. 31, с. 4.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …