АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Саффориён (873–903)

Саффориён (873–903)

Дар асрҳои IХ–Х, ба мисли давраҳои гузашта, яке аз вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар воҳаҳои зироатии Осиёи Миёна ташкил кардани муҳофизати ин воҳаҳо аз ҳуҷуми ғоратгаронаи бодиянишинон буд. Бо ҳамин мақсад дар ин давра дастаҳои махсуси фидоиёни мусаллаҳ ташкил дода шуда буданд, ки онҳоро ғозӣ — муборизони роҳи дин меномиданд. Ба сафи ғозиён аксаран барзгарон ва пешаварони муфлис дохил мегардиданд. Ин одамоне, ки ҷангро касб карда гирифта буданд, ба ҳамон ҷоҳое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухӯрд ба амал меомад.

Ҳокимони маҳаллӣ ин фавҷҳои ғозиёнро барои хизмат ба истеҳкомоте, ки дар ҳудуди байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои бодиянишинон воқеъ гардида буданд, мефиристониданд. Чи навъе олими ҷуғрофидони араб — Мақдисӣ қайд мекунад, ғозиҳо «ҳам такягоҳ ва ҳам як воситаи нооромии» ҳукуматдорони маҳаллӣ буданд, онҳо, аз як тараф, ба тааррузи бодиянишинон зарба дода воҳаҳои зироатиро аз тохтутози душманон муҳофиза намоянд, аз тарафи дигар, дар неҳзати халқии зидди аъёну ашрофи маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд.

Дар охири асри IХ фавҷҳои мусаллаҳи ғозиён асоси он ҷунбиши бузурги халқиро, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрон рӯй дода буд, ташкил намуданд. Ин ҷунбиши халқро бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд[1]. Ин ду бародар дар аввали кор як дастаи роҳзан ташкил доданд, ки дере нагузашта ин даста ба яке аз фавҷҳои ғозиёни тавобеи Систон ҳамроҳ шуд. Истеъдоди ҷанговарӣ ва диловарӣ ба Яъқуб имконият дод, ки дар андак фурсат роҳбарии фавҷро ба дасти худ бигирад. Ин фавҷ ба ҳаёти сиёсии вилоят фаъолона иштирок намуд ва аз шӯриши мардумони воҳаҳои зироатӣ истифода бурда, дар соли 861 ҳокими тоҳириҳоро ронд ва маркази Систон шаҳри Заранҷро забт кард.

Яъқуб ҳукмрони ин вилоят гардида, дар зарфи даҳ соли оянда як қатор вилоятҳои шарқии хилофатро тасарруф кард, ки онҳоро то ин вақт охирин намояндаи силсилаи Тоҳириҳо – Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) идора менамуд.[2] Дар соли 873 Яъқуб ба қувваи ҳарбии Тоҳириҳо шикаст дода, маркази Хуросон шаҳри Нишопурро забт кард. Ба ҳамин тариқ, ҳокимияти Тоҳириҳо дар Осиёи Миёна ва вилоятҳои шарқии Эрони кунунӣ тамоман аз байн рафт.

Агарчанде ҳукумати Бағдод аз ин муваффақиятҳои Яъқуб хеле ба изтироб афтода, барои бештар паҳн нагардидани нуфузи ӯ баъзе чораҳо пешбинӣ карда бошад ҳам, натиҷае набахшид. Аз ин сабаб халифа дар соли 874 ин амри воқеиро эътироф намуда, маҷбур гардид, ки идора кардани тамоми хоки Хуросонро ба Яъқуб супорад.

Яъқуб то охири ҳаёти худ ҳамчун як нафар марди ҷангии содда ва шикас-танафс боқӣ монд, либоси оддии ресмонӣ мепӯшид, ба палос ва қолин аҳамият надода, ба замин менишаст ва дар вақти истироҳат сарашро ба ҷои болишт ба рӯи сипари худ гузошта мехобид. Дар айни ҳол вай бо мароми ҷунбишҳои халқии Осиёи Миёна ягон қадар наздикие надошт.

Дар байни лашкариёни ӯ интизоми сахт ҳукмфармо буд. Худи ӯ намунаи диловарии ҳайратангезеро нишон дода, аз сарбозон ва сардорон низ инро бо қатъият талаб мекард. Дар яке аз ҷангҳо рӯи ӯро бо шамшер зада чунон маъюб карда буданд, ки бист рӯзи тамом ба даҳонаш найча гузошта хӯрок мехӯрд. Пас аз сиҳат шудан боз мисли пештара далерона ба корзор даромад.

saforiyon

Яке аз қисмҳои асосии қӯшуни ӯро сарбозони «фидоӣ» ташкил мекарданд, ки гоҳо онҳоро бо оҳанги кароҳатомез «айёр» ҳам (ба маънии «қаллоб» ва «роҳзан») мегуфтанд. Ин табақаи махсуси «муҷоҳидони роҳи дин» буд, ки сафи худро аз ҳисоби барзгарони безамин ва фирорӣ пурра мекард. Айёрҳо дар ҳаёти сиёсӣ роли муҳим мебозиданд, аз ҷумла, онҳо дар Систон ба муқобили истилогарон бо матонати тамом мубориза бурданд. Зоҳиран ҳамон айёр-ҳоеро, ки дар ҷанг беш аз ҳама диловарӣ нишон медоданд, ба мартабаи баландтар бардошта, ба гурӯҳи сарҳангҳо дохил мекарданд. Дар қатори айёрҳо фарзандони деҳқонон ва заминдорон ҳам буданд, ки онҳоро «озодагон» меномиданд. Ғайр аз ин дар қӯшун дастаҳои махсуси ғуломон ҳам мавҷуд буданд. Аввалҳо дар ихтиёри Саффориён ҳамагӣ 2-3 ҳазор сарбоз буд, аммо дар сол-ҳои 874-75 Яъқуб дар як муҳориба 15 ҳазор аскари савораро ба корзор даро-вард. Қӯшуни саффорӣ мошинҳои ҳарбӣ ва филҳои ҷангӣ дошт. Дар вақти ҳуҷум ба гузоштани дастаи пешоҳанги муҳофиз ва таҷассус аҳамияти калон дода мешуд. Сарбозҳо дар ҳар се моҳ маош мегирифтанд. ҳар вақт дар айёми Наврӯз тафтиши қӯшун ба амал меомад. Аз сарбоз то сардори қӯшун ба амалдори махсус аспу силоҳи худро намоиш медод ва, сипас, пул мегирифт.[3]

Муваффақиятҳои Яъқуб ибни Лайс аҳволи вазнини меҳнаткашонро, ки ӯ бо ёрдами онҳо ба ин дараҷа расида буд, заррае тағйир надод. Яъқуб ғолибан ба заминдорони хурд ва миёнаи феодалӣ такя менамуд. Ӯ дар вилоятҳои забт-кардаи худ тамоми тартиб ва қоидаи мавҷударо бо ҳамон ҳолати пештара боқӣ гузошт, ҳатто миқдори молиётро, ки бар дӯши барзгарон бори гароне буд, кам накард.

Дар соли 876 Яъқуб бо нияти ғасб кардани ҳокимияти хилофат ба Бағдод лашкар кашид, лекин то он ҷо нарасида, 100 км дуртар дар мавзеи Дору-л-Акул аз тарафи қувваи ҳарбии халифа ба шикасти сахт дучор гардида, ақиб нишаст. Чи навъе ки манбаъҳои таърихӣ нишон медиҳанд, яке аз сабабҳои мағлуб шудани Яъқуб ибни Лайс кӯмаки Алӣ ибни Муҳаммади Бурқаиро рад кардани ӯ буд. Алӣ ибни Муҳаммад ба шӯриши зангиёни ғулом дар Ироқ, ки тақрибан 14 сол (869-883) давом намудааст, сардорӣ мекард. Яъқуб ибни Лайс, ки худ тарафдори ғуломдорӣ буд, аз иттиҳод бастан ба ғуломон ор кард ва аз ин сабаб кӯмаки пешниҳодкардаи пешвои шӯришиёнро напазируфт. Пас аз се соли лашкаркашии бемуваффақият ба Бағдод асосгузори сулолаи Саффориён Яъқуб ибни Лайс вафот кард. Лашкариёни ӯ бародараш Амр ибни Лайсро ба тахт нишонданд.

Амр ибни Лайс (879–900) дар баробари ишғол кардани ҷои бародари худ фавран ба халифа муроҷиат намуда, итоати худро бо маркази хилофат изҳор кард. Ин буд, ки аз тарафи халифа мансаби қоиммақоми Хуросон ва идора кардани як миқдор вилоятҳои шарқии Эрон ба ӯ супорида шуд. Лекин дар амал Амр ҳам мисли Тоҳириён истиқлолияти худро аз хилофат нигоҳ медошт. Бар тибқи маълумоти сарчашмаҳо, вай як шахси дар идора кардан соҳибтадбиру доно ва лашкаркаши тавоно буд.

Дар асоси баъзе мадракҳо чунин тахмин кардан мумкин аст, ки Саффориҳо неҳзати мазҳабии шиаҳоро, ки дар байни барзгарон ва пешаварон муваффақият пайдо карда буд, ба дараҷаи хеле зиёд истифода бурдаанд (ҳатто ривояте ҳаст, ки гӯё Яъқуб «Мо ба ҷои Каъба парастиши офтобро ҷорӣ мекунем», гуфта бошад).

[1] Аз рӯи баъзе маълумот Яъқуб мисгар буд. Дар забони араб мисгарро саффор мегӯ-янд. Номи силсилаи Саффориён низ аз ҳамин бармеояд. Амр наҷҷориро касб карда буд.

[2] Муҳаммади Тоҳирӣ яке аз калонтарин феодалони он замон буд. Мадракҳое боrӣ мондаанд, ки мувофиrи шаҳодати онҳо вай аз заминҳои дар Мозандарон доштааш rариб як миллион дирам фоида ба даст меовардааст (дар сурате, ки даромади умумии Мозандарон 13 миллиону 630 ҳазор дирамро ташкил мекард). Ниг.: Ибни Исфандиёр, 1320/1941, ҷилди I, с. 74.

[3] Бартольд В.В., 1963 б, с. 272–280; Eosworth С.Е., 1968.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …