МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Сагангур
Сагакангур

Сагангур

Сагангур — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ангури сагак низ меноманд. Дар сарзамини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сагангури табиӣ ду навъ аст: самараш сиёҳ ҳангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун истеъмол кардан ва давогӣ сагангури самараш рангин, яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале навъи самараш сиёҳи он нисбатан камтар истеъмол мегардад.

Мизоҷи сагангури бӯстонӣ, яъне мевааш рангини он дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Мизоҷи меваи сиёҳи он дар дараҷаи севум сард ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: навъи рангини он. Баргашро хуб кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сарро таскин ва варами пардаҳои майнаро таҳлил медиҳад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом аз сар бирезанд, низ ҳамин гуна таъсир дорад.

Инро сӯхта, дудашро дар бинӣ бигиранд, назлаҳоро дафъ мекунад. 4,5 грамм решаҳои борики онро бо шароб биёшоманд, хоб меоварад. Решаашро кӯфта, бар баногӯш гузошта банданд, варами онро таҳлил медиҳад.

Оби барги онро нимгарм чанд маротиба чаконанд, бемориҳои гӯш ва биниро шифо мебахшад. Усораи барги ҳар ду навъи ин, яъне оби баргҳои сагангури рангин ва сиёҳи онро дар офтоб ғафс гардонида, баъд чаконанд, беист рафтани обро аз чашм дафъ мекунад ва чашмро қавӣ мегардонад. Ва оби растании ҳамаи навъҳои сагангурро бичаконанд, захм ва осеберо, ки ба чашм расида бошад, шифо мебахшад.

Бо оби баргаш ғаргара кунанд, ё он обро дар даҳан гардонанд, варамҳои ҳалқро таҳлил ва дарди дандонро таскин медиҳад. Барги сагангурро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, варами меъдаро таҳлил ва тафси онро таскин медиҳад, инчунин барои варамҳои дигари гарм ва тафсидани узвҳои гуногун дармон мешавад.

100 грамм оби сагангури самараш рангинро бо шакар биёшоманд, варамҳои ботиниро таҳлил медиҳад ва бемориҳои узвҳои даруни шикамро шифо мебахшад; ахлоти сафровиро бо исҳол дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро ба ибро меоварад, рафтани дарунро, ки аз гармӣ бошад, манъ месозад; варами гарми мақъад ва истисқои гарммизоҷро таҳлил медиҳад. 50 грамм оби онро бо оби арпабодиён ва оби коснӣ бардавом бинӯшанд ҳам, чунин таъсирро дорад. Бо оби он ҳуқна (клизма) кунанд, девонагӣ ва шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад, рӯдаҳоро аз модда ва чизҳои бегона пок мегардонад бинобар исҳол овардан.

СагакангурПахтаи покизаро дар оби он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, беҷо равон шудани ҳайз ва рутубатҳои бемавриди бачадонро қатъ мекунад. Агар ҳамин тавр пахта ё латтаи покизаро дар оби он тар карда, дар сӯрохи пушт бардоранд, иҳтилом, яъне дар хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад. Тухми сагангури сиёҳро биёшоманд, пешобро меронад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои бадан салқинӣ мебахшад, инчунин иҳтиломро дафъ мекунад.

Оби самари сагангури рангинро биёшоманд, варамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад. Агар ҳар навъи гиёҳи онро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои гарми берунӣ ва даруниро таҳлил медиҳад; сӯхтагии оташ, захми обила, решҳои даванда, саратони решгаштаро (хусусан бо орди ҷав) сиришта банданд, шифо мебахшад. Агар инро бо равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, сурхбод ва мӯрчагазакро ба ибро меоварад. Ба ҳамаи инҳо илова намоем, ки агар оби гиёҳи ин, яъне сагангури рангинро биёшоманд, низ варамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад.

Ба дарун истеъмол кардани сагангур барои хичак зарар дорад — давои ин зиёнаш қанд ҳӯрдан аст. Микдори як бор ошомидан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 23 грамм ва агар дар об ҷӯшонида, оби онро нӯшиданӣ бошанд, 45 грамми онро андозанд ва аз оби баргаш то 100 грамм нӯшидан раво мебошад. Огоҳ кунем, ки оби ҷӯш надодаи он ҳангоми нӯшидан башиддат қай меоварад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Обшорон Аквапрки Душанбе

Шахри Душанбе дар сурату расм