МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / САМАРҚАНД, ВАРАХША ВА ДИГАР БОШИШГОҲҲОИ ШАҲРӢ

САМАРҚАНД, ВАРАХША ВА ДИГАР БОШИШГОҲҲОИ ШАҲРӢ

Маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд. Шаҳр дар димнаи Афросиёб ҷой дошт.[1] Вусъати димна 219га аст. Дар Афросиёб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, В.Л.Вяткин ҳафриёт гузаронидаанд. ҳафриёте, ки А.И. Тереножкин дар Афросиёб гузаронд, асоси он донишҳои ҳозиразамоне гардидаанд, ки роҷеъ ба Афросиёб вуҷуд доранд. Тадқиқоти муфассали археологҳои ӯзбек, ки бо роҳбарии марҳум В.А.Шишкин ва Я.Г.Ғуломов дар Афросиёб гузаронда шуд, боиси кашфиётҳои калон гардид. Вале бисёр масъалаҳои таърихи асрҳои VI–VIII Самарқанд алҳол равшан нест.

Ба ақидаи А.И.Тереножкин, ин давра давраи тараққиёти Самарқанд буд.[2] Дар қисми шимолии шаҳр арк ва дар қисми ҷанубии он шаҳристон ҷой дошт. Дар ин давра ҷануби шаҳр, ки хеле калон шуда рафта буд, ду қатор девор дошт (тӯли деворҳои атрофи шаҳристон қариб 2км буд), дар шимол шаҳр бо ҷариҳои соҳили дарёи Сиёб маҳдуд мешуд. ҳар ду қатори девори шаҳр дар масофаи 8-10 м дур аз ҳамдигар мутавозӣ тӯл мекашид ва девори дарунӣ нисбат ба девори берунӣ хеле мустаҳкамтар буду бурҷҳои он ҳам шоҳмотвор ҷой-гир буданд. Ин девори дуқатора (онро девори дувум ҳам мегӯянд) ба қисми муҳофизатшавандаи шаҳр, инчунин ҳамон маҳаллаҳои атрофи шаҳрро низ дохил мекард, ки дар асрҳои IV–V сохта шуда буданд. Вале дар асрҳои VI– VII, баъди он ки девори дуқатора сохта шуд, шаҳр боз вусъат ёфта, аз ҳудуди деворҳо берун рафт ва қад-қади канали асосӣ ба тарафи ҷануб паҳн шуд.

Инак, Самарқанд дар асрҳои VI-VII хеле мустаҳкам шуда буд. Бе исботи иловагӣ ҳам равшан, ки ду қатор девор шаҳрро нисбатан дастнорас мекард. Дарвозаи ҷанубии шаҳр дар ҷое сохта шуда буд, ки он бо ду девор, ба шакли нимдоира ба ҳам пайваст мешуд ва агар душман аз дарвоза ба дарун дарояд, ба як роҳрави сарбастае меафтоду аз чор тараф тирборон карда мешуд. Дарвозаи шарқӣ аз ин ҳам мустаҳкамтар буд — дар ду тарафи ин дарвоза ду бурҷи баланд меистоду аз дарун боз як девор буд, ки гузаргоҳи пинҳонӣ дошт.[3]

Солҳои 1965–1968 ва дар солҳои минбаъда, тахминан дар мобайни димнаи Афросиёб комплекси азими меъморӣ – қасри ҳоким кашф гардид. Аз ин ҷо зиёда аз сӣ хона ёфт шуд. Майдони умумии ҳафриёт аз 1 га зиёд аст. Яке аз толорҳои асосии кашфшуда толори шаҳнишини 1 мебошад. Ин толори калони чоркунҷаест, ки андозааш 11х11 м буда, даромадгоҳаш аз тарафи шарқ аст. Шифти толор ба сутунҳо такя мекунад. Қад-қади таги девор суфаи васеъ тӯл кашида, рӯбарӯи даромад суфа хеле пеш мебарояд ва дар он ҷо тахт меистодааст. Деворҳои худи толор, долонҳои беруни он ва деворҳои дигар хонаҳои ҳамшафати он саросар аз расму сурат пур мебошанд. Аз толори дигар, ки тарҳаш мисли толори асосӣ бошад ҳам, нисбат ба он андак хурдтар аст, асбоби ашёи чӯбини кандакорӣ ва ҳайкалчаҳои чубини нимсӯхтаи раққосаҳо ёфт шуд.[4]

samarkand

Яке аз калонтарин марказҳои Суғди Бухоро димнаи Варахша буд. Онро солҳои 1938-1939 ва 1949-1954 В.А.Шишкин тадқиқ кард. Қисми асосии димнаи Варахша теппаест, ки шаклан тақрибан секунҷа мебошад. Вусъати он 9 га ва баландиаш тақрибан 10м аст. Баландии харобаҳои арк бошад, аз 9,5м зиёд нест (аслан баландии он 30м будааст). Ин иморати калоне буд, ки (андозаи тарафҳояш 31м) таҳкурсии яклухти похсагӣ дошт. Дар ғарбтари арк қасри бухорхудотҳо воқеъ буд. Ин қаср иморату бинои зиёди хурду калон дошту ҳамаи онҳо ба саломхонаи бузурге мепайваст, ки дар тарафи ғарбии қаср воқеъ буд. Толорҳои ташрифот қатор-қатор ҷой доштанд. Баъзеи онҳо хеле калон буд. Деворҳои қаср пур аз нақшунигори аҷоиб ва расму суратҳои пурмазмун буд. Рӯбарӯи қаср, аз афти кор, маъбаде сохта будаанд, ҳавлиҳои шаҳриён дар қисмҳои шимолӣ, шарқӣ ва ғарбии Варахша ҷой дошт.[5]

Аз дигар шаҳрҳои воҳаи Бухоро Пайкандро ном бурдан мумкин, ки вусъати он ба 20га мерасид. Ин шаҳр ҳам қалъа ва арк дошт.[6]

Кофирқалъа [7] ва табақаҳои болоии Тали Барзу[8] ҳам ба димнаҳои ноҳияи Самарқанд нисбат доранд.

Ба шарофати ҳафриёти чандинсолаи Б.Я.Ставиский дар саргаҳи Зарафшон ҳам бисёр бошишгоҳҳо ва қалъаҳо кашф ва тадқиқ гардиданд. Масалан, 12км дуртар аз Қалъаи Муғ дар канори деҳаи Мадм Б.Я.Ставиский ва Ю.Ёқубов Гардони ҳисор ном димнаеро тадқиқ карданд ва он қасри калонест, ки дар болои теппае ҷой гирифтааст. Қаср дар сӯхторе нобуд шуда будааст. Худи қаср биноҳои бисёр, аз ҷумла, саломхона ва намозгоҳ доштааст. Аз ин ҷо намунаҳои аҷоиби чӯбҳои кандакорӣ ба даст омад. Дар водии Моғиён ҳам бисёр асарҳои қадима тадқиқ шудаанд. Умуман, дар саргаҳи Зарафшон зиёда аз 50 осори давраҳои аввали асрҳои миёна ёфт шудааст.[9]

Ва ниҳоят, бинобар тадқиқоти С.К.Кабанов, дар Суғди ҷанубӣ дар ноҳияи Қашқадарё ҳам дар аввалҳои асрҳои миёна бисёр шаҳрҳои калон воқеъ будаанд.

Бинокорӣ

Дар бобҳои пешина мо камубеш бисёр масъалаҳои бинокориро аз назар гузарондем. Дар аввалҳои асрҳои миёна дар Суғд ва, умуман, дар тамоми Осиёи Миёна масолеҳи асосии деворзанӣ похса ва хиштҳои калони хом буд (андозаи онҳо аксаран 50-52х 25-26х10-12 см). Хишти пухта хеле кам истифода мешуд (асосан барои фарши хона ва ғ. истифода мебурданд). Барои такяи болору забарравҳо асосан сутунҳои чӯбинро кор мефармуданд. Чӯб дар бомпӯшӣ ҳам масолеҳи асосӣ буд.

Деворҳоро ба дараҷае ғафс мекарданд, ки ҳоҷат ба таҳкурсӣ ҳам намемонд. Фақат дар якчанд ҷой таҳкурсӣ ёфт шудааст. Масалан, дар Варахша дар таги сутунҳо аз хишти хому пухта пойсутуни чуқуре сохтаанд (чуқуриаш қариб то 2м), маъбади Панҷакент ҳам таҳкурсӣ дошт. Фарши хонаҳо асосан гиландова буда, баъзан онҳоро аз хишти хом ва ҳатто аз хишти пухта ҳам мекарданд (масалан, дар Панҷакент ва Варахша). Дар кӯҳистон фарши хонаро аз санг месохтанд.

Чор навъи девор маъмул буд — похсагӣ, хиштӣ, похсагии хиштӣ ва хиштии похсагин. Ғафсии деворҳо ба ҳисоби миёна 1 -1,6 м буд. Хонаҳо бо даҳлезу долонҳое пайваст мешуданд, ки болои онҳо бо чанд усул пӯшида мешуд. Тоқҳоро аз хишти хом мебардоштанд. Дарҳоро аз тахта месохтанд, баъзан дарҳоро дуқабата ҳам мекарданд ва сохти ин дарҳо ба муддати мадид бетағйир мондааст ва онҳоро, ҳатто ҳозир ҳам, дар баъзе иморатҳои тореволютсионии тоҷикон дидан мумкин аст — яъне ҳамон дари ду забонакдор, ки забонакҳои он дар хонаҳои тагдарию болодарӣ ҷой гирифта, тоб мехӯранд. Агар хона тангу борик буда, бари бомаш аз 3м зиёд набошад, болои онро бо хишти хом бо усули шервонии моилтоқӣ мепӯшиданд, ки ин усули бомпӯшӣ ҳанӯз дар Шарқи Қадим истифода мешуд. Болои хонаҳои нисбатан хурди чоркунҷаро гунбазпӯшӣ мекарданд. Масалан, дар Афросиёб хонаи бомаш гунбазие ёфт шуд, ки 4,3х4,3м вусъат дорад. Хонаҳои калонтар боми муқаррарии сутундор доштанд. Масалан, толорҳои чоркунҷаи Панҷакент дар миёнҷо, андак дуртар аз ҳамдигар, чор сутун доранд, ки дар шифт бо чорчӯбае пайваст шудаанд ва як нӯги болорҳо дар ҳамин чорчӯба ва нӯги дигари онҳо ба забаррави девор устувор карда мешуд. Мобайни чорчӯба холӣ мемонду мӯривор бардошта мешуд ва вазифаи равзанро иҷро мекард (масалан, дар Помир ва водии Қаротегин баъзеи хонаҳо ҳозир ҳам бо чунин тарз сохта мешавад).

Чӯбу тахтаҳои нимсӯхтаи зиёд, ки аз ин биноҳо ёфт шуд, далолат мекунад, ки дар хонаҳо кату тахтакатҳои[10] тахтагӣ будааст. Дигар навъҳои ҷиҳози хона аз рӯи расми деворҳо аён аст.

Санъати тасвирӣ

Осори санъати тасвирӣ аз Панҷакенти қадим, Варахша ва Самарқанд падид омад.

Дар Панҷакент дар 60 хона расми рӯи девор ёфт шуд. Ин шумораи зиёд нишон медиҳад, ки одати ороиши деворҳои хона дар байни суғдиён то чи андоза маъмул будааст, ҳол он ки то ба рӯзҳои мо аз он санъати бузурги ороиш фақат резаҳое омада расидаанд.

Доир ба санъати тасвирии Панҷакенти қадим бори аввал А.Ю.Якубовский, М.М.Дяконов, А.М.Беленитский мақолаҳо чоп кардаанд. А.Ю.Якубовский ҷиҳатҳои аҳамияти умумитаърихии тасвирҳо, М.М.Дяконов хусусиятҳои услубии тасвирҳо ва А.М.Белинитский мазмуну мундариҷаи тасвирҳоро таъ-вил додаанд. Тасвирҳое, ки дар солҳои охир ба даст омадаанд, бо эҳтимоми А.А. Беленитский интишор шудаанд (вале, мутаассифона, фақат қисми ками онҳо).

Аксари толорҳои ташрифот деворҳое доранд, ки вусъати онҳо то ба 100м2 ва ҳатто беш аз ин аст ва чанд қатор расмҳои болоӣ ҳам доранд. Сюжети расмҳо хеле гуногун аст. Беш аз ҳама тасвири кадом як достони қадимае ба назар мерасад. Масалан, дар толори 41-уми объекти VI қариб 40м2 сурат ёфт шуд ва дар омади гап, тамоми сурат аз поён то сари девор нағз боқӣ мондааст. Тамоми вусъати девор бо изораҳои уфуқӣ ба чанд табақа тақсим карда шудааст. Дар яке аз пораҳои девор чор табақа ҳаст, ки табақаи аз поён дувумаш нисбатан кам осеб дидааст. Дар заминаи кабудранги девор як манзараи томе инъикос шудааст, ки аз деворе ба деворе гузашта, ба масофаи 15м тӯл мекашад ва қариб нисфи вусъати тамоми деворҳои толорро фаро гирифтааст. А.М.Беленитский сурати мазкурро чунин ба қалам додааст: «Манзара аз ҳашт лавҳа ва ё худ саҳна иборат буда, қаҳрамони асосии онҳо ҳамон як паҳлавони самандсавор аст. Дар саҳнаи аввал паҳлавони самандсавор дар сари як даста саворони зиреҳпӯш истодааст, ки, аз афти кор, дар азми сафар мебошанд. Дар лавҳаи дувум паҳлавони самандсавор каманд ба душмани худ меандозад, ки вай ҳам савор аст. Дар лавҳаи севум паҳлавони аспсавор бо аждаҳо ҷанг карда истодааст. Дар лавҳаи дигар боз худи ҳамон паҳлавон тасвир шудааст, ки пешопеши дастаи сарбозон меравад ва зимнан мурдаи аждаҳо дар таги пои саворон хобидааст. Дар лавҳаи панҷум паҳлавон бо душмане муҳориба дорад, ки он ҳам савор асту дар гирду атрофаш дигар ҳамсафонаш бо тӯдаи девон задухӯрд мекунанд. Ниҳоят, дар лавҳаи охирин паҳлавони аспсавор бо дигар сарбози аспсавор муҳориба дорад». Аждаҳое, ки дар лавҳаҳои севум ва чорум тасвир шудааст, танаи дарози морпечи ҳалқа-ҳалқа дорад, ки охираш ба шакли бадани аз миён болои зан кашида шудааст ва сараш сари модашерро ба ёд меоварад. Эҳтимол, аждаҳо бол ҳам доштааст, вале инаш равшан не. Аз ҷароҳатҳои танаи аждаҳо шӯълаи оташ фаввора мезанад. Танаи девҳо ба танаи одам монанд, сари онҳо ҳам мисли сари одамӣ, вале андомашон ниҳоят бадҳайбат, мисли буз, барзагов шох доранд ва пойҳояшон мисли пойҳои буз. Ду дев савораи аробаҳои ҷангӣ задухӯрд мекунанд.

Ба А.Беленитский муяссар шудааст, ки манзараҳои ин суратро ба як достони конкрети эпикӣ, яъне достони Рустам бо ҳамдигар марбут созад. Дар «Шоҳнома» дар байни корнамоиҳои Рустам ҷанги Рустам бо аждаҳо, гирифтор шудани Авлод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам ва Аржангдев, куштани Рустам Деви Сапедро инъкос шудааст.245а

А.М.Беленитский, инчунин он манзараҳои корзорро, ки дар он замон ширкат доранд, низ суратҳои эпикӣ мешуморад. Дар қадим занони Осиёи Миёна дар муҳорибаҳо, дар ҳақиқат, иштирок мекарданд ва ривояти корномаҳои аҷоиби Таҳминаву Заррина барин занони шуҷоъ дар асарҳои муаррихони пешина зикр гардидааст. Корномаи ин гуна занон асоси достону ривоятҳои шарқиэронӣ шудаанд ва минбаъд дар дигар осори санъат низ тасвир ёфтаанд. Шаммае аз ин ривоятҳо дар «Шоҳнома» низ ба назар мерасад.[11]

Бисёр суратҳо дар мавзӯи дин ва маросимоти динӣ ҳастанд. Яке аз онҳо лавҳаи сӯги навҷавони марҳумест, ки, ба ақидаи А.Ю.Якубовский, қаҳрамони афсонавии Осиёи Миёна — Сиёвуш мебошад (дар омади гап, дар ин бора дигар фикрҳо ҳам ҳастанд). Инчунин сурати олиҳаи чордастаро низ ном бурдан лозим, ки А.М.Беленитский ва баъди вай бисёр дигар муҳаққиқон онро сурати Нана (Нанайя) мегӯянд. Ҷолиби диққат аст, ки дар тангаҳои маликҳои Панҷакенти қадим номи ин олиҳа ба назар мерасад ва ин далолат мекунад, ки оли ҳукмрони Панҷакент ба ин олиҳа ибодат доштааст. Парастиши ҷисмҳои осмонӣ ҳам, дар суратҳои рӯидевории Панҷакент акс ёфтааст.

Бисёр суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим мавзӯъҳои гуногуни фолклорӣ ва масалҳо оид ба ҳайвонотро инъикос менамоянд. Дар ин бора А.М.Беленитский гуфтааст: «Ба ин лавҳае мисол шуда метавонад, ки дар он қаҳрамони афсона духтареро, ки бо ҷодуи касе андаруни танаи дарахт банд шуда будааст, озод мекунад. Ин гап ба пайдоиши мундариҷаи дигар суратҳо низ дахл дорад, ки он то алҳол аз рӯи афсонаи машҳури «мурғи бахт» маъмул аст ва он зимнан дастраси фолклори тамоми олам гардидааст. Сурати начандон калоне ҷолиби диққат мебошад, ки дар он харгӯше тасвир ёфтааст ва ин харгӯш бо гапфурӯшиҳои дилфиреб шерро маҷбур мекунад, ки худро сарозер ба гирдоб партояд ва бо ҳамин тадбир тамоми ҳайвонот аз зулми шер раҳо мешаванд. Ин сурати хушобуранг тасвири басо дақиқи ҳикоятест, ки дар маҷмӯи афсонаҳои ҳиндӣ «Панчатантра» оварда шудааст».246а

Рассоме, ки суратҳои рӯи деворро кашидааст, аз ҳаёти гирду атрофи худ низ бисёр сюжету мундариҷаҳоро гирифтааст. Манзараи ҷангу муҳорибаҳо чунон печдарпечу боварибахшу пуртаъсир мебошанд, ки бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Лавҳаҳои базму зиёфат низ бисёр ба назар мерасад. Инчунин дигар падидаҳои зиндагӣ, масалан, тасвири нардбозӣ, гӯштингирӣ барин лавҳаҳо низ дучор мешаванд, илова ба ҳамаи ин бисёр нақшунигори меъморӣ низ ҳастанд, ки танҳо вазифаи зинати иморатҳоро иҷро мекунад.

Муҳаққиқон дар рафти тадқиқи суратҳои рӯидевории Панҷакенти қадим муқаррар карданд, ки ин суратҳо ба чанд услуб ва дар вақтҳои гуногун анҷом дода шудаанд.[12]

Вале таносуби мукаммали бенуқси ҳайратангези ин суратҳо баръало аён аст ва аксари онҳо бо латофату заковату назокати худ касро моту мабҳут мекунанд. Хусусан, касро расми духтараки уднавоз мафтун мекунад — қиёфаи пурандеша, чашмони хумор ва ангуштони нозуки вай, ки рӯи торҳо ҷавлон мезананд, дар ҳақиқат, таъсири фавқулоддае доранд. Ё худ боз як расмро гирем: ду савора — яке мард, дигаре зан. ҳар ду паҳлу ба паҳлу ба рӯи якдигар нигоҳкунон рафта истодаанд, — мо намедонем, ки онҳо куҷо рафта истодаанд, чиҳо гуфта истодаанд, вале ин ду нафар, ба назари мо, гӯё зиндаанд, замони онҳо ба қаъри асрҳо фурӯ рафта бошад ҳам, онҳо ба чашми мо гарм менамоянд ва таҷассуми олами томи образҳои бадеӣ мебошанд.

Суратҳои рӯидевории Варахша ҳам басо диққатталаб ва пурмаъно мебошанд. Дар толори сурхи қасри Варахша дар болои суфаҳо лавҳае ба назар мерасад ва он бо як мазмуну мундариҷа бандубаст шудааст — дар лавҳа филсавороне тасвир ёфтаанд, ки аз ҳамдигар ба фосилаи баробар ҷой гирифтаанд. Махлуқоти гуногуни бадҳайбат (баъзеи онҳо зоҳиран шерони сурхранг мебошанд) ва ё мурғони сафедболи фӯлодминқори шерчангол аз чор тараф ба филҳо ҳамла мекунанд. Суратҳои толори шарқӣ тамоман дигар аст. Дар яке аз деворҳо як гурӯҳ ҷанговарони савор менамоянд. Дар маркази дигари сурат расми бузурги шоҳе тасвир шудааст, ки дар болои тахт нишастааст ва пояҳои тахтро суратҳои шутурҳои болдор зинат медиҳанд. Дар чапу рости тахт суратҳои зиёд, расми ҷои қурбонӣ кашида шудааст. Боқимондаҳои суратҳои рӯидеворӣ дар дигар хонаҳои қаср низ ёфт шуд.[13]

Чӣ тавре дар боло зикр карда будем, дар Афросиёб ҳам хонаи калоне ошкор гардид, ки суратҳои олиҷаноб дорад. Дар яке аз деворҳо сурати равоқе ҳаст, ки дар болои он мардону занони бисёре нишастаанд. Дигар толори ташрифот (вусъаташ 11х11 м) яке аз хонаҳои марказии қаср мебошад. Дар девори шарқии ин хона сурате ёфт шуд, ки мазмунан ба об алоқа дорад – мавҷҳои кабуд кашида шудаанду рӯ-рӯи он одамону паррандагону моҳиён шино мекунанд. Дар девори ҷанубӣ қофилае тасвир шудааст, ки ба тарафи қаср меравад ва дар саҳни қаср низ мардуми бисёре истодаанд. Худи қофила асари мукаммали санъати тасвирӣ мебошад ва дар он одамоне акс ёфтаанд, ки савори фил, уштур ва аспҳо пеш мераванд. Аз ҳама пеш фили сафед меравад ва дар тахти равони болои фил кадом як бойзане нишастааст, ки эҳтимол, шоҳ духтар ё малика бошад. Дар сағрии фил, дар пушти тахти равон канизаки шоҳдухтар тасвир ёфтааст. Аз паси фил се зани аспсавор менамоянд. Дар дасти яке аз онҳо чунин ибораи мухтасар ба забони суғдӣ сабт шудааст: «Ақрабои малика». Аз паси онҳо ду марди мусаллаҳи шутурсавор мераванд, ки дар даст чӯбдасти салтанат доранд, боз чор паррандаи сафед инъикос шудааст, ки онҳоро ду марди даҳонбаста гирифта мераванд ва ниҳоят боз як саворе ба назар мерасад, ки нисбат ба дигарон ду баробар калонтар кашида шудааст. Шояд, ки ин маросими арӯсбиёрони сафир бошад (духтари филсавор арӯсу марди аз ҳама калон кашидашуда сардори сафорат). Дар девори дигар лавҳаи қабули сафирон тасвир шудааст ва сафирон намояндагони қавму тоифаҳои гуногун мебошанд.[14] Дар бари ҷомаи яке аз сафирон матни суғдие ҳаст, ки аз сафорати Чағониён буданаш хабар медиҳад. Ин суратҳои Афросиёб маҳсули ранҷи дасти рассомону наққошони пойтахт буда, асарҳои мукаммалу олидараҷаи санъат мебошанд. Онҳо ниҳоят зебову назаррабо кашида шуда, асосан рангҳои баланду равшану гуногунтобиш ба кор рафтааст (порае аз ин суратҳо дар лифофаи муқоваи китоб оварда шудааст).

Расмҳои рӯидевории Суғд на фақат чун осори давраи худ аҳамият доранд. Мо дар боло гуфта будем, ки онҳо боз чӣ гуна аҳамият доранд — аслашро гирем, ин суратҳо энсиклопедияи ҳаёт ва афкори суғдиён мебошанд, гарчанде тамоми ҷабҳаҳои ҳаётро фаро нагиранд ҳам, энсиклопедияи ҳақиқӣ мебо-шанд. Албатта, бояд дар назар дошт, ки забони ин энсиклопедия образҳои бадеӣ мебошад ва тавзеҳи ягонаву баҳснопазири ин забон кори осон нест.

Аз ёфт шудани аввалин суратҳои рӯидевории Панҷакент дере нагузашта М.М.Дяконов ақидае изҳор намуд, ки аҳамияти ин расмҳо аз доираи маданияти Суғд ва, умуман, Осиёи Миёна берун меравад. Вай дуруст тахмин кард, ки акнун дар санъати Туркистони шарқӣ «ҷараёни осиёимиёнагӣ»-ро ошкор кардан мумкин аст (баъзе осорҳои маданияти Туркистони шарқиро дар охир-ҳои асри ХIХ ва аввалҳои ХХ экспедитсияҳои археологҳои рус, немис, фран-савӣ, англис ва япон ёфта буданд) ва барои муайян кардани замони пайдоиши баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо имкон пайдо мешавад, ҳол он ки то ба ҳол замони пайдоиши онҳо асосан тахминӣ ва умумӣ муқаррар карда мешуд.[15]

Худи М.М.Дяконов ба чанд унсурҳои суғдию осиёимиёнагии санъати Туркистони шарқӣ ишорат кард. Тадқиқоти олими Италия М.Буссали низ ҷолиби диққат ва боварибахш аст, ки вай масъалаи ба санъати Туркистони шарқӣ (зиёда аз ин, ба санъати тамоми Осиёи Марказӣ) таъсир расондани санъати Осиёи Миёнаро хеле аниқ таҳқиқ намудааст.[16] Вале бояд эътироф кард, ки олимон фақат ба остонаи ин мавзеи аҷибу наҷиб қадам ниҳодаанд ва арсаи меҳнат дар ин ҷо канор надорад.

Ҳайкалтарошӣ.
Санъати мусиқӣ ва рақсӣ

Дар санъати Суғд дар баробари рассомӣ ҳайкалтарошӣ ҳам мақоми муҳим дошт. Масолеҳи ҳайкалсозӣ гил, гаҷ ва чӯб буд.

Дар Панҷакент ҳайкали азими гилӣ ёфт шуд. Ин ҳайкал замоне айвони маъбадро оро медодааст. Дар ин айвон изорае ёфт шуд, ки қариб 8 м дарозӣ дошт. Мазмуни нақши ин изора тасвири фантастикии манзараи дарё мебошад. Заминаи нақш хатҳои шикастаи барҷаҳида аст, ки мавҷи дарёро ифода менамояд ва дар болои ҳамин хатҳои мавҷӣ, бо усули муқарнаси барҷаҳида ҳайвону моҳиҳои аҷоиб ва махлуқоти одамсимо тасвир ёфтаанд. Дар яке аз деворҳо дар мобайн махлуқи одамсимое нақш ёфтааст, ки аз об баромада истодааст. Тамоми моҳиён ва махлуқоти ғароиб ба тарафи ҳамин махлуқи одамсимо шино мекунанд. Дар нақши изораи девори севум дар мобайн махлуқи одамбашарае ҳаст, ки аз ду думи ба ҳам печида иборат мебошад. Дар ҳамин ҷо чанд аждаҳо менамояд, ки даҳони худро калон кушода истодаанд. Чунин ақидаи А.М.Беленитский қобили қабул, ки ин нақши муқарнас ва ҷонварони он таҷассуми олами об, аниқтараш, таҷассуми Зарафшон мебошад, онро юнониён «Политимет» (яъне «Пурэъзоз») ва суғдиён «Номиқ» (яъне «номдор») меномиданд.

Дар Панҷакент инчунин ҳайкалҳои хушнамои чӯбӣ ҳам вуҷуд доштанд. Ин ҳайкали раққосаҳо мебошад, ки ба андозаи 3/4 қисми танаи одамӣ сохта шудаанд. Раққосаҳо аз миён боло луч буда, дар айни ҳаракатҳои мураккабтарини рақс тасвир ёфтаанд. Онҳо дасти чапро ба миён монда, пои ростро қат карда, аз болои пои чап, ки рост аст, ба тарафи чап дароз карда истодаанд. Шаддаву халхолҳои зиёд ва шалвори аҷоибдӯхти маҳину нозук ба қомати расову болои раққоса боз як ҳусни барзиёде мебахшад.[17]

ҳайкалҳои раққосаҳои Панҷакент муҷассамаи он мӯъҷизакороне[18] мебошад, ки аҷнабиён онҳоро «гирдбоди гашти духтар» меномиданд. Раққосаҳои Чоч, Қумод, Кеш, Маймурғ, алалхусус, раққосаҳои Самарқанд ниҳоят машҳур буданд. Пироҳани ҳарири шерозаҳояш зардӯзии гулобӣ, шалворҳои беқасаби нилранг ва кафшҳои қирмизии кемухтӣ ба қомати расову дилбари онҳо чунон қоиму шинам меафтад, ки бинанда аз ҳусни онҳо дар ҳайрат мемонад. Рақси онҳо баъзан дар болои тӯб иҷро мешуд ва чунон бо суръату тезу шӯх буд, ки бинанда мафтун мегардид. Вақте рақс ба авҷи худ мерасид, раққоса пироҳани худро кашида мепартофту аз миён боло луч мешуд ва ин таъсири рақсро ниҳоят зӯр мекард. ҳаракати раққоса чунон тез буд, ки шоир пиндоштааст боз андаке суръат гирад, раққоса мисли пораи абре ба осмон мепараду ба офтоб мерасад.[19]

Раққосаҳои Панҷакент шояд дар ҳамин гуна авҷи рақс таҷассум ёфтаанд.

Мардуми Суғд ва ноҳияҳои атрофи он на фақат дар маданияти рақс, балки дар санъати мусиқӣ ҳам шӯҳрат доштанд. Номи даҳҳо асбобҳои мусиқӣ то ба мо расидаанд, ки дар Бухоро маъмул будааст. Бисёр навою оҳангу мақомҳои гӯшнавоз эҷод гардидаанд. Баъзеи онҳоро яккахону якканавозон ва баъзеи онҳоро дастаи навозандагону ҳофизон иҷро мекарданд. Бухоро инчунин бо артистони худ машҳур буд. Театри лӯхтакҳо асри VII маҳз аз Осиёи Миёна ба Хитой гузаштааст.

Вале бармегардем боз ба сари чӯбҳои кандакории Панҷакент — нақшҳои ислимию гирдобӣ арақаи иморатҳоро зиннат медод, сутуну болорҳо низ кандакорӣ карда мешуд.[20]

Аксар нақшҳои кандакории чӯб басо печдарпечу мураккаб буду одамон дар чорчӯба ва ё даруни нимдоира гирифта мешуд, масалан, дар дохили чорчӯба ё нимдоира тарҳи одами дар тахт нишаста ва ё сардори савори аробаи ҷангӣ ва ғ. тасвир карда мешуд. Дар ин нақшҳо анъанаи санъати кушониён баръало ба назар мерасад.[21]

Дар қасри Варахша бисёр деворҳои бо гаҷ андовашуда ҳастанд, ки бо нақшҳои мураккаб фаро гирифта шуданд. Аввал девор бо қабати тунуки (аз 1,5 то 20см) гаҷ андова шуда, баъди хушк шудан дар он гул мебароварданд. Мазмуни нақш гуногун буд. Баъзан ин нақши оддии арча, баъзан қатори секунҷаву чоркунҷаҳои оддӣ ва ғ. буд, ки ба ҳам печида, намудеро пайдо мекарданд. Чоркунҷаҳои гуландарун, ситорагулҳо, таркибу печопечи нақшҳои наботию геометрӣ ҳама мутаносиб ба ҳам таркиб ёфта, андаруни доираҳо муттаҳид карда мешуданд. Нақши наботӣ, алалхусус, баргу навдаи ток бисёр дучор мешавад. Дар лавҳаҳое, ки аз афти кор, манзараи табиатро инъикос менамоянд, дарахтони танаашон ниҳоят ғафси ду-семетра ба назар мерасанд, ки баргу шохаҳои онҳо ниҳоят равшану дакиқу боҳавсала кашида шудаанд ва ҳатто гурми шохаҳо нағз намоён аст. Дар ин лавҳаҳо, инчунин ҳавзҳо ҳам ҳастанд, ки дар он моҳиён шино мекунанд. Дар заминаи ана ҳамин гуна манзараҳо лавҳаҳои зиёди зиндагӣ тасвир ёфтаанд, ки дар он ҳайвону инсон ва дарандагону парандагон ширкат доранд. Инчунин манзараҳои сайди гӯрхар, гуроз ва оҳу низ тасвир шудааст. Андозаи расми саворон қариб ба андозаи ҳақиқии савор баробар буд. Баъзе аспҳо болдор кашида шудаанд. Махлуқоти афсонавӣ ҳам хеле бисёр, алалхусус сурати зане, ки ба сурати парранда кашида шудааст, ҷолиби диққат мебошад, дар омади гап, гуфтан лозим, ки образи ин гуна занони парандасимо дар ашёи давраҳои сонии ҳунармандони Осиёи Миёна бисёр вомехӯрад ва ҳатто онро дар айёми мо дидан мумкин (то ба қарибӣ ин хели нақшро дар носкадуҳои Самарқанд ҳаккокӣ мекарданд).

Санъати гуногунмазмуну гуногунмундариҷаи кандакорӣ, басо наву тоза ва зарифу латиф будани он ба андозае хосияти умумӣ доранд ва ҷузъиёти он батафсил тасвир карда нашудааст, ки ин ҳолат хусусияти монументалӣ доштани тамоми он санъатро хеле равшан таъкид кардааст.[22]

Хати суғдӣ ва адабиёти он

Чи тавре дар боло гуфта гузаштем, хати суғдӣ аз хати оромӣ бармеояд. Дар он даврае, ки алҳол мавриди назар аст, хати суғдӣ хати курсив буд. Одатан дар амалия 18-19 ҳарфи алифбо ба кор мерафт ва баъзе калимаҳо бо идеограмма ифода карда мешуд. Соли 1965 дар арки Панҷакент археолог А.Исҳоқов бори нахуст дар таърих алифбои суғдиро ёфт. Дар танаи хуме ҳарфҳо ва машқи хат сабт шуда буд. Алифбо 28 ҳарф дорад, ки он тамоми ҳарфҳои алифбои оромӣ аст ва ҳатто он ҳарфҳое низ ҳастанд, ки амалан истифода намешуданд. Ана акнун маълум шуд, ки чаро Сюан-сзан «аз бист андаке зиёд»[23] гуфтаасту 18-19 ҳарф нагуфтааст, ки он амалан ба кор мерафт — вай ин маълумотро аз ягон суғдии босавод гирифта будааст ва ин суғдӣ ба вай шумораи аслӣ» яъне гуфтан мумкин, шумораи назариявии ҳарфҳоро хабар додааст, ки ҳар як одами саводноки он давра медонист. Хати суғдӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна ҳар хел буд, масалан, хати суғдии Самарқанд фарқ дошт.

Осори хати суғдӣ, пеш аз ҳама, дар Туркистони шарқӣ ёфт шуд. Ин осор бо ҳуруфоти суриёнӣ, монӣ ва боз ба ҳуруфоти навъи севуме навишта шудаанд, ки он айнан мисли ҳуруфоти уйғурӣ набошад ҳам, ба он андак шабоҳат дорад. Ҳамаи ин матнҳо бо як забон иншо шудаанд. Дар баъзе матнҳо истилоҳи тақвим ҳаст ва он бо истилоҳи тақвим, ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия»-и худ суғдӣ номидааст, айният дорад. Ҳамаи ин имкон дод муқаррар шавад, ки забони матнҳои мазкур забони суғдӣ ва он ҳуруфоти навъи севум ҳуруфоти аслии суғдӣ мебошад.[24]

Материалҳои забони яғнобӣ имкон дод, ки ин матнҳо хонда шавад.[25]

Аввалин маълумот дар бораи забони яғнобӣ баъди ба Яғноб сафар кардани шарқшиноси рус А.Л.Кун ва ҳамроҳи вай Мулло Абдураҳмон ном марди тоҷик ба даст омад. Минбаъд дар бораи ин забон Ш.Акимбетов, Е.Ф. Кол, Н.Г.Маллитский, К.Г.Залеман ва дигарон маълумот ҷамъ карданд. Аз ҷумлаи олимони советӣ, ки дар худи Яғноб забони яғнобиро тадқиқ кардаанд, М.С. Андреев ва Е.М. Пешерева, С.И. Климчитский ва Л.А. Хетагуров, М.Н. Боголюбов ва А.Л.Хромовро номбар кардан мумкин аст. Ба Яғноб забоншиносони хориҷа — Р. Гото ва Г.Юнкер ҳам омада рафтаанд. Инчунин номи эроншиноси немис В.Гейгер ва олими Франсия Э.Бенвенистро бояд зикр кард. Сохти грамматикаи забони яғнобӣ тадқиқ карда шуд. Маълум гардид, ки ин забон забони шарқиэронӣ буда, дар асоси яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ инкишоф ёфтааст.

Аксари фонди луғавии он ба лексикаи суғдӣ тааллуқ дорад. Дар ноҳияи дурдасту мушкилгузари водии Яғноб боқӣ мондани ин забони нави суғдӣ дар тадқиқи осори хати суғдӣ мадади бебаҳое расонд.[26]

Дар боло мо дар бораи алифбое сухан рондем, ки дар Панҷакент ёфт шуда буд. Ин бозёфт дар айни ҳол далолат кард, ки барои саводомӯзон машқҳои махсуси хат вуҷуд дошт. Ин гуна машқҳои хати суғдӣ дар Марв низ ёфт шуданд. Дар арки Марв Л.А.Марушенко сафолпораҳои пури матни арабӣ ва машқҳои хати забони миёнаи форсӣ (паҳлавӣ) ва суғдиро ёфт.

Аз афти кор, ин боқимондаи дабиристон, яъне мактаби хаттотони асри VIII аст, ки дар он ҷо талабаҳо хати арабӣ ва хати суғдиро меомӯхтанд, ки ҳанӯз дар муносибатҳои байналхалқии он давраҳо мақоми калон дошт.[27]

ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ далолат менамоянд, ки дар Суғд хаттотони касбии баландихтисос буданд ва аксар ҳуҷҷатҳо бо хатти ниҳоят зебо ва хоно навишта шудаанд. Аксар вақт дар поёни ҳуҷҷатҳо чунин таъбир ба назар мерасад: «Бо супориши фалонӣ фалонӣ навишт». Масалан, номи Аспанаки Девгон ном хаттот то ба мо расидааст. Яке аз беҳтарин хаттотони Суғд дар ибтидои асри VIII Рамтиш ном касе буд, ки падараш Вғашфарн ном доштааст ва он никоҳхати зеборо маҳз ҳамон Рамтиш навишта будааст.

Ба туфайли ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ мукотибаи расмии суғдиён, ҳуҷҷатҳои юридикӣ, мактубҳои муқаррарӣ, мукотибаи хоҷагӣ ва ғ. дастраси мо шуданд.

Сюан-сзан қайд кардааст, ки дар Суғд «як навъ адабиёт ҳаст» (ин таъбирро дигар хел хондан ҳам мумкин: «як навъ солномаҳои таърихӣ ҳаст» ё худ онҳо китобҳо ва солномаҳои таърихӣ доранд»).[28]

Дар ҳақиқат, суғдиён соҳиби адабиёти бойи динӣ ва дунявӣ буданд. Масалан, китобҳои суғдии буддоӣ бо хати аслии суғдӣ навишта шудаанд. Аз ҷумлаи ин адабиёт тарҷумаи суғдии «Вессон тараҷатакӣ» аз ҳама муҳимтар аст. Дар ин китоб дар баробари матни суғдии ин ҷатакӣ матнҳои он ба забони палӣ, тибетӣ ва хитоӣ низ ҳастанд ва ин ба яке аз беҳтарин донандагони забони суғдӣ Э.Бенвенист имкон дод, ки матни суғдии ин асари буддоиро пурра хонда барояд. Матни суғдӣ 1513 сатр аст (фақат чанд саҳифаи аввал ва чанд сатри охираш нест).

Мазмуни ҷатакӣ чунин аст: «Баъди интизории тӯлонӣ подшоҳ писаре меёбаду номашро Судошан мемонанд. Баъди балоғат (Судошанро ба духтари зебое хонадор мекунанд ва онҳо соҳиби 2 фарзанд мешаванд. Барои кадом як гуноҳе подшоҳ шоҳзодаро ба кӯҳи дурдасти пурдаҳшате бадарға мекунад, ки он макони даррандагон ва ҷинҳои одамхӯр буд. Занаш ду фарзандашро гирифта ва ба нею нестони шавҳараш нигоҳ накарда, ҳамроҳи вай ба сафар мебарояд. Шоҳзода, ки дар ҳиммату саховат ном бароварда буд ва маҳз барои ҳамин ҳам ба сараш кулфати бисёр меомад), тамоми чизу чораашро ба дигарон тақсим карда медиҳад.

Ниҳоят, онҳо ба як биёбони касногузари пурбими фалокатбор рафта мерасанд. Худои таоло ба онҳо раҳмаш меояду қасри пурҳаловате барои онҳо ато мекунад. Шоҳзода ва зану фарзандонаш каме дар қаср дам мегиранду шоҳзода боз азми сафар мекунад, то ин ки гуфтаи падарашро аниқ ба ҷо оварад. Дар охир онҳо ба он кӯҳи мудҳиш омада мерасанд ва шоҳзода аз шоху алаф козае сохта, дар он ҷо маскун мешавад. Саховати Судошан ба ҷое мерасад, ки вақте роҳгузаре фарзандони ӯро талаб мекунад, фарзандонашро ба вай мебахшад ва ниҳоят Худои таоло ба мардум чӣ андоза сидқ доштани Судошанро донистанӣ шуда, ба пеши вай пирамардеро мефиристонад ва ин пирамард аз Судошан талаб мекунад, ки зани зебояшро ба вай бахшад. Судошан занашро ба пирамард мебахшад, вале пирамард мегӯяд, ки дертар омада гирифта мебарад ва худаш ғайб мезанад. Раҳгузаре, ки фарзандони Судошанро гирифта буд, ба пойтахти падари Судошан расида меояд ва подшоҳ писарони Судошанро харида мегирад. Онҳо азобу кулфати падари худро ба бобояшон ҳикоя мекунанд. Баъди илтиҷои зиёд Судошан ба назди падари худ бармегардад ва падараш ӯро ба ҷои худ ба тахт мешинонад. Поёни ҷатакӣ хитобаи худи Буддо буда, дар он гуфта мешавад, ки шоҳзода Судошан худи Буддо асту ӯ дар яке аз давраҳои таносухи худ дар чунин шакл вуҷуд дошт».[29]

Маълум, ки сикли ҷатакӣ яке аз муҳимтарин фаслҳои адабиёти ҳиндии буддоӣ мебошад. Инчунин асарҳои буддоие низ буданд, ки аз мавзӯи илми илоҳиёт баҳс мекарданд. Е.Э.Бертелс навишта буд: «Гуфтан лозим, ки қимати бадеии матнҳои мазкури суғдӣ баланд нест. Вале инро ҳам фаромӯш кардан лозим не, ки онҳо тарҷума мебошанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин, ки ин матнҳо ба зиммаи мутарҷимони суғд вазифаи бениҳоят мураккабтар гузошта буд ва дар айни ҳол, ин матнҳо ба мутарҷимон мадад мерасонданд, ки забони худро такмил диҳанд ва ба дараҷаи забони бою мукаммали адабиёти ҳиндустони қадим – ба дараҷаи забони санскрит баланд бардоранд».[30]

Бояд қайд кард, ки тарҷумаи суғдӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ набуд ва баъзе ҷойҳои он аз асл дур мерафт. Тарҷумон ба тарҷумаи худ нуктаҳое илова кардааст, ки дар матни аслӣ нест, вале аз ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти суғдиёни онзамона бармеомад.[31]

Ба қавли Наршахӣ, дар Бухоро як силсила ривоятҳое маъмул будаанд, ки аз корномаҳои Сиёвуш ном шоҳи афсонавӣ нақл мекардаанд. Ин ривоятҳо манзум будаанд ва онҳо дар майдону кӯчаҳои шаҳрҳо суруда мешудаанд. ҳамон достоне, ки аз марги Сиёвуш ҳикоя мекард, номи махсус дошт ва онро «Сӯги муғон» меномиданд. Аз афти кор, Сиёвушро суғдиёни Самарқанд ва инчунин дар дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна мепарастидаанд.[32]

Дигар фасли достон — достони Рустам ва аспи вай Рахш, ки ба суғдӣ иншо шудааст, танҳо дар намуди ду пораи ҷудогона дастрас гардидааст. Дар пораҳо ҳикоят мешавад, ки Рустам девҳоро таъқиб кард, бисёрии онҳоро кушт ва як қисми девҳо ҷон ба саломат бурда, андаруни қалъае пинҳон шуданд. Рустам аз кайфи зафар завқ бурда, дар марғзоре ба истироҳат рафт, зину лаҷоми Рахшро кушода, ба чаро сар дод ва худаш ҳам либоси ҷангиашро кашида монду ба хоб рафт. Дар мобайн девҳо ба худ омада, аз қалъа баромаданду аз пайи Рустам афтоданд, ки илоҷе ёфта ӯро нобуд кунанд. Баъди ин лашкари девҳо тасвир шудааст, ки савори аробаю филу аспу дарандаву газандаву хазанда бо даҳшату ваҳшату мағалу ғавғои мудҳиш ба роҳ мебароянд ва баъзе девҳо мисли каргасу калхот бол мезананду сарозер парвоз мекунанд. «Аз қиёми девҳо пардаи осмон дариду барфу борон, тагаргу жола ва раъду барқ бар замин фурӯ рехт, девҳо наъракашон замину замонро ба ларза меоварданд ва аз худ дуду оташ медамиданд». Рустами Дастон бошад, бехабар аз ин ҳама ғарқи хоб. Аммо ҷони Рустамро Рахш халос карда, ӯро аз хоби ғафлат хезонд. Рустам пӯсти шерро ба худ ҷавшан сохта, ба ҷанг омода шуд. Вақте ки девҳо наздик омаданд, Рустам вонамуд сохт, ки сахт тарсидаасту фирор хоҳад кард. Девҳо аз паси вай афтоданду Рустам ҳам каме онҳоро пеш оварда, ногаҳон пас гашту мисли шери жаён ба девон дарафтод.

Охири достон боқӣ намондааст. Ниҳоят, ривояти суғдии масалҳои «Калила ва Димна», аз ҷумла, ҳикояти тоҷир ва суфтагар ҷолиби диққат мебошад. Ғайр аз ин дигар асарҳои адабии суғдӣ низ бисёранд.[33]

Ақоиди мазҳабӣ

Дар бораи ақоиди мазҳабии аҳли Суғд дар маъхазҳои гуногуни суғдӣ, хитоӣ, арабӣ ва тоҷикию форсӣ маълумот ба назар мерасад. Вале муқоисаи ин маълумотҳо кори ниҳоят душвор аст, ба ин сабаб дар бораи тартиби диндории суғдиён дар адабиёт то ба ҳол ягон асари мукаммале таълиф нашудааст. Ба маъхазҳо муроҷиат мекунем.

Дар Суғд «арвоҳи Дэсиро мепарастанд ва аз дарёи ғарб (яъне баҳри Каспий– Б.Ғ.) сар карда, то саросари мамолики Шарқ ба он эътиқод доранд. Зоҳиран, ин бутест заррин, ки миёнаш 15 фут аст ва ба ҳамин мувофиқ қад дорад. ҳар рӯз ба ин бут панҷ уштур, даҳ асп ва сад гӯсфандро курбон мекунанд. Шумораи қурбониовардагон баъзан ба 1000 мерасад…»[34]. Дар тарҷумаи ҳоли Сюан-сзан гуфта мешавад, ки дар Самарқанд «малик ва мардум ба Буддо имон надоранд ва оташ мепарастанд».[35] Инчунин ривоят ҳаст, ки ба «арвоҳи бадкирдори олам»[36] ва ба «худованди осмон» низ эътиқод вуҷуд дошт. Ба қавли Хой Чао, дар Суғд дар нимаи аввали асри VIII «эътиқоди арвоҳи осмон маъмул буд».[37] Дар боргоҳи ҳокими Суғд, инчунин «маъбади ниёгон»[38] низ вуҷуд дошт.

Дар китоби олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Берунӣ «Осор-ул-бақия» бо номи «Гуфтор андар идҳои тақвими суғдиён» боби махсусе ҳаст.

Дар асари олими бузурги асри ХI Осиёи Миёна — Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-бақия» фасле ҳаст, ки дар он ҷашни моҳҳои суғдиҳо тавсиф ёфтааст. Рӯзи бисту ҳаштуми моҳи аввал «зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳост. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст». Ин иди Соли нав аст, ки бо тасаввуроти роҷеъ ба табиати миранда ва азнав зиндашаванда алоқа дорад. Дар яке аз моҳҳои суғдиён расми рӯзадорӣ низ мавҷуд аст. Онҳо «дар ин рӯз таому шаробро тарк мекунанд ва аз он чӣ бо оташ пухта шавад, парҳез менамоянд. Ва хамиру меваю набот мехӯранд». Рӯзи дувуми моҳи дигар онҳо «дар оташкадаҳо ҷамъ мешаванд ва чизеро, ки аз орди арзан ва равғану шакар пухтаанд, дар он ҷо мехӯранд». Ва ниҳоят расме ҳаст, ки соле як бор «аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мезананд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд». ҳамчунин расм дар байни Хоразмиён ва форсҳо низ мавҷуд буд. Аз ривоятҳое, ки дар бораи ин халқҳо карда мешаванд, баъзе ҷиҳатҳои тозае аён мегардад, аз ҷумла ин аст, ки онҳо «дар рӯзҳои фарвардгон барои арвоҳи мурдагон дар гӯристонҳо ғизо мегузоранд».[39]

Хуллас, аз гуфтаҳои Берунӣ чунин бармеояд, ки парастиши мурдагон низ маъмул буд. Ин нуктаро мо дар ҳикояти Наршахӣ низ мебинем, ки ба Сиёвуш бахшида шудааст — дар Бухоро дар субҳидами Соли Нав ҳар як аҳли шаҳр ба арвоҳи Сиёвуш хурусеро қурбон мекард. Муҳаққиқон ҳикояи Наршахӣ ва он маълумотеро, ки Вэй-сзе дар бораи Самарқанд додааст, муқоиса карданд. Ва моҳияти он маросим маълум шуд ва гап дар ҳамин будааст, ки мардум имони комил доштаанд, ки он ҷавони муқаддас моҳи ҳафтум мурдааст ва устухонаш гум шудааст. Вақте ки ҳамин моҳ мерасид, диндорон либоси сиёҳ пӯшида, пои луч мебароянд ва мушт ба сина кӯфта навҳа мекашанд. Онҳо дашт ба дашт такопӯ мекунанд, то ки турбати ҷавони муқаддасро ба даст оранд. Ин маросим рӯзи ҳафтум ба охир мерасид.[40]

Вале парастиши Сиёвуш на фақат танҳо парастиши мурдагон буд, дар ин ақида нуктаҳои динҳои қадимтаре инъикос ёфтаанд, ки ба худои набот имон дошт ва он мемурду боз зинда мешуд.[41]

Мо дар боло новусҳои Панҷакентро зикр карда будем. Новусҳо аз Кофирқалъаи наздикии Самарқанд ҳам ёфт шудааст. Дар худи Самарқанд бисёр оссуарийҳо ба даст омаданд. Аз деҳаи Бия-Наймани наздикии Каттақӯрғон бисёр оссуарийҳо ёфт шуд, ки нақши муқарнасии латифу нозуки хушнамуде доранд.[42]

Аввалин оссуарий вақти кофтани таҳкурсии иморат соли 1971 дар Тошканд падид омад. ҳангоми соли 1886 дар Афросиёб ҳафриёт кардани Н.И. Веселовский боз як оссуарии пурнақш ёфт шуд, ки олим онро «тобути сафолии давраи тоислом» мешумурд. Соли 1900 худи ҳамин олим истилоҳи «оссуарий»-ро ҷорӣ кард (аз калимаи лотинии ossғaқiғm, ки маънояш устухондон мебошад), ки он дар илм маъмул гардид. Бо тадқиқи оссуарий ва маросими дафн дар оссуарий пеш аз инқилоб Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд, К.А. Инострантсев барин олимон ва баъди инқилоб А.Я. Борисов, Ю.А.Рапопорт, Б.Я. Ставиский барин олимон машғул буданд.

Ба туфайли тадқиқоти ин олимон маросими дар оссуарий дафн кардани суғдиёнро чунин таъвил кардан мумкин аст. Дар «Авесто» ва дар дигар асарҳои давраҳои сонии зардуштия гуфта мешавад, ки ҷасади зардуштиро ба ҷое бояд бурд, ки он дахма ном дорад ва дар ин дахма «доимӣ» сагҳо ва паррандаҳое ҳастанд, ки гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд» (масалан, дар ин бора дар «Видевдат» ҳам сухан меравад). Чи тавре маълум аст, ин одат қариб бе ҳеҷ гуна тағйирот дар байни габрҳои ҳиндустон боқӣ мондааст, ки онҳо дар асрҳои миёна аз Осиёи Миёна ба он ҷо кӯчида рафта буданд ва ҳоло ҳам ба зардуштия имон доранд. Баъди ин устухонҳоро ҷамъ карда, ба ҷои махсусе бурда мемонданд ва номи ин ҷоро устуодон (ё астодан) мегуфтанд. Дар маъхазҳои арабӣ, ки истилои арабро ба қалам медиҳанд, он иншооте, ки дар боло зикр кардему онҳо ба арабҳо дар Осиёи Миёна дучор меомаданд, новус номида шудаанд.[43]

Маъхазҳои хаттӣ бевосита шаҳодат медиҳанд, ки дар Суғд чунин маросим маъмул буд ва ин ҷиҳати масъала хеле муҳим аст ва инро муҳаққиқони пешазинқилобӣ ҳам қайд кардаанд. Сафири Хитой Вэй-сзе, ки дар ибтидои асри VII ба Суғд омада буд, чунин навиштааст: «Берун аз шаҳр дар ҷои алоҳида қариб дусад хонавода истиқомат доранд, ки махсус машғули дафн мебошанд, онҳо дар ҷои хилват ҳавлии махсус сохтаанд, ки дар он ҷо сагҳои махсусро парвариш мекунанд, агар ягон кас мурад, мурдаи ӯро ба миёнҷои ҳамин ҳавлӣ бурда мемонанд ва сагҳо гӯшти мурдаро хӯрда, устухонашро тоза мекунанд, пас аз ин устухонҳои мурдаро ҷамъ карда, дар зарфи махсус андохта мемонанд ва онро гӯр намекунанд».[44] Аз рӯи гуфтаҳои Табарӣ ва Наршахӣ маълум мешавад, ки баъзан устухони мурдаро одамони махсус тоза мекардаанд. Ба қавли К.А.Инострансев, маросими муқаррарӣ набуд ва он фақат дар мавридҳои махсус ба ҷо оварда мешуд.[45] Вале устухонҳое, ки дар новусҳои Панҷакент ёфт шуданд, дар худ осори дандон надоранд ва ҳатто пайванди сутунмӯҳра безарар мондааст — ҳол он ки агар гӯшти устухонро сагҳо мехӯрданд, осори дандон ҳатман боқӣ мемонд. Дар ҳар як дахмаи Панҷакент – ба ҳисоби миёна устухони даҳ мурдаро мегузоштаанд. Дар дахмаҳо ғайр аз оссуарийҳо, инчунин зарфҳои сафолӣ, тангаҳои мисӣ ва асбоби зинату ороиш ҳам монда мешуд.[46]

Дар боло дар бораи маросими сӯгвории суғдиён андак маълумот оварда будем. Дар ҳуҷҷати В-8 Қалъаи Муғ (ки шартномаи фурӯши замин аст) гуфта мешавад, ки харидорон ва авлоди онҳо ҳақ доранд, дар ин замин мурда гузоранд ва сӯгворӣ кунанд.[47] Маросими сугвории ҳангоми дафн дар «Шоҳнома» ҳам тасвир шудааст.[48] Ин маросим, инчунин дар санъати тасвирии суғдиён низ инъикос гардидааст. Аслан ин маросим ба қонуну қоидаҳои зардуштия хилоф мебошад, зеро зардуштия дар болои мурда гиряву нола карданро қатъиян манъ намудааст. Вале дар Осиёи Миёна ва, аз афти кор, дар Эрон ҳам ақидаҳои қадимии халқӣ нисбат ба манъи динӣ зӯртар буданд.[49] Дар давраҳои баъдина зидди ин маросим ислом ҳам дурудароз муборизаи шадид бурд, вале дар ҳама ҷо — ҳам дар Байнаннаҳрайн, ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна маҷбур шуд, ки ақиб нишинад. Ин ё он шакли маросими мазкур то ба қарибиҳо вуҷуд дошт. Дар болои мурда гиряву нола карда ва ҳатто «самоъ рафтан» (ки як навъи рақси маросими дафн аст) дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам маъмул мебошад.

Дар маъхазҳо «оташкада» ва «буткада» зикр шудааст. А.М.Беленитский роҷеъ ба он тамоми маълумотро ҷамъ кард ва ба тафсил таҳлил намуд. Ғайр аз маъхазҳои номбурда, инчунин «Шоҳнома»-ро низ далел овардан мумкин аст, ки дар он «оташкадаҳои» Бухоро ва Пайканд қайд шудаанд. «Шаҳристонҳои Эрон» ном асари географии паҳлавии асри IХ хабар медиҳад, ки дар Самарқанд писари Сиёвуш оташкадае бино карда, ба он ҷо матни «Авесто»-ро, ки дар лавҳаҳои тилло (ё зарандуд) навишта шуда буд, гузошт ва баъд онро Сакандар (Искандари Мақдунӣ) хароб кард ва ниҳоят, Тури Фрастак (Афросиёб) «хонаи худоёнро ба лонаи девон табдил дод». Мувофиқи ривояти маъхазҳои хитоӣ, дар Кушония маъбаде будааст, ки дар деворҳои он сурати шоҳони қадимии халқҳои гуногуни ҳамсоя кашида шудаанд. Малики Кушония ҳар рӯз дар ин маъбад ибодат мекардааст. Наршахӣ ҳам аз «оташкадаҳо»-и Ромитану Бухоро дарак медиҳад ва сухан на дар бораи асари афсонавӣ, балки дар бораи асари конкретӣ-таърихӣ меравад. Дар Самарқанд дар айёми истилои арабҳо «буткадаву оташкадаҳо» будаанд ва дар бораи деҳаи Тавовис низ чунин хабар ҳаст (Табарӣ, Балозурӣ). Маъхазҳо бисёр тафсилоти ин бутҳоро тасвир кардаанд ва ин бутҳо чӯбини зарандуд, нуқрагин ва тиллоӣ будаанд. Вақте ки бутҳои бутхонаи калони Самарқанд сӯхта шуд, аз хокистари онҳо 50 ҳазор мисқол тилло баромад. Яке аз бутҳои симини Самарқанд баъди об карда шудан 24 ҳазор мисқол нуқра шуд. Наршахӣ аз Пайканд сухан ронда менависад, ки арабҳо дар буткадаи он буте ёфтаанд, ки аз нуқра буда, 4 ҳазор дирам вазн доштааст, вале мувофиқи ривояти дигар, ин бут тиллоӣ буду 50 ҳазор мисқол вазн дошт. Парастиши ин бут дар Самарқанду Бухоро баъди ғалабаи ислом ҳам хеле давом кард. Буткадаҳо ниҳоят бой буданд, тиллову нуқраи бешумор, ҷавоҳироти бисёр доштанд, масалан, гавҳарҳое доштанд, ки ба андозаи тухми мурғ меомад.

А.М.Беленитский ҳамаи ин хабару ривоятро ба тафсил тадқиқ намуда, ба хулосае омад, ки «буткадаҳо» ҷудо аз «оташкадаҳо» вуҷуд доштанд.[50] Ба фикри мо, А.М.Беленитский ин ақидаи худро пурра исбот накардааст, гарчанде аз як ҷиҳат даъвои вай ҷон дорад. Дигар ақидаи асосии А.М.Беле-нитский ҳамин аст, ки дар Осиёи Миёна рӯҳониёни оташкадаҳо, ки онҳоро зардуштӣ меномад, зидди бутпарастӣ мубориза мебурданд ва дар ин мубориза зардуштиён дастболо буданд. Вале, ба фикри мо, ин даъво асоси казоӣ надорад. А.М.Беленитский ба ақидаҳои худ ҳамон қоидаву қонунҳои зардуштияро асос кардааст, ки дар Эрони сосонӣ маъмул буд. Вале зардуштияи Осиёи Миёна ба зардуштияи Эрон айнан монанд нест. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала бисёр эҳтиёт шудан даркор. ҳанӯз В.В.Бартолд тахмин карда буд, ки ақоид ва русуми зардуштиёни Осиёи Миёна «аз ақоиди пайравони аслии Зардушт хеле фарқ мекунанд». А.Ю.Якубовский навишта буд: «Асоси ҳам зардуштияи Эрон ва ҳам дини суғдиёну бохтарҳову хоразмиён ким-чӣ хел эътиқоду ақоиду русуми ягона буд ва он эътиқод, аз як тараф, тасаввуроти дуалистонаро дар бораи муборизаи олами некӣ ва бадӣ, аз тарафи дигар, парастиши оташро дарбар мегирифт. Дар Эрон зардуштия ба дини давлатӣ табдил ёфт ва соҳиби ақоиди мустаҳкаму аниқ гардид ва ташкилоти мураккаби пешвою роҳбарони он ба миён омад, ки ба корҳои давлатӣ, алалхусус, дар ҷабҳаи идеология таъсири зӯр доштанд. Дар Осиёи Миёна тақдири зардуштия дигар хел шуд – яъне ақоиди аниқу мустаҳкам ба вуҷуд наовард, ба дини давлатӣ табдил наёфт, зеро худи он давлати ягона набуд ва пешвои роҳбарони он ҳам ба як ташкилоти тавонои мустаҳкам муттаҳид шуда натавонистанд. Зардуштия бо динҳои маҳаллӣ омехта шуд, ки онҳо, аз афти кор, ба парастиши оташ хеле мувофиқат доштанд.[51] Барои ифодаи дини суғдие, ки ба он давраҳо нисбат дошт, ҳатто истилоҳи махсус «маздоия» пешниҳод карда шуд.[52] Эроншиноси машҳури имрӯза В.Б.ҳеннинг ҳам «ба бутпарастии аслии Суғд таъсир расондани таълимоти Зардуштро» имконпазир донистааст.[53]

Гарчанде ҳанӯз В.В.Бартолд хусусияти динҳои маҳаллии тоисломиро мавриди тадқиқ қарор дода бошад ҳам, то ба ҳол дар ин бора қарори ягона вуҷуд надорад ва бисёр масъалаҳо ё торик мебошанд ё роҷеъ ба онҳо ду ақидаи ба ҳам мутлақо хилоф ҳастанд. Масалан, ду муҳаққиқи мӯътамад — А.М.Беленитский ва А.Ю.Якубовский дар масъалаи муайян намудани муносибати байниҳамдигарии динҳои маҳаллӣ ва зардуштия ақидаҳои ба ҳам тамоман зид доранд. Муҳаққиқони таърихи маданият ва археологҳо материалҳои лингвистиро бояду шояд истифода намебаранд, дар навбати худ, забоншиносон материалҳои археологӣ ва иконографиро дуруст кор намефармоянд ва тадқиқи онҳо низ душворию мушкилоти зиёде дорад, ки алҳол пурра муайян карда нашудааст.

Барои тафҳими ҷаҳонбинии суғдиён, аз ҷумла, барои тафҳими дини онҳо, суратҳои рӯи девор маъхази хеле муҳим, вале дар айни ҳол, маъхази бениҳоят мушкилу мураккаб мебошанд. Дар Панҷакент суратҳо мувофиқи як тартиби муайян ҷой гирифтаанд, Масалан, дар толори чоркунҷа рост – рӯбарӯи дари даромад, аксар вақт андаруни токчаҳо «…муҷассамаи калони худоро ҷой медоданду баъзан дар паҳлӯи он дигар шахсони муқаддасро низ мегузоштанд. Дар пеши сурати худо иштирокчиёни ибодат–суғдиёни рост ё базонуистода тасвир карда мешуданд. Агар худо дар пешгоҳи токча кашида шуда бошад, расми одамон дар деворҳои паҳлӯи токча ҳам тасвир шуданаш мумкин буд. Дар ду тарафи қисми марказии расм тасмавор чанд қабат манзараи муҳорибаҳову зиёфатҳо ва аксар вақт достонҳои мукаммали пурмаъно тасвир мегардиданд ва бари ҳар як қабати ин расмҳо қариб 1м буд». Дар қисми аз ҳама поёни расм дар лавҳаҳои чоркунҷа суратҳои афсонавӣ ё маишӣ кашида мешуданд.[54] Аз худи ҳамин тартиби ҷойгиршавии расм маълум, ки дар ҷаҳонбинии суғдиён ақидаҳои динӣ ва дунёвии онҳо чӣ гуна ба ҳам омезиш ёфта буданд.

Дини маҳалли Суғд соҳиби анъанаҳои мукаммали тасвироти динӣ буд. Ба ҷумлаи худоҳо — худои ҷирмҳои осмонӣ, худои ҳодисаҳои табиат дохил шуда, инчунин парастиши баъзе габрҳо низ вуҷуд дошт. Аз байни расмҳои худоҳо расмҳои зеринро номбар карда мумкин – олиҳаи чордаста, худои урён, ки баданаш кабуд буда, дар миён лӯнгии пустипалангӣ дорад, олиҳае, ки дар тахт нишастаасту дар паҳлӯяш шерҳои болдор тасвир шудааст, худои сесараю шашдастае, ки соскан дошта истодааст ва ғайраву ва ҳоказо. Дар тасвири баъ-зе аз ин худоҳо аломатҳои суратҳои ҳиндӣ (шивагӣ) баръало ба назар мерасад. Ба ақидаи А.И. Беленитский ва Б.И. Маршак, суғдиён дар муддати дароз со-ҳиби хати муайян ва анъанаи тасвироти динӣ набуданд. Дар натиҷа ба туфайли рақобати дини буддоия ва монавия, ки чунин анъанаро соҳиб буданд, габрҳо анъанаи тасвироти динии ҳиндуро андак дигар сохта, барои эҳтиёҷи худ мувофиқ намуданд. Ин ақида, ба назари мо, ба ҳақиқат хеле наздик аст.

Ҷолиби диққат аст, ки дар Панҷакент дар хонаҳои гуногун худоҳои гуногун тасвир ёфтаанд ва ба ақидаи муҳаққиқони номбурда, ин кор далели ҳамин мебошад, ки ҳар як хона соҳиби худои «худаш» буд. Камбағалон бошанд, имкон надоштанд, ки дар кулбаҳои худ расми худоро кашанд, бинобар ин ҳар як камбағал як бутчаи сафолӣ мехариду ба ҳамон ибодат мекард.

Дар ҳар як хонаи бой меҳробе буд, ки дар он шабонарӯз оташи муқаддас дармегирифт ва ин шаҳодат медиҳад, ки дар системаи онзамонаи динӣ па-растиши оташ аҳамияти калон дошт.[55]

Тадқиқотҳои солҳои охири забоншиносон хеле маълумоти муфид дод. Дар никоҳхати Қалъаи Муғ қасаме зикр мешавад, ки ба номи Баг ва Митра ном худоҳо дода шудааст. Баг ин худи ҳамон худо аст, ки ҳанӯз дар «Ригведа» дар қатори Митра дучор мешавад ва худоест, ки мартабааш андак поёнтар аст. Ба ақидаи В. Б. ҳеннинг, дар никоҳхати Қалъаи Муғ Баг баробари Митра ва ҳатто аз Митра ҳам андак болотар меистад. Митра бошад, мисли Багчун худое тасвир шудааст, ки мутасаддии муоҳида мебошад. [56] Ношири никоҳхат — В.А.Лившитс ба ин даъво зид баромад ва ба ин кор асос ҳам дошт. Муқоисаву таҳлили ҳамаи матнҳои Қалъаи Муғ (ва дигар ҳуҷҷатҳои суғдӣ) В. А. Лившитсро ба чунин хулосае водор кард, ки ин номи худои асосӣ, яъне номи Аҳуро Маздо мебошад, вале суғдиён одатан номи пурраи ин худоро (хωқmzt’βγ «Баг Ахура Маздо») ба забон намеоварданд ва ба қалам намедоданд (ба ҳар ҳол навишти он ниҳоят кам вомехӯрад).

Аз ҷумлаи худоёни олимартабаи суғдиён Зарвонаро зикр кардан даркор, ки он ба худои олии ҳиндуҳо Браҳма айният дорад ва дар матнҳои тарҷу-мавии суғдию буддоӣ ба сифати «аъзам» ва «шоҳи худоён» дучор мешавад. Ғайр аз ин Вэрэтрагна (Wsyn– Вашэгн), Нанайя, Хварэнаҳ (дар шакли ргп – Фарн), Тиштрийа (tys Тиш – ситораи Шаб – Оҳанг) ва дигар худоҳо низ маъ-мул буданд. Ба ин силсилаи худоёни накӯкор худои бадсигол — Аҳриман муқо-бил меистад, ки ба суғдӣ ба тарзи махсус Шимну (Smnғ) талаффуз карда мешуд ва дар атрофи худ девҳои (ǒyw) бисёр дошт. Мо дар байни суғдиён бисёр мафҳуму тасаввуротеро мебинем, ки хеле пештар дар «Авесто» зикр шудаанд.

Масалан, маъбад вағн (βγn) ном дорад. Муаррихони асрҳои Х–ХIII (ва дигар маъхазҳои давраҳои сонитар) бисёр деҳаҳои Суғдро ном бурдаанд, ки дар таркиби номи онҳо калимаи фағн («бағн», «вағн») ҳаст ва он, бешубҳа, аз калимаи «вағн» бармеояд (ва инро бори аввал В. Б. ҳеннинг муқаррар кард). Чунинанд деҳаҳои Миёнбағн (дар Вобканд), Вануфағ (н)-и қарибии Тавовис (дар атрофи Бухоро), Устувағн ва Хурбағн (дар Ғиждувон), Рустовағн ва Карасвағн (дар атрофи Самарқанд), Хушуфағн (дар қарибии Каттақӯрғон ё Самарқанд ё худ, эҳтимол, ду деҳа буд), Кукшибағн (дар қарибии Ургут) ва ғ. Ақидае ҳаст, ки маънои «хушуфағн» «шаш маъбад» мебошад. Хуллас, дар топонимикаи Суғд бисёр номҳое боқӣ мондаанд, ки асли онҳо калимаҳои суғдӣ буда, маънои «маъбад»-ро доранд. Вале агар мо ҳам мисли баъзе муаррихони имрӯза гумон кунем, ки мавқеи он ҷойҳое, ки номи онҳо дар таркиби худ калимаи суғдии «маъбад»-ро доранд ва ин ҷойҳо дар хоки Суғд ҷойгир шудани маъбадҳои зардуштиро айнан нишон медиҳанд, ба хатои дағал роҳ хоҳем дод. Дар воқеъ, қонунияти пайдоиши номҳои мураккаб хеле амиқ ва печ дар печ аст. Худи ҳамин гапро дар бораи он номҳои мураккаби маҳалҳо гуфтан мумкин, ки дар таркиби худ Ву, яъне «олиҳа», «худо»-и суғдӣ доранд.

Номи пешвои маъбад, сардори маъбад вағнпат буд; ин истилоҳ дар «Мактубҳои қадимии суғдӣ» ҳам вомехӯрад. Ин ном дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ ҳам ҳаст. Курчи ном вағнпат (ҳуҷҷати I) дар иҷрои супориши муҳими дипломатӣ иштирок кардааст. Ғайр аз ин дар дигар як ҳуҷҷати Қалъаи Муғ (А-5) муғпат зикр шуда» аст, ки маънояш пешвои муғон аст.

Дар қатори дини маҳаллӣ, ки онро ҳозир баъзан дини маздоия ҳам меноманд, дар Суғд дигар динҳо ҳам паҳн шуда буд. Дар ин давра буддоия обрӯи казоӣ надошт ва онро дигар динҳо танг карда буданд. Буддоия пайравони бисёр ҳам надошт, вале сарфи назар аз ин, аҳамияти буддоия ва дигар динҳои ҳиндуён дар ҳаёти Суғд паст набуд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо, насрония хеле паҳн шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарқанд епископи насронии равияи несторӣ менишаст, дар асри VIII бошад, ҷои ӯро митрополит гирифт.[57] Дигар дин, ки онро монавия меномиданд, низ хеле реша давонда буд.

Дар ҳаёти Суғди тоисломӣ чи мақом доштани монавияро А.М.Беле-нитский муфассал тадқиқ кардааст. Қарибиҳои солҳои 600 дар байни монавиён тафриқа афтод, дар Осиёи Миёна мазҳаби диноварии монавиён барқарор гардид, ки маркази он дар Самарқанд буд. Ба ақидаи А.М.Беленитский, агар тахмин кунем, ки расмҳои рӯидевории Панҷакент расмҳои монавӣ мебошанд, ба ҳамин шарт мазмуни онҳоро тафсир кардан мумкин аст.[58] Ва ин тафсир кори хеле душвор мебошад.

Кирои таъкид аст, ки ҳатто ҳамин материали на он қадар муфассал чӣ қадар мураккаб будани масъалаи ҳаёти Суғди асрҳои VI–VIII-ро равшан нишон медиҳад. Дар Суғд вуҷуд доштани динҳои гуногун боиси пайдо шудани системаҳои динии муттаҳида (синкретӣ) гардид.

[1] Ба аrидаи В.А.Лившитс, номи аслии суuдии Афросиёб «Паршавоп» будааст (маънои «Паршавоп»- «Бар оби сиёҳ», яъне «Канори дарёи сиёҳ» мебошад, онро ба тоҷикӣ Порсиёб талаффуз мекардагӣ шуданд ва дар асрҳои минбаъда калима ба худ шакли «Афросиёб»-ро гирифт — Лившиц В.А., 1965 а, с. 5).

[2] Тереножкин А.И., 1950 б, с. 161. Муrоиса кунед: Массон М.Е., 1950, с. 160-161 (дар Самарrанд «ба андозае беҳтар шудани зиндагӣ ба назар мерасидааст»).

[3] Пачос М.К., 1967, инчунин ниг.: 1966.

[4] Шишкин В.А., 1966; Альбаум Л.И., 1971; Альбаум Л.И., 1975.

[5] Шишкин В.А., 1963; Нильсен В.А., 19З6, с. 35-36.

[6] Якубовский А.Ю., 1940 — саҳ 51-84, Нильсен В.А., 1966, с.17.

[7] Шишкин Г.В.,1961; Нильсен В.А., 1966 с. 23-25.

[8] Григорьев Г.В., 1940а.

[9] Ставиский Б.Я., 1957 а; 1961, в, г; 1964 а.

[10] Воронина В.Л., 1934, с. 78-87.

245а Беленицкий А.М., Ставицкий Б.Я., 1959, с. 62-66; Беленицкий А.М., 1967, с. 23.

[11] Беленицкий А. М., 1960.

246а Беленицкий А.М., 1967, с. 24-25.

[12] Uайр аз асарҳои номбурда боз ба баъзеи дигар асарҳои асосӣ ниг.: «Живопись древнего Пянджикента» (маҷм. маr.), М., 1954; «Скульптура и живопись древнего Пянджикента» (маҷм. маr.), М., 1959.

[13] Шишкин В. А., 1963, с. 150–156.

[14] Шишкин В.А .,1966, с. 14-22; Альбаум Л.И., 1971.

[15] Дьяконов М.М., 1954 а, с. 89-90.

[16] Ӣussagli M., 1963, s. 42-50.

[17] Беленицкий А.М., 1959, с. 75-76.

[18] Рифтин Б.Л., 1960, с. 128.

[19] Schafӯr Ӯ.N., 1963, p. 55-56.

[20] Воронина В.Л., 1959. Чӯбҳои кандакориро Б.Я.Ставиский ва А.Ю.Якубовский дар Мадм ёфтаанд.

[21] Беленицкий А.М., 1962.

[22] Шишкин В.А., 1963.

[23] Тарҷумаи аниrи инро ниг.: Реlliot., 1934, р. 48; муrоиса кунед: Веаl, s, 1906, р. 26–27 («сӣ ё rариб сӣ»).

[24] Gauthiot R., 1914–1923; Ӣӯnvӯnistӯ Е., 1929; Лившиц В.А., 1966.

[25] Яuнобиҳо rавми камшуморест, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ, дар соҳилҳои дарёи Яuноб зиндагӣ мекунанд (дарёи Яuноб шохаи Фондарё аст, ки дар навбати худ ба дарёи Зарафшон мерезад). Шумораи яuнобиҳо хеле кам аст. Дар чоряки охири асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ шумораи онҳо 1250-1400 нафар буд. Мувофиrи маълумотҳои аниrтар, ки ибтидои солҳои 30-юм ба даст омад, шумораи яuнобиҳо (дар худи Яuноб) ба 2150 нафар расид. Алҳол шумораи онҳо аз 3 ҳазор бештар мебошад. Яuнобиҳо uайр аз худи Яuноб дар дигар ҷойҳо, масалан, дар деҳаҳои болооби Варзоб ҳам зиндагӣ мекарданд. Дар рӯзҳои мо як rисми яuнобиҳо ба тоҷикӣ гап мезананд, rисми дигари онҳо (таrрибан 2,5 ҳазор нафар) дузабона мебошанд.

[26] Аз ҷумла дар бораи яuнобиҳо аз забони онҳо ниг.: Залеман К.Г., 1888; Gӯigӯr W., 1901; Маллицкий Н.Г., 1924; Андреев М.С., 1928; Климчицкий С.И., 1940 б; 1940 а; Боголюбов М.Н., 1956; Андреев М.С. ва Пещерева Е.М., 1957; Хромов А.Л., 1966 б; 1966 а; 1968.

[27] Певзнер С.Б., 1954; Лившиц В.А., 1962 б, с. 67–68.

[28] Веаl S., 1906, р. 27.

[29] Матни суuдӣ, тарҷумаи франсавӣ ва луuатро ниг.: Ӣӯnvӯnistӯ Е., 1946. Таъвили муфассали русии матнро ниг.: Бертельс Е.Э., 1960, с. 69-71.

[30] Бертельс Е.Э., 1960, с. 72.

[31] Лившиц В.А., 1962 б, с. 72.

[32] Тафсилоти инро ниг. дар: Дьяконов М.М., 1951 (ҳаволаҳо ба маъхаз ва адабиёт низ дар ҳамин ҷо).

[33] Ӣӯnvӯnistӯ Е., 1956; Hӯnning W.Ӣ., 1940., 1945; 1946;Брагинский И.С., 1955. с. 129-131, 207-215, 413-415.

[34] Бичурин, II, с. 313.

[35] «Тhе Lifе оf Hsuan–Тsaug», 1959; Сhаvannӯs Е., 1903, р. 133.

[36] Бичурин, II, с. 310.

[37] Fuchs W., 1938, s. 452.

[38] Бичурин, II, с. 281.

[39] Берунӣ, 1958, с. 284; ниг. низ ба с. 236, 255.

[40] Дьяконов М.М., 1951, с. 36–37 (бо ҳавола ба маъхазҳо).

[41] Толстов С.П., 1948 а, с. 202–204.

[42] Кастальский Б.Е., 1909 (замима); Борисов А.Я., 1940 а; Ставиский Б.Я.,1961 б; Рапопорт Ю.А., 1971.

[43] Бартольд В. В., 1966 а, 1966 б; Иностранцев К.А., 1907 6; 1907 а, 1909; Борисов А. Я., 1940 6; Ставиский Б.Я., 1952; Рапопорт Ю.А., 1971.

[44] Chavannӯs Ӯ 1903, р. 123.

[45] Иностранцев К.А., 1909, с. 115.

[46] Ставиский Б.Я. ва диг., 1953.

[47] Лившиц В.А., 1962, 6, с. 47–48, 52–53.

[48] Беленицкий А.М., 1954, саҳ 82

[49] Widӯngrӯn G., 1965, 5. 329-330, 339-340.

[50] Беленицкий А.М., 1954, с. 52–62. Инчунин ниг.: Смирнова О.И., 1971, с. 103–106.

[51] Якубовский А.Ю., 1954, с. 21–22.

[52] Исботи ин даъворо ниг.: Ставиский Б.Я. ва диг., 1953, сах. 88, 82. Ба ҳар ҳол, агар ин ислоҳро ба маънои дилхоҳ истифода бурдан лозим бошад, ба он сифати «осиёи-миёнагӣ»-ро илова кардан беҳтар аст.

[53]Hӯnning W., 1965 а, р. 250 (…impact of Zoroastӯr’s tӯachings in thӯ nativӯ paganism of Sogdianӯ).

[54] Беленицкий А.М., Маршак Б.И, 1976, с. 75–76,

[55] Беленицкий А.М., Маршак Б.И., 1976, с. 75–86.

[56] Hӯnning W., 1965; р. 248-250 (дар бораи Митра ниг.: Gӯrshӯvitsh s., 1959); Кляшторный С.Г., Лившиц В.А., 1971, с. 133–134.

[57] Бартольд В.В., 1964, с. 275.

[58] Беленицкий А. М., 1954, с. 39–52, 62–81; Беленицкий А.М., 1959, с. 61–64.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …