МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Санавбар
Санавбар

Санавбар

Санавбар — ин дарахтро ба забони русӣ сосна меноманд, ки ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедиҳад, фақат аз шилми он қатрон ҳосил мекунанд; дигараш самари монанди дили гӯсфанд дорад — ин навъи модаи он аст. Самараш дар хомӣ яклухт метобад ва агар расида гардад, донаҳояш аз ҳам шукуфта, дар намуд ҷудо мегарданд. Беҳтарини он мағзи тухмаш сафед, болида ва равғандори он аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дувум гуфтаанд. Мизоҷи барг ва пӯстлохи он гармтар аст аз тухми он.

Хислатҳои шифобахши он: барг ва пӯстлохи онро бихӯранд, барои дарди гулӯ, ҷароҳати шуш, банд кардани хуни бинӣ ва қатъ гардонидани хуни ҷароҳатҳои нав дору мешавад. Ҳар рӯз 4,5 грамм сӯзанбаргҳои онро кӯфта, бо шаҳдоб биёшоманд, иллатҳои ҷигар, варам ва дағалии онро дафъ мекунад. Агар ин миқдор хушкашро бо оби сард бихӯранд, дарунро мебандад.

Барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷойи чокшуда ва даридаи узвро покиза сиҳат мекунад. Бо зоки сурх якҷо кӯфта бипошанд, решҳои раддиро шифо мебахшад.

Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об ғусл кунанд, мондагиро бартараф месозад, касалиро шифо мебахшад, баданро аз чирк пок менамояд, бадбӯии арақи баданро дафъ мекунад. Агар дар он об то ноф даромада нишинанд, бемориҳои мақъадро ба ибро меоварад. Оберо, ки дар он  баргҳои ин дарахт ҷӯшонида шуда бошад, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Онро сӯхта, занҳо худро батакрор ба дудаш бидоранд, ҳамроҳаки тифлро хориҷ мекунад, ҳайзро равон менамояд.

Қатрони инро бимоланд, мӯйи рехтаи мижа ва абрӯро мерӯёнад, барои гудохтани барҷастагии гӯшти чашм аз тарафи бинӣ дору мешавад; барои обравӣ, камқувватии чашм, шилпуқӣ ва қӯтури он даво мебошад.

Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, хунравиро аз ҷароҳатҳо манъ мекунад. Чӯбашро реза карда, дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, инчунин дар даҳан нигоҳ доранд ҳам, ҳамин асарро дорад.

Пӯсти решааш бандкунандаи дарун ва хушккунанда аст. 9 граммашро кӯфта бихӯранд, исҳолро мебандад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад. Кӯфтаи инро ба сӯхтагии оташ ва аз оби гарм бипошанд, зуд ба ибро меоварад; ва агар инро бо оби гарм хамир сохта гузошта банданд, дарди узвҳои латхӯрдаро таскин медиҳад.

Мизоҷи дона, яъне тухми санавбари калондарахт дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар аст. Қувваташ то як сол боқӣ мемонад.

СанавбарХислатҳои шифобахши он: агар мағзи донаи инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд, асабҳоро қавӣ мегардонад, узвҳои баданро мустаҳкам мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, шиддати бодҳои тезро мешиканад; барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ, кузоз (столбняк), ларзак, захмҳои шуш, дарди буғумҳо, ки аз сардӣ бошанд, бемориҳои ҷигар, зардпарвин, истисқо, дарди гурда ва хичак, ки сабабаш ҷамъ шудани сафрои сӯхта бошад, шифо мебахшад.

Агар инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ҳар рӯз 14 грамм аз он лесида бихӯранд, фолиҷ ва ларзакро шифо мебахшад: барои бемориҳои шуш ва пок намудани ин узв аз ахлоти ғафсгашта, покизагии гурда, дур кардани сурфаи кӯҳна, хусусан дӯшоб ҳамроҳ карда биёшоманд, даво мебошад.

Мағзи инро бо тухми бодиринг якҷо кӯфта бихӯранд, пешобро равон мекунад, захмҳои гурда ва хичакро сиҳат мекунад: агар бо оби чилмангӯштак (семизут) биёшоманд, дарди меъдаро таскин медиҳад, бадани нимҷонро қувват медиҳад, рутубатҳои мурдорро аз бадан дафъ мекунад. Тухми тару тозаи инро бо пӯсташ якҷо кӯфта, дар об ҷӯшонида, он обро бо шароби мусаллас даромехта, аз ин таркиб ҳар рӯз 100 грамм бинӯшанд, сурфаи кӯҳна ва захмҳои шушро дафъ менамояд.

Мағзи тухми санавбари калондарахтро бо мудовамат бихӯранд, узвҳои нотавон ва сустгаштаро ба ҳоли аслиашон меоварад, гӯшти баданро сахт мегардонад.

Тухми онро кӯфта, дар оби ангур андозанд ва худ аз худ он ба ҷӯш ояд, шароби тухми санавбар мегардад. Нӯшидани ин шароб назлаҳоро манъ мекунад, сурфаро таскин медиҳад, ҳазми таом меоварад, исҳоли обдорро банд месозад, истисқоро (водянкаро) шифо мебахшад. Тухми санавбарро бо талхшувоқ якҷо кӯфта, ба меъда гузошта банданд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, яъне дарди шикамро сокин мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми он дар як рӯз то 7 грамм аст ва аз усораи он, ки оби баргҳои онро дар офтоб ғафс гардонида бошанд, то 10,5 грамм аст. Аз обе, ки дар он баргҳои санавбар ҷӯшонида шуда бошад, меъёри нӯшиданаш 25 грамм аст.

Мағзи тухми санавбар душворҳазм мешавад, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад, дилро беҷо (беҳузур) мегардонад. Дар ин ҳолат сиканҷабин ва меваҳои турш бояд бихӯранд, ки зиёнаш ислоҳ ёбад. Вале ба одамони сардмизоҷ мувофиқ аст. Агар барои афзудани қуввати боҳ истеъмол карданӣ бошанд, бо кунҷид ва асал бихӯранд, зеро ин чизҳо зиёдкунандаи қуввати онанд. Бояд зиёда аз 12,5 грамм, ки як-як шикаста бихӯранд, тановул нанамоянд. Агар аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, печиши рӯдаҳоро содир мекунад.

Шилми санавбар се навъ мешавад: 1. Рақиқгар аст ва шах намешавад, онро зифти тар меноманд; 2. Он ки табиатан шах аст, яъне ҳангоми аз дарахташ дамидан худ ба худ дар ҳамон ҷо сахт мегардад; 3. Он ки бо оташ бипазанд, шах мегардад. Беҳтарини шилми санавбар он аст, ки рангаш сафеди моил ба зардӣ бошад ва бӯйи санавбар аз он шамида шавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк асг. Мизоҷи навъи оташдидаи он гармтар аст аз оташнадидаи он. Хислатҳои шифобахши он: 2,25 граммашро бо зардии тухми мурғи нимпухта ва ё бо обе, ки дар он сабӯси гандум ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, барои сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва ҷароҳати тари шуш дармон мешавад. Агар ин шилмро бихоянд, сурфаи тарро даво мебошад, моддаҳои зарарнокро аз майна кашида берун мегардонад.

Шилми санавбарро монанди тамоку рӯзи аввал як дафъа, рӯзи дувум ду дафъа, рӯзи севум се дафъа бикашанд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва захми шуш давои аҷиб мебошад. Чун латтаро ба ин шилм олонда, дар офтоб хушк карда, бемории зукоми сард, таби дурӯздармиён дуди онро бишаманд, ҳамон соат таскин медиҳад.

Инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; барои дафъ кардани хориш, қӯтур ва дағалии пӯст дармон мебошад; агар бо гулнор якҷо кӯфта, гузошта банданд, даридани рагҳо, инчунин носурҳоро ба ибро меоварад; баробари вазни он тухми зағир ҳамроҳ намуда, кӯфта банданд, озахҳои овезони мақъадро, ки табибон аз илоҷи он оҷиз омада бошанд, дафъ мекунад; инчунин барои кафидани пӯсти пойҳо доруст, бавосирро дафъ менамояд ва барои ислоҳ кардани каҷии нохун таъсири хуб ва пуррае дорад.

Чун як ҷузъ шилми санавбар, зарнихи сурх (сернистый мышьяк), саргини заргӯш, равғани буз — аз ҳар се нисф ҷузъ — ҳамаро соида, дар оташ гудохта, қурсҳо бисозанд, ҳар як қурс 2,25 грамм бошад. Дар вақти ҳоҷат як қурсро бо оташи мулоим дуд кунанд ва дуди онро ба воситаи найча ҳар рӯз се бор ба дарун бикашанд, барои сурфа ва захми шуш давои хеле хубе мебошад. Чун як ҷузъи онро дар рӯйи оташ гудохта, баробари вазни он тухми зағир, нисф вазни он сафедоби қалъаӣ (оловянные белила) дар он андохта, аз оташ фуруд оваранд, барои ба ҳам часпонидани даҳани ҷароҳатҳои нав давои хуб мебошад ва ҷароҳати кӯҳнаро пок мегардонаду онҳоро сиҳат мебахшад.

Шнлми санавбар дар баданҳои сахт гӯшт мерӯёнад, вале дар баданҳои мулоим варамҳоро ба амал меоварад. Чун шилми санавбарро бо нисф вазни он зарних, мурч ҳамроҳ карда, бо равғани бодом пухта, монанди марҳам гузошта банданд, донаи бавосирро дафъ мекунад, лекин сахт ба дард меоварад. Илоҷи ин бо молидани сафедии тухми мурғ, сафедоб ва бо хӯрдани шири навҷӯшида ҳосил карда мешавад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

soxti-asab

Хосиятҳои умумиии системаи асаб

Аҳамияти системаи асаб. Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли муҳим мебозад. Вай кори доимии …