МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / САНГПУШТ ВА ХИСЛАТИ ТИББИИ ВАЙ

САНГПУШТ ВА ХИСЛАТИ ТИББИИ ВАЙ

Сангпушт ҷонварест маълум, ки даштӣ, баҳрӣ ва наҳрӣ мебошад. Мизоҷи сангпушти баҳрӣ ва наҳрии он дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар, вале мизоҷи даштиаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани гӯшти он боҳ ва камарро қувват мебахшад. Агар гӯшти онро кабоб карда бихӯранд, ҳайзро банд мекунад; бо хояи сагобӣ бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, ҷурраро (даббаро), ки нав аз даридани пардаи шикам ҳодис шуда бошад, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Хуни сангпушти даштиро бихӯранд, саръ (припадка)-ро шифо мебахшад ва ба ҷингак шудани узвҳо нафъ дорад. Чун хуни инро бо орди ҷав ва асал хамир сохта, он хамирро ба андозаи мурч ҳабҳо баста, баъд ҳангоми субҳ як ҳаб ва вақти шом як ҳаб, инчунин пагоҳи дигар як ҳаб бихӯранд, барои иллати саръ давои бемисл аст.

Хуни сангпушти даштиро ба дасту поҳо ба такрор бимоланд, барои дарди буғумҳо ва ниқрис (подагра) даво мешавад. Хуни онро бо хояи сагобӣ даромехта, бо он ҳуқна (клизма) кунанд, барои ҷингак шудани узвҳо дору мешавад.

Заҳраашро бимоланд, варами ҳалқро таҳлил медиҳад ва решҳои радии бадфиоли даҳани кӯдаконро шифо мебахшад. Инро бар бинии беморе, ки ба иллати саръ гирифтор бошад, бимоланд ё дар биниаш бирезанд, барои саръ шифо мебахшад. Заҳраи хушкашро бо асал даромехта ба чашм кашанд, оби дар гавҳарак фуромадаро дафъ мекунад, инчуннн гули чашм ва обравии онро ба ибро меоварад.

Чун шиками сангпушти даштиро шикофта, баъди куштан чизҳои дарунаш бударо гирифта партоянду баъд онро то сафед гаштан сӯзонида, бо равғани гов соида, ба латтаи карбосӣ молида, ба саратони решгашта гузошта банданд, онро аз рим пок мекунад ва даҳанашро ба ҳам меоварад — дигар пайдо намешавад; инчунин барои захмҳои дигар ва сӯхтагии оташ ҳам даво мешавад.

Тухми онро ба миқдори донаи мурч бо ҳарираҳои форами мизоҷ бихӯронанд, сурфаи кӯҳнаи кӯдаконро шифо мебахшад. Тухмашро бо даҳяк миқдори он арпабодиён якҷо карда бихӯранд, барои варами хояҳо давои бемисл аст. Агар тухми онро бо шири модараш ба тифл бихӯронанд, дард ва боди хояи тифлонро дафъ мекунад, инчунин ин тухмро дар равған ҷӯшонида бимоланд, низ онро шифо мебахшад.

Сангпушт
Сангпушт дар расм (сурат)

Равғанашро бимоланд, ҷингак шудани аъзо ва кузозро (столбнякро) ба ибро меоварад. Сангпуштро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд ё заҳрашро дар об ҷӯш дода, дар он об даромада нишинанд, ҷурраи (даббаи) кӯдаконро шифо мебахшад.

Гӯшти онро бихӯранд, ҷингак шудани узвҳо ва кузозро шифо мебахшад, пушт ва боҳ (пушти камар)-ро қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва маниро зиёда менамояд.

Косаи сангпуштро сӯхта, бо равғани гули сурх ва ё равғани тухми мурғ ё равғани кунҷид хамир сохта гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад.

Дар омади гап, гирифтани равғани тухми мурғ ин тавр аст. Тухми мурғро дар об пухта, зардаи онро ҷудо карда, дар рӯи чумча ё тунукае ба оташ мегузоранд. Чумчаро андак каҷтар мемонанд, то ки равғани аз зардии тухм ҷудошуда ба як тараф резад. Вақте ки аз зардии тухм равған ҷудо шавад, боз бо ягон чиз омезанд, ки сафед гардад, баъд он бо равғани гов ва тар ҷудо гардад.

Ҳамаи қисмҳои сангпуштро якҷо ба дараҷае бисӯзанд, ки сафед гардад, баъд онро бо равғани гов ва дигар равғанҳо сиришта бимоланд, барои саратони решгашта давои беназир аст; бо сафедии тухми мурғ даромехта бимоланд, барои кафидагии мақъад ва дигар узвҳо, хусусан кафидагии поҳо даво мешавад. Агар ин сӯхтаи онро бипошанд, захмҳои илоҷаш душворро сиҳат мебахшад. Агар ба он хокистари сӯхтаи он даҳяк мурч дохил карда, бо асал сиришта, пагоҳӣ ба дили наҳор ва вақти шом як чумча, ки 14 грамм аст, биёшоманд, барои иллати лаҳс, ки аз шиддати машаққат гирифтагии нафас ва баромадани забон аст, инчунин барои сил ва дамкӯтаҳӣ даво мебошад.

Устухонашро маҳин соида, ё сӯхтаи онро чун сурма ба чашм ҳар кас, ки бикашад, бидуни дард кӯр мегардад. Хуни сангпушти баҳриро биёшоманд, ҳамаи навъҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад. Агар косаи таги шикамашро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд, табро дафъ мекунад. Аз косаи пушташ об ба сар бирезанд, барои дафъ кардани қуввати мубошарати занон бағоят таъсирбахш аст.

Хӯрдани сангпушт ба рӯдаҳо зарар дорад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз сӯхтаи он 3,5 грамм, аз тухмаш 0,2 грамм ва аз хунаш 0,6 грамм аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …