МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / СаршавӢ ва ҷараёни шӯриш 1916
khujand

СаршавӢ ва ҷараёни шӯриш 1916

Ошӯбҳои аввалин дар шаҳри Хуҷанд сар шуданд. Аз рӯи тақсимот мувофиқи вилоят ва уездҳои кишвари Туркистон уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод. Ба мардикоргирӣ 4(17) июли соли 1916 бояд шурӯъ мекарданд. Опричники подшоҳӣ, губернатори ҳарбии Самарқанд Н.С.Ликошин (мисли ҳамвазифаҳои худаш дар вилоятҳои дигар) рӯйрост таҳдид мекард, ки дар сурати саркашӣ кардан мардикорон ба воситаи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда хоҳанд шуд. Хашму ғазаби омма уезди Хуҷандро фаро мегирад.

Дар бораи воқеаҳои минбаъдаи шаҳр рапорти сардори гарнизони маҳаллӣ полковник И.Б.Рубах маълумоти муфассал медиҳад. Ин полковник аз ошӯби мардум сари калобаи худро гум карда ва ҳатто тартиби ба киҳо рапорт доданро ҳам аз ёд бароварда, рапортро рост ба номи подшоҳ фиристодааст: «Ба Шумо аълоҳазрат императори аъзам бо тақсиру камияти тамом арз мекунам, ки 4 июл, рӯзона, дар шаҳри Хуҷанд, мардуми шаҳр издиҳом карда, ба идораи пристави политсия омаданд ва талаб карданд, ки рӯйхати мардикороне, ки мувофиқи фармоишоти Шумо аълоҳазрати императори аъзам аз санаи 25 июни ҳамин сол бояд ба корҳои ақибгоҳи армия фиристода мешуданд, бекор кунем. ҳукуматдорони политсия хеле илтимосу зорию тавалло карданд, ки мардум хона ба хона раванд, вале касе ба гапи онҳо гӯш накарда ва ҳама баробар ғавғову мағал бардоштанд. Вақте политсайҳо мардумро тела дода, дур карданӣ шуданд, аҳолии маҳаллӣ муқобилат карданд ва политсайҳоро дошта заданд.

Аз посбонгоҳе, ки дар наздикӣ воқеъ буд, панҷ нафар аскари қатории дастаи қаравулони Хуҷанд, ки барои рафъи бетартибиҳо омода меистоданд, ба сари ғавғо давида омаданд, вале издиҳом онҳоро ҳам филҳол печонида гирифт ва дар ин мобайн яке аз шаҳриён милтиқи аскарро кашида гирифтанӣ шуд, дигарон бошад, аскаронро сангборон карданд.

Дар ҳамин лаҳза аз байни издиҳом касе тир кушода буд, ки ин аскарони қаторӣ ва шарикони онҳо, ки дар болои девори қалъа меистоданд, ба тарафи издиҳом 16 маротиба тир кушоданд, дар натиҷа ду кас кушта ва як кас маҷрӯҳ шуд – ҳар се аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Издиҳом фавран пароканда шуд».[1]

Воқеаҳои Хуҷанд ба шӯру ошӯбҳои оммавии саросари кишвари Туркистон як навъ сарахбор шуданд. Шӯриш шаҳри асосии кишвар Тошканд ва пас аз он тамоми дигар вилоятҳоро фаро гирифт. Мо тамоми ҷузъиёти шӯришро муфассал баён намекунем, зеро дар бораи он тадқиқотҳои махсус чоп шудаанд.[2] Мо фақат дида мебароем, ки ин шӯриш дар ноҳияҳои тоҷикнишин чӣ гуна зоҳир шуд ва ба зуҳуроти он чӣ гуна баҳо додаанд.

Мо дар боло аз рӯи рапорти «бо тақсиру камтарини» полковник Рубах дидем, ки шӯриш аз нуқтаи назари ҳарбиёну политсайҳо чӣ гуна гузаштааст. Албатта, ин рапорт бисёр тафсилоти воқеаҳои 4 июли соли 1916-уми Хуҷандро баён намекунад. ҳол он ки бояд махсус таъкид кард, ки дар шӯриш нафақат аҳолии шаҳр иштирок доштанд. Мардуми деҳаҳои атроф ҳама аз ҷон сер шуда, ба ғазаб омада буданд ва садҳо нафар деҳқонон ҳамон рӯз ба Хуҷанд омаданд. Вақте пристави политсия Устимович фармуд, ки бегоҳии 3 июл дар саҳни масҷиди Шайх Муслиҳиддин бо «калоншавандаҳои» мардум мулоқот мекунад, ба он ҷо понздаҳ-бист «калоншаванда» не, балки якчанд ҳазор одам ҷамъ шуд.

ҳозирон қатъиян талаб карданд, ки тайёрӣ ё худ сафарбарии мардикорон бекор шавад, ё мавқуф гузошта шавад. Устимович маҷбур шуд, ки маҷлисро қатъ кунад, аниқтараш, думро хода карда гурезад. Рӯзи дигар дар шаҳр як навъ намоише шуд. Марду зан, пиру кампир, хурду калон, баччаву качча ҳама ба сӯйи гузари Охун рафтанд, ки дар он ҷо идораи оқсаққол воқеъ буд. Оқсаққол Мирзо Муинов ва пристав Устимович ин қадар одамро дида, зуд ваъда доданд, ки дигар рӯйхат тартиб дода намешавад. Баъди ин мардуми оташину пурғазаб, ки шумораашон ба 6–7 ҳазор расида буд, ба тарафи «шаҳри нав» равон шуданд.

Пешопеши ин намоиш Ҷӯра Зокиров, Додобой Машарифов барин одамон мерафтанд, ки баъдҳо дар роҳи ғалабаи ҳокимияти халқ дар Тоҷикистон муборизони машҳур шудаанд. Қозӣ Бузрукхӯҷа ва Комилҷон Олимҷонов ном бойҳои шаҳр пеши роҳи издиҳомро гирифта аз роҳ гардонданӣ ва пароканда карданӣ шуданд, вале мардум онҳоро ҳам гурезонданду идораи приставро печонида гирифтанд ва талаб карданд, ки рӯйхати мардикорон фавран нобуд карда шавад. Политсайҳо аз ғазаби мардум тарсида, андаруни бино пинҳон шуданд.

Ана дар ҳамин лаҳза аскарон пайдо шуданд, дастаи посбонони Хуҷанд пеш баромаданд ва якҷоя бо политсайҳо тир кушоданд. Аз тирҳои онҳо пирамарди ҳаштодсола шайх Оқил Неъматшайхов, ҷавони бистусесола Муҳаммадхон Миробидов ҳалок шуда, Мирзоҷон Мирфозилов маҷрӯҳ гардид. Аммо аскар кам буд. ҳанӯз 7 июл Ликошин ба иҷрокунандаи вазифаи сардори штаби Округи ҳарбии Туркистон Н.Н.Сиверс муроҷиат карда, бо исрор илтиҷо карда буд, ки ба вилоят тезтар солдату казакҳоро фиристад. Ғайр аз ин Ликошин навишта буд, ки сардори уезди Хуҷанд ҳам талаб карда истодааст, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа фавран яктогӣ пулемёт ва ягон панҷоҳнафарӣ казакҳоро фиристодан даркор.[3]

Аммо аскарфиристонӣ ҳеҷ натиҷа надод ва ин кори ҳукуматдорони подшоҳӣ барабас рафт. Ба ин худи Ликошин ҳам боварӣ ҳосил кард. Барои тафтиши вазъият вай 12 июл ба сафари вилоят баромад. Вай баъдтар (17 декабри соли 1916) ба генерал-губернатори Туркистон навишта буд, ки дар вокзали Хуҷанд «ба вай издиҳоми бузурге маътал будаанд, ки аз деҳаҳои Қистакӯзу Исфисор омадаанд, ман бозистодам, ки бо онҳо гап занам. Гуфтам, ки ҳар каси дар ҷояш рост истодагӣ шинад, худам рост истода ба ҳозирон аҳамияти фармоишоти аълоҳазрат императорро дар бораи мардикоргирӣ ва тартиби мардикоргириро фаҳмонда додам. ҳама гап назада, гӯш мекарданд, вале рӯи ҳама тираву қавоқҳо овезон буду аз сукути онҳо касро воҳима зер мекард».[4]

Дар омади гап, губернатор сонитар мегӯяд, ки «на ҳама дар сукут буданд». Исфисорие баромада гуфт, ки Кауфман дар вақташ ваъда дода будааст, ки дар муддати 50-сол ягон касро аз ин ҷо ба аскарӣ намегиранд. Пас аз ин Ликошин боз гапашро давом дода менависад:

«Ман ба он исфисорию ба издиҳом гуфтам, ки ин гап афсона асту маъно надорад ва зоҳиран гӯё ки гапҳои ман маъқул шуданд, вале оқибати кор тамоман дигар баромад – муллое, ки бо вай гап мезадам, якбора ба издиҳом рӯ оварду гуфт: «Гапро кашол додан чӣ лозим, ҳой халоиқ, шумо гуфта будед, ки мардикор намедиҳед, рост аст?». Тамоми издиҳом ба якборагӣ басо босалобату бадвоҳима ғурунгос зад, ки: «Рост, намедиҳем. Рост, намедиҳем»– ман бошам фақат ҳаминро гуфта тавонистам, ки фармоиши аълоҳазратро дар бораи мардикорӣ ҳар коре шавад, иҷро кардан даркор».

Он чӣ аён аст чӣ ҳоҷат ба баён аст – магар аз ин зӯртар манзараро дидан мумкин аст? Кай пештар мардум дида буд, ки худи губернатори ҳарбии вилоят дар пеши деҳқонону косибони деҳот гап занад?! Хайр, агар гап зада бошад ҳам, кай як одами олимансаби генерал-губернаторӣ аз даҳони ом ин қадар гапҳои рӯйросту пухтаву бурро шунида буд?!

Минбаъд ҳам қистакӯзиҳову исфисориҳо бо камбағалони Хуҷанд алоқаи мустаҳкам доштанд ва дар зарурат фавран ба мадади онҳо меомаданд. Масалан, вақте 21 июли 1916 ҳукуматдорони Хуҷанд чор касро ба ҳабс гирифтанд, ки онҳо гӯё мардумро ба шӯриш даъват мекардаанд, тамоми қистакӯзиҳо ба мадади хуҷандиҳо шитофтанд. Хурду калон, ҳар касе ки гашта метавонист, ба роҳ баромаданд. Калонони шаҳр бо як азоб пеши роҳи ин издиҳоми панҷҳазорнафараро гирифтанд ва намонданд, ки ба Хуҷанд дароянд.

Дар Ӯротеппаву деҳаҳои атрофи он ҳам шӯру ошӯбҳо мешуданд. Ликошин ба генерал-губернатори Туркистон А.Н.Куропаткин 7 декабри соли 1916 мактубе фиристод, ки дар он навишта буд: «… 1 август ба шаҳр аз вулуси Ғончӣ ду гурӯҳ деҳқонон омаданд – як гурӯҳ 200 нафар, гурӯҳи дигар 250 нафар, онҳо ба тартиб додани руйхат монеъ шуданӣ буданд. Бо ёрдами посбонони савора ва политсайҳо ғончигиҳо пароканда карда шуданд».[5]

Сарфи назар ба ҳамаи ин, сардори уезди Хуҷанд полковник Рубах хавф дошт, ки мардуми ин ҷойҳо боз шӯриш мекунанд. Бинобар ин вай аз губернатори ҳарбии Самарқанд илтимос кард, ки ба вулуси Ғончӣ «отряди ҷазодиҳандаи Шаҳристон фиристода шавад… ва он бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки дар зарурат таъзир ҳам кунад». Пас аз ин Рубах менависад: «…азбаски бетаъхир тезутунд амал кардан даркор, бинобар ин даҳҳо ва садҳо касро ҳабс карда, ба замми ин тамоми расмиятҳоро (қарори ҳабс, пурсишу тергав, маълумот ба идораҳои болоӣ) риоя кардан мумкин нест» [6] ва аз гапҳояш маълум, ки шӯриш ҳақиқатан вусъат ёфта будааст.

Маъмурияти подшоҳӣ армияи худро ба манбаъҳои шӯриш бо азоб тақсим мекард, зеро отрядҳои ҷазодиҳанда намерасиданд. 9 август дар Қистақӯз мардум боз шӯриш бардоштанд. Худи ҳамон Ликошин ба Тошканд чунин хабар дода буд: «Издиҳоми бузурги мардум – хурду калон, марду зан ба ҳавлии идораи сардори вулус зада даромаданд ва сардори вулус, элликбошӣ (?) ва пос­бонро дошта заданд».[7]

«Солдату казак фиристед!», «Солдату казак фиристед!»–аз тамоми вулусу уезду вилоятҳои кишвари Туркистон ба маркази он фақат ҳамин гуна телеграммаҳо меомаданд. Зеро шӯриш дар Хуҷанд сар шуда, саросари кишварро фаро гирифт ва то тирамоҳи соли 1916 дар манбаҳои асосии худ ва дар баъзе ҷойҳо аз ин ҳам дертар давом кард. Фақат пас аз он ки ба Осиёи Миёна қисмҳои нави армия омаданд, шӯриш пахш карда шуд. Қувваи асосии шӯриш деҳқонон ва косибон буданд. Дар ноҳияҳои зироаткорӣ муқобилати шӯришгарон ба дараҷае сахт шуд, ки генерал-губернатори Туркистон он муқобилатро фақат бо зӯри армия ва артиллерия рафъ карда тавонист.

Мувофиқи маълумоти архив дар аморати Бухоро ҳам шӯру ошӯбҳо аз ибтидои соли 1916 сар шуданд ва алалхусус, дар Китоб, Шаҳрисабз, Яккабоғ ва Чироқчӣ вусъат ёфтанд. Махсусан деҳқононе ба шӯр омаданд, ки амир барои сохтмони роҳи оҳани Бухоро-Тирмиз зӯран сафарбар карда буд. Тақрибан моҳҳои март-апрели соли 1946 Агентии сиёсии Россия дар яке аз хабарҳои худ навишта буд: «Норозигии коргарон торафт зиёд шуда истодааст. Истисмору худсарӣ ҳад надорад. Барои ду ҳафта кор сартҳо ҳамагӣ як сӯм маош мегиранд ва хӯрду хӯрокашон аз худашон (дар мавзеи Калиф – Тирмиз). Овоза паҳн кардаанд, ки роҳ давлатӣ аст ва дар он бепул кор кардан даркор». Аҳолии бекиҳои кӯҳистон, масалан, аҳолии Балҷувон сар бардоштанд. [8]

Шӯриши соли 1916 неҳзати стихиявӣ буд ва на дар ҳама маҳалҳо хусусияти халқӣ дошт. Шӯришгарон на вазифаи шӯришро дуруст дарк мекарданду на роҳҳои ғалабаро медонистанд. Бисёр шӯришҳо ҷудо-ҷудои беробита буданд. Нақшаи ягонаи амалиёт, роҳбарияти ягона набуд.

Гарчанде мувофиқи маълумоти идораи политсия дар баъзе маҳалҳо баъзе сотсиал-демократҳо, ки дар баъзе шаҳрҳои Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд, дар ин ё он шӯриш ба ин ё он андоза дахл доштаанд, вале мо гуфта наметавонем, ки дар ин шӯришҳо роҳбарии пролетарӣ вуҷуд дошт, ин гуна роҳбарӣ набуд. Пролетариати маҳаллии миллӣ ҳоло камшумор ва ташаккул наёфта буд, барои роҳбарӣ қодир набуд. Пролетариати рус бошад, гарчанде ба онҳо партияи болшевикон роҳбарӣ мекард, дар ибтидои шӯриш бо меҳнаткашони маҳаллӣ, ки асосан аз деҳқонон иборат буданд, робитаи мустаҳкам надошт. Натиҷаи муҳимтарини шӯриши соли 1916 дар ҳамин, ки шӯриш дар он ҷойҳое, ки хусусияти ҳақиқатан халқию озодкунанда дошт, пояҳои ҳокимияти подшоҳӣ ва истисморгарони маҳаллиро суст кард.

Дар айни ҳол, бояд ҳатман қайд кунем, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Осиёи Миёна ҷосусони империалистони Германия ва султони Туркия хеле ҷидду ҷаҳд карданд, ки шӯришҳои халқии зиддиподшоҳиро ба шӯриши зидди умуман русҳо табдил диҳанд. Дар навбати худ муллоҳои мутаассиб, алалхусус, пайравони ашаддии тасаввуф кӯшиданд, ки шӯриш ба худ шакли «ғазовот»-ро гирад, ки дар ин сурат тамоми русҳо бояд қир карда мешуданд.

Шоҳидон нақл мекунанд, ки дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд як гурӯҳ одамон, ки ё ҷосуси империалистони Германия ё султони Туркия будаанд, байроқи халифаи Туркияро бардошта баромадаанд. Маълумоте ҳаст, ки султони Туркия Афғонистонро таҳрик мекардааст, ки ба корҳои аморати Бухоро ва кишвари Туркистон дахолат кунад.

Ба ҷосусони Туркия муяссар шуд, ки бо фиребу найрангу ришваю пора сардорони баъзе қабилаҳои туркманро аз роҳ бароранд ва дар ин хел маҳалҳо шӯру ошӯби мардум ба фоидаи султони Туркия ҷараён ёфт. Дар ноҳияҳои сарҳадди Афғонистон ва Эрон ҳодисаҳое рӯй доданд, ки шӯришгарон ба роҳиоҳанчиёни бегуноҳу муздури рус дарафтоданд, қасабаҳои русҳоро оташ заданд, посбонгоҳҳо, воситаҳои алоқа ва ғайраро хароб карданд. Бойҳо ва муллоҳои туркман мехостанд, ки ба туфайли ин шӯриш қабилаҳои туркманро ба Эрон ё Афғонистон ва баъдтар ба Туркия ҳамроҳ кунанд. Ин гуна ниятҳои душманона дар дигар маҳалҳои Осиёи Миёна ҳам ҷой доштанд.

Хулласи калом, ҳангоми баҳо додан ба хусусияти шӯриши соли 1916 шароити конкрети ҳар як маҳалли Осиёи Миёнаро ба ҳисоб гирифтан даркор. Аниқу равшан ҷудо кардан даркор, ки кадом шӯриш стихиявӣ буд, кадом шӯриш хусусияти халқию озодкунӣ дошт, кадом шӯришро феодалҳои иртиҷоӣ, муллоён ва дигар унсурҳои зиддихалқӣ ташкил кардаанд, ё ба манфиати худ истифода бурдаанд.

Баъди бераҳмона пахш кардани шӯриши соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ мардумро бемалол ба мардикорӣ, аниқтараш, барои кор дар ақибгоҳи армия сафарбар кардан гирифт. Ин сафарбарӣ бо худсарию бедодиҳои бешумор мегузашт. Ба мардикорӣ фақат фарзандони бенавоёну камбағалонро мегирифтанд, бойҳо бошанд, расман ҳукуқ доштанд, ки ба ҷои фарзандони худ дигар касро киро карда фиристонанд. Фарзандони бойҳо, амалдорон, муллоҳо пораву ришва ҳам дода, аз мардикорӣ худро халос мекарданд. Деҳқонони бечора барои ришваю пора пул надоштанд, бинобар ин баъзан чунин мешуд, ки аз як оила якбора ду-се кас ба мардикорӣ мерафт – яке аз рӯйи «қонун», дигаре ба ҷои қарз ва севумӣ худро мефурӯхт, ки зану кӯдаку пиру кампирони дар хона монда қути лоямуте дошта бошанд.

Касони ба мардикорӣ сафарбаршуда дар сохтмони иншооти мудофиа кор мекарданд, дар корхонаҳои саноатӣ ҳар гуна корҳои сиёҳро иҷро мекарданд, баъзан онҳоро дар заминҳои помешикҳо ҳам кор мефармуданд. На идораҳои ҳарбӣ ва на соҳибони заводу фабрикаҳо, ки бояд мардикорони осиёмиёнагиро қабул мекарданд, ба ин кор мутлақо тайёрӣ надида будаанд. ҳазорон ҳазор мардикорон дар бараку заминканҳои хунуки бепечка зиндагӣ мекарданд, аз хунукию гуруснагию касалиҳо садҳо нафари онҳо мурда мерафтанд.

Ваҳшиёна пахш карда шудани шӯриши соли 1916, худсарию бедодию беинсофиҳои бешумори тартиби мардикоргирӣ, зиндагии мудҳишу вазнину тоқатгудози мардикорон дар ғарибӣ – ҳамаи инҳо нафрату адовати меҳнаткашони Осиёи Миёнаро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ, ҳукуматдорони маҳаллӣ ва тамоми золимон хеле сахттар кард. Дар айни ҳол, шӯриши соли 1916 аз рӯи унсурҳои буржуазии миллӣ ниқобро канда партофт.

Тарғиботчиёни пантуркия натавонистанд, ки халқҳои Туркистонро ба роҳи каҷи «иттиҳоди ҷамеи муслимин» равона кунанд, дар роҳи «иттиҳоди миллию динӣ» аз муборизаи синфӣ дур созанд.

ҳамаи ин дар Осиёи Миёна дар вақти шӯриши соли 1916 басо аён зоҳир гардид ва дар ин кор худи ҷадидҳо ҳам кӯмак карданд. Маълум, ки онҳо неҳзатҳои халқиро ба манфиати худ истифода бурданӣ мешуданд ва дар аҳён-аҳён ҷойҳо (масалан, дар Ҷиззах) ба онҳо муяссар шуд, ки эҳтироси револютсионии оммаро ба маҷрои таассуби динӣ андозанд. Аммо аксари аҳолӣ – камбағалони маҳаллӣ душманони аслии худро нағз шинохта гирифтанд. Қайд кардан лозим, ки аз худи аввали шӯриш то пахш карда шудани он тамоми калонони «обрӯманд», бойҳои маҳаллӣ бо амалдорони хурду калони подшоҳӣ фаъолона ҳамкорӣ мекарданд. Ба маъмурияти подшоҳӣ миллатчиёни буржуазӣ–ҷадидҳо ҳам ҳарҷониба кӯмак мекарданд. Аҳвол ҳам дар Хуҷанду Ӯротеппа, ҳам дар Самарқанду Марғелон, ҳам Дар Пишпеку Верний, дар ҳама шаҳрҳо, ниҳоят дар худи Тошканд ҳам ҳамин буд.

Ин хоинон ба манфиатҳои миллии халқи худ хиёнат  карда, идораҳои махсус таъсис медоданд, ки ба ҳукумати подшоҳӣ дар масъалаи мардикоргирӣ мадад расонанд. Масалан, дар маркази генерал-губернаторӣ «Комитети шаҳрии Тошканд барои ба кор даъват кардани аҳолии маҳаллӣ»[9] ном муассисае таъсис ёфт, ки ба он Мунавварқории дар боло номбурдаи мо, Хоҷаев ном як савдогари серпули корчаллон ва дигар намояндагони давлатманди бойҳову ҷадидҳо сарварӣ мекарданд. Дар вилояти Сирдарё намояндагони буржуазияи маҳаллӣ ба губернатори ҳарбии вилоят махсус ариза дода иҷозат пурсиданд, ки «дар байни аҳолӣ ташвиқоту тарғибот баранду онҳо ба маъракаи ғундоштани чизу чораву молу ашё барои эҳтиёҷи ҷанг муқобилат накунанд».[10]

Ин иқдом ва дигар кирдорҳои ба ин монанд равшан далолат мекунанд, ки ҷадидҳо ҳам мисли тамоми буржуазияи миллии Туркистон аз оммавӣ будан ва равияи муайяни синфӣ доштани шӯриши соли 1916 ба ҳарос афтода, дар ғами мавқеи худ шуда, бо душманони ашадии тамоми халқҳои мамлакат – ҳукуматдорони подшоҳӣ забон як карданд.

[1] Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане». док. 53, с. 105.

[2] Ниг.: Раҷабов 3., 1955; Турсунов Х., 1962; Усенбоев К., 1967; Кастелская 3.Д., 1972; нашрҳои махсуси «Ахборот»-и АФ Тоҷикистон ва АФ Ӯзбекистон, «Рисолаҳо»-и Институти таърих, забон ва адабиёти АФ Rирuизистон ва uайра

[3] «Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане», док. 56. с. 109.

[4] Дар ҳамон ҷо, с. 162–163, док. 92.

[5] «Восстание 1916 года в Средней Азии и Казахстане», док 92 с 170

[6] Дар ҳамон ҷо, док. 89, с.137, ахбороти Ликошин ба генерал-губернатор Куропаткин, 5 августи соли 1916.

[7] Дар ҳамон ҷо, док. 92, с. 170.

[8] Мухторов А., 1967, с. 33.

[9] ЦГА Узб. ССР, И. 1, оп. 31, д. 1128, лл. 5–8 ва uайра.

[10] ЦГА Узб. ССР, И. 17, д. 166, лл. 11 – 14.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …