МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / САВРИНҶОН дар Канзи Шифо (Китоб)
Савринҷон

САВРИНҶОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Савринҷон — ин пиёзаки гиёҳест монанди сири (саримсоқи) саҳроӣ, санавбаришакл, андак паҳнтар, ки се навъ мебошад:

  1. Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду сафед, таъмаш ширин.
  2. Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб.
  3. Берун ва даруни пиёзаки он ҳар ду моил ба сиёҳӣ, вале беруни он тиратар, таъмаш талх.

Беҳтарини онҳо навъи аввал, ки берун ва дарунаш сафед ва калон-калону, сахт бошад, ба шарте ки бадбӯ набошад. Ин навъаш дар доруҳои ошомиданӣ ба истеъмол меравад. Навъҳои дигараш заҳрнок, хусусан сиёҳи он бадтар аст. Бинобар ҳамин онҳои дигар фақат аз берун истифода мешаванд, на ба дарун. Зеро ки ду навъи охирин кушанда мебошанд бо иллати гулӯгир кардан.

Барги он монанди баргҳои пиёзи гандано ва аз он қавитар аст, поя дорад. Гули гандано зард, монанди савсани майда, вале гули савринҷон сиёҳи сурхтоб аст (мисли гули зардак). Ин растанӣ дар кӯҳҳо мерӯяд. Қувваташ то сӣ сол боқӣ мемонад.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Мизоҷи баъзеи сафеди он дар гармӣ мӯътадил мебошад. Хислатҳои шифобахши он: агар пиёзаки савринҷони сафедро бихӯранд, ҳамаи навъҳои балғамро аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан кашида, дафъ мекунад; моддаҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ месозад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти часпакро аз ҷоҳои чуқури бадан, хусусан аз буғумҳо кашида берун меоварад, инчунин зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад. Инро бо сабир (алоэ) бихӯранд, ирқуннасо (радикулит) ва ниқрис (подагра)-ро дафъ мекунад; бо занҷабил ва мурч бихӯранд, қуввати боҳро бағоят бармеангезад, барои иллатҳои буғумҳо нафъи бисёр дорад.

1,75 грамми онро бо занҷабил, пудина ва зира бихӯранд, ҳамчунин бо шири навдӯшида ва қанди сафед то се рӯз биёшоманд, боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад ва шифобахши иллатҳои пайвандҳои бадан аст, хусусан ҳангоми рехта шудан ва фуромадани моддаҳои зарарнок ба буғумҳо, таъсираш пуршиддат мебошад.

Ин пиёзакро кӯфта, бо заъфарон ва тухми мурғ сиришта гузошта банданд, дарди устухонро таскин ва варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; агар бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дафъ мекунад.

СавринҷонКӯфтаи ин пиёзакро бо равғани зарди кӯҳнаи гӯсфанд, ё бо равғани гови кӯҳна даромехта, дар сӯроҳи пушт бардоранд, донаи бавосирро меафтонад ва дардашро ҳам таскин медиҳад. Савринҷони хушкро кӯфта бипошанд, захм ва решҳои кӯҳнаро хушк мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз савринҷон ба танҳоӣ ва бо заъфарон 3,5 грамм аст; агар бо давоҳои дигар таркиб дода хурданӣ шаванд, аз 1,75 то 2,25 грамм дохил намоянд. Агар савринҷон ноёб бошад, ба ҷойи он барои дардҳои буғумҳо баробари вазни он ҳиноро истифода баранд, раво мебошад.

Вале савринҷон ба меъда хеле зарарнок аст, дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад, меъда ва ҷигарро заиф мегардонад. Давои ин катиро, шакар ва заъфарон, истеъмол намудан аст. Барои табобати дардҳои буғумҳо савринҷонро бояд, ки бо ҳамвазни он занҷабил ва мурч, ки ёридиҳандаи он аст дар шифобахшӣ, истеъмол намоянд.

Гулашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд, инчунин бодҳои ин узвро таҳлил медиҳад; дарди сарро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои сардмизоҷ дар он бошад, шифо мебахшад ва озори заҳри савринҷони сурх ва сиёҳро дафъ мекунад (агар касе хӯрда бошад). Агар ин ду навъи раддии савринҷонро хӯрда бошанд, шири навдӯшидаро ошомида қай кунанд ва дигар тарёқҳо, яъне давоҳои мухолифи заҳр бихӯранд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …