Савсани кухи

Савсани кӯҳӣ

Савсани кӯҳӣ  — ин решаи савсани кӯҳӣ аст, ки бӯяш бӯйи бунафшаро дорад. Гулаш мураккаб аз се ранг: сурх, сиёҳ ва зард омехта аст. Решааш пургиреҳ, дарозӣ ва ғафсиаш ба андозаи ангушти даст аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар хушкӣ камтар аз ин дараҷа мебошад. Ин ҳар чӣ қадар кӯҳнатар гардад, қуввати исҳоловариаш, яъне дар давогӣ қавитар ва мизоҷаш хушктар мегардад.

Хислатҳои шифобахши Савсан:  ин хусусиятҳои мулоимкунандагии дарун, гарм гардонандагии бадан, кушояндагии гиреҳҳо, пазонандагии моддаҳо, поккунандагии узвҳои дохилӣ, хориҷкунандагии зардоб, моддаҳои савдо ва балғами ғафс дорад. Ҳар чӣ қадар ин кӯҳнатар гардад, қуввати исҳолкунандагиаш зиёдтар мешавад.

11 грамм решаи онро кӯфта, бо шаҳдоб бихӯранд, моддаҳои ғализи балғамӣ ва моддаи сафроро аз бадан бо исҳол дафъ мекунад. Решаашро кӯфта, бо равғани гули сурх хамир карда, ба сар гузошта банданд, барои дарди сари кӯҳна даво мешавад. Гулашро кӯфта гузошта банданд, иллати сакта (мурдавор беҳаракат мондан), ҷингак шудани аъзо аз сабаби зиёд гаштани балғам ва инчунин карахтиро ба ибро меоварад.

50 грамм решаи хушкашро шуста, дар 3,5 литр оби ширин бо оташи мулоим ним соат биҷӯшонанду баъд он обро соф карда, ҳар шаб аз он пеш аз хоб 100 грамм бинӯшанд ва аз болояш як чойқошуқ асал ҳам бихӯранд, паридани аъзо, карахтӣ, иллати ларзак, сакта, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узве ё аъзо, дар вақти хоб тарсидани кӯдак, исён (фаромушхотирӣ) — ба ҳамааш шифо мебахшад; қуввати ҳофизаро сара мегардонад.

Решаашро бо шароби райҳонӣ бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд, ҷингак шудани аъзоро, ки сабабаш аз ҳад бисёр гаштани балғам бошад, шифо медиҳад.

Решаи хушки онро ос карда дар бинӣ кашанд, оби чашм ва рутубати зиёдатии ин узвро хориҷ мекунад. Баргҳои хушкашро маҳин соида, се рӯз пай дар ҳам дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро дафъ мекунад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, дар он об камтар сирко дохил намуда, таъмашро нордон сохта, нимгарм дар гӯш чаконанд, назлаи хунукмизоҷи дар он фурудояндаро қатъ мекунад, ҷаранги гӯшҳоро ҳам барҳам медиҳад. Бо ин об даҳонро чайқонанд, дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, яъне аз зиёд гаштани балғам бошад, таскин медиҳад ва агар бо он ғарғара кунанд, забончаи ҳалқро, ки афтода бошад, ба ҷояш мебардорад.

Оберо, ки дар он решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бо майи пухтагӣ даромехта бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, зиқ-ун-нафас, дамкӯтаҳӣ, сурфа, душвории нафас, варами шуш, дарди гулӯи балғамӣ, дарди ҷигар ва дарди сипурз, ки аз сардӣ бошанд, истисқо (водянка), зардпарвин, ирқуннасо (радикулит), мондагӣ ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад; ахлоти бегонаи дар раг ва фазоҳои бадан бандшударо хорич мегаронад, даҳани бавосирро мекушояд ва зуд равон шудан, яъне омадани маниро ҳангоми муҷомаат, ба ислоҳ меоварад.

Ҳар рӯз аз решаи он 7 граммашро бо шароб биёшоманд, барои ҳамаи бемориҳои бачадон ва даридани он дору мешавад, гиреҳҳои онро мекушояд, ҳайзи бандшударо равон месозад, инчунин сусту нотавон гаштани мушакҳоро шифо мебахшад. Агар оби мазкурро бо сирко бинӯшанд, бар зидди заҳри ҷонварон тарёқ мешавад, варам ва гиреҳи сипурзро дафъ мекунад ва ларзи табҳои вараҷаро барҳам медиҳад.

Решаи онро пухта, аз рӯ бар бачадон, яъне ба зери ноф гузошта банданд, дарди бачадонро дафъ менамояд ва сахтиашро, ки инро дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, сиҳат ва болиғ мегардонад; инчунин агар даҳани бачадон аз ғафс гаштани парда ва мушакҳои он банд шуда бошад, мекушояд ва барои нутфаи мардро қабул кардану ҳомила шудан муҳайё месозад. Инчунин инро ба варамҳои сахти чоҳои дигари бадан низ гузошта банданд, онҳоро мулоим мегардонад, ханозер (хукгардон)-ро таҳлил медиҳад; бар рӯ гузошта банданд, рихинаки ин узвро дафъ мекунад ва решҳои римнокро, ки дар ҳар ҷойи бадан бошанд, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Агар бо мудовамат онро дар оташ гарм карда, каме сирко низ бар он пошида, бо он гармбандӣ кунанд, иллатҳои сипурз, истисқо ва газидани чонварони заҳрнокро даво мешавад, варамҳоро мегардонад, рӯтубати равони шармонанди решҳоро қатъ мегардонад, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад; агар онро бо асал даромехта, гармбандӣ кунанд, инчунин кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқуррафтаро сиҳат мекунад.

Решаи хушки онро кӯфта бипошанд, бар устухоне, ки дар натиҷаи иллате луч гашта бошад, гӯшти солим мерӯёнад, захм ва решҳои чуқурро ба ҳам меоварад, инчунин бадбӯйии захмҳо ва захмҳои бедаворо ба ислоҳ меоварад.

Агар ин решаро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадон ва мақъадро шифо мебахшад, инчунин иллатҳоеро, ки аз сардӣ ба амал омада бошанд, дафъ мекунад. Ва бо ҳамон об ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасо, бадбӯйии бавосир ва захмҳои чуқуррафтаи ботиниро дафъ менамояд; аз носурҳо, яъне аз решҳои куҳнаи бедаво гӯшти ҳаромро мебарад ва ба ҷояш гушти солим мерӯёнад.

Ин решаро кӯфта, бо асал хамир сохта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад ва агар ин таркибро дар мақъад бардоранд кирмҳои рӯдаҳои ростро мерезонад.

Равғани онро ба узвҳои ҷингакшуда, ки сабаби он беморӣ ҷамъ шудани балғам бошад, бимоланд, ислоҳ мебахшад ва агар ба мақъад бимоланд, даҳани рагҳои бавосирро мекушояд ва хуни бандшудаи онро равон мекунад. Ва агар инро бо сирко ва ё бо шароб даромехта биёшоманд, ҷингак шудани аъзоро, ки аз афзудани балғам бошад, шифо мебахшад, мушакҳои даридаро ба ҳам меоварад. Аз хӯрдани занбӯрӯғи заҳрнок, банг, кашнизи девонакунандаи кӯҳӣ заҳролуд шуда бошанд, низ ин равғанро бо сирко биёшоманд, аз офати заҳрҳои онҳо наҷот медиҳад, инчунин табҳои хунукхӯронанда ва ларзонандаро дур месозад. 25 грамм аз ин равған бихӯранд, дарунро бошиддат меронад.

Ин равғанро бо шаҳдоб даромехта, бо он ғарғара кунанд, дағалии қасабаи шушро, ки дар илми ҳозира бронхит меноманд, ба ислоҳ меоварад.

Оберо, ки решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бо каме сирко даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, ҷаранги даруни онро дур мекунад ва назлаҳои кӯҳнаи дар гӯш фурояндаро манъ менамояд. Агар ин обро батанҳоӣ дар бинӣ чаконанд, бадбӯйии даруни биниро дафъ месозад.

Решаҳои тари ин растаниро дар равғани зайтун биҷӯшонанд, то он ки он решаҳо бипазанд, баъд ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии кӯҳнаро барҳам медиҳад. Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, ирқуннасо ва иллатҳои бачадонро шифо мебахшад.

Тухми ин гиёҳро бихӯранд, хоб меоварад. Камтареро аз решаи он ба сӯрохи дандоне, ки кирмхӯрда бошаду дард кунад, бигузоранд, он дандонро бе ҳеҷ гуна дард майда карда мерезонад, аммо бояд ба дандони дигар нарасад, ки онро мепӯсонад ва ҳамон тавр мерезонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ин гиёҳ дар як рӯз то 9 грамм аст. Аммо решаашро бояд бо асал бихӯранд, вале агар танҳо мехӯрда бошанд, зурӣ мекунад, ҳатто аз ҳуш меравонад ва ё ваҳшатнок мегардонад. Инчунин ошомидани ин гиёҳ мумкин аст ба шуш зарар расонад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад ё бо асал ҳамроҳ карда бихӯранд.

Аз ин равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар таносуби 100 грамм решаашро нимкӯфта, дар ҳашт баробари вазни он оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд дар зарфе то чоряки обаш мондан меҷӯшонанд, пас хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф мегардонанд. Ва аз болои он об дар зарфе равғани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об бухор шуда раваду равған бимонад. Агар аз ҷӯш бимонад — ин аломати тамом бухор шудани об аст.

Молидан ва хӯрдани ин равған барои ханозер, ҷароҳатҳо, ирқуннасо, ниқрис (дард ва варами ангуштони дасту поҳо) ва дардҳои буғумҳо даво мешавад, варам ва бодҳоро таҳлил медиҳад; барои душвории шошидан, ки аз ҷамъ шудани балғам бошад, давост, бодҳои гурда ва хичакро дафъ мекунад, иштиҳоро бармеангезонад, узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, қувват мебахшад, гиреҳи сипурз ва ғайраро мекушояд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

siresh-daraxt

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш …