АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба таҳқиқи он пардохтаем.

Шаҳрҳои Осиёи Миёна калонтар ва аҳолии онҳо зиёдтар мегардид. Масалан, маркази ҳаёти шаҳри Самарқанд ҳаволии он ба ҳисоб мерафт, ки дар он ҷо маҳалҳои сершумори тоҷирону пешаварон воқеъ гардида буданд. Аъёну ашроф, рӯҳониён, савдогарони доро ва дигар табақаҳои давлатманд низ дар ҳамин ҷо маскан доштанд.[1]

Истеҳкомоти Бухоро низ аз нав сохта, масоҳати шаҳр васеътар карда шуд. Бисёр иморатҳои нави мӯҳташам бино ёфтанд.[2] Тирмизи асрҳои ХI–ХII нисбат ба замони Сомониён хеле доман паҳн кард. Дар асри ХI истеҳкомоти шаҳр қавитар гардида, қалъаи он бо хишти пухта рӯкаш карда шуд. «Қасри ҳокимони Тирмиз» ҳам дар ҳамин аср қомат афрохт. Қисмати тиҷоратию пешаварии шаҳр, ки он ҷо дар атрофи бозорҳо коргоҳҳои зиёди косибон ба вуҷуд меомаданд, аҳамияти махсус дошт.[3]

Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон — ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати қариб 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати ҳокимони Хатлон ёфт шуд. Дар шаҳр коргоҳҳои гуногуни косибӣ, аз қабили кулолӣ, фулузӣ ва ғ. вуҷуд доштанд.

hulbuk

Тараққии босуръати шаҳр бештар дар ҳамин давра ба вуқӯъ пайваст: дар ҷойҳое, ки пештар партовхонаи шаҳр ва ё замини кишт маҳсуб меёфтанд, биноҳои иқоматӣ ба вуҷуд омаданд[4]. Аз рӯи мушоҳидаҳои археологию топографӣ дар асрҳои ХI–ХII шаҳрҳои ҳам хурд ва ҳам калони Туркманистони ҷанубӣ: Марв, Дандонақон, Омул, Замм, Сарахс, Майхона, Абевард, Нисо, Язир, Деҳистон ва ғайра хеле равнақ меёбанд[5].

Дар воҳаи Чу маҳз дар давоми асрҳои Х–ХII баъзе деҳаҳо ба марказҳои калони шаҳрӣ мубаддал мегарданд[6]. ҳатто ноҳияҳои кӯҳистон (масалан, ноҳияи воқеъ дар воҳаи Оби Нов, шохаи дарёи Панҷ ё худ ноҳияи Исфара) торафт бештар ба муомилоти молию пулӣ кашида мешаванд.

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тадриҷан аз хоҷагии қишлоқ ҷудо шудани касбу ҳунар сабабгори асосии равнақи босуръат ва дар баъзе мавридҳо хеле пуравҷи ҳаёти шаҳрҳо мегарданд. Омили дигари равнақёбии шаҳрҳо қувват гирифтани тобеияти деҳқонон нисбат ба феодалон мебошад, ки боиси ба шаҳр фирор кардани оммаи деҳқонон гардида буд (ин дар баъзе шаклҳои маданияти моддии шаҳр нақши худро гузоштааст)[7]. ҳамин тариқа, назарияи К.Маркс ва Ф.Энгелсро дар бобати аҳамияти фирори деҳқонон дар таъсиси шаҳрҳои асримиёнагии Европа[8] нисбат ба шаҳрҳои асримиёнагии Осиёи Миёна низ татбиқ кардан мумкин аст.

[1] Массон М. Е., 1950, с. 164–165.

[2] Сухарева О. А., 1958, с. 31 ва мобаъд.

[3]Массон М. Е., 1938, с. 7–8.

[4]Литвинский Б. А. ва Давидович Е. А., 1954, с. 41 ва мобаъд.

[5]Пугаченкова Г. А., 1958, с. 190–199

[6]Кожемяко П. Н., 1959, с. 183

[7]Муфассалан ниг.: Литвинский Б. А., 1953 б, с. 55 ва мобаъд.

[8]К Маркс, Ф. Энгельс. Соч., т. 3, с. 14–15; 50–51; т. 4, с. 425.

Назди admin

Инчунин хонед инро

saforiyon

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз …