АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Шалғам ва фоидаи тибби он

Шалғам ва фоидаи тибби он

Шалғам (ба русс. Репа)  — ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст, ки баргҳояш монанди баргҳои турб мебошанд. Қисми зеризаминиаш, яъне бехрешаи онро пухта мехӯранд. Тухмаш сурхи тираранг аст. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар охири дараҷаи якум тар аст.

shalgam

  Хислатҳои шифобахши он: бехрешаи он, яъне қисми зеризаминиашро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо пурқувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро қавӣ мегардонад, ба таом иштиҳо меоварад, қуввати мардиро бармеангезад, маниро зиёда мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда, ба воситаи пешоб мерезонад, худи пешобро низ меронад.

  Баргҳои нозуки онро пухта бихӯранд, агарчи душворҳазм аст, вале дар амали рондани пешоб қавитар аз қисми заминиаш мебошад, инчунин шикамро пурбод мекунад. Ин хислати бади он ба воситаи истеъмоли мурч, зира ва шириниҳо ислоҳ карда мешавад.

  Решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубест. Ва агар он решаҳоро дар об пухта, лат карда, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро тахдил медиҳад.

  Ҳар як қисми растании шалғамро дар об ҷӯшонида, он обро бимоланд, ҷоҳои аз таъсири сардӣ кафидаи баданро сиҳат мебахшад; агар ин обро ба панҷаҳои дасту поҳо бимоланд, иллати ниқрис, яъне дард ва варами буғумҳои ин аъзоро дафъ мекунад ва хоришеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро ҳодис шуда бошад, таскин медиҳад. Инчунин барг, қисми зеризаминӣ ва тухми онро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, барои иллатҳои номбаршуда дармон мешавад.

  Шалғамро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, рутубати ғализи баданро рақиқ, яъне суюқ мегардонад ва ҳамаи узвҳои даруни сина ва даруни шикамро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад ва ҳангоми хӯрдан боднокиаш барҳам мехӯрад. Хусусан агар бо чизҳои тезмаза, яъне бо ҳардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд карда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои ғайрӣ пок месозад.

  Шалғамро дар мағзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, куввати пазонандагиаш кам ва оруғовар мегардад, вале хислати ба ҳаракат овардани қуввати боҳ, яъне иқтидори пушти камар, ки қуввати мардӣ мебошад, назар ба он ки дар сирко парварда шудааст, зиёдтар аст. Зеро рутубати қувватбахши он дар зери хамир маҳфуз мемонад.

  Ҳамаи қисмҳои шалғам хусусияти тарёқӣ дорад, яъне ба одамони заҳролудшуда ва ба онон, ки ҷонварони заҳрнок газида бошанд, шифо мебахшад.

  Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва дар якум тар аст.

  Тухмаш дар бобати афзудани қуввати пушти камар қавитар мебошад. Агар инро то бӯяш баромадан бирён намоянд, дар ин феъл боз ҳам пурқувваттар мегардад; хӯрданаш иштиҳо меоварад, хислати тарёқӣ дорад. Ин дар ҳама ҷиҳат қавитар аз худи шалғам мебошад, вале бинобар гармии баланд доштани мизоҷаш дар одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад ва бодангез аст. Дар ҳолати ин навъ зарар карданаш сиканҷабин, туршиҳо, гулқанд ва шакар бихӯранд, зарари расонидаашро ислоҳ мекунад.

  Микдори як бор хӯрдан аз тухми шалғам дар як рӯз 7 грамм аст.

  Аз тухми шалғам равған ҳам мегиранд ба ин тариқ. Тухми онро, чӣ қадар ки хоҳанд, бигиранду нағз бикӯбанд. Баъд онро дар об андохта биҷӯшонанд. Ҳангоми ҷӯшидани об равған аз тухм ҷудо шуда, рӯйи об бармеояд. Онро бо қошуқ оҳиста бармедоранд. Хӯрдани равғани тухми шалғам бодҳои аъзоро тахдил медихад, мондагиро дафъ мекунад ва агар олати таносул суст бошад, ба он бимоланд, онро пурқувват ва мустаҳкам мегардонад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

bouna

Бобуна чиро табобат мекунад?

Бобуна (русс. ромашка) —   Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд аст, вале …