МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
Шапушк - шапуш

Шапуш

Шапуш (Шапушк) — ин ҷонвар дар бадани инсон ва ғайриинсон пайдо мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёҳ ва ба ранги мӯй аст, пойҳои бисёр дорад, дар бехи мӯйҳо ҷоҳои гуногуни бадан ними баданашро фурӯ бурда, зиндагӣ ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар ҳаҷм зиёда аз нари он аст. Ин қисмашро ба арабӣ қамқом меноманд. Навъи дувумаш дар ҷоҳои дигари бадани инсон ба ҳам мерасад, ки инро ба арабӣ қамл ва ба тоҷикӣ шапуш меноманд. Дар тиб ҳамин навъаш, ки дар бадани инсон пайдо мешавад ва шаш дасту пой дорад, ба кор меравад. Ин аксар аз моддаҳои мурдори нодаркори бадан ба амал меояд, хоҳ он моддаҳо чирки раддӣ бошад, ё дигар моддаҳои касофати дар бадан ҷамъшаванда ба зуҳур мепайвандад.

Агар шапуш дар бадан бисёр гардад, бадан лоғар мегардад, вале аз покӣ ин кам мешавад. Хислатҳои шифобахши он: чун шаш адад шапуши зиндаро дар сӯрохи боқило гузошта, ҳардуро якҷо фурӯ баранд, таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад. Чун як адади онро дар сӯрохи закар гузоранд, пешоби бандшударо мекушояд. Чун зани ҳомила онро дар дасти худ бидорад ва бар он шир бидӯшад, агар баъд аз он шапуш роҳ гардад ва ҳаракат кунад, он зан ҳомила ба писар аст ва илло — ба духтар ҳомила мебошад.

Шапуши зиндаро қапида партоянд, иллати фаромӯшхотириро ба амал меоварад, балки бояд онро бикушанду баъд партоянд. Агар шапушро бо оби зира бар бадани тифлони нав зоидашуда бимоланд, дар тамоми умри онҳо дар бадани онон шапуш пайдо намегардад. Агар дар бадан шапуши бисёр пайдо шуда бошад, илоҷи дафъ карданаш он аст, ки либосро ба симоб олуда бипӯшанд ё симоб бар бадан бимоланд, симобро бо ҳино якҷо карда бимоланд, ҳамон дам шапушҳо дафъ мегарданд.

Яке аз хосиятҳои шапуш он аст, ки ҳангоми наздик шудани марги инсон аз он мегурезад. Чун шапуши бисёрро ҷамъ карда, аз он елим созанд, аз ҳамаи елимҳои дигар қавитар ва часпандатар мегардад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …