МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Фарҳанг / Шеърҳо дар васфи истиқлолияти Тоҷикистон

Шеърҳо дар васфи истиқлолияти Тоҷикистон

Шеърхо дар бораи Истиклолияти Точикистон

БЕҲТАРИН МАКТАБ

Ҷилваи парчами мо Истиқлол,
Фараҳи ҳар дами мо истиқлол.
Мақсаду матлаби мо Истқилол.
Беҳтарин мактаби мо Истиқлол.

Ҳама фирӯзии мо Истиқлол,
Рӯзи мо, рӯзии мо Истиқлол.
Бод зебо Ватани номии мо,
Рамзи хушрӯзим мо Истиқлол!
Муаллиф: Ҳаким Гӯё

САНОИ ИСТИҚЛОЛ

Хумоюн бод итиқлоли тоҷик,
Дили аз фахр молмоли тоҷик.
Паёми сабз орад кафтари ишқ,
Ба гӯши миллати хушфоли тоҷик.
Ҷаҳони тоҷикон ранг дар ранг,
Ҳуҷаста мешавад иқболи тоҷик,
Тулӯи тозааш омад дубора,
Зи баъди Оли Сомон, Оли тоҷик.
Раҳи фардои миллат гашт пурнур,

Зи файзи хандаи атфоли тоҷик.
Ватандоро! Ватанро дӯст медор,
Ватандорӣ бувад омоли тоҷик.
Ба Ҷоми Ҷам биёва бодаи меҳр
Ки дар ваҳдат бувад иқболи тоҷик.
Қуҳансолу куҳанаҷдоду даҳрем,
Набошад миллате амсоли тоҷик.
Ҷаҳон донад, ки аз рӯзи азал буд,
Самарқанду Бухоро моли тоҷик,
Ба сар бояд давидан, эй азизон,
Ба побӯсии Истиқлоли тоҷик.
Муаллиф: Шаҳрия

ИСТИҚЛОЛ

Бод истиқлол ҷовид
Дар фазои Тоҷикистон.
Дар дили ман дар дили ту,
Ҳамватан, чун ишқу дармон.

Сози Истиқлол эъҷод аст,
Миллати мо бас сарфароз аст.
Кафтари умеди зебояш,
Дар фазои сабзи парвоз аст.

Хандаи хуршеди Истиқлол,
Файз мерезад ба ҷони мо.
Зиндаву поянда медорад,
Парчами сабзу забони мо.

Илму фарҳанг аст Истиқлол,
Тахти авранг аст Истиқлол.
Ҳамватан, баҳри ману ту,
Парчами нанг аст истиқлол
Муаллиф: Шаҳрия

ОРЗУИ ХОМ

Дар ғами номуси миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз фурӯғи рӯзи миллат
Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад!
Баҳри истиқлоли миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
Аз тулӯъи фоли миллат
Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!
Дар раҳи фардои миллат
Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,
Бо сару савдои миллат
Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад!
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ (10.3.1996)

ИСТИҚЛОЛ

Навин рӯз аст Истиқлол,
Ки пирӯз аст Истиқлол.
Зи кулли рӯзго вақт
Беҳин рӯз аст Истиқлол.
Муаллиф: Ҳаким Гӯё

МУБОРАК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҷаҳондонис Истиқлол,
Ҷаҳонхонист Истиқлол,
Ҷаҳонсозит Истиқлол.
Ҷаҳонибонист Истиқлол.

Зи нури поки Истиқлол
Саропо мо дурахшонем.
Ба раҳи худшиносиҳо
Қадам мардона мемонем.

Ба амри поки Яздонӣ,
Насиби мост Истиқлол.
Хушо, имрӯзҳам фардо
Ҳабиби мост Истиқлол.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ЧИСТ?

Зиндагӣ дар ватанам озодист,
Нафаси дил ба танам озодист.
Мезанад болу бувад болида,
Маънии ҳар суханам озодист.
Ғунча-ғунча-ст ҳама вораста,
Бар-барги чаманам озодист.
Гулфишонист ба фасли дили манн,
Самари илму фанам озодист.
Дар Ватан пойгаҳи аҷдодо
Гӯй,Гӯё, саханам озодист.
Муаллиф: Ҳаким Гӯё

НИЁИШИ ИСТИҚЛОЛ

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Бибӯсам парчами сабзи Ватанро,
Хазони дил равад, ояд баҳорам.
Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,
Сабоҳаш бод доруи хуморам.

Агарчи баргу борам борҳо рехт,
Ҳамоно такдарахти устуворам.
Зи шеъри ноби илҳоми Худованд,
Маонии накӯро Интизорам.

Шаҳодатномаи ман «Шоҳнома»-ст,
Ватан оғози сабзи рӯзгорам.
Хуросони суханро шоире бод,
Чу Фирдавсӣ бигӯяд з-ифтихорам:

Ки оре, ориёиям ба олам,
Ва бошад Зардуҳишту Ҷам таборам.

—————-

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ

Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.

Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол.
Эй ҳамқлами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиқлол.

Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,
Ободии хонадони мо Истиқлол.
Шаҳномаву Шаҳриёру Шаҳрия турост,
Тоҷи шарафу нишони мо. Истиқлол.
Муаллиф: Шаҳрия

РӮДҲОИ КӮҲИСТОН

Рӯдҳо чун кӯдакони бепаноҳ
Бемураббӣ ҳар куҷо сарсон буданд.
Чун ятимон, чун ғарибон кӯ ба кӯ
Дар талоши бахт саргардон буданд.

Сар ба сангу сахраҳо мекӯфтанд,
Нола мекарданд бар аҳволи худ.
Аз миёни тангно мекофтанд
Роҳи истиқлолу истиқболи худ.

Дар сароғози табодулҳои давр,
Дар гузаргоҳи қадамҳои замон
Баҳраҳо бурданду касб омӯхтанд
Рӯдҳо ҳам мисли кӯҳистониён.

Рӯдҳо ҳам мисли фарзандони кӯҳ –
Чун сағирон дар сағирахонаҳо
Донишу фазлу ҳунар омӯхтанд
То шуданд имрӯз чун фарзонаҳо.

Гар Зарафшон зарфишонӣ мекунад,
Вахш дар ҳар кӯй нурафшон шуда,
З-оби Ому даштҳои сӯхта
Буда хушкистону боғистон шуда.

Алғараз, ҳар рӯди саргардони кӯҳ
Ёфта ному нишони хешро.
Чун ятимоне, ки ҷумла ҳокиманд,
Ёфта як пора нони хешро…
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

МЕҲРИ ВАТАН

Мероси азизи Оли Сомон дорад,
Ин равза, ки ном Тоҷикистон дорад.
Нарм аст чу обу гили дилҳо хокаш,
Мардони тузурги сахтпаймон дорад.

Вандорӣ, борад, бо ҷаҳонист,
Вандорӣ, борад, бо ҷаҳонист.
Вандорӣ, борад, бо ҷаҳонист,
Вандорӣ, борад, бо ҷаҳонист.

Тоҷикистон кишвари хушманзар аст,
Бар сараш дар осмон ҳафт ахтар аст.
Мардумонаш мардуми бонангу ор,
Бо бузургон шуҳраи баҳру бар аст.

Тоҷикистони азизам, кишваи хушманзарам,
Аз дилу ҷонам туро, то ҳаст ҷон, мепарварам.
Ҳастии ту, ҳастии ман решапайванди ҳаманд,
То ки ҳастам, боғи ҳастиро туӣ баргу барам.

Тоҷикистони тӯй дорад, тӯйи истиқлол,
Мекунад ёронӣ ҷонии худ истиқбол.
Мешиносад қадрихудро дар ҳама холл,
месарояд сулҳу ваҳдатро зи иқбол.

Тоҷикистон, ту мулки озодӣ,
Тоҷикистон, ту мулки ободӣ.
Тоҷикистон, ту мулки шодобӣ,
Тоҷикстон, ту худ худододӣ.

Тоҷикистони азизам, манзилам,
Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилам.
Обу хоки ту бувад обу гилам,
Ҳар куҷо бошам, ту ҳастӣ ҳосилам.

Ватан чун офтобе бар сари мост,
Ватан ҳам нону хону ҳам дар мост.
Ватан ҳам ифтихори ҳастии мо,
Ватан ҳам нури чашму модари мост.

Ватандорист истқлол,
Ватансозист истқлол.
Ватанро дӯст медорем,
Ватанбонист истиқлол.

Шукронаи нони Тоҷикистон,
Шукронаи хони Тоҷикичтон
Шукронаи обу хуш ҳавояш.
Шукронаи шони тоҷикистон,

Тоҷикистон сарзаминам,
Кишвари зарофаринам.
Меҳри ту чун меҳри модар
Ҳат доим дар замирам.

Ватан модар, ҳамеша меҳрубонӣ,
Чу меҳри модарон дорам туро дӯст,
Ба мисли модарон дорам туро дӯст,
Ки мисли модарон беҳтар зи ҷонӣ.

Душанбе, дар барии ту манзили ман,
Бувад обу гилат обу гили ман.
Ба зебоӣ туӣ зеботарин шаҳр,
Ту ҳастӣ шаҳри уммеди дили ман.
Муаллиф: Ҳаким Гӯё

ВАСФИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Месароям маснади волои истиқлол,
Медамат хуршед аз фардои истиқлол.
Зери бари минати ғайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,
Аз ҷаҳони ишқ буд ҷуёи истиқлол.
Пири Тусӣ кард эҳё то Хурусонам

Шоҳнома худ бувад эҳёои истиқлол.
Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,
То музаффар гашт ба дунёи истиқлол.
Қисса шуд шеъру забони шакарӣ моро,
Шеъри мо дорад ҳама маънои истиқлол.
Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои истиқлол,
Ҳамватан ! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,
Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол.

Назди admin

Инчунин хонед инро

istiqloloyat-5

Табрикоти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ бо самимияти хоса ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо муносибати …