МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ШОҲИТАРА дар Канзи Шифо (Китоб)
Шоҳитара

ШОҲИТАРА дар Канзи Шифо (Китоб)

Шоҳитара — ин исми тоҷикист ва маънояш султони гаёҳҳост. Ин растанӣ ду навъ аст: якеро баргаш монанди баргҳои кашниз реза ва андак хокистариранг. Гулаш бунафш ва реза; дигареро барг аз он васеътар, сабзранг ва гулаш сафед аст. Таъми ҳар ду навъаш ҳам талх бо каме тезӣ. Мизоҷаш мураккабқувват, дар гармиву сардӣ муътадил ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дувум гарм аст. Вале Шайхурраис дар дараҷаи якум сард гуфтааст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд; меъдаро қавӣ ва аз олоиш пок мегардонад, ҳар се ахлотро (балғам, савдо ва сафроро) ба исҳол дафъ мекунад, хусусан савдо ва моддаи сафро, инчунин савдои сӯхтаро бештар хориҷ менамояд, хунро соф мекунад, пешобро меронад, иштиҳоро бармеангезад. Хушки он барои қувват бахшидан ба меъда қавитар мебошад; барои табҳои кӯҳна, бемориҳои савдовӣ ва аз балғами шӯр бошанд, даво мешавад; буни дандонро мустаҳкам месозад. Агар инро бо сирко биёшоманд, қайи сафровӣ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани балғам дар сари меъда бошад, дафъ мекунад; меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои нодаркор ва зарарноки бандшуда пок месозад. Инчунин бо шаҳдоб биёшоманд, таъсири дар боло гуфташударо дорад.

Оби баргҳои тарӯ тозаи онро бо шакар биёшоманд, меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, меъдаро қувват мебахшад; зардпарвин, қӯтур, хориш, шукуфаи пӯст, инчунин сабӯсаки сар, ки аз хуни мурдори сафровии сӯхта ҳодис шуда бошад ё аз балғами бисёр ва тезии ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовӣ ба амал омада бошад, онҳоро аз сар ва ҷоҳои дигари бадан ба воситаи пешоб, саргин ва арақ дафъ мекунад.

ШоҳитараАрақи шоҳитара, яъне оби муқаттари онро, ки ба воситаи анбиқ гирифта бошанд, биёшоманд, исҳолро мебандад ва гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд. Оби гиёҳи тару тозаи шоҳитараро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи шоҳитара мегӯянд. Усораи инро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва обравии бисёри онро манъ мекунад. Ин усораро бо шилми ҳар як навъи бодом даромехта, мӯйи мижаро, ки чаппа рӯида, ба даруни чашм мехалида бошад, канда, баъд бикашанд, он мӯй дигар намерӯяд. Агар ин усораро дар об ҳал карда, он таркибро дар даҳан гардонанд, ҷароҳати ком ва забон, инчунин тафси онро дафъ мекунад, милки дандонро аз моддаҳои бегона пок ва онро мустаҳкам месозад.

Гиёҳи хушки онро кӯфта гузошта банданд, қутури пӯст ва хориши онро дафъ мекунад. Кӯфтаи гиёҳи хушки онро бо оби тараш сиришта бимоланд ва ё онро як шабонарӯз дар об тар карда, бо он об сар ва ришро бишӯянд, ришки сар ва сабӯсаки онро дафъ месозад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, бо он об бардавом бишӯянд, низ ҳамин таъсирро дорад. Табиб Ибни Мосавия гуфтааст, ки гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, газидани занбӯрро даво мебошад.

Мизоҷи тухмаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст. Ҳаким Муҳаммад ибни Аҳмад ва Ҷолинус тухми инро аз қисмҳои дигари гиёҳаш қавитар донистаанд. Ба қавле истеъмоли шоҳитара аз дарун барои шуш зарар дорад ва давои ин зиёнаш коснӣ хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз шоҳитараи тар дар як рӯз аз 10,5 то 17,5 грамм аст; аз оби гиёҳи тараш аз 125 то 250 грамм аст, ки бояд бо обе, ки ҳалилаи зард дар он тар карда шуда бошад ва бо шакар ширин сохта биёшоманд. Ва агар гиёҳи хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5 то 35 граммашро дар об андозанд ва аз тухмаш то 17,5 грамм ошомидан раво мебошад. Агар шоҳитара ёфт нашавад, ба ҷойи ин баробари нисфи вазни он сано, баробари сеяки он ҳалилаи зард истеъмол фармоянд, равост. Бояд шоҳитараро бо ҳалилаи зард, ки ислоҳкунандаи зарари он аст, биёшоманд. Зеро шоҳитара ба танҳоӣ истеъмолаш ба сипурз зарар дорад ва ҳалила инро ислоҳ мекунад. Оби барги тару тозаи онро бояд соф нокарда истеъмол кунанд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

tarkibi-xun

Таркиб ва вазифаҳои хун ва плазмаи он

Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, …