МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ШОНАСАРАК (ПӮПИШАК) — ПАРАНДАИ
Шонасарак

ШОНАСАРАК (ПӮПИШАК) — ПАРАНДАИ

Пӯпишак -ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам меноманд. Ба арабӣ ҳудҳуд ва ба русӣ удод аст. Мизоҷаш дар дараҷан дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад.

Гӯшти онро бо шибит дар об муҳарро пухта бихӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, печиши рӯдаҳо ва кулинҷ (колит)-ро дафъ мекунад; хуни дар гурда, хичак ва дар даруни дил шахшударо таҳлил медиҳад. Чун онро хушк карда, маҳин соида, бо шароби мусаллас биёшоманд, боҳро қувват мебахшад. Заҳра ё хуни онро гузошта банданд, ширинчаи сар ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Заҳраи онро дар ҷойи торик то се рӯз гузошта банданд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад.

Шонасаракро кушта, дарҳол дилашро гармогарм фурӯ баранд, қуввати ҳофизаро зиёда мегардонад, инчунин, майнаашро бо равғани кунҷиди тоза даромехта, дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад. Чашми онро бемори нисён (фаромӯшхотирӣ) ба худ овезад, дигар ҳеҷ чизро фаромӯш намекунад, ҳофизааш қавӣ мегардад; агар бемори махав ба худ овезад, иллаташ ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, асар мекунад. Забонашро ба худ биёвезанд, бо онҳо мардумдӯстӣ пайдо мекунанд, ба ғаними худ зафар меёбанд. Нӯли поёнии онро ба худ овезанд ҳам, ҳамин хислатро дорад.

Устухони фуки поёни онро ба худ овезанд, забони бадгӯён нисбат ба он кас баста мегардад, душманон дӯст мегарданд. Пӯпишаки куштаро ба дари хона биёвезанд, аз сеҳр, чашми бад ва саръи (припадкаи) кӯдакон эмин мегарданд. Агар устухонашро ба худ овезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Нохун ва парашро ба матоъи абрешими зард баста, дар зери сари душманон гузоранд, дар байни ҳар ду дӯстӣ пайдо мегардад.

Парашро сӯхта, дудашро бигиранд, барои захмҳо, сеҳр ва девонагӣ дору мешавад, ҷонварони зарарнок, аз ҷумла, мӯрча ва кайкҳо мегурезанд. Мағзи сарашро дар макони кабӯтарон дуд кунанд, ҳеҷ як осеб ва зиён ба онҳо намерасад. Гӯшти пӯпишакро бихӯранд, сеҳрро дафъ мекунад ва гумонеро, ки пеши касеро бастаанд, бартараф ва ислоҳ менамояд. Чун хуни онро хушк намуда, бо савсан даромехта ё бо равғани кунҷиди тоза даромехта, ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ ва марғӯла мегардонад. Чун дарозтарин пареро аз парҳои боли он дар пӯст печонида, ба рони рост биёвезанд, дар вақти муҷомаат қувват мебахшад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …