МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ШУНГБЕД — ХОСИЯТ У
Шунгбед

ШУНГБЕД — ХОСИЯТ У

Шунгбед — ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш забони гунҷишк ҳам меноманд, ба русӣ ясень согдийский мегӯянд. Инчунин дар тоҷикӣ содда карда, инро «шунг» ҳам мехонанд, ки дарахташ дар ҳама ҷоҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҷоҳои салқинтар бештар мерӯяд. Баргаш монанди барги бодом, самараш дар хӯшачаҳо аз ҳам ҷудо-ҷудо, ки тухмаш дар ғилоф ба андозаи забони гунҷишк нӯгтези паҳн ва дарозак аст. Рӯйи тухмаш тира, дарунаш ба зарди сафедӣ мезанад. Таъмаш моил ба тезиву талхӣ. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум тар аст. Ба ҳар хол рутубат ва тарӣ дорад. Хислатҳои шифобахши он: тухмаш дафъкунандаи бодҳои дарун, вале баргаш қабзиятовар аст. Агар тухмашро бихӯранд, дарди паҳлӯ ва тиҳигоҳро таскин медиҳад; дилтапак (дилбозӣ), зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳнаро, ки ҳама аз сардӣ  бошанд, дафъ мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди камар, дарди бачадон ва беихтиёр рафтани пешобро шифо мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, узвҳои таносулро қувват мебахшад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад ва зиёда мегардонад.

Тухми онро кӯфта, бо асал ва заъфарон хамир сохта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз аз таг бардоранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад. Вале хӯрдани тухмаш ба одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад. Агар ин тавр зарар кунад, кашниз бихӯранд ё инро бо кашниз якҷо биёшоманд, безиён мегардад. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он ба танҳойӣ дар як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар бо ёридиҳандааш истеъмол карданӣ бошанд, 7 грамм ошомидан кифоя аст.

Ба ҷойи тухми ин дарахт барои афзунии боҳ, ба вазни он ҷавзи бавворо бихӯранд, ҷоиз аст, инчунин тухми тӯдарии сурхро ҳам бо ҳамон вазн ё бо мағзи чормағз бихӯранд, равост. Баргашро кӯфта, гузошта банданд, захмҳоро аз чирку рим пок мегардонад, дар онҳо гӯшти солим мерӯёнаду сиҳат мебахшад. Пӯсти дарахташро кӯфта гузошта банданд, барои кӯфтагиҳо ва лат хӯрдани узвҳо даво мешавад.

Шунгбед
Тухми шунгбед

Назди admin

Инчунин хонед инро

Пойи зоғ

Пойи зоғ —  ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо панҷаи зоғам ҳам меноманд. Тухмашро ба забони …