МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ШӮРИШИ СУМБОДИ МУҒ ВА НЕҲЗАТИ МУҚАННАЪ

ШӮРИШИ СУМБОДИ МУҒ ВА НЕҲЗАТИ МУҚАННАЪ

Дар замони хилофати Аббосиён аҳволи оммаи васеи халқ на танҳо беҳтар нашуд, балки назар ба давраи Умавиҳо боз бадтар гардид. Оидоти замини иҷора бештар ба шакли молӣ буд. Аз заминҳои лалмӣ нисфи ҳосил ва аз заминҳои обёришаванда аз чаҳоряк то сеяки он ситонида мешуд. Баъзан аз рост наомадани тақвими қамарии мусулмонон бо тақвими шамсии зироат истифода намуда, дар як сол ду мартаба хироҷ мегирифтанд. Бар замми ин дар вақти хироҷғундорӣ корандагони заминро фиреб медоданд ва бо роҳи таҳдид ҳарчи зиёдтар молиёт меситониданд.

Дар натиҷаи қувват гирифтани протсесси инкишофи муносиботи фео-далӣ, замин, ки исман моликияти халифа ҳисоб ёфта, вале амалан ҳиссаи умдаи он дар дасти ашрофи заминдори маҳаллӣ буд, ба қитъаҳои хурд ҷудо карда, ба тариқи иҷора ба барзгарони бечора дода шуд. Ба ин васила аҳли озоди ҷамоат соҳибихтиёрии худро аз даст дода, дар қатори кадиварҳои мадюн, ғуломони озодшуда ва ё ғуломони ба заминҳо ҷо додашуда ба ашхоси вобаста мубаддал гардиданд.

Халифаҳои аббосӣ анъанаҳои Сосониёнро давом дода, ба ҳашамат ва дабдабаи дарбори онҳо низ тақлид мекарданд. Аъён ва ашрофи маҳаллӣ ҳам дар ин бобат ба онҳо пайравӣ менамуданд. Ин буд, ки бинокорӣ хеле авҷ гирифта, бисёр қасрҳо, қалъаҳо ва ғ. сохта шуданд. ҳамаи хароҷоти ин бинокориҳо ба зиммаи барзгарон буд. Аҳволи пешаварони шаҳр низ беҳтар аз ин набуд. Онҳо мавриди истисмори нимфеодалӣ қарор гирифта, дар натиҷаи молиёти зиёд ва худсариҳои маъмурон тамоман муфлис гардида буданд. Молиёти ҷинсӣ, инчунин ба дӯши туркҳои бодиянишин ҳам бори гароне шуда, онҳоро ба паршикастагӣ дучор мекарданд.

Ҳамаи инҳо боиси афзудани эътироз ва иғтишоши халқ мегардид. Яке аз бузургтарин шӯришҳо дар он замон — шӯриши Сумбоди Муғ буд. Сумбод аз пайравони наздики Абӯмуслим ҳисоб мешуд. Вай дар соли 755 бо шиори «барои хуни Абӯмуслим бояд қасос гирем» сар бардошта, ба атрофи худ аз ҳар табақа тарафдорони бисёре ҷамъ карда тавонист. Инчунин гурӯҳҳои зардуштиён ва хуррамиҳо[1] (пайравони таълимоти Маздак) ба ӯ ҳамроҳ шуданд. «Одамони сурхалам» [2], яъне ононе, ки дар таҳти байрақи сурх гирд омада буданд, низ номи хуррамиҳоро доштанд. Шӯриш ноҳияҳои бузург, аз ҷумла Хуросон ва Табаристонро фаро гирифт. Аббосиён ин шӯришро фақат бо машаққати зиёде хобониданд. Сумбод шикаст хӯрда, дар Рай қатл гардид ва зану фарзандони ӯ ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Пас аз мағлубияти Сумбод пайравони ӯ аз тариқати муслимия ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро давом медоданд. Онҳо ваъз мекарданд, ки Абӯмуслим боз хоҳад омад, то «дар ҷаҳон одилона ҳукмронӣ кунад».

muqana_vostanie.

Ҳанӯз қӯшуни арабҳо шӯриши Сумбодро тамоман фурӯ нанишонда, дар гирду атрофи ҳирот шӯриши дигар ба вуҷуд омад, ки ба он «Устод Сис» ном шахсе роҳбарӣ менамуд. Ба ин шӯриш ҳазорҳо кас иштирок карда буданд.

Беш аз пеш ба қашшоқӣ ва хонавайронӣ дучор гардидани аҳолии заҳматкаш ва рӯидани ҳисси танаффури онон нисбат ба золимони худ дар аҳди халифа Маҳдӣ (775–785) ҷунбиши бузурги халқиро бар зидди Аббосиён ба вуҷуд овард, ки дар солҳои 70-уми асри VIII тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд.

Дар сари ин шӯриш Муқаннаъ[3] меистод. Муқаннаъ аслан аз Марв буда, ба пешаварӣ машғулият дошт. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ[4] хабар медиҳанд, ки ӯ яке аз сарлашкарони Абӯмуслим буд ва дар неҳзати зидди хилофати Умавиҳо иштирок дошт. Ӯ шахси соҳибмаърифате буд. Чунин фикр беасос нест, ки дар вай ғояи маздакиён таъсири хеле калоне дошт ва ӯ ин ғояро таблиғ мекард. Қоиммақоми арабҳо аз таблиғоти Муқаннаъ воқиф гардида, ӯро дастгир намуд ва ҳамчун як марди ҷинояткори гузарои давлатӣ барои муҳокима ба маркази хилофат – шаҳри Бағдод фиристод. Лекин Муқаннаъ аз зиндони Бағдод фирор карда, худро ба Марв расонид. Дар ин ҷо тарафдорони худро ҷамъ намуда, дар соли 776 онҳоро барои даъват намудани аҳолӣ ба муборизаи зидди зулму асорати аҷнабиён ба тамоми ноҳияҳои Осиёи Миёна равона кард. Ин тарғибот махсусан дар Насаф ва Кеш, ки дар ин ҷоҳо бештар суғдиён иқомат мекарданд, муваффақияти калоне пайдо кард.

Маъмурони халифа боз аз паси дастгир кардани Муқаннаъ афтоданд. Онҳо дар соҳили дарёи Аму як дастаи пуршумори савораҳои мусаллаҳро гузоштанд, то рӯзу шаб назорат карда, нагузоранд, ки Муқаннаъ аз Марв ба Суғд равад. Ин, албатта, бесабаб набуд. Зеро дар Суғд тарафдорони ӯ рӯз аз рӯз зиёд мешуданд. ҳокимони маҳаллӣ ба хубӣ медонистанд, ки агар Муқаннаъ ба Мовароуннаҳр роҳ ёбад, вазъияти онҳо фавқулодда душвор хоҳад шуд. Бо вуҷуди он ҳама мамониатҳо Муқаннаъ бо ҳамроҳии даҳҳо тарафдорони худ аз дарёи Аму гузашта, ба Суғд паноҳ бурд.

Дар ин вақт, чи навъе ки Наршахӣ мегӯяд: «андар Суғд ағлаб деҳаҳо ба дини Муқаннаъ даромаданд ва аз деҳаҳои Бухоро бисёр кофир шуданд ва куфр ошкоро карданд ва ин фитна азим шуд ва бало бар мусулмонон сахт шуд».[5]

Наршахӣ дар бораи неҳзати Муқаннаъ сухан ронда, нисбат ба пешвои шӯриш назари душманона доштани худро рӯйрост қайд кардааст. Ин тариқа рафтор намудан нисбат ба Муқаннаъ барои ҳамаи муаррихони феодалӣ хос мебошад.

Сабаби асосии мавриди эътирофи омма қарор гирифтани таълимоти Муқаннаъ дар ин буд, ки ин таълимот бартараф намудани нобаробарии молӣ ва мулкиро талаб карда, бар зидди ҳукмронии истилокорони араб нигаронида шуда буд.

Дере нагузашт, ки ҷунбиши Муқаннаъ ба як шӯриши бузурги ошкоро мубаддал гардида, дар муддати кӯтоҳе тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Ситоди (штаби) шӯришчиён дар деҳаи Наршах, наздикии Бухоро, воқеъ шуда буд. ҳокими Бухоро ҳусайн ибни Муоз тамоми қувваи ҳарбии худро, ки асосан аз арабҳо иборат буд, ҷамъ карда, бо ҳамроҳии дастаҳои аъёну ашрофи Бухоро ба муқобили шӯришчиён ҳаракат намуд. Дар моҳи апрели соли 776 дар назди девори деҳаи Наршах байни қӯшуни арабҳо ва тарафдорони Муқаннаъ муҳорибаи шадиде ба миён омад. Шӯришиён шикаст хӯрда, 700 нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодихоҳӣ қурбон карданд. Лекин ғалабаи арабҳо вазъиятро ба таври асосӣ тағйир дода натавонист. Ба зудӣ шӯриш боз бо қувваи тоза сар зада, қиёмкунандагон мавзеъҳои атрофи Бухороро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Халифа Маҳдӣ чун дид, ки шӯриш торафт вусъат пайдо мекунад, барои пурқувват кардани муборизаи зидди неҳзати Муқаннаъ дар як сурати таъҷилӣ аз Бағдод ба Нишопур омад ва ба амири Хуросон фармон дод, ки барои кӯмаки ҳокими Бухоро фавран қувваи иловагӣ фиристонад.

Сардори қӯшуни имдодии аз Хуросон фиристодаи арабҳо Ҷабраил ибни Яҳё муддати дуру дароз Наршахро дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт, вале аз ин натиҷае ҳосил нашуд. Шӯришчиён бо ҳамлаҳои пай дар пайи худ қувваи ҳарбии Ҷабраилро чунон заиф карданд, ки ӯ дигар бидуни қувваи иловагӣ ҷангро давом дода натавонист. Дар ҳамин вақт қӯшуни ҳафтҳазорнафараи халифа аз Балх расида омада бошад ҳам, вале сардорони он муваффақиятҳои шӯришчиёнро дида, ҳатто барои дохил шудан ба муҳориба ҷуръат накарданд. Ниҳоят, қувваи эҳтиётии амири Хуросон, ки мебоист нафароти қӯшуни ба Мовароуннаҳр фиристодаи халифаро ду баробар меафзуд, ба имдод омад. Аммо ин ҳам самарае набахшид – шӯришчиён ин қувваи ҳарбии арабҳоро ҳанӯз дар роҳи Мовароуннаҳр ба куллӣ торумор намуданд. Вазъияти Ҷабраил ибни Яҳё ниҳоятдараҷа пурхатар гардид. Роҳи алоқаи ӯ аз Балх ва Марв бурида шуда буд. Ҷабраил тамоми қувва ва техникаи ҳарбии дар ихтиёри худ доштаашро ба гирифтани истеҳкоми Наршах, ки дар ин ҷо қувваи асосии шӯришиён ҷамъ шуда буд, равона кард. Қӯшуни арабҳо чор моҳ беҳуда Наршахро муҳосира намуд. Дар охир ҳар ду тараф, ки аз задухӯрдҳои муттасил хеле хаста шуда буданд, барои сулҳ кардан дохили музокирот гардиданд.

Сардорони қӯшуни арабҳо дар вақти бастани муоҳидаи сулҳ яке аз роҳбарони шӯришро хиёнаткорона куштанд. Онҳо умедвор буданд, ки ба ин восита шӯришро бесар карда, мақсадро ба даст хоҳанд овард. Вале ин кори онҳо натиҷаи акс дод. Кушта шудани як нафар аз роҳбарони шӯриш муқовимати шӯришиёнро чандин баробар зиёд кард.

Сарчашмаҳои таърихии араб тасдиқ мекунанд, ки охируламр шӯришиёни Наршах мағлуб шуданд, лекин, дар айни замон, шӯриш беш аз пеш вусъат ёфта, ноҳияҳои тозаи Осиёи Миёнаро фаро мегирифт. Ин оғози марҳалаи дувуми мубориза буд.

Агар дар марҳалаи аввал баъзе гурӯҳҳои ашрофияи Суғд аз неҳзати Муқаннаъ пуштибонӣ карда бошанд, пас дар марҳалаи дувум онҳо аз тарси вусъати ҷунбиши халқ комилан ба тарафи хилофат гузаштанд. Аммо табақаҳои васеи барзгари Суғд торафт бештар ба сафи муборизон дохил мешуданд.

«Сафедҷомагон» (пайравони Муқаннаъ) соҳибони Мовароуннаҳр мегардиданд ва «бӯстони амиралмӯъминин» (Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо ин ном ёд мекарданд) ба як мамлакати аз хилофати араб мустақил табдил меёфт.

Халифа Маҳдӣ қоиммақоми Хуросонро ба ноӯҳдабароӣ айбдор намуда, маъзул кард ва ба ҷои ӯ Муоз ибни Муслимро ба сари ҳокимият овард. Муоз ибни Муслим дар соли 778 дар навоҳии байни Бухоро ва Марв қӯшуни зиёде ҷамъ намуда, ба кӯмаки қӯшуни арабҳо, ки дар назди Самарқанд аз дасти шӯ-ришиён ба аҳволи басе душвор афтода буд, равон шуд. Лекин ин лашкарка-шии Муоз ибни Муслим низ, бо вуҷуди он ки аз тарафи ашрофи маҳаллӣ хеле ҳимоят медид, бо шикасти нангин анҷом ёфт. Шӯришиён дар дашти назди Пайканд ба лашкари Муоз рӯ ба рӯ шуда, ба он чанд зарбаи сахт ворид оварданд. Дар натиҷаи ин Муоз ибни Муслим ҳаракати худро ба Самарқанд давом дода натавониста, ба тарафи Бухоро майл намуд.

Фақат дар соли оянда ба қӯшунҳои халифа муяссар гардид, ки Самарқандро забт намоянд. Бо ҳамин марҳалаи севум ва охирини мубориза сар шуд.

Дар ин вақт қувваҳои асосии шӯришиён дар қалъаи кӯҳии Санам, наздикии Кеш, ҷамъ омада буданд. Муоз ин қалъаро муҳосира намуд, вале ба зудӣ маҷбур шуд, ки аз муҳосира даст кашад. Муаррихони араб тасдиқ мекунанд, ки сабаби аз муҳосира даст кашидани Муоз расидани фасли зимистон буд. Лекин сабаби асосии ин шояд ба зарбаи сахти дастаҳои Муқаннаъ дучор гардидани ӯ бошад. Ба зудӣ пас аз ин воқеа аз мансаби қоиммақоми Хуросон дур карда шудани ӯ ва аз тарафи халифа таъин гардидани шахси дигар ин фикрро собит менамояд.

Чунон ки Наршахӣ мегӯяд, Муоз ибни Муслим ду соли тамом бар зидди Муқаннаъ мубориза бурд. Волии нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳайр ҳам аз ҷиҳати лавозимоти ҷанг пурра таъмин будан ва ҳам хеле зиёдтар аскар доштани худро истифода бурда, ба туфайли ҳамин афзалияти калони худ баъди задухӯрдҳои хунини дурудароз тавонист муқобилати оммаи халқро, ки ба он Муқаннаъ роҳбарӣ мекард, бартараф намояд. Тобистони соли 780 қӯшуни арабҳо қалъаеро, ки Муқаннаъ дар он ҷо иқомат менамуд, забт карданд ва аз мудофиакунандагони қалъа ҳар касе, ки ба дасташон афтод, ба қатл расониданд. Аммо худи Муқаннаъ таслим шудан нахоста, худро ба қатл расонид. Пас аз марги ӯ низ дар зарфи чандин сол шӯришҳои ҷудогонаи «сафедҷомагон» дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна ба амал меомаданд.

Дар он солҳое, ки мардуми Мовароуннаҳр дар роҳи истиқлолияти худ мубориза мебурданд, хилофати араб аз пуриқтидортарин давлатҳои он замон ҳисоб мешуд. Муборизае, ки аҳолии ин сарзамин дар таҳти байрақи Муқаннаъ солҳои бисёр бо чунин як давлати муқтадир бурданд, дар бораи диловарӣ ва озодидӯстии халқҳои Осиёи Миёна боз як мисоли дурахшон аст.

Чунон ки мудовимат ва муташаккилии ин мубориза нишон медиҳад, Муқаннаъ роҳбари хеле боистеъдоди ҳарбӣ ва сиёсӣ буд, ки халқро ба ҷанги зидди истилокорони аҷнабӣ ва золимони маҳаллӣ ташвиқ ва рӯҳбаланд мекард.

Дар хотима ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки шӯришҳои халқии давраи хилофати Аббосиён аз шӯришҳои замони ҳукмронии Умавиҳо фарқи калоне доштанд. Шӯришҳои халқӣ дар давраи Умавиҳо асосан бар зидди ҳукмронии аҷнабиён равона шуда, ба ин шӯришҳо одатан аъён ва ашрофи маҳаллӣ сардорӣ мекард. Аммо дар давраи хилофати Аббосиён мо тамоман як вазъияти дигареро мушоҳида мекунем. Дар ин давра оммаи халқ на фақат ба муқобили Аббосиён, балки бар алайҳи ҳомиёни онҳо, яъне аъён ва ашрофи маҳаллӣ низ сар мебардоштанд.

Неҳзати Муқаннаъ неҳзати табақаҳои заҳматкаши аҳолӣ ва қабл аз ҳама, барзгарон буда, яке аз равияҳои асосии онро мубориза бар зидди асорати беш аз пеш қувватгирандаи феодалӣ ташкил мекард. Ин аст, ки шӯриши Муқаннаъ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти бузургеро дарбар кардааст. ҳарчанд шӯришҳои халқӣ шикаст мехӯрданд, вале фаъолияти оммаи заҳматкашро инкишоф дода, рӯҳи асоратнописандӣ ва озодидӯстии халқҳои Осиёи Миёнаро тарбия менамуданд ва як дараҷа дасти истисморгарони феодалии нав ба рӯи кор омадаистодаи маҳаллиро кӯтоҳ мекарданд.

[1] Бо номи зани Маздак Хуррама, ки тибrи ривояте дар ваrти rатли оми маздакияҳо саломат монда, таблиuоти uояҳои маздакиро давом додааст.

[2] Истилоҳи арабию форсӣ, айнан «сурхбайраr».

[3] Муқаннаъ – калимаи арабист ва маънояш «чодарпӯш» мебошад. Ин лақаб ба ҳамин муносибат ба ӯ дода шуда буд, ки гӯё ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегаштааст. Номи ҳақиқии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким буд.

[4] Барои тафсили он ниг.: Айнӣ С., 1944; Якубовский А.Ю., 1948; Rодирова Т.,1965, с. 117–132; Большаков О.Г., 1976; аз ҷумлаи олимони хориҷа Sadighi D.N., 1938, р. 165–186. Маъхазҳо дар бораи ҳам рафти ин шӯриш ва ҳам санаи он маълумоти ниҳоят пурмухолифат ва баъзан номаълуму маҷҳул медиҳанд.

[5] Наршахӣ, с. 79.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …