МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ШӮРИШИ САНҶАР

ШӮРИШИ САНҶАР

Шӯриши Санҷар. Истилои давлати қарохонӣ аз тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ

Чунон ки қайд карда шуд, ҳанӯз дар нимаи аввали асри ХII дар Бухоро хонаводаи олинасаб – намояндагони рӯҳониёни дараҷаи олии ислом, ки унвони «Садри ҷаҳон»-ро гирифта буданд, нуфузи калоне пайдо намуданд. Ғайр аз миқдори зиёди заминҳои вақф, ба дасти рӯҳониён гузаштани даромади муассисаҳои тиҷоратӣ, бозор, андози заминҳои зироатии гирду атрофи шаҳр, ҳамчунин молиёти пешаварон ва тоҷирон сарвати садрҳоро хеле афзуд. То чӣ андоза сарватманд шудани садрҳои Бухороро аз ҳамин ҷо ҳам донистан мумкин аст, ки яке аз садрҳо Муҳаммад ибни Аҳмад бо оидоти худ метавонист 600 нафар фақеҳро нигоҳдорӣ кунад. ҳангоме ки ӯ ба Макка сафар намуд, барои таъминоти роҳ зиёда аз сад уштур бор ҳамроҳи худ бурд. Вале ӯ дар ивази ҳирсу оз ва рафтори ноқобиле, ки дошт, лақаби «садри ҷаҳаннам»-ро гирифта буд.

Сарвати садрҳои Бухоро сарчашмаи дигаре низ дошт. Онҳо бо баҳонаи ба гӯрхонҳои қарахитоӣ пардохтани хироҷи солиёнаи мамлакат халқи заҳматкашро бераҳмона истисмор ва бо ҳар васила ғорат мекарданд. Зимнан, қисмати зиёди сарвате, ки ба ин тариқа ҷамъоварӣ мешуд, ба худи садрҳо мерасид.

Албатта, ҳамаи ин беадолатӣ ва ғоратгариҳо ҳисси нафрат ва адовати оммаи васеъро нисбат ба садрҳо ба вуҷуд наёварда натавонист. Дар соли 1206 аҳолии Бухоро бо роҳбарии Санҷар ном устои сипарсоз бар зидди ҳукумати садрҳо қиём намуданд.

Қувваи асосии шӯриши Санҷарро пешаварони шаҳр ташкил мекарданд. Сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи чӣ гуна сар задани шӯриш ва вусъати минбаъдаи вай маълумоти хеле кам медиҳанд. Мо дар хусуси он ки шӯришчиён пас аз ғалаба чанд вақт шаҳрро дар дасти худ нигоҳ доштанд ва кори ташкилии онҳо чӣ гуна ба роҳ монда шуда буд, чизе намедонем. Фақат ҳамин қадар маълум аст, ки Санҷар баъд аз ишғол кардани шаҳр, чӣ навъе ки вақоеънигорони дарбор менависанд, одамони номдор, яъне ашрофи феодалиро хеле «таҳқир» кард. Садрҳо бо як ҳолати ифтизоҳомез аз шаҳр ронда шуда, молу мулки онҳо ба дасти шӯришиён даромад.

Садрҳои рондашуда аз Қарахитоиҳо мадад хостанд.

Дар чунин вазъият Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки барои аз Қарахитоиҳо гирифтани Мовароуннаҳр фурсат меҷуст, воқеаи Бухороро барои иҷрои нақшаҳои худ мавқеи мусоид дарёфта, бо қувваи бузурги ҳарбӣ ба сӯи Бухоро ҳаракат намуд. Шӯришиён, ки барои мудофиаи шаҳр ҳеҷ як чораҷӯӣ надида ва, ҳатто бо барзгарони ободиҳои атроф муттаҳид нагардида буданд, ҳамлаи қувваҳои ҳарбии Хоразмшоҳро дафъ карда натавонистанд. Дар соли 1207 султон Муҳаммад қабл аз он ки Қарахитоиҳо ба Бухоро расанд, шаҳрро забт намуд. Садрҳои Бухоро ҳокимияти худро аз нав барқарор карда, мутеи Муҳаммади Хоразмшоҳ гардиданд. Тасарруфи шаҳри Бухоро фақат муқаддимаи мақсади ба пеш гузоштаи султон Муҳаммад буд. Барои тамоман тобеъ намудани Мовароуннаҳр ба ӯ лозим меомад, ки аз байни ҳокимони худи ин сарзамин муттафиқ пайдо кунад.

Дар сарчашмаҳои хаттӣ роҷеъ ба воқеаҳои ин давра маълумоти эиёде мавҷуд аст. Вале фикрҳо аксаран мухолифи якдигаранд.[1] Барои равшан кардани бисёр масъалаҳо, ҳолатҳо ва таърихи воқеаҳо маҳз мадракҳои сиккашиносӣ кӯмак мерасонанд.[2]

saforiyonҲокими Самарқанд ва сарсулолаи исмии Қарохониён — Усмон ибни Иброҳим буда, дар Фарғона бародари ӯ — Қадархон ҳукмронӣ мекард. Усмон дар ҳудуди асрҳои ХII–ХIII ба тахти падар нишаста, пас аз чанде унвони дабдабаноки «султони бузурги султонон»-ро қабул намуд. Вазъияти ӯ дар байни Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Қарахитоиҳо чунон буд, ки гӯё дар «миёни обу оташ» қарор гирифта бошад. Вале ӯ то як муддат хеле моҳирона аз ин вазъият берун меомад. Чунин ба назар мерасад, ки Муҳаммади Хоразмшоҳ, дар аввалҳо фикри барҳам додани сулолаи Қарохониёнро надошт, ӯ фақат дар рафти мубориза бо Қарахитоиҳо сиёсати худро дар ин бобат тағйир дод. Муносибати байни Қарохониён ва Муҳаммади Хоразмшоҳро метавон ба се марҳила ҷудо кард: аввал муносибати муттафиқона, сонӣ муносибати тобеият ва, ниҳоят, таъқиб ва нест кардани ҳокимони Қарохонӣ.Пас аз забти Бухоро Муҳаммади Хоразмшоҳ бо Усмони Самарқандӣ, бе он ки ба мулки ӯ даъвое кунад, иттиҳод баст. Усмон мисли пештара ба номи худ бо ҳамон унвону лақабҳое, ки ҳатто аз унвонҳои Муҳаммади Хоразмшоҳ дабдабаноктар буд, сикка задан гирифт.

Дар ҳамин вақт иттифоқчиён, яъне Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Усмон аз Қарахитоиҳо шикаст хӯрданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ маҷбур шуд ба мамлакати худ баргардад, Усмон бошад, дубора бо Қарахитоиҳо наздик шуда, духтари худи гӯрхонро ба занӣ хост. Аммо ҷавоби рад гирифта, боз ба тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ майл намуд, вале ин бор на ба сифати иттифоқчӣ, балки ҳамчун шахси мутеъ пазируфта шуд. Ин буд, ки Усмон дар соли 1209/10 сиккаро ба ду ном зарб кард: дар як тарафи сикка ном ва унвони Муҳаммади Хоразмшоҳ ва дар тарафи дигари он номи худро сабт намуд.

Ин хиёнати Усмон гӯрхонро ба хашм оварда, боиси ба Самарқанд ҳамла овардани ӯ гардид. Қарахитоиҳо Самарқандро гирифта ва як миқдор боҷ ситонида, аммо ба сабаби нооромиҳои ҷиддии дар шарқи мамлакати худ баамаломада маҷбур шуданд, ки шаҳрро тарк карда, пас гарданд.

Яке аз сабабҳое, ки то як андоза барои муваффақият пайдо кардани Муҳаммади Хоразмшоҳ имконият ба вуҷуд овард, мавриди ҳуҷуми қабилаи найманҳои муғул қарор гирифтани давлати қарахитоӣ буд. Найманҳо ҳатто хазинаи гӯрхонро ғорат карданд. Усмон ин нокомӣ ва нобарориҳои кори Қарахитоиҳоро дида, аз сари нав ба тарафи Муҳаммади Хоразмшоҳ гузашта, боз ба ду ном сикка зад ва ба ин васила тобеияти худро тасдиқ намуд. Муҳаммади Хоразмшоҳ мустаҳкам кардани садди мудофиаи Самарқандро фармуда ва дар назди Усмон намояндаи худро гузошта, худ ба қувваи аскар ба тарафи шарқ равона шуд ва дар муҳорибаи водии Талас бар қӯшуни Қарахитоиҳо ғолиб омада, сипаҳсолори ононро асир намуд.

Агарчанде ин муҳориба тақдири Қарахитоиҳоро ба куллӣ ҳал накард, вале дар айни ҳол обрӯ ва эътибори Муҳаммади Хоразмшоҳро хеле зиёд намуд. Пас аз ин номи ӯро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бо унвони «Искандари дувум» ё худ «Султон Санҷар»[3] ёд карданд.

Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ин ҷиҳат ҳам Мовароуннаҳрро ба осонӣ фатҳ намуд, ки аҳолии ин сарзамин умедвор буданд, пас аз ронда шудани Қарахитоиҳои «бутпараст» ва истиқрор ёфтани ҳокимияти Хоразмшоҳиёни ҳамдин вазъияти онҳо беҳтар хоҳад гардид. Ин умедвории халқро султон Муҳаммад дар роҳи расидан ба мақсади худ хеле хуб истифода намуд. ҳангоме ки ӯ дар соли 1207 Бухороро ишғол кард, зоҳиран, ба аскарони худ фармон дод, ки ба аҳолӣ ҳеҷ гуна ҷавру зулм накунанд. ҳатто роҳбари шӯришиён — Малик Санҷар, ки бар зидди садрҳо ва гӯрхони қарахитоӣ баромада буд, низ дар аввал саломат монда, фақат пас аз чанд вақт ба дарёи Ому ғарқ карда шуд.

Вале аҳолии Мовароуннаҳр ба зудӣ тамоми сахтиҳои ҳокимияти хоразмшоҳи «мусулмон»-ро ҳис карданд. Усмон, пас аз он ки Муҳаммади Хоразмшоҳ бар Қарахитоиҳо ғалаба кард, ба духтари Муҳаммад хонадор шуда, як соли тамом дар Хоразм монд. Сипас ӯ ба Самарқанд баргашта, аз алами тобеият ба хоразмиҳо ва маҳрумият аз истиқлол боз ба Қарахитоиҳо гуфтугузор сар кард. Ба ин тариқа, ӯ аз сиёсати пешинаи худ, ки ба тарафи зӯру тавоно майл кардан буд, ин дафъа рӯ гардонид. Ин дафъа манфиати ҳокими қарохонӣ ба манфиати халқ мувофиқат намуд: зулму истибдоди хоразмиҳо дар муборизаи умумӣ онҳоро ба ҳам муттаҳид сохт.

Ҷабру зулми ҳокими дар Самарқанд гузоштаи Муҳаммади Хоразмшоҳ то дараҷае сахт буд, ки халқи шаҳр тоқат наёварда, дар соли 1212 ба муқобили ин ситамгарони нав шӯриш карданд. Онҳо медонистанд, ки барои мубориза бурдан бо Муҳаммади Хоразмшоҳ қувваи кофӣ надоранд, бинобар ин Қарахитоиҳоро ба ёрӣ даъват намуданд. Лекин Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ин ҳодиса хабардор гардида, фавран ба Самарқанд омад ва шӯришро дар як сурати бераҳмона фурӯ нишонд. Қатлу ғорати аҳолии шаҳр се рӯз давом кард. Дар натиҷаи ин ваҳшоният ҳазорон одамони бегуноҳ нобуд шуданд. Усмон ҳам кушта шуд.

Султон Муҳаммад, пас аз он ки ба аҳолии саркаши Самарқанд чунин рафтор кард, ин шаҳрро ба иқоматгоҳи худ табдил дода, дар он ҷо ба сохтани масҷид ва қасри подшоҳӣ шурӯъ намуд. Вай барои мустаҳкам гардидани мавқеи худ дар Мовароуннаҳр фармуд, ки дар вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна ҳокимони қарохониро ба қатл расонанд.

Ӯ Фарғонаро, ки бародари Усмон Қодирхон ҳукмронӣ мекард, низ ишғол намуд. Пас аз ин ҳам дар соли 1213 дар Ўзганд — пойтахти калонтарин мулки Қарохониён ва дар Самарқанд – пойтахти давлати қарохонӣ сикка ба номи Муҳаммади Хоразмшоҳ  зада шуд, ки ин маънии тамоман аз байн рафтани сулолаи Қарохониёнро дошт.

Ба мавҷудияти сулолаи Қарахитоиҳо сардори найманҳои бодиянишин — Кучлук хотима гузошт. Кучлуки найман душмани муқтадире буд, вале фикру зикри хоразмшоҳи ҷоҳталаб ва шӯҳратпараст ба мулкҳои ҳамсояи ҷануб ва ғарби худ банд буд, ӯ орзу дошт, сарзаминҳои Афғонистон ва Эронро забт намуда, бо худи халифа ситезаҷӯӣ кунад. Чун вай дар худ иқтидори дар ду ҷабҳа ҷангиданро намедид, аз тарси он ки Кучлуки найман ба истилои вилоятҳои шимолу шарқи давлати ӯ саъй хоҳад кард, аҳолии Шош, Исфиҷоб ва як қисми Фарғонаро ба маҳалҳои дигар кӯчонида, амр намуд, ки ин ноҳияҳоро холӣ гузоранд.

Дар айни замон Муҳаммади Хоразмшоҳ Эрон ва Афғонистонро ба таҳти тасарруфи худ дароварда, аз халифа талаб намуд, ки умури идораи Бағдодро ҳам ба ихтиёри ӯ вогузорад. Вале ӯ ба ин ҳам қаноат накарда, умуман аз тахти хилофат маъзул гардидани халифаро эълон намуда, ба ҷои вай Саид Алоулмулки Тирмизиро халифа хонд ва соли 1217 ба тарафи Бағдод лашкар кашид. Вале аз ин барояш чизе ҳосил нашуд. Дигар маълумот ва ахбороти сарчашмаҳо доир ба муносибати байни халифа ва султон ихтилофоти зиёде доранд. Баъзе сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки султон Муҳаммад халифаро мурда эълон карда, тақрибан дар тамоми шаҳрҳои мамлакати худ аз хутба номи ӯро баровард. Қисми дигари сарчашмаҳо, баръакс, бо халифа роҳи муросо ва мусолимат ҷустани Хоразмшоҳро таъкид мекунанд. Муаррихон бештар тарафдори фикри дувум мебошанд.[4] Аммо мадракҳои сиккашиносӣ нишон медиҳанд, ки фикри аввал ба ҳақиқат наздиктар аст: ҳам пеш аз лашкар кашидани Муҳаммади Хоразмшоҳ ба Бағдод ва ҳам пас аз он номи халифа дар сиккаҳои баъзе шаҳрҳо ёд шудааст ва дар сиккаҳои баъзеи дигар шаҳрҳо не.[5] Аз ин ҷиҳат сиккаҳои Тирмиз – зодгоҳи Алоулмулк хеле ҷолиби диққат аст: дар ин ҷо баъди халифа эълон шудани Алоулмулк ва пас аз юриши Бағдод номи халифаи «маъзул» дар сиккаҳо дида намешавад (ҳол он ки пештар мавҷуд буд), вале номи Алоулмулки Тирмизӣ ҳам дар ягон сикка сабт нагардидааст. Обрӯю эътибори халифаи Бағдод дар байни мусулмонон ниҳоятдараҷа баланд буд. Бинобар ин султон Муҳаммад дар сиёсати худ собитқадамона ва то охир дар роҳи азли халифа мубориза карда натавонист. Вай аз ин талоши худ чизе бурд накард, балки бисёр чизҳоро аз даст дод. В.В.Бартолд дуруст қайд мекунад, ки дар ҷамъият ягон синфе набуд, ки такягоҳи Муҳаммад бошад. Феодалҳо, рӯҳониён, мардум — ҳама бо сабабҳои гуногун аз ӯ норозӣ буданд. ҳатто аскарони кироя, ки тамоми ғалабаҳои ӯро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ӯ сар кашиданд. Давлати бузурги Муҳаммади Хоразмшоҳ аз дарун маҳкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиҷаи зарбаҳои истилокорони муғул ба осонӣ аз по афтод.

[1]Бартольд В.В., 1963 а, с. 420 ва мобаъд.

[2]Давидович Е.А., 1957, б, с. 93–108.

[3] Искандари Маrдунӣ ва охирин намояндаи маъруфи силсилаи салҷуrӣ султон Санҷар дар назар дошта мешавад.

[4]Бартольд В.В., 1963 б, 437–440.

[5]Давидович Е.А., 1953 6, с. 51–53.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …