МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Шӯриши зидди Хахоманишиҳо дар аҳди Дорои I

Шӯриши зидди Хахоманишиҳо дар аҳди Дорои I

Ғалабаи бодиянишинони Осиёи Миёна бар Куруши II дар ҳалли тақдири давлати ҳахоманишӣ роли калоне бозид. Аз як тараф, бунёдгузори тавонои давлати ҳахоманишӣ кушта шуд, аз тарафи дигар, писар ва валиаҳди ӯ Камбуҷиё маҷбур гардид, ки сафари ҷангии кайҳо муқарраршудаи Мисрро мавқуф гузорад[1]. Дертар Камбуҷиё ба ҳар ҳол ба Миср лашкар кашида, ин мамлакатро ҳам ба таҳти тасарруфи ҳахоманишиҳо даровард.

Дар соли 522 пеш аз милод ҳокимияти Эронро яке аз намояндаҳои сулолаи ҳахоманишӣ Дорои I ба даст даровард (ӯ то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомониҳои хонадони подшоҳӣ ва муборизаҳои тоҷутахтталабӣ, ки дар муҳити бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ба вуқӯъ меомад, ба парешонии давлати ҳахоманишӣ ва сар задани ҷунбишҳои истиқлолиятхоҳонаи як қатор вилоятҳо оварда расонид. Дар навиштаҷоти машҳури кӯҳи Бесутун, ки Доро ба мақсади ҷовидон гардонидани корҳои худ сабт кардааст, аз хусуси фурӯ нишондани чунин ошӯбҳо ба таври муфассал нақл карда мешавад.

Халқҳои Осиёи Миёна ҳам барои аз дӯш барандохтани юғи асорати ҳахоманишиҳо аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марғиён ва мамлакати сакоиҳо сар бардоштанд (навиштаҷоти Бесутун, 6-8). Шӯриш махсусан дар Марғиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаҷоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12) дар ин бора чунин нақл мекунад: «Доро гӯяд: кишвари Марғиён ба ошӯб омад. Якеро бо номи Фради Марғиёнӣ сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба ӯ гуфтам: «Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд». Сипас, Додоршиш бо қӯшун бирафт ва бар сари Марғиёниён битохт. Аҳуро-Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати Аҳуро-Маздо қӯшуни ман лашкари ошӯбгаронро торумор намуд. Рӯзи 23-и моҳи ассиядия ҷанг оғоз шуд». Пас аз ин, Доро мегӯяд (навиштаҷоти Бесутун, III, 19-20) «кишвар мутеи ман гардид».

Scythia-Parthia_100_BC

Санаи ин навиштаҷот мутобиқи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст[2] ва ин ҳам мисли санаи шикасти Куруш аз қадимтарин санаҳои аниқ муайянгардидаи таърихи СССР ба шумор меравад.

Қӯшуни ҳахоманишӣ бо сардории волии Бохтар шӯришро бераҳмона пахш кард, дурусттараш ба хун ғарқ намуд. Тибқи ривояти бобулӣ ва нусхаи оромии навиштаҷоти Бесутун 55 ҳазор кушта ва 6,5 ё 7 ҳазор кас асир гирифта шуд[3]. Пешвои шӯришгарон Фрад аввал раҳоӣ ёфт, вале баъд аскарони ҳахоманишӣ ӯро ҳам дастгир карданд. Шӯришҳои Порт ва кишвари сакоиҳо низ бераҳмона фурӯ нишонда шуд.

Дорои I дар соли савуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муқобили сакоиҳои тиграхуд лашкар кашид (навиштаҷоти Бесутун, V, 20-30). Дар муҳориба сакоиҳо шикаст хӯрданд. Қисме аз онҳо асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакоиҳо Скунҳа ҳам буд. Дорои I барои сакоиҳо пешвои дигар таъин намуд[4].

Муаллифи Юнони Қадим Полиен (ХII, 12) дар асоси ривоятҳои то ба ӯ расидаи сакоӣ роҷеъ ба як лавҳаи муборизаи диловаронаи сакоиҳо чунин нақл мекунад: Дорои I бо қӯшуни сершуморе ба муқобили онҳо равона шуд. Замоне ба ӯрдугоҳи ӯ саиси сакоӣ Шерак омад. Аъзои баданаш маъюб, рӯяш аз ҷароҳат баднамо, гӯшу биниаш бурида буд. Шерак арз кард, ки ҳамқавмонаш ҳамин тариқа ҷазояш доданд ва инак, ӯ ташнаи ниқор аст. Ӯ роҳбаладиро ба зимма гирифта, ваъда кард, ки қӯшуни форсҳоро бо пайраҳаҳои фақат ба худаш маълум якбора ба ақибгоҳи сакоиҳо мерасонад. Пас аз ҳафт рӯзи роҳи пурмашаққат аскарони форс ба биёбони хушку холӣ баромада монданд. Онҳоро хавфи ҳалокат таҳдид мекард. Форсҳо фиреб хӯрдани худро фаҳмиданд. Шерак, дар ҳолате ки душман ба сараш теғ мекашид, бо ифтихор ҷавоб дод: «Ман ғалабаро ба даст овардам, зеро барои аз сари ҳамватанони худам – сакоиҳо дур кардани фалокат форсҳоро аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат супурдам». Форсҳо сари саисро аз тан ҷудо карданд. Ин сафари ҷангии Дорои I, чи навъе ки аз гуфтаҳои Полиен бармеояд, бемуваффақият анҷом ёфт.

[1] Дандамаев М. А.. 1963 а, с. 116-117.

[2] Ба тадrиrи ин шӯриш асари махсуси В.В. Струве «Шӯриши Марuиён дар аҳди Дорои I» (Струве В.В., 1949) мавҷуд аст.

[3] Струве В.В., 1949, с. 24.

[4] Струве В.В., 1968; Дандамаев М.А., 1963 6.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …