МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / Скелети одам

Скелети одам

Пайвастшавии устухонҳо. Дар бадани одам зиёда аз 220 устухон мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо байни худ пайвастанд. Пайвастшавии устухонҳо гуногунанд. Баъзеашон ба воситаи дандонаҳо беҳаракат пайваст мешаванд (устухонҳои косаи сар), дигар устухонҳо бо якдигар ба таври мутаҳаррик ё ниммутаҳаррик пайваст мешаванд. Пайвастшавии мутаҳаррики устухонҳо, масалан, устухонҳои рон, зону, оринҷро банд меноманд.

Устухонҳои буғум ба пойҳо хеле мустаҳкам пайваст шудаанд. Болои буғумро ғилофи буғум пўшонидааст. Вай дорои моеъи буғум аст, ки ба мағзчаи буғум ёрӣ расонида, соишхўриро кам мекунад. Пайвастагиҳои ниммутаҳаррикӣ устухонро, ки дорои қабати тағоякианд, нимбуғумҳо меноманд. Устухони (скелети) сар. Косахонаи сар аз холигии косаи сар ва қисми абрўй иборат буда, зиёда аз 20 устухонро дар бар мегирад.

skeleti-odam

Холигии косаи сар аз панҷ устухони суфтаи байни ҳам беҳаракат пайвастшуда иборат буда, ҷўякҳои махсусро ҳосил мекунанд. Ба инҳо устухони пешонӣ – чакка (як ҷуфт), фарқи сар ва ақиби сар (расми 22) дохил мешаванд.
Дар устухони чакка сўрохии берунии гўш ҷойгир шудааст. Дар сатҳи поёни устухони ақиби сар сўрохии калоне мавҷуд аст, Ки ба воситаи он холигии косахонаи сар ба канали сутунмўҳра пайваст мешавад.

Устухонҳои асосии косахонаи сар бисёр сўрохиҳои хурд доранд ва тавассути онҳо асабҳои косахонаю мағз, инчунин рагҳои хунгард мегузаранд. Қисми абрўй аз 15 устухон иборат аст.
Калонтарин устухони ин қисм – устухонҳои ҷоғ мебошанд. Устухони ҷоғи поён ягона устухони ҳаракаткунандаи косахонаи сар ба ҳисоб меравад. Дар ҳар ду ҷоғ дандонҳо ба тариқи раддавӣ ҷойгиранд.

Устухони бадан. Асоси устухони баданро устухони сутунмўҳра ташкил медиҳад, ки аз 33-34 мўҳра иборат буда, ба 5 қисм тақсим мешавад:

1) мўҳраҳои гардан (7);
2) қафаси сина (12); 3) миён (5);

Ҳар як мўҳра аз тана ва чанд шоха иборат аст. Мўҳраҳо болои ҳам ҷойгир шуда, ба тағоякҳо бе ҳаракат ба ҳам пайвастанд (расми 23). Дар холигии канали сутунмўҳра ҳароммағз ҷойгир аст.
Устухони скелети қафаси сина аз 12 ҷуфт қабурға ва устухони сари сина (тўш) иборат аст. Ба ҳар кадом мўҳраи сина 1 ҷуфт қабурға пайваст мешавад. Ин пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки онҳо мавқеашонро тағйир диҳанд: дар вақти нафаскашӣ болою ҳангоми нафасбарорӣ поён мешаванд. Скелети дастҳо. Қулфаку шона скелети чанбари китфро ташкил медиҳанд. Ба он скелети холиси дастҳо ба таври мутаҳаррик пайваст аст. Вай аз устухонҳои бозу, оринҷ, соид (банди даст), пешкафи даст, кафи даст ва панҷаҳо иборат аст.

Устухонҳои дасту пой ба таври мутаҳаррик пайванданд. Дасту пой аз як ҷой ба ҷои дигар ҳаракат кардани одамро таъмин намуда, чун системаи мураккаби фишангҳо амал мекунанд.
Скелети пойҳо. Устухонҳои паҳни кос аз ақиб бо устухони чорбанд ва аз пеш бо ҳамдигар пайваст шуда, холигии косро ташкил медиҳанд. Аз ду тарафи қисми поёни устухони кос
чуқуриҳое мавҷуданд, ки барои пайвастшавии устухони рон хизмат мекунанд. Скелети пой аз устухони дарозтарин – устухони рон, соқ, пошнаи пой, кафи пой ва панҷаҳои пой иборат аст.
Хусусияти скелети одам ба ростгардӣ ва фаъолияти меҳнатии ў вобаста аст. Аз сабаби он ки одам бо қомати рост роҳ мегардад, бинобар ҳамин сутунмўҳрааш нағз инкишоф ёфтааст. Хусусан ин дар сутунмўҳраи одамони миёнсол ва калонсол баръало аён аст.

Дар он хамиҳое мавҷуданд, ки дар вақти ҳаракатҳои бошиддату тез ин хамиҳо таконхўрии баданро пружинавор нарм месозанд. Сутунмўҳраи ҳайвонҳо аз сабаби ба таври горизонталӣ (бо чорпой) роҳ гаштан ин гуна хамиҳоро надоранд. Дигаргуншавии қафаси синаи одам назар ба ҳайвонҳо хубтар мушоҳида мешаванд. Яъне, қафаси синаи одам ба ду тараф васеъ мешавад. Дар ҳайвонҳо қафаси сина, баръакс, аз ду тараф фишурда мебошад.
Яке аз муҳимтарин нишонаҳои хоси скелети одам сохти устухони дасти ў мебошад, ки узви меҳнат гардидааст. Устухони ангуштҳо мутаҳаррик ва серҳаракатанд, хусусан ангушти калони одам тамоми амалиётҳои мураккабро иҷро карда метавонад.

Вобаста ба ҳолати вертикалӣ (амудии) бадани одам чанбари пой хеле васеъ ва гирд мебошад. Ин васеӣ барои узвҳои таносул ва холигии шикам ҳамчун такягоҳ хизмат мекунад. Вобаста аз ҷинс васеии холигии кос гуногун мешавад. Масалан, коси мардон ҳаҷман хурд ва дароз аст. Коси занҳо баръакс, васеъ ва кўтоҳ мешавад. Устухони калони пойи одам аз устухони дасташ ғафстару бақувваттар аст, чунки тамоми вазнинии баданро онҳо мебардоранд. Пошнаи пойи одам ҳангоми роҳгардӣ, давидану ҷаҳидан таконро нарм мекунад.

Дар скелети сари одам қисми косахонаи сар аз абрўй калонтар мебошад, зеро дар он мағзи сар ҷойгир аст. Дар ҳайвонҳо, хусусан маймунҳои одамшакл холигии косахонаи сар назар ба абрўй хурдтар мебошад, чунки мағзи сари онҳо он қадар калон нест.

Саволҳо

1. Кадом тарзи пайвастшавии устухонҳоро медонед?
2. Скелети одам аз кадом қисмҳои асосӣ иборат аст?
3. Сутунмўҳра дар қафаси сина чӣ аҳамият дорад ва сохташ чӣ гуна аст?
4. Скелети дасту пойҳо аз кадом қисмҳо ва устухонҳо иборат аст?
5. Косахонаи сар аз кадом қисмҳо иборат аст?
6. Скелети одам аз скелети ҳайвонҳои ширхўр чӣ фарқ дорад?
7. Чандирии кашишхўрии сутунмўҳра чӣ аҳамият дорад?

Назди admin

Инчунин хонед инро

xirs

ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид Во-н карам з-он мард мардона бидид. Чун саги асҳоби …