МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Давлати Сосониён

Давлати Сосониён

Дар ибтидои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударози пуртаҳлукаи зидди римиҳо ва низову хархашаҳои дохилӣ давлати Порт завол ёфт. Зиддияти синфии байни ашрофу ғуломдор ва аҳли ҷамоату ғуломон якбора тезутунд шуда рафт; дар дасти ашроф бисёр заминҳои киштбоб  ҷамъ омад.

Барои барпо намудани идораи давлат чунон мубориза авҷ гирифт, ки он тавонист, ҳам истеҳсолкунандагони бевоситаро дар итоат нигоҳ дорад ва ҳам ба афзудани иқтидору сарвати ашроф мусоидат намояд: ашрофони Форс бо коҳинони зардуштия ҳамдастӣ карда, дар ин мубориза мақоми намоёнро соҳиб шуданд.

Дар аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ[1] ҳокими тамоми Форс гардид. Соли 224 Ардашери I лашкари охирин намояндаи Оли Ашкониён Ардавони 1-ро торумор намуда, ҳокимиятро ба даст гирифт ва давлате таъсис дод, ки дар тамоми сарзамини Эрон вусъат дошт.

Ба ҷои портҳо омадани Сосониёнро табдили муқаррарии подшоҳон гуфтан ғалат аст. Оли Портҳо, ки «дар задухӯрдҳои зидди Рим суст гашта, дар банди зиддиятҳои мураккаби иҷтимоӣ монда, дар байни Ғарби ғуломдорӣ ва Шарқи ҷамоатию авлодӣ мекалавид, ба инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ таҳрик дода натавонист. Ин корро давлати Сосониён кард»[2].

Давлати Сосониён зиёда аз 400 сол (224 ё 226–651) вуҷуд дошт. Дар аҳди Сосониён чунин ҷиҳатҳо ҷолиби диққат аст. Якум, тақрибан аз асри IV милодӣ дар давлати Сосониён муносибатҳои феодалӣ босуръат инкишоф меёбад. Дувум, бар хилофи қувваҳои марказгурези волию ҳокимони алоҳидаи баъзе ноҳияҳо мақоми ҳокимияти марказӣ дар Эрон баланд мешавад, бинобар ҳамин Ф.Энгелс давлати Сосониёнро «подшоҳии… батартиб» номида буд[3]. Севум, таъсири коҳинони зардуштия ниҳоят баланд мешавад, дини зардуштӣ ба дараҷаи дини давлатӣ мерасад ва ба Ардашери I чунин ҳикматро нисбат медиҳанд: «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт».

sosoniyon

Дар аҳди писар ва вориси Ардашер шоҳ Шопури I (солҳои 242–272) Сосониён лашкари римиҳоро торумор карданд, дар як муҳориба як императори Рим кушта шуду дар муҳорибаи дигар боз як императори Рим асир афтод. Давлати Сосониён дар аҳди Шопури II (солҳои 309-379) хеле қувват гирифта, дар шарқу ғарб дар чандин муҳорибаҳо ғолиб омад ва шаҳрҳо таъсис намуд. Шоҳ Яздигурди I (солҳои 399-420) кӯшид, ки ба насрониён такя карда, ҳуқуқи ашроф ва коҳинони зардуштиро маҳдуд намояд; бояд гуфт ки дар давлати Сосониён насрониён бисёр буданд.

Тартиботи бераҳмонаи давлати Сосониён боиси эътирози сахти халқҳо, аз ҷумла, боиси эътирози сахти халқҳои ноҳияҳои тасхиргаштаи Осиёи Миёна ва Моварои Кавказ шуд. Шӯриши ин ноҳияҳо, таҷовузи кӯчманчиён давлати Сосониёнро ба ларза меовард ва шоҳу шоҳзодагони сосонӣ ба асирӣ меафтиданд ё гарави кӯчманчиёни Осиёи Миёна мешуданд ва яке аз ин гуна шоҳон Пирӯз (солҳои 459–484) аст. Дар Эрон неҳзати иҷтимоӣ низ ҷой дошт, ки яке аз онҳо неҳзати маздакия мебошад ва дар айни он дар зери зарбаҳои тавонои халқ қариб буд, ки давлати Сосониён вожгун шавад.

sasanid1

Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави I Анӯшервон (солҳои 531–579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави I ҷангу ҷидоли бисёре карда, ҳатто Ямани Арабистонро тасхир намуд ва аз ғайри ин чанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд, ки онҳо муносибатҳои навбунёди феодалиро мустаҳкам карданд ва ба инкишофи минбаъдаи он мусоидат намуданд. Ислоҳоти соҳаи андоз, ҳарбӣ ва маъмурии Хусрави I аҳамияти калон дошт. Ин ислоҳот ғайр аз ин ҳокимияти марказиро ҳам тақвият дод.

Шоҳони сосонӣ кӯшиданд, ки воҳаҳои Осиёи Миёнаро ба давлати худ ҳамроҳ кунанд ва ин кӯшиши онҳо барабас нарафт. Дар миёнаҳои асри V онҳо ноҳияҳои Осиёи Миёнаро аз даст медиҳанд ва ин ҷойҳо ба дасти кӯчманчиён мегузарад. Вале андаке сонитар ноҳияҳои Туркманистони ҷанубӣ боз ба тасарруфи Сосониён медарояд. Давлати Сосониён дар миёнаи асри VII милод аз зарбаи арабҳо суқут ёфт.

sosoniyon-2

[1] Бобои Ардашери I Бобакон Сосон ном коҳини маъбади Анаҳито буд – номи сулола аз ҳамин ҷост.

[2] Дьяконов М.М., 1961, с. 260. Дар бораи кӯшишҳои аз нуrтаи назари марксистӣ идрок намудани протсессҳои иҷтимоии давраи аввали давлати Сосониён ниг.: Пигулевская Н.В., 1956 а, с. 150–152. Дар бораи мадракоти таърихи ба тахт нишастани Ардашер ниг.: Луконин В.Г., 1961, с. 9–24.

[3] К.Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷилди 28, с. 222.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …