МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
sudoba

Судоб

Судоб — Ин растанӣ се навъ аст: бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ. Гиёҳи бӯстонии он то якуним метр баланд мешавад, пуршох аст. Баргаш реза, бадбӯ, бисёр сабз, гӯё бар он ғӯборе нишаста бошад. Гулаш зард, тухмаш дар ғилофе се адади ба якдигар пайваста, сегӯша аст. Аз ҳама беҳтарини онҳо сабзу тари тоза ва тундбӯй, ки ба дарахти анҷир наздик рӯида бошад. Ин растаниро ба забони русӣ рута меноманд. Навъи боғиашро дар нимҷазираи Қрим низ парвариш мекунанд.

Мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст; мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: баъзе бузургворони тиб гуфтаанд, ки хӯрдани судоб ақлро зиёда, вале маниро бадбӯ мегардонад, барои дарди гӯш фоида дорад.

Ин хусусияти тарёқӣ дорад. Агар бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бодҳоро таҳлил медиҳад, меъдаро қувват мебахшад, иштиҳои таомро бармеангезад, пешоб ва ҳайзро меронад, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркори бисёрро аз бадан хориҷ мегардонад, вале маниро хушк мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, боҳро (пушти камарро) қатъ мекунад.

Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, барои бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, монанди: фолиҷ, ларзак, ҷингак шудани аъзо аз бисёрии балғам, дардҳои гуногуни буғумҳо ва ирқуннасо (радикулит) даво мешавад; инчунин барои бемориҳои узвҳои даруни сина, зардпарвин, иллатҳои сипурз ва қулинҷи бодӣ шифо мебахшад; ва ҳамин тавр бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; бавосири кӯҳна, бемориҳои мақъад ва бачадонро дафъ мекунад.

Обашро бо асал ҷӯшонида, аз ин таркиб аз 50 то 75 грамм биёшоманд, ҳиккакро дафъ менамояд. Оби инро бо шибит бихӯранд, дарди паҳлӯ ва узвҳои даруни синаро таскин медиҳад; барои зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳна дармон мегардад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, варами гарми шуш, дарди буғумҳо ва ирқуннасоро даво мебошад, ларзи табҳои сардмизоҷро басанда менамояд.

Инро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро бихӯранд, кирмҳои меъдаро мерезонад. Ва агар дар шароб то ними шароб бухор шуда рафтан биҷӯшонанду баъд он шаробро бинӯшанд, истисқои гӯштиро дафъ мекунад. Инчунин инро бо анҷир пухта, батакрор гузошта банданд, аз ин иллати истисқо наҷот меёбанд. Агар бо намак пухта ё намак хӯронида гузошта банданд, чашмро тез мекунад.

Баргашро бихоянд, бӯйи пиёз ва сирро аз даҳан дур месозад. Камтареро аз барги он бихӯранд ҳозима, яъне меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғро дафъ мекунад; агар инро бо анҷир ва мағзн чормағз бихӯранд, заҳрҳои хӯрдашуда ва заҳрҳои ҷонварони дигарро аз бадан дафъ мекунад.

Ҳар рӯз аз барги он 3,5 грамм бихӯранд, иллатҳои фолиҷ, ларзак ва ҷингак шудани аъзоро барҳам медиҳад. Тухмашро бихӯранд ва онро баъд аз ҷимоъ бардавом занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Хӯрдани тухмаш бар зидди ҳамаи намудҳои заҳр тарёқ мебошад.

Тухм ва баргашро батакрор бихӯранд, бачаро аз шиками занҳои ҳомила меафтонад, инчунин агар занҳо аз таг бардоранд ё ба дудаш бидоранд, ҳамин тавр таъсир дорад. Инро бардавом бибӯянд, чашмро заиф мегардонад, ҳамаи ҳисҳои баданро суст ва дилро камқувват мекунад.

СудобБарги Судобро кӯфта гузошта банданд, дарди газидани ғунда ва каждумро дафъ мекунад, инчунин барои газидани саги девона низ фоида дорад; агар инро занҳо ба зери шикам банданд, намегузорад, ки онҳо борнок шаванд. Усорааш, яъне оби гиёҳи тару тозаи инро дар офтоб ғафс гардонида, дар гӯш чаконанд, садоҳои гуногуни даруни он ва гаронии ин узвро дафъ мекунад.

Судобро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро соф карда, дар бинии кӯдакон чаконанд, саръи (припадкаи) онҳоро шифо мебахшад, хуни биниро ҳам манъ мекунад. Барги хушкашро кӯфта, батакрор ба воситаи найча дар сӯрохи бинӣ пуф кунанд, хуни биниро банд менамояд.

Барги хушки онро кӯфта, бо равғани гулисурх, сирко ва ё бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад; бо мумравғани мӯрдӣ даромехта гузошта банданд, барои доначаҳои дардноки бар пӯст дамида дору мешавад; бо шибит ва асал хамир карда гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро дафъ мекунад.

Оби онро бо натрун (танакори арманӣ) даромехта, бо он бишӯянд, барои дафъ кардани доғи сафеди пӯст дармон мебошад ва навъҳои гуногуни озахро хушк карда мерезонад.

Судобро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, қулинҷро, ки варами рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад. Ва судобро дар равғани зайтун пухта, бо он аз болои хичак, яъне ба зери ноф гармбандӣ кунанд, пешоби бандшударо равон мекунад.

Хислати шифобахшии усораи он монанди хусусиятҳои баргаш мебошад. Инро бо оби арпабодиён ва асал даромехта, ба чашм бимоланд, сустии чашмро дафъ ва нури онро тез мекунад. Агар инро дар пӯсти анор гарм карда дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад. Усораи онро дар сирко, сафедоб (белила) ҳал карда бимоланд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши муҳлик аст, даво мешавад, мӯрчагазакро ҳам дафъ мекунад ва решҳои обдори сарро шифо мебахшад; бо асал даромехта бимоланд, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, инчунин ин таркибро дар бинӣ бирезанд, саръи кӯдаконро шифо мебахшад.

Қавлҳое мавҷуданд, ки агар судобро бихӯранд, барои иллати фолиҷ, ларзак ва ҷингак шудани узвҳо фоида дорад. Агар ҳар рӯз 3,5 грамми онро бихӯранд, ҳиккак (ҳиқичоқ)-ро ба ибро меоварад. Агар инро бихӯранд ва ё бимоланд, барои газидани каждум, ғунда, мор ва саги девона даво мебошад ва ҳамаи намуди заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад, инчунин ҳомила шуданро манъ месозад. Баргашро бардавом бихӯранд, чашмро хира мекунад, дарди сар меоварад, инчунин ба дарди нимсар гирифтор менамояд, моддаҳои фоиданоки бадан ва маниро месӯзонад.

Агар ин тавр зарар кунад, сиканҷабин (сиркоасал) ва арпабодиён бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Микдори як бор хӯрдан аз судоб барои калонсолон дар як рӯз аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба ҷойи судоб кокутӣ, наъноъ, пудина ва ҷамилакро бихӯранд, равост. Тухмашро кӯфта, аз 3,5 то 7 грамми онро бо асал ва ё бо сиканҷабин биёшоманд, саръ, кобус (дар хоб сиёҳӣ пахш кардан)-ро дафъ мекунад. чашмро тез мегардонад, ҳиккаки бодиро бозмедорад, сардии меъда ва қулинҷи бодиро шифо мебахшад, инчунин бар зидди аксари заҳрҳо тарёқ мегардад. Судобро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, низ ҳамин таъсирро дорад.

Чун тухми онро дар равғани зайтун пухта, бо он хичакро аз рӯ гармбандӣ кунанд, пешоби бастаро равон мегардонад ва душвории шошиданро дафъ мекунад. Тухми судобро дар майҳо дохил намоянд, онҳоро хушбӯй ва пурқувват мегардонад ва зарари онҳоро дафъ мекунад, зуд аз бадан хориҷ мегардонад, лекин дар майна рутубат ва дар худи сар дард пайдо мекунад, сарро вазнин месозад.

Мизоҷи шилми судоби бӯстонӣ бағоят гарм ва хушк аст, аммо гармиаш назар ба хушкии он камтар мебошад. Ин барои реши чашм, таҳлил додани ханозер, варамҳои зери бағал ва каши рон, инчунин барои доғи пес даво мешавад. 0,5 грамми онро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро зуд хориҷ мекунад ва ҳайзи бандгаштаро равон менамояд.

Аз судоб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин роҳ. Як миқдори онро бо чор микдори он об ва даҳ миқдор равғани зайтун дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки қисми обӣ тамоман бухор шуда раваду равған бимонад. Ин равғани судоб ҳисоб меёбад.

Инро бимоланд, нотавонии аъзо, сардии гурда ва бачадон, дарди паҳлӯ ва камар, инчунин дарди бачадонро, ки аз хафа (бурма) шудани гулӯгоҳи он ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; бодҳои гуногунро таҳлил медиҳад ва ларзи табҳоро дафъ мекунад. Агар 12,5 грамми онро дар ҳаммом бихӯранд, ларзакро дафъ мекунад. 0,5 грамми онро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад.

Агар бо ин равған нимгарм ҳуқна кунанд, қулинҷи бодӣ ва моддиро сиҳат мебахшад ва агар инро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳо ва ҳамроҳаки тифлро аз шикам меафтонад, ҳайзи бандшударо низ равон мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Бемории простата

Табобати Аденома простата, дору барои бемории мардон!

Аденомаи простата ё худ онро гиперплазияи ғадуди простатаи безарар мебошад, ки яке аз маъмултарин бемориҳои …