МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / ГУНОГУН / РАЗМИ СЎҲРОБ БО ГУРДОФАРИД

РАЗМИ СЎҲРОБ БО ГУРДОФАРИД

Расми сухроб ва гурдофарид
Чу огоҳ шуд духтари Гаждаҳам,
Ки солори он анҷуман гашт кам.
Ғамин гашту барзад хурўше ба дард,
Баровард аз дил яке боди сард.
Зане буд бар сони гурде савор,
Ҳамеша ба ҷанг андарун номдор.
Куҷо номи ў буд Гурдофарид,
Ки чун ў ба ҷанг андарун кас надид.
Чунон нангаш омад зи кори Ҳаҷир,
Ки шуд лолабаргаш ба кирдори хир.
Бипўшид диръи саворон ба ҷанг,
Набуд андар он кор ҷои диранг.
Ниҳон кард гесў ба зери зиреҳ,
Бизад бар сари тарки румӣ гиреҳ.
Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,
Камар бар миён, бодпое ба зер.
Ба пеши сипоҳ андар омад чу гард,
Чу раъди хурўшон яке вайла кард,
Ки гурдон кадоманду солор кист?
Зи размоварон ҷангро ёр кист?
Ки бар ман яке озмунро ба ҷанг
Бигардад ба сони диловар наҳанг.
Зи ҷанговарон лашкари сарфароз,
Мар ўро наёмад касе пеш боз.
Чу Сўҳроби шеравжан79 ўро бидид,
Бихандиду лабро ба дандон газид.
Чунин гуфт, к-омад дигарбора гўр,
Ба доми Худованди шамшери зўр.
Бипўшид ҳафтону бар сар ниҳод,
Яке тарки чинӣ ба кирдори бод.
Биёмад дамон пеши Гурдофарид,
79Шеравжан — далер, шерафкан.
Чу духти камандафкан ўро бидид.
Камонро ба зеҳ карду бикшод бар,
Набуд мурғро пеши тираш гузар.
Ба Сўҳроб бар тирборон гирифт,
Чапу рост ҷанги саворон гирифт.
Нигаҳ кард Сўҳробу омад-ш нанг,
Барошуфту тез андаромад ба ҷанг.
Инон баргироиду бардошт асп,
Биёмад ба кирдори Озаргушасп.
Ба даст андарун найзаи ҷонситон
Паси пушти худ кардаш он гаҳ синон.
Бизад бар камарбанди Гурдофарид,
Зиреҳ бар танаш як ба як бардарид.
Зи зин баргирифташ ба кирдори гўй,
Ки ҷавгон зи бод андар ояд бар ўй.
Чу бар зин бупечид Гурдофарид,
Яке теги тез аз миён баркашид.
Бизад найзаи ў ба ду ним кард,
Нишаст аз бари зину бархост гард.
Ба овард80 бо ў писанда набуд,
Битобид аз ў рўй баргашт зуд.
Сипаҳбуд инон аждаҳоро супурд,
Ба хашм аз ҷаҳон рўшноӣ бибурд.
Чу омад хурўшон ба танг андараш,
Биҷунбиду бардошт худ аз сараш.
Раҳо шуд зи банди зиреҳ мўи ўй.
Дурахшон чу хуршед шуд рўи ўй.
Бидонист Сўҳроб, к-ў духтар аст,
Сари мўи ў аз дур(р)и афсар аст.
Шигифт омадаш, гуфт: «Аз эронсипоҳ
Чунин духтар ояд ба овардгоҳ?!
Саворони ҷангӣ ба рўзи набард,
Ҳамоно ба бар андар оранд гард».
Зи фитрок81 бикшод печон каманд,
Бияндохт, омад миёнаш ба банд.
Бад-ў гуфт, к — «Аз ман раҳоӣ маҷўй!
Чаро ҷанг ҷўӣ ту, ай моҳрўй!
Наомад ба домам ба сони ту гўр,
Зи ҷангам раҳоӣ наёбӣ, машўр!»
Кушодаш рух он гоҳ Гурдофарид,
Мар онро ҷуз ин ҳеҷ чора надид.
Бад-ў рўй бинмуду гуфт: «Ай далер,
Миёни далерон ба кирдори шер.
Ду лашкар назора бар ин ҷанги мо,
Бад-ин гурзу шамшеру оҳанги мо.
Кунун ман кушода чунин рўву мўй,
Сипоҳ аз ту гардад пур аз гуфтугўй,
Ки бо духтаре ў ба дашти набард
Бад-ин сон ба абр андаровард гард.
Набояд, ки чандин диранг оварад,
К-аз ин разм бар хеш нанг оварад.
Ниҳонӣ бисозем, беҳтар бувад,
Хирад доштан кори меҳтар бувад.
Зи баҳри ман оҳу зи ҳар сў махоҳ,
Миёни ду саф баркашида сипоҳ!
Кунун лашкару диж ба фармони туст,
Набояд бад-ин оштӣ ҷанг ҷуст.
Дижу ганҷу дижбон саросар турост,
Чу оӣ чунон, к-ат муроду ҳавост».
Чу рухсор бинмуд Сўҳробро,
Зи хушоб бикшуд уннобро82.
Яке бўстон буд андар биҳишт,
Ба болои ў сарв деҳқон накишт.
Ду чашмаш гавазну ду абрў камон,
Ту гуфтӣ ҳаме бишкуфад ҳар замон.
Бад-ў гуфт: «-3-ин гуфта акнун магард,
Ки дидӣ маро рўзгори набард.
Бад-он бораи диж дил-андар мабанд,
Ки он нест бартар зи чархи баланд.
Ба пой оварад захми кўполи ман,
Наронад касе найза бар ёли ман».
Инонро бупечид Гурдофарид,
Саманди сарафроз бар диж кашид.
Ҳамерафт Сўҳроб бо ў ба ҳам,
Биёмад ба даргоҳи диж Гаждаҳам.
Дари диж кушоданду Гурдофарид
Тани бастаю хаста бар диж кашид.
Дари диж бубастанду ғамгин шуданд,
Пур аз ғам дилу дида хунин шуданд.
Аз озори Гурдофариду Ҳаҷир
Пур аз дард буданд барнову пир.
Бигуфташ, ки «Ай некдил, шерзан!
Пур аз ғам буд аз ту дили анҷуман.
Ки ҳар разм ҷустӣ, ҳам афсуну ранг,
Наёмад зи кори ту бар дуда нанг.
Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки н-омад ба ҷонат зи душман газанд».
Бихандид бисёр Гурдофарид,
Ба бора баромад, сипаҳ бингарид.
Чу Сўҳробро дид бар пушти зин,
Чунин гуфт, к — «Ай гурди Тўронзамин!
Чаро ранҷа гаштӣ чунин! Бозгард,
Ҳам аз омадан, ҳам зи дашти набард».
Бад-ў гуфт Сўҳроб, к — «Ай хубчеҳр!
Ба тоҷу ба тахту ба моҳу ба меҳр!
Ки ин бора бар хок паст оварам,
Туро, ай ситамгар, ба даст оварам,
Чу бечора гардиву печон шавӣ,
Зи гуфтори ҳарза пушаймон шавӣ.
Пушаймонӣ он гаҳ надорад-т суд,
Чу гардуни гардон кулоҳат рабуд.
Куҷо рафт паймон, ки кардӣ падид?!»
Чу бишнид гуфтор Гурдофарид,
Бихандиду он гаҳ ба афсун гуфт.
Ки: «Туркон зи Эрон наёбанд ҷуфт.
Чунон рафт, рўзӣ набудат зи ман,
Бад-ин дард ғамгин макун хештан!
Ҳамоно, ки ту худ зи туркон наӣ,
Ки ҷуз б-офарини бузургон наӣ.
Бад-ин зўру ин бозую китфу ёл
Надорӣ кас аз паҳлавонон ҳамол.
Валекин чу огоҳӣ ояд ба шоҳ,
Ки овард гурде зи Тўрон сипоҳ,
Шаҳаншоҳу Рустам биҷунбад зи ҷой,
Шумо бо Таҳамтан надоред пой.
Намонад яке зинда аз лашкарат,
Надонам чӣ ояд зи бад бар сарат.
Дареғ оядам, к-ин чунин ёлу суфт
Ҳаме аз палангон бибояд нуҳуфт…
Туро беҳтар ояд, ки фармон кунӣ,
Рухи номвар сўи Тўрон кунӣ».
Чу бишнид Сўҳроб нанг омадаш.
Ки осон ҳаме диж ба чанг омадаш.
Ба зери диж андар яке ҷой буд,
Куҷо диж, бад-он ҷой барпой буд.
Ба тороҷ дод он ҳама буму руст,
Ба якборагӣ дасти бадро бишуст.
Чунин гуфт, к- «Имрўз бегоҳ гашт,
Зи пайкори мо даст кўтоҳ гашт.
Барорем шабгир аз ин бора гард,
Ниҳем андар ин ҷой шўри набард».
Чу гуфт ин, инонро битобиду рафт,
Сўи ҷои худ роҳро баргирифт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Диж чӣ маънӣ дорад ва калимаҳои ҳаммаънои онро номбар намоед.
2. Ҳаҷир кӣ буд ва бо кадом суханони таҳқиромез ба Сўҳроб ҷавоб гардонид?
3. Разми Сўҳроб бо Ҳаҷир чй тавр анҷом ёфт?
4. Чаро Сўҳроб Гурдофаридро накушт?
5. Сифатҳои мардона ва ҷасорати ҷангии Гурдофаридро тавсиф намоед.
6. Сўҳроб дар ҷавоби фиреб ва найранги Гурдофарид чӣ гуфт?
7. Байтҳои:

Бад-ў гуфт Сўҳроб, к — «Ай хубчеҳр!
Ба тоҷу ба тахту ба моҳу ба меҳр!
Ки ин бора бар хок паст оварам,
Туро, ай ситамгар, ба даст оварам!»

чӣ маънӣ доранд? Онҳоро шарҳ диҳед.

8. Набарди Сўҳроб бо Гурдофарид чӣ тавр анҷом ёфт?
9. Чор мисраи болоро ба наср баргардонед.

Муаллиф: А. Фирдавси

Назди admin

Инчунин хонед инро

dili-odam

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарўз тахминан 100000 маротиба кашиш …