МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Муборизаи сулолавии Темуриён

Муборизаи сулолавии Темуриён

Пас аз марги Темур давлати бузурги императории ташкилкардаи ӯ аз по афтода, Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаҳои хунини сулолавӣ табдил ёфт. Темур ҳанӯз дар вақти ҳаёти худ давлатро дар байни фарзандонаш — Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ, Шоҳрух ва набераҳояш — Муҳаммадсултон, Пирмуҳаммад, Иброҳим ва Улуғбек тақсим намуда буд.

ҳанӯз аз фавти Темур якчанд рӯз нагузашта буд, ки ҳар кадом аз Темуриён худро мустақил эълон карданд. Набераи Темур, ҳокими Тошканд- Халилсултон (писари Мироншоҳ) лашкар ҷамъ намуда, пештар аз писари Ҷаҳонгир – Пирмуҳаммад, ки ӯро Темур ҷонишини худ таъин карда буд, омада ба пойтахти давлати темурӣ — шаҳри Самарқанд соҳиб шуд. Агарчи Пирмуҳаммад борҳо барои барқарор кардани ҳуқуқи худ кӯшиш намуд, вале муваффақият ба даст оварда натавонист ва ниҳоят дар соли 1406 ба қатл расид.

Ба Темуриён лозим омад, бо намояндогони сулолаҳои собиқ ҳам, ки Темур аз ҳукмронӣ маҳрум карда буд, мубориза баранд. Дар ғарб ва шимоли ғарбии Эрон намояндагони сулолаи туркмании Қарақуюнлу, дар Туркистон амир Худодод ва шайх Нуриддин исён намуданд. ҳангоме ки дар соҳили дарёи Аму байни Халилсултон ва Пирмуҳаммад ҷанг мерафт, Худодод қӯшуни муғул ва қалмиқро муттаҳид намуда, ба Мовароуннаҳр ҳуҷум овард. Ӯ Самарқандро забт карда, хатто дар вақти муҳориба Халилсултонро асир гирифт.

Темуриён ба вазъияти хеле хавфоваре дучор гардиданд. Писари Темур — Шоҳрух, ки ҳокими ҳирот буда, исман вориси падари худ ҳисоб мешуд, фавран лашкар ҷамъ намуда, роҳи Мовароуннаҳрро пеш гирифт. Шоҳрух қӯшуни Худододро торумор карда, худи ӯро бо дасти ҷосусе ба қатл расонид ва Халилсултонро озод кард. Лекин вай Халилсултонро дигар аз ҳуқуқи вориси салтанат маҳрум сохта, ӯро ҳокими Рай таъин намуд ва идора кардани Самарқанд ва, умуман, Мовароуннаҳрро дар соли 1409 ба писари понздаҳсолаи худ — Улуғбек супорида, худ ба тарафи Эрон лашкар кашид. Ӯ тадриҷан авлоди се писари бузурги Темур – фарзандони Ҷаҳонгир, Умаршайх ва Мироншоҳро аз ҳокимият дур карда, писари худ Иброҳимсултонро дар соли 1414 ҳукмрони Шероз ва писари дигари худ — Суюрғотмишро дар соли 1418 ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъин намуд.

Дар зарфи ин муддат намояндагони сулолаи туркмани Қарақуюнлу ба иқтидори маълум соҳиб гардида, на фақат хоки қабл аз футуҳоти Темур доштаашонро дубора ба даст дароварданд, балки ҳудуди қаламрави худро хеле вусъат доданд. Шоҳрух ба муқобили Қарақуюнлу се дафъа лашкар кашид, аммо ба ғалабаи қатъӣ муваффақ нагардида, ба сулҳ розӣ шуд ва идора кардани Озарбойҷонро дар соли 1436 ба Ҷаҳоншоҳ ном яке аз намояндагони ин сулола вогузор намуд.

Дар замони ҳукмронии Шоҳрух (1405-1447) давлати Темур, бо вуҷуди хеле гум кардани хоки худ, ҳанӯз то як андоза иқтидори пешинаашро нигоҳ медошт. Зимнан, бояд хотирнишон кард, ки аз сарзамини таҳти тасарруфи Шоҳрух амалан ду давлат: яке давлати худи Шоҳрух бо марказаш ҳирот ва дигаре давлати Улуғбек бо марказаш Самарқанд ба вуҷуд омад.[1]

[1]Тадrиrи муфассали таърихи Осиёи Миёнаи аҳди Шоҳрух ба rалами В.В.Бартолд тааллуr дорад (1964). Инчунин ниг.: Аҳмадов Б.А., 1965

temuriyon

Назди admin

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …