МАЪЛУМОТҲОИ НАВТАРИН
АСОСӢ / Фарҳанг / Табрикоти Наврӯзӣ – муборак бодо навбаҳорон !
navruz_dushanbe-narod-2

Табрикоти Наврӯзӣ – муборак бодо навбаҳорон !

Ҳамватанону дустони гиромӣ!

Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад! Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз Наврузи дигар мерасонад!

Дар хонадони шумо саломатӣ ва аҳли оилаатону пайвандонатон тансиҳатию хушбахтӣ хоҳонам!

Таманно дорам, ки:

  1. Аввало Чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзӣ хандону тобон;
  2. Баъдан Қалбатон чун офтоби оламорои Наврӯз гарму ҷовидон;
  3. Инчунин Таъбатон чун насими Наврӯзӣ хурсандибахш;
  4. Ҳамзамон Дастархонатон чун дастархони наврӯзӣ пурнеъмату пурнаво бошад!

Наврӯзатон фирӯз бод!

Бо камоли эҳтиром,

Дусти Шумо __________________

siyahgush-2

Наврӯз муборак !

Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро к ибо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзи баркат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, олитарин ормонҳои навро таманно дорам.

Шуморо бо идиҷаҳонии Нарӯзи мардуми тоҷики форс муборак гуфта, бароятон рӯзгори фаровон ва пирӯзию хушиҳо таманно дорам. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида дастархонатонро пурфайз гардонад. Нарӯз муборак!

navruz_tbrikot

Фасли Наврӯзу навбаҳор омад,
Мафсими сайри лолазор омад,
Кудакони асири мактабро
Щоҳиди айш дар канор омад.

suzani_navruz_

Шукуфтану эҳёи табиат, садои чашмасорону чаҳ-чаҳи булбулон, заҳмати деҳқону файзи дастархону файзи дастархон бо пайки Наврӯзи аҷам меояд. Худои ҷону хирад ба кам милатҳое, чун тоҷикон арзони доштааст, ки  ин гуна таърихан соҳиби анъанаи бошукуҳ бошанд.

Дар чунин лаҳзаҳои шукуфтанҳо баҳори фараҳбахшу Наврӯзи бостониро сидқан ба шумо ва аҳли оилаатон муборак мегӯяму бароятон саломативу хотири ҷамъ, хушбахтию дили беғам ва пеш аз ҳама хонаободию сарбаландӣ хоҳонам!

Шеърхои Наврузи >>>

Кудакон навруз

Саборо гоҳи он омад, ки роҳи бӯстон гирад,
Замонро сабза дар дебову гул дар парниён гирад.
Ҷанҳад аз чашм мавҷи обу ларзоон дар замин афтанд,
Занад бар лола боди тунду оташ дар забон гиран.
Забон аз оташи гуфтан насӯзад, лекин аз савсан

Ҳадиси лола гӯяд, тарсам, оташ дар ҷаҳон гирад.
Тамошо кун, ки чун бигрифт лола кӯҳро доман,
Касе к-ӯ теғ бе муҷиб кашад, хунаш чунон гирад.
Зи ёди ғунча мурғон ба наво баста шавад, то гул
Бисозат пардаи Наврӯзу булбул худ ҳамон гирад.

Табрикоти наврузи

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,
Омад нидойи осмон, то мурғи паррон шавад.
Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун кавсар шавад,
Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.
Гар чашму ҷони ошиқон чун абри тӯфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад.
Донӣ, чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон,
Зеро ки он маҳ бештардар арбҳо пинҳон шавад.
Эй шоду хандон соате, к-он арбҳо гирянда шуд,
Ё раб, хуҷиста ҳолате, к-он барқҳо хандон шавад.
З-он садҳазорон қаторҳо як қатра н-ояд бар замин
В-ар з-он, ки ояд бар замин, ҷумла ҷаҳон вайрон шавад
Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад вв-аз ишқи ҳар вайронае,
Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шават, пас маҳрамитӯфон шавад.

guli_lola guli_navruzi kabki_dari

Хабари гул ба чаман меоранд,
Роҳати ҷон сӯйи тан меоранд.
Хубрӯёни раёҳин обе
Ба рухи кори чаман меоранд.
Нафаси бодщи сабо, пиндорӣ,
Корвоне зи Хутан меоранд.
Обхо ҳар нафас аз ҷунбиши бод
Дар ғунчагон аз сабаби камумрӣ,
Ҳама сар зари кафан меоранд.
Лола ҷомест, ки гӯӣ дар вай
Дурде аз аввали дан меоранд.
Навҳарифон, ки ребаҳӣ бурдӣ,
Занах ах барги суман меоран
Гули наргис чу манн ар ёд кунӣ,
Об дар чашму даҳан меоранд.

Суруд — мусиқии Наврузӣ

Ҳамватанону дустони гиромӣ! Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад! Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз Наврузи дигар мерасонад! Дар хонадони шумо саломатӣ ва аҳли оилаатону пайвандонатон тансиҳатию хушбахтӣ хоҳонам! Таманно дорам, ки: Аввало Чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзӣ хандону тобон; Баъдан Қалбатон чун офтоби оламорои Наврӯз гарму ҷовидон; Инчунин Таъбатон чун насими Наврӯзӣ хурсандибахш; Ҳамзамон Дастархонатон чун дастархони наврӯзӣ пурнеъмату пурнаво бошад! Наврӯзатон фирӯз бод! Бо камоли эҳтиром, Дусти Шумо __________________ Наврӯз муборак ! Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро к ибо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр…

Баҳо диҳед дустон ба ин матн!

0%

Холҳо

Аз нуқтаи назари худ ба матнҳои дар зер, ки ба мавзӯи «Табрикоти наврӯзӣ» бахшида шудааст, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳои худро диҳед. Ё Худ тугмачаи "Лайкро" зер намоед :)

Like
User Rating: 4.87 ( 3 votes)

Назди admin

Инчунин хонед инро

Истиклолияти Точикистон

Шеърҳо дар васфи истиқлолияти Тоҷикистон

Шеърхо дар бораи Истиклолияти Точикистон БЕҲТАРИН МАКТАБ Ҷилваи парчами мо Истиқлол, Фараҳи ҳар дами мо …